Skip to main content

Субҳи имрӯз ба Наврӯзгоҳи имсолаи шаҳри Панҷакент, ки дар гулгашти назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, майдони Парчаму Нишони давлатӣ ва варзишгоҳи марказӣ ҷойгир шудааст, аз тариқи дарвозаҳои рамзӣ ҳазорон нафар сокинон ва меҳмонони шаҳр ворид шуда, ба тантанаҳои наврӯзӣ мепайвастанд ва ҳамдигарро бо фарорасии ин ҷашни миллӣ ва ҷаҳонӣ шодбош мегуфтанд.

Дастархони наврӯзии ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр, корхонаҳо, муассисаҳои таълимиро дар растаҳои идона намунаи ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ, аз ҷумла рамзи Наврӯз- “Ҳафт син”-у “Ҳафт шин” оро медоданд ва бонувон ҳама либосҳои атласу адрас ва чакан ба бар намуда буданду аз ҳар гӯша садои мусиқию суруд ба гӯш мерасид.

Аз дирӯз бонувони ҳунарманди шаҳр дар дегҳои бузург рамзи дигари Наврӯз- сумалак, омода карда буданд ва он низ дастархони наврӯзиро оро медод.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои кишвар Қобилҷон Хушвахтзода, муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, дигар меҳмонон аз растаҳои наврӯзӣ дидан намуда, ба ҳунари сокинони шаҳр аҳсант хонда, онҳоро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфтанд.

Қисмати фарҳангии ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳр бо ҳузури ҳазорон нафар сокинони шаҳр баргузор шуд. Ҳозирин ва сокинони шаҳрро аз номи Ҳукумати мамлакат президенти Академияи миллии илмҳо, аз номи муовини авали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода муовини якуми раиси вилоят ва раиси шаҳр бо ҷашни Наврӯз муборакбод гуфтанд.

Таъкид шуд, ки ба фармудаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ “Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва мардуми покниҳоду фарҳангпарвари он меросбари ҳақиқии ин ҷашни оламгир эътироф шудаанд, зеро тамоми суннату ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз маҳз дар сарзамини аҷдодии мо ва дар тамоми қаламрави кишвари биҳиштосоямон поку беолоиш ҳифз гардидаанд.Яъне Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст”

Гуфта шуд, ки сокинони шаҳри Панҷакент ин ҷашни миллӣ ва ҷаҳониро бо дастовардҳо дар ҳама соҳаҳои иқтисод, вусъати кишту кор ва ободкориву сабзгардонӣ, бо рӯҳи болида ва шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар таҷлил менамоянд.

Дар тантанаҳои ҷашни наврӯзи шаҳр ҳамчунин меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сайёҳон аз Ҷумҳурии исломии Эрон иштирок намуданд.

Барномаи фарҳангии ин ҷашни куҳан бо иштироки ҳунармандони номвари кишвар Хосияти Зарафшонӣ, Эркин Одинаев, Орзугул Хӯҷамова, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Мардон Мавлонов, санъаткорон аз шаҳри Бухоро ва шаҳр ба тантанаҳои наврӯзӣ ҳусни тоза зам намуд.

Ҷашни Наврӯз дар ҳамаи корхонаю муассисаҳо,ҷамоатҳои деҳот маҳаллаҳо ва ҳар хонадон бо рангу ҷилои тоза таҷлил карда мешавад.