Skip to main content

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025)

Истиқлолу озодии ҳар қавму миллат дар натиҷаи саъю талошҳо, матонату ҷасорат ва эҳтирому эҳсоси ватандӯстӣ ба даст меояд, ки ҳифзу ҳимояи он ҷонфидоиву ҷоннисориҳо талаб мекунад. Муҳимтарин дастоварди Тоҷикистон дар даврони Истиқлол эҷоди мактаби сулҳу суботу созандагӣ, эҳёи таъриху тамаддун, забону адабу фарҳанг ва ободиву оромии кишвар мебошад. Тоҷикистон зери роҳнамоӣ ва роҳбарии Президенти хирадманду ҷасуру ҷавонмард қавму миллатро аз вартаи ҳалокату ҷаҳолат раҳоӣ бахшида, ба самти сулҳу суботу созандагӣ роҳнамоӣ кард. Бо чунин ормону орзуҳо ва дарки дурусти худшиносӣ насли навини Тоҷикистон дар мактаби сулҳу созандагӣ тарбия гирифта, тавассути омӯзиши илму донишу хирад барои рушди арзишҳои фарҳангиву миллӣ пайваста талошу мубориза менамояд. Ҳамин тавр, Тоҷикистон санаи 9-уми сентябри соли 1991 Истқилоли комил пайдо карда, дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари ташаббускор пазируфта шуд.

Ҳамасола мардуми кишвар аз паёмҳои Президент дарси ибрат гирифта, онро чун дастурамал хуш пазироӣ карда, барои амалӣ ва истифодаи саривақтии он саъю талошҳо меварзанд. Бояд таъкид кард, ки Паёмҳои Президенти кишвар дар доираи шиори “Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад” пайваста ироа мегарданд. Зеро ҳар ҳарфи паём ишораест ба ҳифзу ҳимоя ва озодиву ободиву оромии инсон бахшида шуда, ба қавли марҳум Мирзоюсуфи Фозилзода:

Аз ин паём ҳар озода шодмон гардид,

Чи ҳиндӣ ё чи араб ё чи турку афғонаст.

Паёмҳои Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзёбии фаъолиятҳои соли гузашта ва дурнамои соли оянда мавриди баррасӣ қарор гирифта, баҳри тадбиру тақдири ояндаи кишвар муҳим муҳим шуморида мешаванд. Дар Паём самараи солҳои гузашта ва самтҳои сиёсати дохилию хориҷӣ баррасӣ гардида, иқтидору тавонмандиҳои кишвар, пешгирӣ аз хатару таҳдидҳо, тадбирҳо барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор мегиранд.

Ҳамин тавр, дар Паёми соли 2026 самтҳои иқтисодиёту тиҷорату саноат, таъмини амнияти энергетикиву нақлиётӣ, ҳифзи сулҳу субот, низому қонунҳои тандурустӣ, нақш ва ҳимояи ҷавонон, рушд ва роҳандозии варзиш ва сайёҳӣ бештар таъкид гардида, вазифаҳои мушаххас ироа шуданд.

Яке аз нуктаҳои калидии Паёми Президент таъкид ба созишномаи эҷоди фазои сулҳу созандагӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо мебошад, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.

Дар Паём Президент нақши ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла нахустин конфронси байналмилалӣ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», қабули «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар минтақаҳои кӯҳӣ» дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист, «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ва ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари мақому макон ва эътирофи ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон мебошад.

Ҳамин тариқ, бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид, ки аз ибтикороти созандаи кишвар ҳисобида мешавад.

Паёми имсола марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро низ дар бар мегиранд, ки ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ шуданд.

Дар Паёми имсола ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» таҳияи лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» муҳим арзёбӣ гардида, пешниҳод шуд.

Паёми имсола фарогири масъалаҳои муҳим ба хусус ҳолат ва дурнамои рушди гидроэнергетикӣ низ мебошад. Дар ин зимн, барномаву кору талошҳо оид ба корбурди агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» таъкид гардид, ки бо истифодаи он истиқлоли энергетикии кишвар ба таври комил таъмин мегардад.

Ҳамин тариқ, роҳбарияти Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо раванди сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пайваста идома дода, бо ҷалби сохтмончиён ва кормандони муҳандисиву техникӣ дар ободии он саҳм мегузоранд.

Мавриди зикр аст, ки НБО-и Роғун аз баландтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҷаҳон буда, роҳандозии он истеҳсоли энергияро дар мамлакати тақрибан ба нуҳ миллион нафар аҳолӣ ду баробар зиёд карда, камбуду норасоии энергетикиро коҳиш дода, аз эҷоди энергияи изофии он кишварҳои ҳамсоя низ истифода хоҳанд кард.

Ҳамин тавр, бо роҳандозии НБО-и Роғун ва амалисозии лоиҳаи CASA -1000 кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Афғонистону Покистон ба нерӯи барқ таъмин мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Покистону Афғонистон дар доираи лоиҳа CASA-1000 созишномаи байниҳукуматӣ оид ба воридоти 1300 МВт аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ ба имзо расониданд.

Дар ин зимн, Тоҷикистон бо доштани манобеи фаровон табиӣ ва иқтидори гидроэнергетикӣ яке аз тавлидкунандаи бузурги энергияи сабз дар минтақа шинохта шуда, дар масъалаҳои мубраи геополитикаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши калидӣ мебозад.

Дар ин зимн, обу барқ барои мустаҳкам намудани робитаҳои кишвари Тоҷикистон бо минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ имконияти хубтар фароҳам меорад. Зеро минтақаи Осиёи Ҷанубӣ барои таъмини рушди худ ба энергия ниёз дошта, хоҳони истифода аз манобеи фаровони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.

Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки Паёми Президенти кишвар дорои нукоти муҳим мебошад, ки дар доираи қонуну низоми меъёрҳои демократӣ ва идорӣ барои огоҳии аҳолӣ ва дурнамои кишвар ироа мегардад.

Инчунин, тавассути Паём масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дурнамои мамлакат бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, машваратҳои муфид аз ҷониби роҳбари кишвар пешниҳод мешавад.

Яке аз нукоти калидии Паёми имсоларо илму маориф ва нақши донишмандони кишвар ба хусус олимону ходимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки дар эҷоди консепсияҳои миллӣ, муаррифии таъриху тамаддун, фарҳанг, малакаву маданияту мактабҳои оливу касбии кишвар пайваста талош карда, китобу мақолаҳо эҷод мекунанд.

Ба ин мақсад, дар Паёми 2026 Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030- ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад. Бояд зикр кард, ки соли 2019 дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуд,ки заминаро барои дарки дуруст фарохам меоварад.

Ҳамин тариқ, таваҷҷуҳ ба олимон ва рушди илму маориф аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба хусус Президенти кишвар хеле бештар шуда, пайваста дастгирӣ меёбанд. Дар ин замина, олимону ходимони Академияи миллии илмҳо доир ба масъалаҳои илму маърифат тадбирҳои муфиду муассир андешида, дар рушди омӯзиши фанҳои дақиқ бо истифода аз фанновариҳои муосир саҳм гузошта, аз равишу моделҳои пешрафтаи кишварҳои ҷаҳон истифода карда, табодули таҷриба менамоянд.

Дар Паёми роҳбари кишвар якбори дигар таъкид шуд, ки аз қадимулайём тоҷикон олиму орифу шарҳсозу меъмору муҳандис буданд, то имрӯз дар байни халқҳои олам бо чунин сифатхои хуб боқӣ мондаанд. Ҳамин хислатҳои хуби инсонӣ сабаб шуданд, ки аҳолии кишвар бо роҳбарии Президенти ҷасуру ҷавонмарду дурандеш аз хираду фаросату худогоҳиву худшиносӣ кор гирифта, миллатро ба сӯи қуллаҳои олии давлатдорӣ роҳнамоӣ намуданд.

Паёмҳои Президент фарогирии нукоти муҳим буда, аҳолии кишварро баҳри ҳифзу ҳимоя аз сулҳу созандагии кишвар, ки ҷойгоҳу мақоми он дар барномаҳои сулҳофаринии СММ аз нодиртарин таҷрибаи сулҳи ҷаҳонӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст, роҳнамоӣ менамоянд.

Президенти кишвар дар Паём вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доштаро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид карданд, ки Тоҷикистон зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот идома дода, дар доираи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамкориҳои гуногунҷанбаи худро таҳкиму тавсеа хоҳад дод.

Паёми Президент чун дастурамал ва дурнамо ба мо ишора мекунад, то аз роҳу равишҳои хуб, сиёсату тавсияҳои дурандешона хуб истифода карда, дар рушди робитаҳои дипломатии гуногунсамтаи Тоҷикистон, ба хусус геофарҳангиву геосиёсиву геоиқтисодӣ саҳми бештар гузорем.

Мирсаид Раҳмонов, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ