Skip to main content

123Дар шароити муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо паёмадҳои рӯзафзуни тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ мебошад, масъалаи ҳифзи захираҳои табиӣ, бахусус пиряхҳо ва криосфера, ба яке аз самтҳои калидии рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Гармшавии глобалӣ, обшавии босуръати пиряхҳо, тағйирёбии низоми обӣ ва афзоиши хатари офатҳои табиӣ на танҳо муҳити зист, балки амнияти иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди устувори давлатҳоро зери хатар қарор медиҳад. Дар чунин шароит ташаббусҳои байналмилалӣ, ки ба коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи экосистемаҳо равона шудаанд, аҳамияти хос касб менамоянд.

Қабули қатъномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист гувоҳи равшани эътирофи нақши фаъоли кишвар дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим ва об мебошад. Ин санад на танҳо дастоварди муҳими дипломатии Тоҷикистон, балки саҳми арзишманд дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва таъмини ояндаи устувори инсоният ба шумор меравад.

Қобили таъкид аст, ки қатъномаи мазкур бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, натиҷаи сиёсати пайгирона, дурандешона ва дарозмуддати роҳбарияти олии кишвар дар самти ҳифзи муҳити зист, об ва иқлим мебошад. Ин иқдом идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар арсаи обу иқлим буда, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва масъулиятшинос дар сатҳи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳким мебахшад.

Боиси хушнудист, ки санаи 12 декабри соли 2025 дар Ҷумҳурии Кения Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕА) зимни анҷоми иҷлосияи ҳафтуми худ (ЮНЕА-7), ки дар қароргоҳи Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕП) дар шаҳри Найробӣ баргузор гардид, қатъномаро таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» қабул намуд. Қатъномаи мазкур, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Перу пешниҳод гардид, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ ёфта, ин амр гувоҳи ризоияти умумӣ оид ба зарурати фаврии ҳифзи пиряхҳои дар ҳоли обшавӣ ва криосфера мебошад.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди он ташаккул меёбанд, ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Пиряхҳо дар кишвар на танҳо манбаи асосии оби нӯшокӣ, кишоварзӣ ва энергетикаи обӣ мебошанд, балки ҳамчун танзимгари табиии иқлим ва устувории экосистемаҳои минтақавӣ нақши ҳаётан муҳим мебозанд. Бо вуҷуди ин, таҳқиқоти илмии солҳои охир нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим шумораи зиёди пиряхҳо коҳиш ёфта, қисми муайяни онҳо пурра аз байн рафтаанд.

Криосфера, ки маҷмӯи унсурҳои яхбастаро — пиряхҳо, барфҳои доимӣ, яхбандии хок ва яхҳои кӯлу дарёҳо — фаро мегирад, яке аз нишондиҳандаҳои ҳассостарини тағйирёбии иқлим маҳсуб мешавад. Таназзули криосфера боиси тағйир ёфтани реҷаи обӣ, кам гардидани захираҳои об дар фаслҳои хушк, инчунин афзоиши хатари сел, ярч ва дигар офатҳои табиӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳифзи криосфера на танҳо масъалаи муҳити зист, балки ҷузъи муҳими амнияти миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ ба ҳисоб меравад.

Бо дарназардошти ин омилҳо, Тоҷикистон дар солҳои охир сиёсати фаъол ва пайгиронаро дар сатҳи байналмилалӣ амалӣ намуда, масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро пайваста дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ матраҳ мекунад. Қабули қатъномаи мазкур натиҷаи мантиқии ин сиёсат ва далели афзояндаи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қатънома давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо ва криосфера даъват менамояд. Дар он зарурати истифодаи дастовардҳои илму техника, технологияҳои муосир ва табодули таҷрибаи пешқадам барои коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим таъкид гардидааст. Ҳамзамон, ҷалби сармоягузорӣ, таҳкими иқтидори миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа аз масъалаҳои вобаста ба пиряхҳо ва криосфера ҳамчун самтҳои афзалиятнок зикр шудаанд.

Ин санад ба тақвияти заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мусоидат намуда, барои ҳамоҳангсозии сиёсати миллии давлатҳо бо ҳадафҳои ҷаҳонии рушди устувор имконият фароҳам меорад. Қатънома ҳамчун платформаи муҳими ҳамгироии талошҳои давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хизмат мекунад.

Барои Тоҷикистон қабули қатънома имкониятҳои навро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, густариши таҳқиқоти илмӣ ва роҳандозии барномаҳои амалӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо фароҳам меорад. Ин иқдом метавонад ба рушди устувори соҳаҳои калидии иқтисод, аз ҷумла энергетикаи обӣ, кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об мусоидат намояд ва ҳамзамон нуфузи байналмилалии кишварро ҳамчун ташаббускори масъулиятшинос тақвият бахшад.

Дар сатҳи минтақавӣ низ аҳамияти қатънома назаррас мебошад, зеро пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии дарёҳои бузурги Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Ҳифзи онҳо ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат намуда, заминаи мусоиди густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро фароҳам меорад.

Қобили зикр аст, ки ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаи об ва иқлим қаблан низ дар сатҳи байналмилалӣ дастгирии васеъ ёфта, ба қабули як қатор санадҳои муҳими ҷаҳонӣ замина гузошта буданд. Қатъномаи нави марбут ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера идомаи мантиқии ҳамин сиёсати созанда буда, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии муҳити зист боз ҳам таҳким мебахшад.

Дар маҷмӯъ, қабули қатъномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ҳамчун рӯйдоди муҳим ва дорои аҳамияти таърихӣ арзёбӣ мегардад. Ин иқдом таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти криосфера ҷалб намуда, роҳро барои ҳамкориҳои васеъ ва амалии байналмилалӣ дар роҳи таъмини амнияти иқлимӣ ва рушди устувор боз мекунад.

Муҳаммад АМИНЗОД - мудири шуъбаи матбуот ва робита бо ҷомеаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон