Skip to main content
Чи гунаe ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат бармеояд, соли сипаришуда дар таърихи муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя ҳамчун соле фаромӯшнашаванда арзёбӣ мегардад. Зеро маҳз дар ҳамин давра ба ҳалли ниҳоии мушкилоти тӯлонӣ ва таърихан печидаи муноқишаҳои сарҳадӣ миёни кишварҳои ҳамсоя поён гузошта шуд. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи сиёсии минтақа бо номи «Саммити Хуҷанд» вориди саҳифаҳои навини ҳамкориҳои минтақавӣ гардид.

Водии Фарғона, бо шароити нодири табиӣ ва мероси ғании таърихию фарҳангии худ, аз давраҳои қадим таваҷҷуҳи қудратҳои бузурги минтақавӣ ва берун аз минтақаро ба худ ҷалб намуда буд. Ин минтақа ҳамчун як фазои дорои аҳамияти стратегии хос дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешуд. Аҳамияти он пеш аз ҳама дар мавқеи ҷуғрофӣ ва нақши калидияш дар низоми роҳҳои тиҷоратии қадим, аз ҷумла Шоҳроҳи бузурги Абрешим, ифода меёфт. Водии Фарғона ҳамчун пули иртиботӣ байни тамаддунҳои бузург — Эрон (Форс), Чин ва Ҳинд — хизмат карда, ба табодули фаъоли иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ мусоидат менамуд.

Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи Водии Фарғона нисбат ба дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ гуногунрангии этникии он ба шумор меравад. Дар тӯли асрҳо дар ин минтақа тоҷикон, ӯзбекон ва қирғизон дар фазои ҳамзистии осоишта ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ намуда, анъанаи нодири муносибатҳои бародарона ва ҳамкории байниқавмиро ташаккул додаанд. Ин халқҳои бародар на танҳо қаламрав ва захираҳои табиии водиро ба таври муштарак истифода мебурданд, балки унсурҳои фарҳангӣ, забонӣ ва тарзи зиндагиро низ байни ҳам мубодила менамуданд, ки ин раванд ба таҳкими ҳувияти минтақавӣ ва коҳиши танишҳои эҳтимолии этникӣ мусоидат мекард.

Дар айни замон, сарҳадҳои этникии ин минтақаи сермиллат на ҳамеша бо сарҳадҳои маъмурӣ мувофиқат менамуданд. Аммо маҳз ҳамин хусусият ба унвони унсури муҳими ҳамзистии осоишта, ба ташаккули робитаҳои иҷтимоиву фарҳангии устувор миёни ҷамоаҳои гуногун ва ба рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ заминаи мусоид фароҳам меовард.

Бо вуҷуди ҳамзистии осоиштаи чандинасра, пас аз тақсимоти ҳудудию маъмурии солҳои 20-уми асри XX заминаҳои пайдоиши муноқишаҳои сарҳадӣ тадриҷан шакл гирифтанд. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият аз ҷониби кишварҳои минтақа, онҳо бо дигаргуниҳои амиқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуданд, ки рушди «тектоникӣ»-и ин равандҳо ба зуҳури таҳдидҳо ва чолишҳои муосир барои аҳолии ин гӯшаи нисбатан осоиштаи Осиёи Марказӣ оварда расонд. Тақсимоти Водии Фарғона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон боиси ба миён омадани баҳсҳои ҳудудӣ ва мушкилоти марбут ба истифодаи захираҳои обӣ гардид. Дар натиҷа, нуқтаҳои доимии таниш шакл гирифта, дар баъзе мавридҳо ба даргириҳои мусаллаҳона бо талафоти беасоси аҳолии осоишта анҷомиданд.

Бо вуҷуди ин, дар солҳои охир ба шарофати хиради сиёсӣ, иродаи устувор ва талошҳои пайгиронаи роҳбарони се кишвар вазъият тағйироти куллӣ пайдо намуд. Президентҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо дарки аҳамияти ҳифз ва эҳёи анъанаҳои бародарӣ, ҳамзистии осоишта ва ҳамкории таърихии байни халқҳо қарори ягона ва дурусти сиёсиро қабул карданд, ки ҳадафи асосии он барқарор намудани фазои устувори сулҳ, эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ дар минтақа мебошад.

Намунаи равшани ин равиши созанда ташаббуси баргузории саммити сеҷонибаи сатҳи олӣ ба шумор меравад, ки бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд дар охири моҳи марти соли ҷорӣ баргузор гардид. Ин мулоқот ҳамчун қадами муҳим дар роҳи эҳёи анъанаҳои таърихии ҳамзистии осоиштаи халқҳои бародар арзёбӣ мегардад.

Бояд таъкид намуд, ки саммити сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон рӯйдоди бесобиқа ва дорои аҳамияти таърихӣ дар шароити муосири Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Татбиқи тавофуқоти дар ҷараёни ин мулоқот бадастомада метавонад ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди муносибатҳои некҳамсоягӣ ва густариши шарикии стратегӣ миёни се кишвар мусоидат намояд. Ин вохӯрии роҳбарони давлатҳои бародар аҳамияти калидии ҳамзистии осоишта, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодиро барои тамоми минтақа боз ҳам равшантар инъикос намуд.

Дастовардҳои калидии саммит 1.1. Делимитатсияи сарҳади давлатӣ Делимитатсияи сарҳади давлатӣ раванди дақиқ муайян ва мувофиқа намудани хатҳои мушаххаси сарҳад миёни давлатҳо мебошад. Дар ин замина, саммит рӯйдоди бисёр муҳим ба шумор меравад, зеро Созишномаи таърихӣ оид ба делимитатсияи сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид. Ин созишнома эҳтимоли ба вуҷуд омадани муноқишаҳои сарҳадиро ба таври назаррас коҳиш медиҳад, зеро хатҳои равшан ва қаблан мувофиқашудаи сарҳадро муқаррар намуда, норавшанӣ ва баҳсҳои ҳудудиро ҳадди ақал мерасонад. Чунин иқдом барои сулҳу амнияти дарозмуддат дар марзи ду кишвар шароити устувор фароҳам оварда, ҳамзамон ба суботи умумии минтақа таъсири мусбат мерасонад. 1.2. Ифтитоҳи тантанавии ёдгории Дӯстӣ Ифтитоҳи ёдгории Дӯстӣ барои кишварҳои иштирокчии саммит рамзи муҳим маҳсуб меёбад. Ин рӯйдод сатҳи афзояндаи эътимод ва эҳтироми мутақобиларо миёни кишварҳо инъикос намуда, ҳамзамон таҷассумгари талоши давлатҳо ҷиҳати рушди муштарак ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Баргузории чунин чорабинӣ аҳамияти ҳамкории ҳамаҷонибаро — аз сатҳи сиёсӣ то фарҳангӣ — таъкид намуда, барои ҳамкории оянда ва наздикшавии халқҳо заминаи устувор фароҳам меорад. 2. Самтҳои асосии ҳамкорӣ 2.1. Иқтисод ва савдо Ҳамкории иқтисодӣ яке аз масъалаҳои марказии рӯзномаи саммит, бахусус дар заминаи минтақаҳои наздисарҳадӣ ба ҳисоб мерафт. Таъкиди асосӣ ба афзоиши назарраси гардиши мол миёни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон равона гардид. Ин пешрафт дар натиҷаи мубодилаи фаъоли молу хизматрасониҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ба даст омада, ба беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва фароҳамсозии имкониятҳои нави соҳибкорӣ мусоидат намуд. Бо мақсади амиқтар намудани ҳамкории иқтисодӣ, тадбирҳои амалии мушаххас пешниҳод гардиданд, аз ҷумла такмили фаъолияти нуқтаҳои гумрукӣ, беҳсозии инфрасохтори логистикӣ ва таъсиси платформаи савдои сежониба, ки ба ақидаи иштирокчиёни саммит метавонад ҳамчун макони намоиш ва муаррифии маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ хизмат намуда, ба густариши савдо ва амиқтар гардидани ҳамгироии иқтисодӣ миёни кишварҳо мусоидат намояд. 2.2. Нақлиёт ва инфрасохтор Яке аз мавзӯъҳои калидии саммит масъалаи рушди нақлиёт ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ буд, ки дар пешбурди рушди минтақавӣ нақши муҳим мебозанд. Дар ин самт як қатор ташаббусҳо ҷиҳати беҳтар намудани робитаҳои нақлиётӣ пешниҳод шуданд, аз ҷумла зиёд намудани шумораи парвозҳои ҳавоӣ ва тавсеаи масирҳои автобусӣ. Ҳамчунин, рушди лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ дар соҳаи энергетикаи «сабз» ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки барои рушди устувори минтақа аҳамияти махсус доранд. Лоиҳаҳои экологӣ ва устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ аҳамияти рӯзафзун пайдо намудаанд ва татбиқи онҳо дар Осиёи Марказӣ метавонад на танҳо сифати зиндагиро беҳтар созад, балки амнияти экологии дарозмуддатро барои ҳамаи кишварҳои минтақа таъмин намояд. 3. Табодули фарҳангӣ ва ҳамкории гуманитарӣ Яке аз паҳлуҳои муҳимтарини саммит баррасии масъалаи рушди табодули фарҳангӣ миёни кишварҳо буд. Муносибатҳо тавассути фарҳанг ба таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо мусоидат намуда, заминаи эҳтироми мутақобила ва ҳамкории устуворро фароҳам меоранд. Аз ҷумла, пешниҳоди таъсиси ҷашнвораҳо ва консертҳои солонаи дӯстӣ ироа гардид, ки ба сокинони кишварҳо имкон медиҳанд бо ҳам муошират намуда, таҷриба мубодила кунанд ва пайвандҳои фарҳангиро тақвият бахшанд. Ҳамчунин, баргузории чорабиниҳои фарҳангие пешниҳод шуд, ки ба беҳтар намудани ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон равона гардидаанд. Яке аз нуқтаи муҳимтарин ва калидии саммити сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ин имзои Созишнома оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар буд, ки дар поёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Садир Жапаров ба расмият дароварда шуд. Дар сурати иҷрои пурраи муқаррароти ин Созишнома, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон заминаҳои воқеӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои зерин пайдо менамоянд:

• Бартараф намудани муноқишаҳои сарҳадӣ: Муайян намудани нуқтаҳои расман мувофиқашудаи пайвастшавии сарҳадҳо хатари сар задани ҳодисаҳои сарҳадиро ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Ин омил метавонад ба пешгирии ҳолатҳои баҳсноке мусоидат намояд, ки дар гузашта баъзан боиси низоъҳо мегардиданд.

• Ташаккули пояҳои суботи дарозмуддат: Созишнома ба таҳкими амният дар минтақа таъсири мусбат расонида, аз пайдоиши баҳсҳои ҳудудие, ки метавонанд ба коҳиши эътимод ва суст шудани ҳамкориҳои минбаъда оварда расонанд, ҷилавгирӣ мекунад.

• Таҳкими эътимоди мутақобила: Муайянсозии равшан ва мувофиқашудаи сарҳадҳо ба таҳкими сатҳи эътимод миёни давлатҳо мусоидат намуда, барои густариши дигар самтҳои ҳамкорӣ фазои мусоид фароҳам меорад.

• Тақвияти амнияти минтақавӣ: Субот дар сарҳадҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба амнияти умумии Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд, зеро марзҳо шаффофтар, пешбинӣшаванда ва барои ҳама ҷонибҳо амн мегарданд. Дар баробари ин, Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Садир Жапаров Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ-ро ба имзо расониданд, ки он ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва дипломатӣ баромад намуда, самти стратегии кишварҳои моро дар масъалаҳои зерин муайян менамояд:

• Таҳкими шарикии стратегӣ: Эъломия заминаи ҳуқуқиро барои амиқтар гардидани ҳамкориҳои минбаъда миёни кишварҳо фароҳам оварда, ба суботи иқтисодӣ ва сиёсӣ дар минтақа мусоидат мекунад.

• Дастгирии муносибатҳои некҳамсоягӣ: Қабули эъломия аҳамияти ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобиларо миёни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон таъкид намуда, ки барои рафъи ихтилофҳои таърихӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона аҳамияти калидӣ дорад. • Таъмини амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштарак бо таҳдидҳо ва чолишҳои муосир: Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими амният равона гардида, бахусус дар шароити афзоиши таҳдидҳо, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир. Ҳамкории кишварҳо дар соҳаи амният ба муқовимати самаранок бо ин хатарҳо мусоидат хоҳад кард.

• Ҳамгироии иқтисодӣ: Эъломияи муштарак метавонад такони ҷиддӣ барои амиқтар шудани ҳамгироии иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инфрасохтор, савдо ва энергетика гардад, ки барои ҳамаи ҷонибҳо судманд хоҳад буд.

• Таҳкими ҳамкории байналмилалӣ: Эъломия ваҳдат ва омодагии кишварҳоро барои амалҳои ҳамоҳанг дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳад. Ин раванд мавқеи онҳоро дар форумҳои ҷаҳонӣ тақвият бахшида, дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ва минтақавӣ дастгирии бештар фароҳам меорад. Дар фарҷом бояд зикр намуд, ки Водии Фарғона, ҳамчун гиреҳи таърихии тамаддунҳо ва роҳҳои тиҷоратӣ, имрӯз бори дигар ба намунаи муваффақи ҳамзистии осоиштаи халқҳои сокини он табдил меёбад ва мушкилоту чолишҳои пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро тадриҷан паси сар менамояд. Саммити Хуҷанд марҳилаи муҳим ва нуқтаи ибтидоии нав дар рушди муносибатҳо миёни Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон гардид, зеро созишномаҳо ва тавофуқоти бадастомадаи он барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ заминаи устувор фароҳам меоранд. Самтҳои калидии ҳамкории оянда, аз ҷумла ҳамгироии иқтисодӣ, рушди инфрасохтор, табодули фарҳангӣ ва иштироки фаъол дар форумҳои байналмилалӣ муайян гардиданд. Татбиқи ташаббусҳои пешниҳодшуда на танҳо ба суръат бахшидани рушди кишварҳои минтақа, балки ба таҳкими субот дар Осиёи Марказӣ низ мусоидат хоҳад кард. Иҷрои муваффақонаи ин созишномаҳо пояи ташаккули минтақаи ҳамоҳанг, устувор ва шукуфонро фароҳам месозад. Ҳамин тариқ, мулоқот дар Хуҷанд на танҳо марҳилаи муҳими таърихӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ гардид, балки самти равшани пешрафти минбаъдаи ҳамкориро муайян намуда, барои ташаккули минтақаи амнтар, босуботтар ва муваффақтар дар оянда замина гузошт. Дар хотима ҳаминро бояд қайд намуд, ки заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат барои амну осоиштаги ва ободию созандагии кишвари маҳбуби мо барои ҳар як нафар миллатдусту ватанпарвари давлатамон бояд намунаи ибрат бошад.

Бедилзода Ҳусайн – н.и.с., мудири шуъбаи масоили

сиёсии муносибатҳи байналмилалии ИФСҲ-и АМИТ