Skip to main content

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи табдили Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо»)

“Мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад. Дар робита ба ин, пешниҳод мегардад, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад”.

Эмомалӣ Раҳмон, Пайём 16.12.2025.

Тағйирёбии босуръати иқлим, гармшавии глобалӣ, аз байн рафтани захираҳои обӣ, ноустувории гуногунии биологӣ, офатҳои пайвастаи табиӣ ва коҳишёбии бесобиқаи пиряхҳо тайи даҳсолаҳои охир ҳаёти башариятро зери таҳдид қарор додааст.

Обшавии бесобиқаи пиряхҳо яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир мебошад, ки дар натиҷаи гармшавии глобалӣ ба вуҷуд омадааст. Баланд шудани ҳарорати ҳаво боис мегардад, ки пиряхҳо босуръат об шаванд ва ҳаҷми онҳо сол ба сол кам гардад. Ҳамчунин обшавии пиряхҳо сабаби баланд шудани сатҳи баҳру уқёнусҳо гардида, баъзе шаҳрҳо ва минтақаҳои соҳилиро зери хатари обхезӣ қарор медиҳад.

Пиряхҳои Тоҷикистон, манбаи асосии захираҳои обии минтақа ба шумор рафта, тайи даҳсолаҳои охир ҳаҷман коҳиш ёфта истодаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 дарсади қаламрави кишварро пиряхҳо ишғол медиҳанд ва маҳз онҳо қариб тамоми Осиёи Марказиро бо оби тоза таъмин мекунанд. Обшавии босуръати онҳо метавонад дар ҳоли ҳозир боиси зиёд рух додани селу обхезиҳо гардида, дар ояндаи наздик бошад норасоии обро барои кишоварзӣ, энергетика ва ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ ба вуҷуд орад.

Аз ин рӯ, омӯзиши мунтазами қабати криосфераи Замин, ҳолати кунунии пиряхҳо, ҷорӣ намудани усулҳои сарфакоронаи истифодаи об, ҳифзи амнияти экологии аҳолӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти омӯзиши пиряхҳо ва аҳамияти махсус дорад.

Дар ин раванд силсилаташаббусҳои байналмилалии ҷониби Тоҷикистон, ки ба коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо равона шудаанд, аҳамияти хосаро касб менамоянд.

Бо назардошти мавқеи хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги пиряхӣ, пиряхҳо нақши калидӣ дар ташаккули захираҳои обии кишвар ва минтақа мебозанд. Асоси сарчашмаҳои оби дарёҳои кишвар маҳз пиряхҳо маҳсуб мегардад. Дар шароити гармшавии глобалӣ коҳиш ёфтани ҳаҷм ва тағйир ёфтани ҳолати пиряхҳо метавонад ба амнияти обӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, гуногунии биологӣ ва амнияти эко-логӣ таъсири ҷиддӣ расонад. Дар чунин вазъият таҳкими заминаи илмӣ ва институционалӣ барои омӯзиши ҳамаҷонибаи пиряхҳо ва криосфера зарурати аввалиндараҷа дорад.

Зимни ироаи Паём 16 декбри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла, доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва сарчашмаҳои оби тоза дар ҷаҳон тарафдорон ва ҳамфикрони зиёд пайдо намуда, ҳалли ин мушкилоти муҳимро дар мадди назари ҷомеаи ҷаҳонӣ гузоштанд. Инчунин қайд карданд, ки:

«Мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад.

Дар робита ба ин, пешниҳод мегардад, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад».

Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба табдил додани Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» иқдоми бисёр муҳим, дурандешона ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Ин қарори саривақтӣ на танҳо мавқеъ ва рушди фаъолияти як ниҳоди илмиро дар назар дорад, балки ба ҷанбаҳои муҳими омӯзиши пиряхҳо, яхбандиҳои абадӣ, қабати барф, захираҳои обӣ ва хусусан ҳолати кунунии криосфера дар шароити тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Табдил ёфтани ин Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотӣ аз “марказ” ба “институт” дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон уҳдадории мутахассисони ин муассисаро беш аз пеш афзуда, ҷиҳати фарохтар ва дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани фаъолияти илмиву тадқиқотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Минбаъд Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» метавонад тадқиқотҳои бунёдӣ ва амалиро ҷиҳати омӯзиши барфҳои доимӣ, яхбандиҳои абадӣ, инчунин ҳолат, сохтор, деградатсия, динамика ва мониторинги пиряхҳоро ба роҳ монда, ҳамзамон таҳқиқи дигар унсурҳои криосфераро нҷом диҳад. Инчунин институт имконияти ташкили низоми мониторинги доимии пиряхҳо, ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҳифзи маълумотҳои илмии соҳаро дар сатҳи миллӣ таъмин менамояд.

Илова бар ин, таъсиси институт ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси ватанӣ ва рушди иқтидори илмии миллӣ мусоидат мекунад. Мутахассисони ҷавон минбаъд метавонанд дар дохили кишвар дониш, малака ва таҷрибаи соҳавии хешро сайқал дода, омӯзиши пиряхҳо ва криосфераро бо усулҳои муосир анҷом диҳанд ва ба рушди илми глятсиологияи тоҷик саҳм гузоранд.

Ин иқдом ба болоравии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешсаф дар самти омӯзиши криосфера, ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо мусоид карда, боиси баланд бардоштани нуфуз ва мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва нақши онро дар таҳқиқотҳои байналмилалии пиряхҳо ва криосфера тақвият мебахшад.

Аз нигоҳи ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд низ ин иқдом аҳамияти калон дорад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираи зиёди пиряхҳо метавонад ба як маркази муҳимми илмиву тадқиқотии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар соҳаи омӯзиши пиряхҳо ва криосфера табдил ёбад. Ин боиси густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби лоиҳаҳо ва болоравии нуфузи кишвар, инчунин омили пиёдасозии ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон- ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати обу иқлим дар арсаи ҷаҳонӣ мегардад.

Албатта ин амр инъикоси ҳамаи пажӯҳишҳо ва саъйю талошҳои кормандони Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” буд, ки аз мадди назари Сарвари хирадпеша ва Пешвои дурандеши кишвар дур намонд. Минбаъд низ мутахассисони ин муассисаи илмӣ камари ҳиммат баста, ҷиҳати омӯзиши пиряхҳо, крисфера ва инчунин дар амал татбиқ намудани Ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат саъйю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Илова гардидани ибораи «криосфера» ба номи институт тақозо, менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон майл дорад бо стандартҳои байналмилалӣ ҳамқадам шавад ва дар таҳқиқотҳои байналмиллалии минбаъдаи иқлим ва қабати яхбастаи Замин саҳмгузори фаъол бошад. Ин тадбир на танҳо рушди илмии кишварро таъмин мекунад, балки барои пешгирии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ аҳамияти стратегӣ дошта, барои рушди устувори кишвар ва ҳифзи муҳити зист заминаи илмӣ ва амалӣ шароит фароҳам меорад. Ҳамзамон, ҳамроҳ гардидани ин ибора (криосфера) ба номи муассиса нишон медиҳад, ки фаъолияти муассиса на танҳо ба омӯзиши пиряхҳои маҳаллӣ тамарқуз мекунад, балки тамоми системаи яхбандии Замин ва таъсири он ба иқлим, обу ҳаво ва муҳити зистро таҳқиқ менамояд.

Хулоса, супориши Президенти кишвар оид ба табдили Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» як қадами устувори стратегӣ ва ояндасоз мебошад. Ин қарор ба ҳифзи захираҳои обӣ, амнияти экологӣ, рушди илми глятсиологияи тоҷик ва омӯзиши кириосфера мусоидат намуда, аҳамияти илмии он дар солҳои минбаъда боз ҳам бештар эҳсос хоҳад шуд.

Убайдулло Убайдуллоев -ходими калони илмии МДИ «Маркази

омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»