Китоби "Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон" (Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – 464 саҳ.) маҷмӯаи суханони пурҳикмат ва пандҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин китоб, ки аз суханрониҳо, паёмҳо ва мулоқотҳои Сарвари давлат дар бораи истиқлол, ваҳдат, фарҳанг, забон, занон, ҷавонон ва дигар масъалаҳои ҳаётӣ иборат аст, чун ганҷинаи маънавӣ барои ҳар тоҷики ватандӯст хизмат мекунад ва хоҳад кард.
Мураттиб ва муаллифи пешгуфтори ин китоби нодиру арзишманд мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Зафар Шералӣ Сайидзода мебошад. Дар ин маҷмӯа суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шудаанд. Омӯхтан ва дастури амал қарор додани ин нуктаҳои ҳакимона ва афкори баланд ба падарону модарон, устодони мактабу донишгоҳҳо ва мураббиёни муассисаҳои тарбиявӣ дар кори парвариши насли наврас, ки масъули ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон мебошад, мусоидат хоҳад намуд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти сиёсию давлатии Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбия мебошад. Таълиму тарбия дар фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи ҳидоятҳои ҳакимона, раҳнамунҳои хирадмандона ва тавсияҳои судманд сурат мепазирад. Ин нуктаҳои ҳакимона ва андешаҳои баланд дар сатрҳои китобҳо ва мақолаҳои таърихӣ ва сиёсӣ, матни суханрониҳо ва паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун гавҳари тобнок медурахшанд ва ба ҷону замири хонанда ва шунаванда сафою равшанӣ мебахшанд. Бадеҳист, ки дар қолаби як маҷмуа, ҳатто бисёрсаҳфа, наметавон тамоми дурдонаҳои баҳри беканори андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷой дод. Вале он чи дар ин китоб гирдоварӣ шудааст, калиде аз ганҷинаи тамомнашудании андешаи Сарвари давлат аст, ки имкони баҳрабардориро барои ҳар фарди миллат, бавижа наврасону ҷавонони баҳушу боистеъдоди мо, медиҳад.
Китоб фарогири 13 бахш мебошад.
1. Бахши "Дар бораи истиқлолияти давлатӣ" яке аз самтҳои муҳими китоб аст. Истиқлолияти давлатӣ, забон, модар, Ватан, фарҳанг ва тамаддуни куҳанбунёди мардумон ҳалқаҳои васлкунандае мебошанд, ки моро ба сӯйи ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат раҳнамоӣ месозанд. Аз ин рӯ ҳар кадоми онҳо барои мо аз муқаддасоти инсонӣ ва имонӣ ба шумор мераванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро ҳамчун неъмати бузург ва рамзи озодӣ таъкид мекунад: "Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд" (саҳ. 31).
2. Дар бахши "Дар бораи сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ", Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки: “Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати истиқлолият ва ваҳдат ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Ҳар қадар, ки аз ин санаи тақдирсоз фосилаи таърих бештар тай мешавад, аҳамияти бузургу сарнавиштсози ин ду мафҳуми муқаддас барои давлату халқи Тоҷикистон ҳамон қадар равшантар мегардад (саҳ. 49). Дар китоб зиёд суханоне ҳастанд, ки аз мушкилоти солҳои аввали истиқлол ёд мекунанд ва нақл аз он менамоянд, ки чӣ гуна бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор шуд. Ин суханон нишон медиҳанд, ки ваҳдат ва сулҳ на танҳо барои имрӯз, балки барои ояндаи наздику дури миллат низ муҳиманд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: " Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии тамоми халқи мамлакат мебошанд" (саҳ. 67).
3. Бахши "Дар бораи худшиносӣ" ба аҳамияти худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз таърих ва фарҳанг таъкид мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: "Истиқлолият дари худшиносиро ба рӯйи мо кушод, эҳтироми ҳамаи суннату оинҳои муқаддаси аҷдодӣ, пос доштани қадру қимати давлати миллӣ ва ваҳдати миллиро ба ҳар фарди бедордил омӯзонд" (саҳ. 81). Ин суханон ҳушдор медиҳанд, ки бидуни худшиносӣ миллат наметавонад пойдор бошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки ҷавонон бояд аз таърих ва фарҳанги худ огоҳ бошанд, то дар роҳи пешрафти иҷтимоӣ устувору комёб бимонанд.
4. Дар бахши "Дар бораи таърих" Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки омӯзиши таърих ва таҷрибаи дар тӯли асрҳо андӯхтаи миллатамон ба мо барои бунёд кардани давлати пешрафта, тараққихоҳ ва сулҳдӯст, инчунин таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва дар қалби мардум баланд бардоштани эҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ, мисли обу ҳаво, зарур аст (саҳ. 94). Ин суханон нишон медиҳанд, ки таърих на танҳо дорои сабақи гузашта, балки як навъ роҳнамои оянда мебошад.
5. Бахши "Дар бораи забони модарӣ" ба аҳамияти забони тоҷикӣ ҳамчун омили ваҳдат ва пойдории миллат таъкид мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: " Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омилест, ки сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ дар масири пуршебу фарози таърих бақои миллати тоҷикро таъмин кардааст" (саҳ. 114). Мо, ворисони тамаддуни куқанбунёд ва фарҳанги солори тоҷикон, имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки шеъри ҷовидонаи Рӯдакӣ омили ҳастӣ ва бақои забони тоҷикӣ буда, саҳми он дар баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносӣ, ватандориву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ ва густариши фарҳангу тамаддуни мо бениҳоят барҷаста аст (саҳ. 148).
6. Дар бахши "Дар бораи одобу ахлоқ" Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосири башарӣ собит месозанд, ки имрӯз сатҳи пешрафту инкишофи ҳаёти маънавии инсониятро на шумораи зиёди аҳолӣ ва сарватҳои моддӣ, балки ахлоқи ҳамида, тарбияи нек, рушду нумӯи илму маориф ва техникаву технологияњои муосир муайян мекунанд (саҳ. 224). Ин суханон ба аҳамияти тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ дар ҷомеаи муосир ишора менамоянд.
7. Бахши "Дар бораи таълиму тарбия" ба нақши муҳими таълим дар рушди ҷомеа равона гардида, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: " На танҳо падару модар, балки роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омӯзгорон, ҷомеа ва давлат вазифадор мебошанд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд диққати махсус диҳанд. Зеро тарғибу ташвиқи одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ба воя расонидани хонандагону донишҷӯён нақши муҳим мебозанд" (саҳ. 242).
8. Дар бахши "Дар бораи занон ва бонувон" Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад: "Зан-модар, ба мисли баҳор, пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз, тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шуруъ мешавад" (саҳ. 265).
9. Бахши "Дар бораи ҷавонон" ба нақши ҷавонон ҳамчун ворисони ояндаи миллат таъкид мекунад: " Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо ва мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад" (саҳ. 296). Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро даъват мекунад, ки " ... тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намояд" (саҳ. 302).
10. Дар бахши "Дар бораи миллати тоҷик" Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки миллати тоҷик, ки яке аз миллатҳои қадимаи минтақа ва ҷаҳон мебошад, бо дили поку нияти нек бузургдошти тамаддуни ниёгони ориёии худро қайд мекунад (саҳ. 322). Тоҷикон ҳамчун халқи куҳанбунёд дар тӯли таърих бо бузургону фарзонагони илму фарҳанги оламгир, фарзандони ҷасуру фидоӣ ва содиқу сазовори номи неки миллат соҳиби шуҳрати ҷаҳонӣ гардидаанд (саҳ. 325).
11. Бахши "Дар бораи зиёиён" ба нақши зиёиён дар ҷомеа ишора мекунад: " Дар лаҳзаҳои сарнавиштсози Ватан зиёиён бояд мавқеи сиёсии устуворро ишғол намоянд, аз калавандагию бетарафӣ ҳазар кунанд ва ифодагари ормонҳои миллати хеш бошанд" (саҳ. 337). Зиёиён қувваи тавоно ва пешбарандаи ҷомеа буда, нақши онҳо дар тарбияи насли наврас хеле муҳим мебошад. Итминон дорем, ки зиёиёни тоҷик, ҳамеша чун неруи ақлу хирад, дастгири халқи худ хоҳанд шуд (саҳ. 339).
12. Дар бахши "Дар бораи Наврӯз" Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҳамчун мероси муқаддас ва рамзи ваҳдат таъкид мекунад: " Аҷдоди соҳибфарҳанги мо дар таърихи беш аз панҷҳазорсолаи Наврӯз онро ҳамчун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш гиромӣ доштааст ва барои пойдории он талош варзидааст" (саҳ. 373). Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад (саҳ. 384).
13. Бахши "Дар бораи Конститутсия" ба аҳамияти Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун санади муқаддас ишора мекунад: "Рӯзи 6–уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, яъне бевосита аз ҷониби худи халқ, бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи кишвар қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу тақдирсоз ва ифодагари азму иродаи мардум роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян намуд" (саҳ. 427). Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки: “Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд” (саҳ. 428).
Китоби "Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон" барои тоҷикон чун ганҷинаи маънавӣ аст. Суханони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳикматҳои зиндагӣ, балки роҳнамои сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Дар замони муосир, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафтҳои нав ноил шудааст, ин суханон ҳамчун нури ҳидоят хизмат мекунанд. Мо бояд онҳоро дар кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ ба инобат гирем, омӯзем, риоя кунем ва ба наслҳои оянда таблиғ намоем. Ин китоб нишон медиҳад, ки миллати тоҷик дар партави андешаҳои бо ҳикматомӯзи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи дурахшон ноил мегардад.
САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.