Яке аз шартҳои истиқлолияти воқеии ҳар давлат эътироф гардидан ва шинохта шудани он аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи хоси худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат пояи ҳастӣ ва омили асосии пешрафт ба шумор меравад. 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди сарнавиштсоз ба вуқӯъ пайваст - Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро эълон намуда, ба ҳайси давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳонӣ гардид. Аз ҳамин давра сиёсати хориҷии кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷузъи муҳимми ҳаёти сиёсӣ ва кафолати ҳифзи истиқлолият ташаккул ёфт.
Истиқлолият ба Тоҷикистон на танҳо имкони соҳибихтиёрӣ дод, балки шароити заруриро барои ташкили низоми сиёсати хориҷии мустақил фароҳам овард. Бояд таъкид кард, ки дар оғози истиқлол кишвар аз ниҳодҳои мукаммали сиёсати хориҷӣ маҳрум буд. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки ҳам сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ҳам Вазорати корҳои хориҷӣ зодаи ҳақиқии истиқлолият буда, бо заҳматҳои пайгирона ва талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба як дастгоҳи муассир табдил ёфтаанд.
Самтҳои асосии ташаккули сиёсати хориҷӣ
Таъмини амният ва суботи миллӣ
Яке аз аввалин вазифаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол ҳифзи сулҳу субот буд. Бо кӯшишҳои пайгирона ва роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон тавонист бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои минтақа ба низои дохилӣ хотима бахшад ва соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Ин ҳодиса ҳамчун дастоварди барҷастаи дипломатияи тоҷик дар таърих сабт гардид.
Эътирофи байналмилалӣ ва густариши робитаҳо
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрии муайянкунандаи усулҳо ва ҳадафҳои сиёсати хориҷӣ таҳия ва тасвиб гардиданд. Дар натиҷа, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби 192 кишвари ҷаҳон эътироф шуда, бо 186 давлат робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Ҳамзамон, кишвар бо беш аз 70 созмони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориҳои фаъоли судмандро роҳандозӣ кардааст.
Боиси зикри махсус аст, ки дар заминаи сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, аз солҳои 1993-1996 намояндагиҳои як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, ХБА ва дигарон - дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфта, фаъолияташонро оғоз намуданд.
Сиёсати «дарҳои кушода»
Яке аз хусусиятҳои барҷастаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода» мебошад, ки бо ташаббуси Пешвои миллат эълон ва пайгирона татбиқ мегардад. Ин усул имкон дод, ки кишвар робитаҳои созандаро бо тамоми давлатҳои ҷаҳон барқарор намояд, узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ гардад ва дар арсаи ҷаҳонӣ симои хоси худро ҳамчун давлати сулҳҷӯ ва ташаббускор муаррифӣ намояд.
Тоҷикистон дар ин замина то кунун беш аз 1300 ҳуҷҷати ҳамкориҳои дуҷонибаро бо кишварҳои гуногун ба имзо расондааст, ки соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва башардӯстонаро фаро мегиранд. Ҳамчунин, теъдоди зиёди санадҳо дар доираи СММ, САҲА, СҲШ, СААД, СҲИ ва дигар сохторҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба тасвиб расидаанд.
Ибтикороти байналмилалӣ
Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ пеш аз ҳама бо ташаббусҳои глобалии худ дар масоили обу экология шинохта шудааст. Ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об - «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77 доир ба эълон намудани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 14 декабри соли 2022 қабул гардид, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим нақши муассир гузоштаанд.
Ин ташаббусҳо бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ шуда, ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ таҳким бахшиданд. Ҳамзамон, мавқеи кишвар дар масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳалли мушкилоти Афғонистон аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Дастовардҳои ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва минтақа
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя равона шудааст. Далели равшан - мулоқоти таърихии сеҷонибаи сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд (31 марти 2025), ки бо имзои Шартнома оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳо ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ анҷом ёфт. Ин дастовард ҳамчун яке аз марҳилаҳои муҳими ҳамгироии минтақавӣ ва муваффақияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона
Бо дарёфти Истиқлолияти давлатӣ дипломатияи фарҳангӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Мақсади асосии он ҳифз ва густариши арзишҳои миллӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои фарҳанги бостонӣ ва дар айни замон давлати муосир мебошад.
Бо ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашнҳои миллӣ ва фарҳангии дорои аҳамияти умумибашарӣ бо шукӯҳи хоса таҷлил гардиданд. Аз ҷумла, 1100-солагии давлати Сомониён, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Соли тамаддуни ориёӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 2700-солагии «Авесто», ҷашни бошукӯҳи 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва дигар санаҳои муҳим дар сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ таҷлил шуданд.
Дар ин замина, барқарор гардидани номҳои таърихии бархе шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳамчунин бо фармони Президент сарфароз гардонидани фарзандони баруманди миллат – устод Садриддин Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров, шоир Мирзо Турсунзода, арбобони давлатӣ Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон – аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки ғояҳои асили миллиро тарғиб карда, дар таҳкими ҳуввияти миллӣ ва худшиносии тоҷикон саҳми назаррас гузоштанд.
Дипломатияи фарҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ низ самаранок ба роҳ монда шуд. Натиҷаи муҳимми он ворид гардидани беш аз 100 номгӯйи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии тоҷикон ба Феҳристи созмони байналмилалии ЮНЕСКО мебошад. Ин дастовард на танҳо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои таъриху фарҳанги бой муаррифӣ намуд, балки нуфузи байналмилалии онро низ афзун сохт.
Хулоса
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик бори дигар имкони таърихӣ дод, ки бо такя ба он ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки бо роҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифтааст, ба таҳкими сулҳу субот, эътирофи арзишҳои ҷаҳонӣ, густариши ҳамкориҳо ва пешбурди ташаббусҳои глобалӣ мусоидат намуд.
Дар арафаи таҷлили 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ метавон бо итминон хулоса кард, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як омили асосии таҳкими истиқлолият ва муаррифии шоистаи кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва ҳамчун омили калидӣ дар ҳифз ва таҳкими истиқлолият ҷойгоҳи худро собит намудааст.
Неъматов Икромиддин, номзади илмҳои таърих, дотсент,
ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи навтарин
Феҳристи адабиёт ва сарчашмаҳо:
1. Раҳмон, Э. Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2022). Душанбе., 2022.
2. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон. - Душанбе, 1997.
3. Сайидзода Зафар Шералї (Саидов Зафар Шералиевич). Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалї Рањмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷањонї: Монография. – Душанбе, 2016.
4. Ҳисоботи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ (солҳои 1991-2024). Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – www.mfa.tj
5. United Nations Official Documents on Water Initiatives by Tajikistan. – New York, UN, 2003-2023.
6. Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон / Мураттиб-муаллифи пешгуфтор Зафар Шералӣ Сайидзода. – Душанбе, 2019.
7. Сайидзода Зафар Шералӣ (Саидов Зафар Шералиевич). Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ. - Нашри дуюми иловадор. – Душанбе, 2020.