Дар асоси қарори шаҳрдории Душанбе, ки аз ҷониби Рустами Эмомалӣ 10-уми сентябр имзо шуд, нақшаи чорабиниҳо барои шинонидани ниҳоли дарахту буттаҳо, гулҳои мавсимию бисёрсола дар давраи тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020 тасдиқ гардид.“Дар қарори мазкур омадааст, ки корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликияту тобеияти идоравӣ дар атрофи бинои худ бо риояи талаботи агротехникӣ, тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахту буттаҳо, гулҳои мавсимӣ ва бисёрсоларо дар давраҳои зикршуда ба роҳ монанд”.
Бояд зикр намуд, ки қарори шаҳрдории Душанбе ниҳоят бамавқеъ буда, шаҳодати сиёсати ғамхоранаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати сокинони аҳолии шаҳр ва қаламрави ҷумҳурӣ равона буда, дар худ беҳдоштгардонии ҳолати кунунии табиат ва экологияи муҳити зистро дар бар мегирад, чунки тибқи талаботҳои шаҳрсозӣ меъёри мавҷудияти дарахту буттаҳо дар шаҳр 21 м2/1 нафар ва ё 2,1 га/ ба 1000 нафар аҳолӣ рост меояд. Бояд ёдоварӣ намоем, ки минтақаи кабудизоркардашуда дар масоҳати 1 га дар муддати 1 соат чунин миқдори гази карбонро аз худ менамояд, ки онро 200 нафар одам дар ин вақт аз худ хориҷ мекунад. Дар умум, як дарахти калон дар як шабонарӯз он миқдори оксигенро ҷудо менамояд, ки барои як одами синну солаш миёна кофӣ аст.
Ба ҳамагон маъмул аст, ки яке аз омилҳое, ки таназзулшавии хокро аз бодлесӣ, шусташавӣ ва дигар офатҳо нигоҳ медорад ин мавҷудияти дарахтону буттаҳо мебошад. Мавҷудияти дарахту буттаҳо кафолати таъминоти муҳит бо оксиген, паст намудани садо, нигоҳ доштани чангу ғубор ва ғайра аст, ки ин омил дар шароити афзунёбии шумораи аҳолӣ, глобализатсияи меҳнат, зиёдшавии сохтмон ва истеҳсолот яке аз омилҳои муҳими ҳаёти солим ба шумор меравад.
Инчунин ёдоварӣ менамоем, ки яке аз масъалаҳои рӯзмарраи ҳамаи давлатҳои курраи Замин, ин ташкили зебогии боғу сайргаштҳои ҳудуди шаҳру шаҳракҳо мебошад. Мақсади он аз таъмини истироҳати самараноки солим мебошад, ки пас аз соатҳои корӣ кормандон тавассути сайру гашт дар ҳудуди боғу сайргаштҳо неруи сарфкарда ва ҳолати руҳию ҳаяҷонии худро имконияти барқарор намуданро доро бошанд. Воқеан, ҳақатан ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки чӣ тавр пойтахти маҳбубамон ш. Душанбе дар як муддати кӯтоҳ, яъне давраи истиқлолият бо ташаббуси хирадмандона ва ғамхоронаи ин ду абармард Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Президенти ҷумҳуриамон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба як шаҳри зебои, сабзу дилрабо табдил гардид ва мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ш. Душанбе бо зебогии худ яке аз пойтахти зеботарин на танҳо дар Осиёи Марказӣ мебошад, балки дар тамоми ҷаҳон ҳам гӯем, хато намекунем, чунки боғу гулзор, гулгашту сайргаштҳои мавҷуд буда, ҳамто надоранд.
Шояд, мутаассифона, нафароне ҳастанд, ки фикр менамоянд, ки «Чӣ зарурият аст барои чунин хараҷотҳо?» Аммо, дар чунин ҳолат мо боз шоҳиди хирадмандӣ, дурандешии сиёсӣ ва ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллатамон мешавем, чунки аз нуқтаи назари сиёсӣ Пойтахти кишавар ин «Бо забони русӣ гуем – визитная карта»-и кишвари маҳбубамон мебошад ва аксарияти меҳмонони мо баҳогузории худро оид ба рушди сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар аз рӯи он мемонанд – ин як.Дуюм, аз нуқтаи назари илмӣ бошад, ин самтро хуб мутахассисони кабудизоркунӣ, хусусан «Бунёди чамазор» ва «Архитектураи чаманзор» (бо забони русӣ «Ландшафтное строительство и ландшафтная архитектура») тавсиф дода метавонанд. Тибқи маълумотҳои адабиётӣ бинобар сабаби садои баланд-Дцб, нақлиёти зиёд, интенсифекатсияи истеҳсолот, сарбории баланди равобит ва дигар омилҳо аз ҳама зиёд шаҳрҳои калон (пойтахтҳо, мегаполисҳо) зери таъсири таҳдиди бемориҳои гуногун, аз он ҷумала руҳӣ қарор доранд ва ба миён суол меояд, ки чӣ гуна ин сарборӣ ва таҳдидро кам кардан мумкин аст? Ҷавоб – ин зебогии муҳити гирду атроф мебошад. Яъне, вақте ки коргар бо сабабҳои гуногун (эрод аз роҳбарият, баҳсу муноқиша бо ҳамкор, ҳолати нохуши оилавӣ ва дигарҳо) пас аз кор бо асаби харобгардида, ҷисмонӣ мондашуда мебарояд, агар ба дохили боғ, гулзор, гулгашт ё сайргашт ворид гардад, навобаста аз шуури он дар сатҳи зершуураш аллакай зебогии манзара асаби онро ором карданро оғоз менамояд. Яъне, инсон дар ҳудуди манзараи зебо руҳан ором гардида, истироҳат менамояд ва бигзор пурра ҳам набошад, қисман аз ғаму андуҳаш озод гардадида, то ба хонааш расидан гӯем ба ҳолати беҳтар мерасад.
Бинед, ки ғамхорӣ ва дурандешии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то чӣ дараҷа самимӣ мебошад…, яъне он боғу гулгашту, сайргашҳои ташаккулдода на танҳо барои зебогӣ, балки дар мадди аввал барои нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон, насли наврас ва экологияи муҳит равона гардидааст. Саломатии насли наврас – ин ояндаи миллати тоҷик аст, ки рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро таъмин месозад. Дар фарҷом гуфтанием, ки кабудизоркунӣ ва ободонии шаҳру шаҳракҳо, гирду атрофи муассисаҳо бо дарахту буттаҳо ва гулҳои мавсимӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷумҳурӣ буда, маданияти шаҳдорӣ моро водор месозад, ки ҳама якдилона кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки ватани маҳбубамон боз ҳам ободу зеботар гардад.
Сатторов Ҷамшед Саидович - мудири озмоишгоҳи «Дендрология ва интродуксияи растаниҳо»-и
Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, д.и.б., дотсент
