Skip to main content

ОҒОЗИ КИТОБ

РОВӢ: АЛИЗОДА АБДУРАШИД ХУҶАМҚУЛ

Бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт "Шоҳнома" - и Абулқосим Фирдавсӣ дар шакли видеоӣ бо қироати беҳтарин ровии ҷумҳурӣ устод Ализода Абдурашид Хуҷамқул ва дигар шоҳномахонҳо сабт гардида, манзури бинандагонӣ шабакаҳои иҷтимоӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 05- уми декабри соли 2023 дар симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115- солагии академик Бобоҷон Ғафуров пешниҳод намуданд, ки мо бояд китоби "Шоҳнома" - и безаволи Абулқосим Фирдавсиро ба монанди китоби "Тоҷикон" - и Бобоҷон Ғафуров нашр намуда, ба ҳар як хонадони кишвар тақдим намоем. Маҳз иқдоми сабт ва қироати китоби "Шоҳнома" дар шакли видеоӣ дар пайравӣ аз ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.