
НИШАСТИ СОЗАНДА — БА ХОТИРИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДА. Дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Самарқанд
ДУШАНБЕ, 05.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд. Ҳамоиш таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардида, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Қирғизистон Содир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, инчунин раиси Шурои Аврупо Антонио Коста ва раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин саммит бештар таваҷҷуҳи иштироккунандагонро ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи «сабз» ҷалб намуданд.
Иттиҳодияи Аврупо шарики калидӣ дар рушди ҳамкории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зимни суҳбат бо роҳбарони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти «Харитаи роҳ барои амиқтар намудани равобит байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо» таъкид карда, иброз намуданд, ки ин санад асоси густариши ҳамкории байниминтақавӣ гардида, барои ба ҳам омадани мамлакатҳои минтақа мусоидат хоҳад намуд.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки барои Тоҷикистон соҳаи энергетика, бахусус манобеи барқароршавандаи энергия, аз ҷумла гидроэнергетика ҳам барои рушди дохилӣ ва ҳам барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Иттиҳоди Аврупо аллакай дар татбиқи якчанд лоиҳаҳои муҳими энергетикии ҷумҳурӣ, аз ҷумла навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Себзор» ва «Қайроққум» иштироки фаъол дорад.
Бояд ёдовар шуд, ки Президенти Тоҷикистон дар ин замина барои ҳамкории густурда дар соҳаи энергетика бо Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби ибтикори созандаи ду ҷониб, яъне Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ибрози андеша намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки то соли 2030 ҳиссаи энергияи офтобу шамолро дар истеҳсолоти умумӣ дар ҷумҳурӣ ба 10 фоиз хоҳем расонд: «Мо ният дорем, ки то соли 2032 дар асоси Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» истеҳсоли неруи барқро аз манобеи таҷдидшаванда пурра таъмин намуда, Тоҷикистонро ба мамлакати тавлидкунандаи неруи сабз табдил диҳем».
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вазъи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иброз доштанд, ки ҳадафи Тоҷикистон ин аст, ки содироти маҳсулотро аз истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозорҳои Аврупо, аз ҷумла тавассути истифодаи имтиёзҳои тиҷоратиро ба ҳамдигар боз ҳам густариш бахшад.
Пешвои миллат оид ба имкону захираҳои табиии Тоҷикистон, иқтидори бахши саноат, энергетика ва кишоварзӣ андешаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид кардани технологияҳои навини аврупоӣ ва истифодаи таҷрибаи ширкатҳои бонуфуз ҳавасманд мебошад.
Бояд гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории лоиҳаҳои бузург саҳми созгор дорад ва агар дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва инфрасохтори коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд, ба манфиат хоҳад буд.
Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои рушди энергетика, густариши ҳамкорӣ барои рушди бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ ба таъсиси ҷойи кор, омодасозии коргарони баландихтисос ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, ҳамчунин оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла кушодани филиалҳои донишгоҳҳои аврупоӣ дар ҷумҳурии мо ва зиёд намудани квотаҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Аврупо, ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ, ки ин самтҳо барои рушди соҳаҳои мазкур мусоидат хоҳанд намуд, ибрози андеша намуданд.
Бояд гуфт, ки моҳи октябри соли 2023 дар нишасти 19-уми вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Люксембург тасмим гирифта шуд, ки ин нишаст моҳи апрели соли 2024 дар Самарқанд баргузор шавад. Аммо бо сабабҳои гуногун он ба соли 2025 мавқуф гузошта шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин нахустин нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аст, ки 4 апрели соли 2025 дар шаҳри бостонии Самарқанд баргузор гардид. Дар назар аст, ки ин нишаст равобити густурдаи ду минтақаро ба сатҳи баландтар бардорад.
Дар ин нишаст рушди ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёт, иртиботот, амният, энергияи «сабз», рушди устувор, маориф, илм ва инноватсия дар минтақаро дар бар мегирад.
Субҳиддин ЗИЁЕВ, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ БА 300 НАФАР ШАХСОНИ ДОРОИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУДИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Мавриди зикри хос аст, ки дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва наврасони дорои имкониятҳояшон маҳдуд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамаи ин ғамхориву дастгириҳо аз сиёсати оқилонаю инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Имрӯз, 18 апрел дар пайравӣ аз ин сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба 300 нафар шахсони дорои имконияташон маҳдуди ноҳияи Данғара кумак расонида шуд.
Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳандозӣ гардида, бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд дастархони идона ва барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шуд.
Дар идома муовини раиси ноҳияи Данғара, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, сардори раёсати магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ, мудири кафедраи забонҳои хориҷии назди Раёсати АМИТ Саидзода Ҳалимҷон доир ба дастгириву иқдомҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбон ва наврасони дорои имконияташон маҳдуд ва доир ба иқдоми навбатии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуданд.
Дар идомаи рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги
Дар идомаи рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҳамтоёни худ ва ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 80-солагии Ғалаба самимона табрик намуда, таҷлили ин санаро аз анъанаҳои муҳими таърихии кишварҳои Иттиҳод, намунаи ваҳдат, ҳамбастагӣ ва ҳифзи муштараки сулҳ дар саросари олам номиданд. Зикр карда шуд, ки дар солҳои ин ҷанги пурфоҷиа танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба даъват ва сафарбар карда шуданд. Аз 300 ҳазор нафар беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо ҳалок гардиданд. Тақрибан 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои минтақаҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор фиристода шуданд, ки аксарияти онҳо аз он ҷо ба ҷанг рафтанд. Дар фарҷом, ба иштирокдорони ҷаласаи тантанавӣ барномаи фарҳангӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намоиш дода шуд.
@RustamEmomali
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар Қасри Таврии шаҳри Санкт-Петербург дар кори ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил и
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар Қасри Таврии шаҳри Санкт-Петербург дар кори ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Дар кори ҷаласа раисони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд. Дар доираи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи пленарӣ як қатор лоиҳаҳои қонунҳои намунавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла дар бораи баҳодиҳии кадастрии давлатӣ, технологияҳои зеҳни сунъӣ, ворид намудани тағйирот ба ҷанбаи рақамикунонии Кодекси намунавии таълим дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар санадҳо баррасӣ гардиданд. Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарламентӣ муҳокимаронӣ сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
@RustamEmomali
Субҳи 18 апрел дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маросими гулгузорӣ дар Оромгоҳи ёдгории Пискарёв иштирок намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамин ҷо дар назди Лавҳаи хотиравии сарбозони қаҳрамони тоҷикистонӣ – ҳимоятгарони шаҳри Ленинград дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулдаста гузошта, ба хотираи шаҳидон арҷ гузоштанд.
Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ишт
Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронии худ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои интихоботи парламентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда, аз кори мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноатмандӣ намуданд.
@RustamEmomali
17 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷараён гирифт, масъалаи дақиқ муайян намудани оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва бартарафсозии онҳо баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузор кардани маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминҷунбӣ, дастгирӣ ва расонидани кумаки ҳаматарафа ба аҳолии осебдида мебошад.
Таъкид гардид, ки бо мақсади муайян намудани хисороти расида аз ин офати табиӣ ва ташкили корҳои бартарафсозӣ оқибатҳои он ба таври фаврӣ Комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири кишвар ва дар ҳайати роҳбарони вазорату идораҳо таъсис ёфта, ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод сафарбар гардид.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оқибатҳои заминҷунбӣ ва ташкили корҳои бартарафсозӣ роҳбари Комиссияи ҳукуматӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, роҳбарони як қатор мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод гузориш доданд.
Гуфта шуд, ки 13 апрели соли 2025, соати 09:24 дақиқа дар ҳудуди кишвар заминҷунбӣ ба амал омад. Маркази он дар масофаи 160 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ва 21 километр аз ноҳияи Рашт буда, қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-6 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод. Худи ҳамон рӯз се ҳолати дигари заминҷунбӣ дар минтақаи мазкур бо қувваи камтар ба қайд гирифта шуд.
Тибқи маълумот, дар ноҳияҳои мазкур дар маҷмуъ 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 хонаи дигар осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон зарар расидааст. Аз ҷумла, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар иншоот зарар дидаанд.
Дар натиҷаи ин офати табиӣ 1 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки корҳо оид ба дақиқ намудани ҳаҷми пурраи хисорот идома дорад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди гузориши шахсони масъул барои ҳарчи зудтар ва пурра рафъ намудани оқибатҳои ин заминҷунбӣ, ҳалли мушкилиҳои пешомада ва бо ёриву ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифтани аҳолии осебдида ба Комиссияи ҳукуматӣ, мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, Комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳои ноҳиявии Рашту Тоҷикобод вазифадор гардиданд, ки оид ба муайян намудани хисороти расида аз заминҷунбӣ, ташкили корҳои бартарафсозӣ ва дар муҳлати кӯтоҳ пурра бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ фавран чораҳои зарурӣ андешанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ва дигар сохторҳои марбута аз Роҳбари давлат супориш гирифтанд, ки ҳаҷм ва маблағи зарари расидаро бо дарназардошти рӯйхати оилаҳои хонаҳояшон пурраву қисман вайроншуда ва дигар бинову иншооти зарардида фавран муайян намоянд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки шахсони масъул дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқгардидаи комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод рӯйхати аниқшудаи оилаҳои зарардидаро барои расонидани кумакҳои яквақтаинаи моддӣ пешниҳод намоянд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти марбута барои арзёбии ҳолати бинову иншооти давлатии зарардида, ҷудо намудани миқдори зарурии масолеҳи сохтмонӣ, маводи хӯрока ва ниёзи аввалия, бо дарназардошти меъёрҳои сохтмонии ба заминҷунбӣ тобовар таҳия кардани лоиҳаи хонаҳои чорҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ барои дар муҳлатҳои кутоҳтарин сохтани хонаҳо ба оилаҳои осебдида, супориш доданд.
Дастур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод баъд аз дастрас гардидани масолеҳи сохтмонӣ якҷо бо аҳолӣ ва шахсони саховатпешаву ватандӯсти кишвар барои тариқи ҳашар ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии хонаҳои вайроншуда тадбирҳо андешанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба оилаҳои хонаҳояшон вайроншуда баҳри бунёди манзили истиқоматӣ дар мавзеъҳои амн супориш доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазорату идораҳои дахлдор талаб карданд, ки барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани раванди таълим, ба табобати саривақтӣ фаро гирифтани нафарони ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, назорати қатъии ҳолати санитарию эпидемиологӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида ва сари вақт таъмин кардани сокинон бо маводи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, чораҳои қатъӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва раванди таълиму тарбияи хонандагон, аз ҷумла дар ҷойҳои муваққатӣ, бояд бемонеа идома ёбад.
Дар асоси супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои дигар вазифадор шуданд, ки оид ба кӯчонидани аҳолӣ аз мавзеъҳои дорои хавфи баланди сейсмикӣ ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва сабабҳои ба вуқуъ омадани онро ба роҳ монда, барои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар минтақаи осебдида ба Ҳукумати кишвар таклиф пешниҳод намояд.
Ширкати “Тоҷиксуғурта” якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки ба ҳар як оилаи аҳолии аз заминҷунбӣ зарардида, сарфи назар аз мавҷудияти шартномаи суғуртавӣ, тибқи рӯйхати тартибдодаи Комиссияи ҳукуматӣ, маблағ пардохт намояд.
Аз мардуми саховатпешаю савобҷӯ, аз ҷумла онҳое, ки маблағҳои зиёди худро барои ҳаҷ ва умра сарф мекунанд, даъват карда шуд, ки хайроту садақоти худро ба расонидани кумак ба зарардидагони ин ва дигар офатҳои табиӣ низ равона созанд.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дастур дода шуд, ки хонаҳои навро барои оилаҳои хонаҳояшон пурра вайроншуда то якуми ноябр пурра ба истифода супорида, минбаъд корҳоро дар самти пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла омода намудани инфрасохтори дахлдор, огоҳии аҳолӣ ва дигар чорабиниҳо ба роҳ монанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикободро вазифадор карданд, ки бо дарки масъулияти баланд иҷрои вазифаҳои гузошташударо сари вақт таъмин намуда, аз натиҷааш мунтазам ба Ҳукумати кишвар маълумот пешниҳод намоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назорати иҷрои дастуру супоришҳоро оид ба бартараф намудани оқибатҳои заминҷунбӣ ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намуданд.
Тавре Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар медиҳад, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода барандаи ҷоизаи башардӯстонаи ИДМ "барои саҳм ва дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илму маориф" гардид.
Ба устоди гиромӣ ин дастоварди арзишмандро табрику таҳният хонда, дар фаъолияти илмю эҷодияшон барору комёбиҳоро таманно менамоем!
Кумакҳои Пешвои миллат ба зарардидагони заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 15.04.2025
15 апрел дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳои иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.
Хотиррасон менамоем, ки 13 апрели соли 2025, соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди рух додани заминларза 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.
Комиссияи ҳукуматӣ иборат аз роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминларза ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарардида машғул аст.
Тибқи маълумоти пешакӣ дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қариб 200 иншооти гуногун зарар дидаанд.
Ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ва рафти расонидани кумакҳои аввалия ба мардуми зарардида таҳти назорат ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
https://www.president.tj/event/news/50584