Skip to main content
Вақте, ки ба оинаи таърихи муосири Тоҷикистон назар меандозем, аз дастовардҳои пуразиштарин ин Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ногуфта намонад, ки 34 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омадааст. Ин воқеаи таърихӣ дар моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва ҳамасола 9-сентябр расман рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас ба ҳисоб меравад. Зеро санаи 24 августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон»-ро пазируфт ва дар сарнавишти Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихиро оғоз кард[7].

Истиқлолияти Тоҷикистон ба осони ба даст наомадааст. Ба бахти миллати мо, шахсияти хирадманди меъмори сулҳу субот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданду моро ҳифз карда тавонистанд. Истиқлолият ин волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки муҳимтарин воқеаи таърихи сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омадааст. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва ҳамасола 9-сентябр расман рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас ба ҳисоб меравад.

Яке аз падидаҳои беназири Истиқлолият ин аст, ки дар таърихи муосири Тоҷикистон яъне ба даст овардани давлатдории миллӣ мебошад. Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил мебошад. Мардуми кишвари Тоҷикистон ба шарофати Истиқлолият ба истиқлолияти воқеъӣ ва давлатдории миллии худ соҳиб шуда, соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллии худро соҳиб гардид. Маҳз, падидаи истиқлолият буд, ки Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва сиёсати “дарҳои кушода”-ро барои дигар миллатҳои бурунмарзӣ боз намуд[4]. Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо 184 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард. Ҳамзамон Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, бо аксари кишварҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст[5]. Дар байни ин кишварҳо, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои аврупоӣ ҷойи муҳимро ишғол мекунад.

Падидаи дигари Истиқлолияти давлатӣ дар он буд, ки барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Зеро забони миллӣ ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат буда, баҳри дарки ҳувияти миллӣ мебошад. Инчунин Тоҷикистон баҳри таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисод ва беҳбуди шароити зиндагии мардуми кишвар талошҳои пайваста менамояд.

Падидаи муҳими дигар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин барқарор намудани ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ба шумор меравад, ки ин раванд бо пешниҳоди ташаббусҳои созанда дар сатҳи байналмилалӣ тавсеа ёфт. Дар ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо кӯшиш карда мешавад, ки бо дастгирии тарафайн дар соҳаҳои гуногун ва рушди ҳамкориҳо таваҷҷуҳӣ махсус дода шавад.

Дар умум, ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар рушду таҳаввули он нақши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад.

Маҳз дар даврони Истиқлолият ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо Иттиҳоди Аврупо, бахусус Фаронса, Италия ва Швейсария рушд намуда, чандин созишномаҳо ва ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст, ки ба дурнамои ҳамкориҳои стратегӣ ва самтҳои афзалиятноки кишвар заминаи хуб гузоштааст.

Аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 08.06.2025 барои ширкат варзидан дар чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шуда буданд. Дар вохӯриҳои Фаронса, “Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034” аз ҷониби СММ бо пешниҳоди якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса қабул гардид[6].

Инчунин дар санаи 22.04.2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Италия шаҳри Рим ташриф оварданд. Дар зимни сафар як қатор созишномаҳо оид ба ҳамкориҳо ба имзо расида буд. Ҳамзамон 30.05.2025 дар шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҳамоиши якуми “Осиёи Марказӣ ва Италия” бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот намуданд, ки дар зимни вохӯрӣ дурнамои муносибатҳои ду кишвар Тоҷикистон-Италия баррасӣ шуд. Бояд тазаккур дод, ки таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика, саноат ва кишоварзӣ самтҳои афзалиятноки стратегии ҳамкории ду кишвар ҳисобида шуд[3].

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пешниҳодҳои Тоҷикистонро, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дарки зарурати баробарӣ ва ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ эътироф менамоянд. Яке аз самтҳои муҳими ҳамкории байналмилалӣ, ки кишварҳои аврупоӣ онро пазируфта, дар сатҳи байналмилалӣ мавриди қабули расмӣ қарор доданд,ки ин соҳаи “Об” мебошад. Дар ин замина, аз ҷониби Сарвари давлат як қатор ташаббусҳои ҷаҳонӣ пешниҳод гардиданд, аз ҷумла: Соли байналмилалии “Оби Тоза (2003), Даҳсолаи амалиёти байналмилалӣ «Об барои ҳаёт» (2005–2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи “Об” (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028). Ҳамаи ин ташаббусҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, доир ба онҳо қатъномаҳои дахлдор қабул гардиданд. Бояд таъкид кард, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) расман 22 марти соли 2018 оғоз ёфт. Ба ин муносибат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми СММ суханронӣ намуда, зикр карданд, ки масъалаи “Об” ва таъмини он яке аз масъалаҳои муҳими башарият буда, фаъолияти ҳамгироёна ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд[1].

Бинобар ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2025-ро «Соли ҳифзи пиряхҳо» эълон намуданд, зеро масъалаи обшавии пиряхҳо ва паёмадҳои он на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷаҳони мутамаддин, аз ҷумла кишварҳои Аврупо, хатар эҷод мекунад. Ҳамзамон, яке аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, масъалаҳои марбут ба Афғонистон ва таъмини амнияту суботи минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Қобили қайд аст, ки масоили мубрами аҳли сайёраро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавриди таваҷҷӯҳи хос дода шуд. Тавассути қатъномаи махсуси СММ «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шуд. Ногуфта намонад, ки ташаббуси сулҳофарини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони мутамаддин муҳим ва саривақтӣ ҳисобида шуда, дипломатияи сулҳи Тоҷикистонро дигар кишварҳои ҷаҳон бахусус аврупоиҳо меомузанд.

Истиқлолияти давлатӣ заминаи устувори ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои аврупоӣ гардид. Яке аз натиҷаҳои калидии нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин имзои “Эъломияи Самарқанд” мебошад, ки хоҳиши муштараки ҷонибҳоро барои роҳандозии шарикии стратегӣ инъикос менамояд.

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорчӯбаи барномаи “Дарвозаи глобалӣ” (Global Gateway) як бастаи сармоягузории 12 млд. евроиро омода кардааст. Ин ҳама натиҷаи саъю талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз нодиртарин падидаҳои Истиқлолияти Тоҷикистон ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо Осиёи Марказӣ мебошад. Аз 12 млд. еврои ҷудошуда 3 млд. дар соҳаи нақлиёт, 2, 5 млд. дар соҳаи ашёи хом, 5, 4 млд. дар соҳаи энергетика ва 100 млн. евро барои рушди интернети моҳвораӣ дар Осиёи Марказӣ тааллуқ дорад[2].

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои Созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо дар назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳамкориҳои густурда бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, махсусан сохторҳои аврупоиро роҳандозӣ намудааст.

Дар ин замина, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳо фаъолона ширкат варзида, ҳузури кишвари Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ вусъат мебахшанд.

Ҳамчунин, Тоҷикистон дар ин давра марҳилаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои байналмилалиро паси сар намуда, бо кишварҳои аврупоӣ ба сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ расидааст, ки дурнамои мусбати ин равобитро дар оянда таъмин менамояд.

Ҳамин тариқ, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки соли 1991 ба даст омад, ҳамчун бузургтарин дастоварди таърихӣ барои миллат, заминаи муҳими давлатдорӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалиро фароҳам овард. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, кишвар на танҳо сулҳу суботро барқарор кард, балки бо кишварҳои аврупоӣ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ робитаҳои густурда барпо намуд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва дигар сохторҳои минтақавӣ дар заминаи эътимод, баробарӣ ва манфиатҳои муштарак рушд ёфта, ба марҳалаи шарикии стратегӣ ворид гардидаанд. Сатҳи сифатан нави ин равобит як такконе барои рушду нумӯ, шукуфоӣ ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳони мутамаддин буда, хело аҳамияти бузург дорад.

Ҳамин тариқ дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон метавонад таҷрибаи кишварҳои мутараққии Аврупоро ҳамчун модел қабул намуда ба ҳадафҳои стратегии кишвар барои технологияи наву навтарин, криосфера, зеҳни сунъӣ, иқтисодиёти рақамӣ, ин ҳамкориҳоро дар самтҳои афзалиятноки худ барои рушди кишвар амалӣ намояд.

Сарчашмаҳо:

  • Ахмедова А.Ю. Истиқлолият ва дастовардҳои беназири он. Таърихи бардошт 12.08.2025. Манбаи электронӣ//https://iet.tj/tj/dostovardu-mavffa-iyat-oi-to-ikiston/

2. Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 12 миллиард доллар ҷудо мекунад. Бунёди «Гуфтугӯи тамаддунҳо». 05.04.2025. Таърихи бардошт 13.08.2025. Манбаи электронӣ// https://dialog.tj/tj/new83591/

3. Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон. 02.06.2025. Манбаи электронӣ//https://www.mfa.tj/tg/berlin/view/17130/muloqot-bo-sarvaziri-jumhurii-italiya-jorja-meloni

  • Муродзода С.С. Истиқлолият - дастоварди давлату миллати тоҷик. Академияи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санаи дархост. 17.07.2025. https://www.avkd.tj/tg/khabarho/1567-istiqloliyat-dastovardi-davlatu-millati-tojik.html

5. Президент. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. Таърихи бардошт 13.08.2025. Манбаи электронӣ// https://www.president.tj/president/biography

6. Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Фаронса. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. 08.06.2025. Манбаи электронӣ// https://president.tj/event/news/51112

7. Эъломи истиқлолияти давлатӣ. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон. Тарихи бардошт 15.08.2025. Манбаи электронӣ//https://www.president.tj/tajikistan/proclamation_of_state_independence

Санавбарбону Воҳидова - мудири шуъбаи Аврупои ИОМДОА Доктори илмҳои таърих профессор