Skip to main content

Самараи ваҳдати миллӣ ва тарғибу ташвиқҳои пайвастаи ғояҳои миллӣ буд, ки Тоҷикистон дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ба эҳтироми хосса ва дастовардҳои гуногун ноил гардида, аз ҷониби тамоми кишварҳо узви СММ пазируфта шудааст. Чуноне, ки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «То фаро расидани давраи бӯҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба хеле дастовардҳо ноил гардид»[1].

Пешвои миллат мафҳуми ваҳдатро бо диди сиёсӣ ва арзишҳои нав ғанӣ гардонида, қайд менамояд, ки: «Идеали сиёсии мо Ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад»[2]. Барои амиқтар гардидан ончунин иброз медоранд, ки: «Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо нигоҳ доштани хусусиятҳои хоси худ бо роҳе пеш рафтанист, ки кулли кишварҳои тараққикардаи дунё манфиаташро кайҳо дидаанд. Мундариҷаи онро пеш аз ҳама бунёд сохтани давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва комёб шудан ба Ваҳдати миллӣ - ро ташкил медиҳад»[3].

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо як таассуроти баланди меҳанпарастӣ 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро, ки 27-уми июн фаро мерасад, бо тантана ҷашн мегиранд. Маҳз Ваҳдати миллӣ ва раванди сулҳи тоҷикон буд, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ бо кӯшишу талошҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум ба ин неъмати бузургу назаррас ноил гардиданд.

Имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки маҳз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи ин фарзанди фарзонаи миллат дар роҳи созандагию ободкорӣ марҳила ба марҳила ба рушди соҳаҳои гуногун саҳм гузошта истодаем. Чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар ҳамаи бахшҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали Сарвари кишвар интихоб гардидан, давра ба давра роҳи ҳалли мушкилоти соҳаҳоро меҷӯстанд.

Аз ҷумла, бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ, бахусус, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ барои бартараф намудани мушкилоти ин ду соҳаи ҳаётан муҳим кӯшишу талошҳои зиёде намуданд. Маҳз бо шарофати Президенти кишвар дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф, шуруъ аз базаи моддию техникӣ то ба ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самтҳои гуногуни он мунтазам рӯ ба беҳбудӣ оварданд.

Ҳамзамон, сохтмонҳои азими аср роҳҳои мошингарди Кӯлоб- Хоруғ-Қулма-Қайроқурум, Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, нақбҳои «Шар-Шар», «Истиқлол», «Шаҳристон», "Чормағзак», нерӯгоҳҳои барқии обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи «Ҷануб Шимол», «Хатлон Лолазор», «Лолазор Сангтӯда-1,2», «Роғун» , барқарор сохтани роҳу пулҳо, корам сохтани заминҳои нав далели бунёдкорию созандагии мардуми кишвар бо сарварии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ин ҳама аз неъмати муқаддаси Ваҳдати миллӣ дарак медиҳад.

Инчунин, дар ҷумҳурӣ гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, равнақу ривоҷ ёфтани муносибатҳои бозаргонӣ , хусусигардонии моликият, ба деҳқонон барои истифодаи доимӣ додани 75 000 га замин, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ихтиёри худи хоҷагиҳо вогузор намудани даромад аз ҳосилоти замин ва як қатор тадбирҳои дигари иқтисодӣ на танҳо сатҳи ҳаёти иқтисодии аҳолии деҳоту шаҳрҳоро баланд бардоштанд, балки заҳматкашони Тоҷикистонро дар атрофи Президент сарҷамъ оварданд[4].

Дар умум, Ваҳдати миллӣ дар рушду пешравиҳои ҳаёти ҷомеа нерӯ бахшида, ҳар як сокини кишвари азизамонро водор месозад, ки ин неъмати бебаҳоро бо тамоми ҳастиаш нигоҳ доранд. Зеро то замоне, ки Сулҳу Ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳифз мегардад. Таърих нишон медиҳад, ки мардуми тоҷик аз ибтидо миллати созандаю бунёдкор, меҳанпарасту сулҳдӯст, бохираду адолатхоҳ ва фарҳангпарвар мебошанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳамеша паҳлӯи ҳамдигар истода, таҳти сарварии Пешвои миллат ҳамқадами замона бошем, Ваҳдати миллии ва дигар арзишҳои миллии кишвари маҳбубамонро бо сари баланд нигоҳ дорем. Чуноне Сарвари кишвар таъкид менамоянд: «Мо бояд ба якдигар бовар кунем, дар симои якдигар дӯст, бародар, ҳамватан ва ҳамтақдирро бинем»[5].

Ходими хурди илмии Шуъбаи география ва зондкунии

фосилавии Раёсати АМИТ Раҳмонова Ф.А.

[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15-уми апрели соли 2009. / «Ҳақиқати Суғд», 18 апрели соли 2009

[2] Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ. – Душанбе: Ирфон, 2001. – с.207. ҷ.1

[3] Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ. – Душанбе: Ирфон, 2001. – с.208. ҷ.1