Skip to main content
123131

Дар дарозои таърих, ҳодисаҳои табиӣ — аз заминларза то гирифтҳои осмонӣ — зеҳни инсонро ба тафаккур водор кардаанд. Дар фарҳангҳои гуногун гирифти Моҳ (хусуф) рамзҳои гуногун дошт, аммо бо рушди астрономия мо онро ҳамчун падидаи пурра фаҳмо, ки аз геометрияи ҳаракати Замин, Моҳ ва Офтоб вобаста аст, медонем. Дар ин роҳ, саҳми донишмандони тоҷику форс, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ хеле бузург аст. Яке аз мисолҳои равшан, замонест ки Берунӣ бо Абулвафо Бузҷонӣ мушоҳидаи ҳамзамони гирифти Моҳро анҷом дода, аз рӯйи фарқи вақт тафовутҳои тулҳои шаҳри Кот ва Бағдодро ҳисоб карданд. Ин таҷриба яке аз намунаҳои барҷастаи истифодаи гирифтҳо барои ҳалли масъалаҳои ҷуғрофиёи астрономӣ аст.

Чӣ гуна «гирифти Моҳ» рух медиҳад?

Гирифти Моҳ замоне доир мегардад, ки Моҳи пурра ба сояи Замин медарояд. Соя ду қисмат дорад: нимсоя ва сояи аслии торик. Агар диски Моҳ пурра ба соя дарояд, мо гирифти пурраро мушоҳида мекунем; агар танҳо ба бахше аз соя ворид шавад гирифти қисманро мебинем. Ранги сурхтобе, ки мардум онро «Моҳи хунин» меноманд, аз он меояд, ки қисмати кабути нури офтоб ҳангоми гузаштан аз атмосфераи Замин бештар пароканда мешавад ва ҷузъҳои сурх то сатҳи Моҳ мерасанду сурхчатоб мегардонанд.

7 сентябри 2025: гирифти пурраи Моҳ аз Тоҷикистон пурра намоён аст.

Шаби 7 ба 8 сентябри 2025 ҳодисаи гирифти Моҳ ба амал меояд, ки маҳз Тоҷикистон тамоми марҳилаҳои он – аз оғози нимсоя то анҷоми он дида мешаванд. Марҳилаҳои асосӣ (бо вақти Душанбе, UTC+5):

Оғози нимсоя: ~20:28

Оғози гирифти қисман: ~21:27

Оғози пурра: ~22:30–22:31

Лаҳзаи максимум: ~23:11–23:12

Анҷоми гирифти пурра: ~23:52

Анҷоми қисман: ~00:56 (8 сент.)

Анҷоми нимсоя: ~01:55 (8 сент.)

Дар лаҳзаҳои асосӣ Моҳ аз уфуқи ҷанубу шарқ то ҷануб баланд (тақр. 38°–45°) хоҳад буд, ки шароити хеле қулай барои тамошо ва аксбардорӣ мавҷуд мегардад.

Ситорашиносӣ дар амал: сайёраҳо дар ҳамон шаб.

Шаби 7 ба 8 сентябр ба ҷуз ҳодисаи гирифти пурраи Моҳ дар осмон сайёраҳои Зуҳал ва Муштариро мушоҳида кардан мумкин аст:

Зуҳал (Сатурн) – сайёраи шабона. Дар моҳи сентябр хеле хуб дида мешавад ва шаби 7 сентябр аз бегоҳ то субҳ равшан аст ва бо дурбин ё телескоп ҳалқаҳои онро мушоҳида кардан мумкин аст.

Муштарӣ (Юпитер) – сайёраи саҳаргоҳ. Дар сентябри 2025 то субҳ баланд мешавад ва пеш аз тулӯи офтоб ҳамчун нуқтаи хеле равшан дар шарқ дида мешавад.

Даъват барои мушоҳида дар Ҳисор

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон эълон мекунад, ки рӯзи 7-уми сентябри соли 2025 дар Расадхонаи Ҳисор Рӯзи дарҳои кушод баргузор мегардад. Мо ҳамаи дӯстдорони кайҳонро ба мушоҳидаи гирифти Моҳ даъват менамоем. Дар баробари ин, Зуҳал-ро дар шаб ва Муштарӣ-ро ҳангоми субҳ якҷо тамошо мекунем.