Skip to main content

Имрӯз, 23 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Фаромарз Назришо - сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани адлия бо шахсони масъул, роҳбарони ниҳодҳо, сармуҳосибон, роҳбарони шуъбаҳо ва муовинони дирокторон оид ба хоҷагидорӣ баргузор гардид.

Дар оғоз ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикстон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм доир ба оқибатҳои нохуши даст задан корҳои коррупсионӣ ва муқовимат бар зидди коррупсия суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки барои осоиштагӣ ва ояндаи дурахшони ватани азизамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” қабул гардид. Ин иқдом аз ҳар як нафар корманди давлату ҷамъият тақозои онро дорад, ки даст ба амалҳои коррупсионӣ назада барои дар амал татбиқ намудани он тамоми кушишҳоро ба харҷ диҳанд. Ҳамзамон масъули агентиро бовар кунонд, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ниҳодҳои дар тобеияти он буда, ҳама кормандони илмӣ фаъолият мекунанд, бо боварӣ гуфта метавон, ки дар амалӣ намудани қонуни мазкур саҳми хешро мегузоранд.

Дар идома намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Фаромарз Назришо - сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани адлия баромад намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” – ро шарҳу тавзеҳ дода, оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ибрози андеша намуд. Инчунин нуқтаҳои асосии қонуни мазкурро ба ҳозирин шарҳ дода, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда дод.