Ҳар кишвар дорои артиши миллии худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис додашуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд.
18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1992-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.
То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд.
Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар замина Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии ходимони ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд.
То солҳои 1997 ҷузъу томҳои навтаъсиси Артиши миллии мамлакат бинобар вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар кишвар барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъминнамудани сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти осоиштаи мардум ба сангарҳои оташгир сафарбар мегардиданд.
Соли 1999 аввалин машқҳои ҳарбии ҷузъутомҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар гарнизони Хатлон доир кардашуд. Баҳамин тартиб, аз ҳамон солҳо тибқи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар маҷмӯи машқҳои муштараки зидди террористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ дар ҳама гарнизонҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.
Баҳри ҳамоҳанг созии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳарбии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарсол тибқи нақша пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ низ гузаронида мешавад.
Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд. Артиши миллии Тоҷикистон бистушашсол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тоза истиқлоламон таъсис додашуд.
Ҳукумати мамлакат бовуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, ҳанӯз аз марҳалаҳои авали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, бабунёд ва таҷдиду аз навсозии инфрасохтор, инчунин таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонида шуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.
Артиши миллӣ бовуҷуди надоштани заминаи моддию техники пуриқтидор дар солҳои душвори муқовиматҳои дохилӣ таҷриба андӯхта, дарси ҷангию муҳорибавиро ҳамаҷониба омӯхт. Баъд аз андешидани тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва ба нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдилёфт.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳои дар пеши роҳбударо бартараф карда, давра бадавра шакл гирифт ва муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардид. Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутоб ёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ–рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад.
Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳикишвар Эмомалӣ Раҳмон Артишимиллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Тоҷикистон, бинобар ҷанг дида ва кор озмуда будан, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу суббот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд.
Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои авали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Чунки ҳеҷ як давлату халқият бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлатаст.
Бояд, ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст.
Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.
Мо ҷавонон, ки ояндагони ин миллати пурғановат ва ин диёри биҳишт осоем, талош бар он меварзем, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунем.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори бузург аст. Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Дар зарфи беш аз ду даҳсола Артиши миллии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдилёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавони обутоб ёфтаро ба камол расонидааст.
Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.
Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Мардуми Тоҷикистон хуб дарёд доранд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои авали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор дошт, ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвасти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар кадом сатҳаст. Барои сохторҳои низомӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираҳо истифода мекунад. Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён аз сарбози қаторӣ тоафсари оли рутба вобаст амебошад.
Аз ин хотир, ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият бахалқу Ватанро талаб менамояд. Чун ки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, субботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат бар зимаи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзу ҳуқуқ гузошта шудааст ва онҳо вазифадоранд, ки ин неъмати бебаҳо сулҳу суббот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд.
Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.
Рауфзода Комрони Қадриддин докторант PhD - и ихтисоси ҳуқуқшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А Баҳоваддинови АМИТ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии онро вазифаи муқаддаси шаҳрвандон муқаррар кардааст (моддаи 43). Ин аст, ки дар таърихи миллати мо 23 феврал – Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим мақоми хоса дорад. 23 феврали соли 2025 аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон 32 сол пур мешавад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон соли 1993 дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, дар шароити бисёр мураккаби сиёсӣ ва иқтисодии кишвар таъсис ёфтаанд. Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда, бо кушишу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тадриҷан рушд намуда, имруз ба яке аз артишҳои тавоно, пуртаҷриба, ҷасуру содиқ ба Ватану давлати худ мубадал гардидааст.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун унсури асосӣ ва стратегии ҳомии марзу буми Ватан, ҳимоя ва амнияти моро аз ҳамагуна таҳдидҳои истифодаи қувваи ҳарбӣ таъмин мекунанд.
Қувваҳои Мусаллаҳ асоси ташкилоти ҳарбии давлати мо буда, барои таъмини амнияти ҳарбӣ ва мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии он нигаронида шудаанд.
Феълан Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз нерӯҳои хушкигард, нерӯҳои ҳавоӣ ва дифоии зидди ҳавоӣ иборат буда, бо аслиҳаву таҷҳизоти зарурии мудофиавӣ таъмин аст.
Дар муддати солҳои соҳибистиқлолӣ заминаҳои ҳуқуқии ташкилу фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ташаккул ёфта, тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқии ин ниҳод танзими худро ёфтаанд. Сохтор, вазифа ва принсипҳои фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асос ёфтаанд, аз ҷумла:
1) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асосҳои ҳуқуқии мавҷудият ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ буда, ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муқаррар намуда, дар он принсипҳои ҳимояи соҳибихтиерӣ ва ҳимоия тамомияти арзии кишвар мустаҳкам шудаанд.
2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки асосҳои ҳуқуқии ташкил, сохтор, мукаммалсозӣ ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ, вазифаҳо ва ваколатҳои онро дар таъмини амнияти кишвар муаяйн намуда, масъалаҳои идоракунӣ, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии артишро танзим мекунад.
3) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ", ки тартиби даъват кардани шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ, адои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар масъалаҳои марбут ба уҳдадории ҳарбиро танзим намуда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хизматчиени ҳарбӣ, инчунин масъулият барои саркашӣ аз хизмати ҳарбиро муқаррар мекунад.
4) Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самтҳои асосии сиёсати ҳарбии давлат, ҳадафҳо ва вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳро дар соҳаи таъмини амнияти ҳарбӣ муайян намуда, принсипҳои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ, омодагӣ ба ҷанг ва омодагии сафарбаркуниро муқаррар намуда, асоси таҳияи нақшаҳои ҳарбӣ ва барномаҳои ташкили Қувваҳои Мусаллаҳро пешбинӣ мекунад.
5) Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумат, Фармоишҳои Вазорати мудофиа ва дигар санадҳое, ки ҷанбаҳои алоҳидаи фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳро танзим мекунанд.
Бояд қайд кард, ки заминаи қонунгузории Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мутобиқи тағйироти вазъи геополитикӣ ва мушкилоти замони муосир пайваста бозбинӣ ва такмил карда мешавад.
Таъминоти ҳайати шахсии артиши Тоҷикистон ҷанбаи муҳими фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мебошад. Он ҷанбаҳои гуногун, ба монанди таъминоти моддӣ, кафолатҳои иҷтимоӣ, хизматрасонии тиббӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Хизматчиёни ҳарбӣ тибқи меъерҳои муқарраргардида бо амвол, ғизо ва дигар воситаҳои зарурии моддӣ таъмин карда мешаванд. Таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ аз маоши вазифавӣ, маош барои рутбаи ҳарбӣ, инчунин иловапулӣ ва пардохтҳои гуногун иборат аст. Андозаи таъминоти пулӣ аз рутба, вазифа, собиқаи хизмат ва дигар омилҳо вобаста аст. Бо мақсади баланд бардоштани ҳавасмандии хизматчиёни ҳарбӣ, Ҳукумати мамлакат давра ба давра барои зиёд кардани таъминоти пулии онҳо чораҳои зарурӣ меандешад. Ба хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо кафолатҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз қабили хизматрасонии тиббӣ, маориф, таъмини манзил ва ғайра дода мешаванд. Аз ҷумла, хизматчиёни ҳарбӣ ба хизматрасонии ройгони тиббӣ ва инчунин ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ҳуқуқ доранд. Хизматрасонии тиббии хизматчиёни ҳарбӣ дар беморхонаҳои ҳарбӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ амалӣ карда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ, хизматчиени ҳарбӣ метавонанд барои табобат ба муассисаҳои тиббии шаҳрвандӣ фиристода шаванд. Ғайр аз ҷанбаҳои дар боло зикршуда, таъминоти ҳайати шахсии артиши Тоҷикистон инчунин масъалаҳои дастгирии психологӣ, истироҳатю фарҳангӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахсус сарбозони қаторӣ, афсарони ҷузву томҳои артиш имрўзҳо аз дастгирӣ ва ғамхории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор буда, он дар шаклҳои гуногуни моддию маънавӣ амалӣ карда мешавад, ки маҳз ин чораҳо ҳавасмандии ҷавонони кишварро барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рӯз аз рӯз тақвият дода истодааст.
Дар пасманзари тағйири сохтори геополитикии ҷаҳон, бархурди манфиатҳои абарқудратҳо ва дигар таҳдидҳои глобалӣ омодагии дифоии қувваҳои ҳарбӣ ногузир ва муҳимтарин рукни давлаторӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯз яке аз муҳимтарин вазифаи имониву виҷдонии ҳар фарди Тоҷикистон, иҷрои рисолати таърихӣ дар назди наслҳои оянда буда, шарти асосии пояндагӣ ва бақои давлатории навини тоҷикон маҳсуб мешавад.
Махмадуллозода Нурулло Рахматулло,
номзади илмҳои ҳуқуқ, ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии АМИТ
Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди беназири таърих барои мардуми тоҷик ба осонӣ муяссар шуд, вале душманони мо барои ноором сохтани вазъи сиёсии кишвар нақшаҳои муғризонае тарҳрезӣ намуда, мехостанд Тоҷикистонро ба нестӣ баранд. Баъди ба эътидол омадани вазъ низ, як зумра нотавонбинон садди рушди мамлакат шуданд. Шуруъ аз воқеаҳои солҳои навадуми асри ХХ, то муноқишаҳои марзӣ собит гардид, ки Артиши мо пушту паноҳи кишвар ва умедгоҳи занону модарон аст.
Дар ҳолати мураккаби сиёсӣ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 декабри соли 1992 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба тасвиб расонда, барои ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварданд. Пас аз ду моҳи тасдиқи ин ҳуҷҷати муҳим 23-феврали соли 1993 дар майдони марказии Душанбе аввалин паради низомии артиши Тоҷикистон баргузор гардид ва ин рӯз дар таърихи кишвари соҳибистиқлол Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имсол 32-юмин солгарди таъсисёбии худро, ки дар ин давра ба як неруи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфт, ҷашн мегиранд. 32-сол барои Артиши миллии Тоҷикистон давраи талошу кӯшишҳо, ранҷу заҳмат ва ҷоннисориҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафу мақсадҳои дерина буд.
Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он артише, ки бо теъдоди ночизи яроқу техникаи ҳарбӣ боқӣ монда буд, ҳоло тавоно ва замонавӣ гардидааст. Он дорои техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз, варзишгоҳу машқгоҳҳо ва мутахассиони баландпояи ҳарбӣ мебошад. Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷо оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд. Афзудани хатарҳои ба сулҳу суботи сайёра, бахусус минтақа таҳдидкунанда, яъне терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва авҷ гирифтани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои реаксионӣ, ки қасди ноором сохтани вазъи сиёсиро доранд ва имрӯз раванди рушду инкишоф ва тараққиёти кишварамонро халалдор карданӣ мешаванд, кормандони тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз сарбози қаторӣ то афсари олирутбаро водор месозад, то барои рафъ ва барҳам задани ҳадафҳои душманон омода бошанд.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ шоҳид будем, ки сарбозони мо, яъне фарзандони ҷоннисори мо дар муноқишаҳои марзӣ корномаҳо нишон доданд ва нагузоштанд, ки марзи давлативу миллии мо рахна гардад. Ҷавонписарони огоҳ аз асрори ҳарбӣ дарк карданд, ки Тоҷикистонро ба ҷуз аз онҳо каси дигар ҳифз намекунад. Имрӯз ба шарофати заҳмату ранҷи онҳое, ки дар набардҳо ва муборизаҳо баҳри расидан ба Истиқлоли давлатӣ иштирок карда, сулҳу оромиро пойдор намуданд, Тоҷикистон рӯз ба рӯз ободу зебо ва тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум рушду инкишоф меёбанд.
Ҳар як фарди ватандӯст, масъули таълиму тарбия ва нафарони бонангу номус бояд дар қалби ҷавонон эҳсоси садоқат ба Ватан, ба давлату миллат ва сокинони онро бедор намуда, онҳоро раҳнамоӣ созанд, то хизмати худро дар сафҳои Артиши миллӣ сарбаландона ба ҷо оранд. Баҳои сазовори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин рӯзи фараҳбахш ёдрас шудан, бамаврид аст: «Хидматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки пешрафту тараққиёти кишварамон бевосита аз онҳо вобаста мебошад, нақши барҷаста ва бузург доранд».
Ҷавонписарони мо ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта, пайи ҳифзи кишвари хешанд. Имрӯзҳо донишҷӯёни мактабҳои оливу касбӣ низ, бо ихтиёри худ ба ҳимояи Модар – Ватан камар бастаанд ва роҳбарияти донишгоҳу донишкадаҳо барои онҳо имтиёзҳо муқаррар кардаанд. Бовар дорем, ки оянда парвардагони мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо садоқат ба Меҳани хеш марзу буми моро дифоъ мекунанд ва дар сари як ваҷаб хоки сарзамини аҷдодӣ истодагарӣ менамоянд.
Ҷайлоев Ҷамшед ҲУСЕЙНОВИЧ - номзади илмҳои техникӣ ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ
Худойбердизода Саидмири УБАЙДУЛЛО - номзади илмҳои техникӣ ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ
Бар фарози қуллаи рӯ бар самои қаҳрамон
Парфишонӣ мекунад зебо ливои қаҳрамон,
Дарси ибрат қисмати пурмоҷарои қаҳрамон,
Аз дили марзи Ватан ояд нидои қаҳрамон,
Менавозад гӯшро ҳарфу ҳиҷои қаҳрамон,
Мо ҳама дилбастаи савту навои қаҳрамон,
Ҳамсадои қаҳрамон!
Суғду Рахшону Бадахшон хиттаи поки ниёст,
Вахшу Хатлону Ҳисор ин порахоки Ориёст,
Ҳар кӣ ҷуз мо даъвии ин хок дорад, бенавост,
Бенаво чӣ, як каси бегонаву ноошност,
Хоки мо хоки муқаддас – неъмати сидқу сафост,
Эй харидорони маъво, сарвати мо бебаҳост,
Рамзи нангу номи мост!
Корвони умр, арчи меравад сӯйи адам,
Сӯйи ҳасту буд бо ҳам мезанем аз нав қадам,
Эй хушо, оварда Ваҳдат миллати моро ба ҳам,
Мекунад тоҷик барои ҳифзи хокаш қад алам,
Сад ҳазорон бар шумори мардҳо гардида зам,
Боз аз нав қуввату неру бигирад дам ба дам,
Сангари сайфу қалам!
Ҳар касе, к-ӯ мерасад бар фаҳму идроки Ватан,
Марҳаме гардад ба захму синаи чоки Ватан,
Чун бубинад бахту иқболи шарафноки Ватан,
Аз шаҳомат баркашад ӯ сар бар афлоки Ватан,
Ин яқин донам, ки ҳар фарзанди бебоки Ватан,
Бар аду ҳаргиз набидҳад мазраи поки Ватан,
Як ваҷаб хоки Ватан!
Дар раҳи сидқу сафову меҳр по бинҳодаем,
Пайрави Фирдавсию Айниву Турсунзодаем,
Бемуҳобо, бар хасу хори Ватан дил додаем,
Бар дифоъи марзу буми хеш мо омодаем,
Дар қиболи душмани ғаддор воистодаем,
Бардагӣ як сӯ, дари озодагӣ бикшодаем,
Миллати озодаем!
Пас, шавем андар раҳи ҳифзи Ватан якҷо кунун,
Иқтидори миллату давлат кунем аз ҳад фузун,
То надонад ҷойи худ ҳар нобакору пасту дун,
То нагардад душмани мо яксара хору забун,
То нагардад қасри бедоди рақибон сарнагун,
По набигзорем аз майдони ҳарби худ бурун,
Дар бадан то ҳаст хун!
Рӯзи Артиши миллӣ муборак, фарзандони содиқ ва муҳофизони асили Ватан!
Нозим Нурзода
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
21 феврали соли 2025
Дар раванди бархурди манфиатҳои геосиёсӣ акторҳои мустақили муносибатҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳимояи истиқлолу тамомияти арзии хеш аз қудрати ҳарбӣ истифода менамоянд. Қудрати ҳарбӣ яке аз нишонаҳои тавоноии давлат ва кафолати суботи сиёсии он мебошад. Таҳкиму устувории низоми давлатдорӣ аз сипоҳи муназзаму мукаммали он вобастагии зиёд дорад. Маҳз артиши муназзаму устувор кафолат медиҳад, ки низоми давлатдорӣ ва тамомияти арзӣ нигоҳ дошта шавад. Суботи сиёсӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ аз сатҳи касбият ва рушди низоми ҳарбӣ маншаъ мегирад. Танҳо артиши муназзаму сирф давлатмеҳвар кафолати амнияти ҷомеа ва низоми ҳукумрон ба шумор меравад.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди ҳифозатгар аз истиқлолу тамомияти арзии кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Ин ниҳоди қудратӣ нишоне аз сипаҳсолории Сарвари давлати мо мебошад. Пешвои миллат чун Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ тавонистанд, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба ин ниҳоди муҳимми давлатдорӣ асос гузоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дорои Қувваҳои мусаллаҳи худ мебошад. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврал ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28-уми декабри соли 2005, таҳти №141, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъйин гардидааст, ташкил медиҳад. Таҷрибаи таърихии давлатдории миллати тоҷик ва Тоҷикистони муосир нишон медиҳад, ки яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар радифи дигар ниҳодҳо мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Дар маҷмуъ ҳадафи асосии давлат, ки танзими муносиботи ҷомеа ва ҳифзи истиқлол мебошад, дар ин раванд аз механизмҳои мухталиф истифода менамояд. Яке аз воситаҳои асосии ҳифзи якпорчагии давлат ва манфиатҳои миллӣ мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳи ташаккулёфта маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар рӯ ба рӯи падидаҳои номатлуб, махсусан терроризм, экстремизм, ҳадафҳои экспансионии кишварҳои хориҷӣ вуҷуди қувваҳои мусаллаҳ, хосатан артиши миллӣ зарурати ҳар давру замон мебошад.
Дар айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини амният, сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, чун рукнҳои асосии сиёсати давлатӣ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Миллати тоҷик дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ, маҳз бо шарофати амнияти давлатӣ ва таъмини сулҳу субот ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз дар радифи дигар аркони давлатӣ аз ҷумлаи он сохторҳое мебошанд, ки дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии кишвар, марзу бум, тартиботи дохилӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ нақши калидӣ дорад. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои ташкил кардани фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар назди худ қувваҳои мусаллаҳи кишварро муттаҳид менамоянд, тадбирҳои ҳуқуқӣ ва таҳияи стратегияи ягонаи таъмини сулҳу субот ва амнияти миллиро ба роҳ монда, шароити мусоид ҷиҳати таъмини стратегияи мазкур муҳайё гардидааст.
Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввал, яъне баробари ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки пояҳои истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намонданд. Афсарони содиқ ба Ватану миллат ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар, ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд.
Таҳлили вазъи сиёсии солҳои 90-уми Тоҷикистон нишон дод, ки яке аз омилҳои асосии авҷи моҷарои сиёсӣ, яъне ҷанги таҳмилӣ дар набудани қувваҳои мусаллаҳи муташаккил ифода меёфт. Баробари барҳам хӯрдани низоми шуравӣ ва ба истиқлол расидани кишвар ҳукуматро зарур буд, ки ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот, ҳамчунин, ҳифзи истиқлол Артиши миллии худро ташкил кунад. Дар муқоиса ба дигар кишварҳои пасошуравӣ Тоҷикистон аз Артиши Шуравӣ тақрибан чизе мерос нагирифтааст. Бо сабаби буҳрони сиёсии мақомоти давлатӣ то аввали соли 1993 ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муяссар нагардид. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи ХVI-кми Шурои Олӣ ва ташкили Ҳукумати нав бо ташаббуси Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар гузошта шуд. Ҳамин тавр, 23-юми феврали соли 1993 дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ барои оромию осудагии давлат Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ташкил карда шуд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар марҳилаҳои таърихии инкишофи худ Қувваҳои мусаллаҳи кишвар зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиаш баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкили Артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба як қувваи бузург табдил ёфт. Дар аввал баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дар нооромии вазъи сиёсии кишвар ва ба вартаи нестшавӣ қарор гирифтани он саҳм доштанд, аз набудани Қувваҳои муссаллаҳ истифода бурда, аксаран ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Мухолифини ҳукумат намегузоштанд, ки артиши миллӣ мукаммал шавад. Новобаста ба ин, ба Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар барқарорсозии ин аркони муҳимми давлатдорӣ дар муддати кутоҳ муваффақ шавад.
Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сипари боэътимоди давлат маҳсуб ёфта, сафи онро аксар ҷавонон ташкил медиҳанд. Сарвари давлат дар Паёми навбатии ба Маҷлиси Олии кишвар дар таърихи 26-уми январи соли 2021 чунин иброз намуда буд: «Ҷавонони мо дар рушди ҳама соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншоотҳои азими кишвар то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».
Имрӯз мо – қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавии насли ояндасози кишвар омили дар дарозои таърих боқӣ мондани давлату миллати тоҷик шуда метавонад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар садҳо ҷавонон аз навоҳии мухталиф даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии манотиқи гуногуни давлат рисолати мардонагии хешро дар назди Ватан-Модар иҷро менамоянд. Дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, мардонагиву шуҷоат, қавииродагиву адолатгустарӣ тарбия намуда, ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти амнияти давлатӣ равона менамоянд. Дар воқеъ, авзои геосиёсии минтақа имрӯз аз аскароне, ки сарҳади давлатиро ҳифз мекунанд, тақозо менамояд то зираку ҳушёр ва бомасъулияту қавиирода бошанд, зеро онҳо амнияти тамоми кишвар ва шаҳрвандонро ҳимоя менамоянд. Оромии кишвар, пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум, пеш аз ҳама, аз таъмини амният дар сарҳади давлатӣ вобастагии зиёд дорад.
Ҳамин аст, ки сол то сол барои боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии аскарон ва дар роҳи меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо аз ҷониби давлату ҳукумат шароити муосид фароҳам мегардад. Махсусан, сафарҳои кории Сарвари давлат ба манотиқи мухталифи кишвар, ки бештар аз боздиди қисмҳои ҳарбӣ оғоз мешавад, худ гувоҳи ғамхории махсуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарбозону ҳомиёни Ватан мебошад. Боиси хушнудист, ки шароити зисту тамрини аскарони Ватан аз ҳама ҷониб зери таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Артиши миллии Тоҷикистон беназир буда, суханони болозикр ба хидматҳои шоёни Сарвари давлат равона гардидааст, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Маҳз афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.
Имрӯз ҷавонони кишварро зарур аст, ки дар радифи таҳсили бомуваффақият дар донишгоҳу донишкадаҳо, ҳамчунин ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ворид шуда, дар ин мактаби мардонагӣ ва нангу номуси миллӣ адои хизмат намоянд. Ин мактабест, ки ҷавононро дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои муҳимми Ватандорӣ ва эҳтирому садоқат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ тарбия менамояд.
Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт –
Президенти АМИТ, профессор
АРТИШИ МИЛЛӢ – НИШОНЕ АЗ СИПАҲСОЛОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Меҳру муҳаббат ба Ватани азиз, обу хок, ҳар гулу гиёҳи он, дифо аз марзу буми аҷдодӣ дар ашъори адибони гузаштаву имрӯзаи мо он қадар васф шудааст, ки беҳадду беҳамтост. Банда низ аз ашъори дилписанди шоирони ватандӯст илҳом гирифта, чунин сатрҳои навқаламонаи худро рӯйи авроқ орам:
Тоҷикистон, кишвари зебои ман,
Хонаи уммеди ман, дунёи ман.
Маскани осоишу маъвои дил,
Беҳтарин ҳастӣ ту дар дунёи ман.
Ишқи ту моро намуда шердил,
Ҳусни ту бошад ҳамеша беназир.
Он қадар ту дилписанд ҳастӣ ба дил,
Ҳар чаманзори ту бошад дилпазир.
Сулҳу ваҳдат дар заминат пойдор,
Сарзаминат хурраму хуршедвор.
Мардумонат мардуми бонангу ор
Дар пайи ҳифзи ту доим устувор.
Тавре пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии хеш таъкид карданд, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромию осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад. Дар ҳақиқат ин фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст Нерӯҳои мусаллаҳи давлати навбунёду соҳибистиқлоламон имрӯз ба ҳимоятгари марзу буми аҷдодӣ ва шоҳсутуни Тоҷикистони азиз табдил ёфтааст.
Ҳамасола 23-юми феврал дар сар то сари Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин яке аз санаҳои муҳим, пурифтихор ва фараҳбахш дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад. Имсол мардуми шарафманду ватандӯст ва заҳматқарини тоҷик 32-юмин солгарди ин санаи бошукӯҳро бо ифтихору муҳаббати ватандӯстӣ ва дар як рӯҳияи баланди созандагиву бунёдкорӣ, шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани соҳибистиқлоламон таҷлил менамояд.
Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ барои Тоҷикистони тозабунёд лозим омад, қувваҳои мусаллаҳи худро таъсис диҳад, ки он тавоноии таъмини истиқлолият ва ҳимояи мардумро дошта бошад. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд ва барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд.
Шукри худо, ки сулҳу амонист дар ин фазо,
Аз ранҷу заҳмату амали хайри Пешво.
Бояд фаромӯш насохт, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис додани қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,бартарафсозии низои дохилӣ ва барқарор намудани сулҳу субот дар кишвари маҳбубамон калон аст. Бо ибтикору заҳмату ҷаҳду талошҳои пай дар пайи ин фарзанди фарзона ва ҷонфидои миллат, имрӯз Артиши ҷавони Тоҷикистон ба як нерӯи мукаммал табдил ёфтааст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои сарбозони шуҷои Ватан ва хизмати ҳар кадоми онҳоро, ки дар ҳақиқат намунаи олии хизмати содиқона ба Ватан мебошад, ҳамеша бо эҳтиром аз онҳо ёд намуда, гиромӣ медоранд. Имрӯз мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки дар зарфи 32- сол Артиши миллӣ ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро сарбаландона анҷом медиҳанд ва мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд.
Дар баробари Артиши миллӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ низ вазифадоранд, ки аз истиқлоли давлатӣ, марзу бум, ҳимояи манфиатҳои давлат пуштибон бошанд. Ҳар яки мо бояд Ватани азизи хешро дӯст дорем. Муҳаббат ва садоқати бепоён ба Меҳан, ифтихорманд аз Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони азиз, аз миллати соҳибфарҳанги тоҷик, аз забони ширини модарӣ, аз таърихи ғановатманди ниёгонамон бошем. Ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, амнияту ягонагии Тоҷикистон бояд мақсаду мароми зиндагӣ ва ормонҳои мову шумо бошад.
Боз ҳам аз он сарфароз бошем, ки зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҳастем. Таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатем. Ба кор, манзил, таҳсил, истироҳат ва ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорем. Ҷавобан ба ин имтиёзҳо ҳифзи Ватан, ҳифзи табиат ва комёбиҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Қодирзода Субҳон Докторант (PHD)-и институти кимиёи ба номи В.И Никитини АМИТ
“Бовар дорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат вазифаи бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи Ватани маҳбубамон, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро минбаъд низ сарбаландона, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамояд”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусаллам аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар бунёди Артиши миллии худ, ки он яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди кишвар маҳсуб ёфта, озмоишҳои ҷиддиро пушти сар намуда, дар роҳи баланд бардоштани қудрати дифоии ҷумҳурӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлол қадамҳои устувор гузошт. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо, дар давоми солҳои мавҷудият собит намуданд, ки дар ҳифзи Истиқлол ва инчунин тамомияти марзу буми кишварамон ҳамавақт омодаанд.
Лозим ба тазаккур аст, ки имрӯзҳо тамоми мардуми шарифи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар симои Артиши миллӣ ва афсару сарбозони он ҳомию муҳофизи худро дида, бештар рӯ ба бунёдкорию созандагӣ ниҳодаанд. Зеро Артиши миллӣ такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат буда, Ватани азизамонро содиқона муҳофизат менамояд.
Бояд қайд кард, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду рушди пайвастаи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беназир аст.
Тавре ҳамагон хуб огоҳем ва ҳамзамон медонем, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди абарқудрати Шуравӣ, сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ - сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ ба таври пурра фарогир буд, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро ҳамчун бунёдгузори асосии Артиши миллӣ ва инчунин дигар сохтору воҳидҳои низомии кишварамон муаррифӣ карда тавонистанд. Чунки Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати бениҳоят вазнину ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ дар кишвар қариб, ки набуданд.
Бар замми ин, ташкили Артиши миллии мо дар заминаи тамоман холӣ, яъне ба қавле аз сифр оғоз гардида буд. Ҳангоми суханронии пурмуҳтавои худ дар рафти баргузории чорабинии тантанавӣ ба муносибати ҷашни таъсисёбии 26 – умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 23 - юми феврали соли 2019 Президенти мамлакат , Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла чунин гуфта буданд: «Вақте ки қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қабул гардид, мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ».
Азбаски Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд. Вале дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманди Роҳбарияти Олии Ҳукумати мамлакат марҳала ба марҳала ин ниҳоди зарурӣ басо ҳам устувору қавитар гардида, имрӯз бо мутахасисони соҳибихтисосу ҳирфавии худ ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир ба таври пурра таъмин мебошад ва инчунин он ба як неруи бузурги муназзами дорои ҷузъу томҳои муосир табдил ёфтааст. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол, таҳким бахшидани сулҳу оромӣ ва ҳамзамон Ваҳдати миллӣ ба таври пайваста фидокориву мардонагии зиёд нишон дод.
Шукронаи сулҳу ваҳдат ва Пешвои муаззами миллат мо имрӯз соҳиби Артише пурқуввате ҳастем, ки корномаи начандон тӯлонӣ, вале басо ҳам пурифтихори худро дорад. Зеро дар ду даҳаи хело ҳассос баҳри ба пурра ба эътидол овардани вазъи сиёсиву амниятӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳамеша фидокорона хизмат кардааст.
Хушбахтона, феълан таваҷҷуҳи ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар замони соҳибистиқлолӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, кулли мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон бо дастгирию ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастаю пайваста буда, дар ҳама ҳолат қудрати кофӣ доранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз хавфу хатар ва таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ба таври пурра муҳофизат намоянд.
Иди Артиши миллӣ муборак бод, сарбозони шуҷои Ватану миллати соҳибистиқлолу соҳибиқбол!
Алишер РАҲИМЗОДА, директори Институти математикаи АМИТ
Каримов Олимҷон Худойбердиевич
муовини директор оид ба илм ва таълим.
Сипари боэътимоди ҳар давлату миллат ин Қувваҳои Мусаллаҳи он мебошад. Аз умқи таърих то ба ҳол таҷрибаҳо ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳар кишваре, ки неруҳои ҳарбии он муқтадир ва пурқувват аст амният, сулҳу субот ва оромиву шукуфоӣ дар он кишвар побарҷо хоҳад монд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар баробари ҳамон кишварҳое қарор дорад, ки ҷузъу томҳои он дар сатҳи баланди омодабош қарор доранд. Ин ҳама аз баракати сиёсати муваффақ ва оқилонаву одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар замони салтанати хеш кишварҳои тобеи худро мутаҳҳид намуда, дар ин замина неруҳои ҳарбии худро мустаҳкаму устувор гардонида буд, аммо маркази асосии он Маскав ба шумор мерафт. Ба кишварҳое ба мисли Тоҷикистон дар заминаи иқтидори неруҳои ҳарбӣ камтар таваҷҷуҳ дода мешуд. Вақте ин давлати абарқудрат пош хӯрд ва кишварҳои пасошӯравӣ истиқлолияти худро ба даст оварданд, ҳар кадоме ба қатори дигар сохторҳои муҳимми хоҷагии халқ ҷиҳати ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар Қувваҳои Мусаллаҳи хешро таъсис доданд.
Таҳти роҳбарии шахсияти хирадсолор ва дурандешу ҷоннисори Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри сипаришуда давлати навини худро дар арсаи олам ба вуҷуд овард, ки дар он солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон на қувваҳои мусаллаҳ дошт, на артиши миллӣ дошт, на яроқ дошт, на афсару на сарбоз дошт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамон хиради азалӣ ва зиракии сиёсӣ ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлол фикри таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳро намуда, бо ҳар роҳ таъсиси онро амалӣ менамуданд.
Вале дар он солҳо дар ҷумҳурӣ ягон мутахассиси варзидаи соҳаи ҳарбие набуд, ки ин масъулиятро бар дӯш гирад ва барои ҳифзи ин марзу бум роҳу усулу тактикаҳои омодабоширо дар ин самт ба роҳ монад. Роҳбари давлат зарур шумурданд, ки як муддат барои таъсиси ин ниҳоди муҳимми давлат, яъне таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ аз кишварҳои ҳамсоя ва шарикони стратегӣ мутахассисонро даъват намоянд. Дар тӯли 33 соли соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон ба нерӯи қудратманд ва устувор табдил ёфта, имрӯз ин ниҳоди бузурги кишвар ҳифзи боэътимоди марзу буми давлат, таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки бо заҳмату талошҳои зиёд Артиши миллии Тоҷикистон ба таърихи 23 феврали соли 1993 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҷавонмардона барои ҳифзи ин марзу бум ва барои оромии ин миллат ва ин давлат омода буданд ва мехостанд, ки ин сарзамини аҷдодиро, ки таърихи ҳазорсолаҳо дорад ҳифз намоянд ва мехостанд, ки ҳукумати конститутсионӣ барқарор гардида, Артиши миллӣ таъсис ёфт ва то имрӯз чун сутунҳои пойбарҷо суботи сиёсии давлатро устувор нигоҳ медорад.
Агар ба таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ дақиқ таваҷҷуҳ намоем дар тӯли 32 соли таъсиси худ се марҳалаи муҳимро аз сар гузаронидааст:
Марҳалаи якум: Дар аввал мақсаду маром ва ҳадафи асосии ба роҳ мондан ё таъсис додани Артиши миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили нерӯи ҳарбие буд, ки он бояд музаффариятҳои истиқлолият, оромӣ дар кишвар, суботи сиёсӣ ва озодии шаҳрвандони мамлакат ва сулҳу оромии кишварро таъмин намоянд. Дар ин замина гурӯҳҳои зудамал ва саривақтӣ ташкил карда шуданд, ки ҳадаф ва мақсад аз ташкили онҳо мубориза ва муқовимат бар зидди қувваҳои иртиҷоӣ ва зиддиҳукуматӣ буд. Зеро ин қувваҳо мехостанд ба ҳар роҳ сохти конститутсиониро дар кишвар аз байн бурда, ҳукуматро ба даст гиранд. Бояд ёдовар шуд, ки ин қувваҳо аз ду гурӯҳ иборат буданд, ки гурӯҳи аввал дар дохили ҷумҳурӣ буд, ки бо кумаку дастгирии гурӯҳи дуюмӣ, яъне “хоҷагони беруна”, ки онҳоро, бо яроқу аслиҳа ва дигар техникаҳои ҷангӣ таъмин мекарданд. Ин гурӯҳи худбохтагони дохилӣ бо истифода аз яроқҳои оташфишон кӯшиш ба харҷ медоданд, ки шахсиятҳои баруманди кишвар, аз ҷумла ходимони давлатӣ ва сиёсӣ ва он нафароне, ки баҳри ободии ин кишвар хизматҳои шоён карда буданд, аз байн баранд ва ин сарзаминро бо ду дасти адаб ба хоҷагонашон бубахшанд. Дар ин марҳала Артиши миллӣ бар зидди онҳо истодагарӣ намуда, саҳми худро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ расонид. Бо ҳазорон ҷоннисориву талошҳову шуҷоату матонат соли 1994 ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа қариб тамоми ҳудуди ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд.
Марҳалаи дуюм: Дар ин марҳала, яъне дар солҳои 1994 то 1996 Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сифатан ташаккул ва такомул ёфт. Дар ин давра аллакай мамлакат дорои як қатор кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисон гардида буд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони далеру шуҷоъ барои фаро гирифтани таҳсилоти ҳарбӣ ба коллеҷу донишкадаву донишгоҳҳои ҳарбии Федератсияи Русия, Украина, Белорусия ва ғайра фиристода шуданд, ки баъдан ин мутахассисон аз таҷрибаи ҳарбии он кишварҳо бархурдор гардида, дар сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳову шуъбаҳои алоҳида ташкил намуда, ба ин восита иқтидори ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро қавитар намуданд. Инчунин дар ҷумҳурӣ коллеҷи ҳарбӣ таъсис дода шуд, ки барои омода намудани афсарони касбӣ ба фаъолият оғоз бахшид. Баъдан ин коллеҷ ба Донишкадаи ҳарбӣ табдил дода шуда, яке аз муассисаҳои асосии тайёр намудани кадрҳои миллии ҳарбӣ ба ҳисоб мерафт. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар ин марҳала дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Артиши миллии Тоҷикистон “Қӯшунҳои хушкигард”, “Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ”, “Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ” ташкил карда шуданд, ки ҳар яки ин ниҳодҳо дар алоҳидагӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбиашон то имрӯз ҷиҳати суботи сиёсӣ, амнияту оромии кишвар саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Марҳалаи сеюм: Дар ин марҳалаи ҳассос, ки баъд аз соли 1997 оғоз гардид, (яъне баъд аз имзои Созишномаи сулҳу истиқрори миллӣ байни Ҳукумати конститутсионӣ ва роҳбарияти мухолифин) таъсиси як қатор сохторҳои Артиши миллии Тоҷикистон оғоз шуд. Бояд ёдовар шуд, ки баъди ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон бо Федератсияи Русия якчанд созишномаву ёддошти тафоҳумҳоро дар соҳаи ҳарбӣ ба роҳ монд дар марҳалаи сеюми рушди Артиши миллӣ ёрии бевоситаи дастгоҳи машваратчиёни Федератсияи Русия намудҳои нави қӯшунҳо таъсис дода шуданд.
Қобил ба зикр аст, ки ин се марҳалае, ки дар боло қайд гардиданд заминаҳои хубе барои рушду густариши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овард.
Имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, бо кӯшишу талошу ҷоннисориву заҳматҳои шабонарӯзии афсарону сарбозони шуҷоъи Ватан вазъ дар кишвар муътадил арзёбӣ гардида, ободӣ, пешравӣ, шукуфоӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти аҳолӣ аз талошҳои шабонарӯзии кормандони ин сохторҳо маншаъ мегирад.
Ҷашни Артиши миллӣ ба кулли ҳамватанони азиз муборак бод!
ЗИЁЕВ СУБҲИДДИН НАСРИЕВИЧ,
номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Санъати ҳарбии аҷдоди қадими тоҷикон
Қадимтарин сарчашмаҳои хаттии қабоили ориёитабор - «Ригведа» ва «Авесто» гувоҳӣ медиҳанд, ки дар давлатҳои қадими Бохтар ва Суғд табақаи низомиён вуҷуд дошт, ки “саворагони дучархаҳои ҷангӣ” унвон дошта, бо вижагиҳои либос ва умуман, намуди зоҳирӣ аз дигар гуруҳҳои ҷамъиятӣ фарқ мекарданд. Бо ташаккулёбии давлатдориҳои мазкур дар сарзамини Осиёи Миёна санъати ҳарбӣ низ рушду такомул меёфт. Агар қаблан ҷангҳо характери байни қабилавӣ дошта бошанд, акнун сипоҳиён рисолати дигар – ҳифзи якпорчагии давлат ва муҳофизати сарҳадҳои онро пайгирӣ мекарданд. Марзҳои давлатҳои мазкур бо истеҳкомҳо иҳота шуда буданд. Артиши давлатҳои қадими Бохтар ва Суғд аз сарбозони савораи мусаллаҳ иборат буд, ки зиреҳ ва кулоҳ ба бар карда буданд. Ин гуна таҷҳизот ва навъҳои аслиҳа баъдтар дар охири асри V пеш аз милод дар Эрон ва Осиёи Ғарбӣ низ паҳн шуда буд.
Яроқу аслиҳа
Дар мавриди яроқу аслиҳаи бохтариён ва суғдиёни қадим бояд иброз дошт, ки онҳо зимни ҳамла ба душман бештар аз ханҷар ва шамшерҳои оҳанин ва баъзан биринҷӣ истифода мебурданд. Сарбозони бохтарӣ ханҷарҳои хешро, ки феълан бо номи корд маъмул аст ва дар сарчашмаҳо бо истилоҳи «акинак» ёд мешавад, дар камарбанди тарафи рости худ нигоҳдорӣ мекарданд. Дарозии шамшерҳои онҳо то 1,2 м. мерасид. Дар набард аксар вақт табарҳои ҷангии оҳанини як ва дудама—сагариҳо истифода мешуданд. Дар набардҳо аз найзаҳо низ, ки хеле дароз буданд, васеъ истифода мебурданд. Воқеан, бояд зикр кард, ки бохтариёни қадим найзаандозони хеле моҳир буданд, ки сарчашмаҳои хаттӣ ва мадракҳои бостоншиносӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд. Тиру камон низ ҳамчун силоҳи дурандоз дар байни бохтариён ва суғдиён хеле маъмул гашта буд. Барои омода кардани тирҳои бохтарӣ, суғдӣ, парфиёнӣ ва хоразмӣ асосан аз най истифода мебурданд.
Тактика ва стратегия. Иншооти мудофиавӣ-ҳарбӣ
Бештар аз дуюним ҳазор сол пеш аз ин аҷдоди тоҷикон усулҳои бурдани чангро коркард намуданд. Хеле моҳирона аз усули ақибнишинии стратегӣ истифода мебурданд.
Ҳанӯз дар асрҳои VII-V пеш аз милод дар Бохтар истеҳкомҳо сохта шуда буданд. Дар Бохтари Шимолӣ, дар поёноби руди Кофарниҳон, дар шаҳраки Қалъаи Мири ноҳияи Қубодиён маҷмуаи истиқоматии хеле харобшудаи замони бохтариёни қадим кашф шудааст, ки гувоҳи гуфтаҳои болост. Дар ин ҷо бисьёр унсурҳои таҷҳизоти ҳарбӣ, тирҳои биринҷӣ, ки ба давраи подшоҳии Бохтар тааллуқ доранд, пайдо гардиданд.
Дар лашкари Ҳахоманишиён бохтариён хеле зиёд буданд. Ба ҷуз аз бохтариҳо, ба ин лашкар суғдиҳо ва ҳиндуҳо низ дохил мешуданд. Савораи вазнини мусаллаҳ, бори аввал дар лашкари Ҳахоманишиҳо дар миёнаҳои асри V пеш аз мелод пайдо мешавад. Бояд зикр кард, ки ғалабаро аз болои юнониҳо маҳз онҳо таъмин намуда буданд.
Санъати чангии Ҳайтолиён
Санъати ҳарбии аҷдоди тоҷикон дар садсолаҳои баъдӣ рушду такомул ёфта, дар ибтидои асрҳои миёна ба авҷи баланд расид. Ҳайтолиён, ки як давраи кутоҳе ҳукмронӣ кардаанд, аз ҷиҳати маҳорати ҳарбӣ аз бисьёр давлатҳои минтақа бартарӣ доштанд. Санъати ҳарбии онҳо, бахусус дар стратегия ва усулҳои гузаронидани набардҳо таҷассум мегардид. Барои мудофиа аз усулҳои гуногуни ҳарбӣ, аз қабили кандани ҳандакҳои чуқур васеъ истифода мебурданд. Артиши Ҳайтолиён хеле пурқувват буда, ба шарофати инфрасохтори пешрафтаи иқтисодӣ, кишоварзӣ ва истеҳсолоти ҳунармандӣ бо яроҳу аслиҳаи беҳтарин мусаллаҳ буданд. Ҳайтолиён ақибгоҳи мустаҳкам доштанд. Дар ҷангҳои ҳалкунанда Ҳайтолиён усули акибнишиниро ба кор бурда, душманро ба доми худ мекашиданд. Ҳайтолиён нишонзанҳои моҳир маҳсуб меёфтанд. Вале аслиҳаи асосии онҳо шамшер буд, ки 94 см дарозӣ дошт.
Ҳолати ҳарбӣ-ҷангии Бармакиён, Тоҳириён ва Саффориён
Дар идораи харбии хилофат яке аз сулолаҳои маҳалӣ бо исми Бармакиён тавонистанд, ки аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ артиши бузурге таъсис диҳанд, ки гӯё ба 500 ҳазор нафар мерасид. Лашкари тавонои Бармакиён ҳатто ба хилофати араб тахдид мекард (ИТН. Т.2. С.321). Дар замони Тоҳириён феодалҳои маҳаллӣ отрядҳои ғозиёнро, ки ба истилоҳ «муборизони эътиқод» ва «ал-мутавул», ки маънояш «ихтиёриён» мебошанд, таъсис доданд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳо Саффориён дар ибтидо ду ҳазор сарбоз доштанд, вале аллакай дар солҳои 874-75 теъдоди лашкари онҳо ба 15000 аскари савора ба пиёда расида буд. Сарбозони Яқуб ибни Лайси саффор хеле хуб мусаллаҳ шуда буданд. Дар набардҳои ҳалкунанда, махсусан ҳангоми забт кардани калъаҳо, Яъқуб аз 5 ҳазор шутури бохтарӣ ва 10 ҳазор хар истифода мебурд. Илова бар ин, дар ҷангҳо филҳои ҷангӣ низ истифода мешуданд, ки миёни урдуи душман тарсу ваҳм бармеангехтанд.
САНЪАТИ ҲАРБИИ ДАВЛАТИ СОМОНИЁН
Таркиб, сохтор ва навъҳои Артиш дар давлати Сомониён дар замони подшоҳии Исмоили Сомонӣ ва ворисони ӯ асос гузошта шуд. Дар сафи лашкари Сомониён дар баробари тоҷикон, туркҳо, арабҳо, курдҳо, ҳиндуҳо ва намояндагони дигар миллатҳо хизмат мекарданд. Вазифаи ҳиндуҳо аз нигоҳубин ва назорати филҳои ҷангӣ иборат буд. Дар дафтари низомии давлати Сомониён ҳуҷҷати муҳимми нигоҳдории маълумот - китоби баҳисобгирии афсарон мавҷуд буд. Дар он тамоми маълумот дар бораи шахсияти ҳар як сарвари низомӣ, аз ҷумла насаб, ном, миллат ва навъи қушун, инчунин вазъи хизматчиёни ҳарбӣ дар тӯли як сол сабт шудааст. Тибқи иттилоъи ин санад ҷанговарони давлати Сомониён ҳуқуқ надоштанд, ки ба артиши дигар кишварҳо шомил гарданд. Танҳо ҷанговарони доимӣва касбӣ мунтазам маош мегирифтанд. Дар давраи ҷангҳо фармони сафарбаркунии умумӣ содир гардида, аз ҳисоби аҳолии деҳот ҳайати лашкар пурра карда мешуд. Яке аз вижагиҳои лашкари Сомониён дар он буд, ки он ба ду тоифа – посбонони доимӣ ва дастаҳои муваққатӣ тақсим мешуд. Мақоми аз ҳама баландро дар лашкари Сомониён сипаҳсолор - сарлашкар ишғол мекард. Мутаассифона, дар нимаи дуюми асри Х амирони сомонӣ, ки худ бештар ба айшу ишрат дода шуда буданд, зимоми идории лашкарро ба ғуломони турк доданд, ки ин ҳолат, ба ақидаи муҳаққиқон, яке аз сабабҳои инқироз ва парокандашавии давлати бузурги Сомониён маҳсуб меёбад.
ТАКТИКА ВА СТРАТЕГИЯ
Усулҳои гузаронидани набард дар лашкари Сомониён вижагиҳои худро дошт. Яке аз усулҳои маъмул он буд, ки сарбозон дар панҷ сутун саф мекашиданд. Қисмати пеш ё дастаҳои пешгард, қисми қафо, паҳлӯҳои рост ва чап. Қисмати марказ муҳимтарин сутун маҳсуб меёфт. Ҳуҷумро ба урдуи душман дастаҳои савора оғоз мекарданд, аз паси онҳо сарбозони пиёда ва тирандозон ҳуҷумро идома медоданд. Барои ҳуҷуми ногаҳонӣ сарбозон аз ду ҷониб камин мегирифтанд. Бо ин мақсад бештар гузаргоҳҳои куҳӣ дар роҳи душман истифода бурда мешуданд. Дар ин гуна гузаргоҳҳо дастаҳои пешгом аз усули ақибнишинии стратегӣ истифода намуда, душманро ба дарунтари дара мекашиданд. Дар лаҳзаи муносиб дастаҳои камингирифта ногаҳон ба душман ҳуҷум оварда, муҳорибаро ба фоидаи хеш анҷом медоданд.
АРТИШ ВА ХИЗМАТИ ХАРБӢ ДАР АМОРАТИ БУХОРО
Аз асрҳои XIV–XVто замони таъсис ёфтани аморати Бухоро низоми лашкар, стратегияи ҳарбӣ, тактикаи ҷангӣ ва мудофиа, рутбаҳо ва мансабҳои ҳарбӣ, вазифаҳо амалан бетағйир монданд. Қоидаҳои ҳарбӣ дар асоси анъанаҳои муғулҳо ва аҳолии маҳаллӣ тартиб ёфта буданд. Дар низоми лашкардории аморати Бухоро танҳо дар асри XIX таҳаввулот ба амал омада, артиши доимӣтаъсис дода шуд. Марҳалаи якуми ташкил ёфтани артиши мунтазами аморати Бухоро то солҳои 30-юми асри XIX давом кардааст. Марҳалаи дуюми ташаккули идораи лашкар ва низоми ҳарбии аморати Бухоро то солхои 60-уми асри XIX идома кардааст.
Дар замони амир Насрулло (1827—1860) лашкари аморат ба дастаҳои 100-нафарӣ тақсим шуда, ба ҳар як даста як мири сад сардорӣ мекард. Ба дастаи иборат аз 50 нафар панҷбошӣ роҳбарӣ мекард. Дастаҳои даҳнафарӣ низ мавҷуд буданд, ки тахти фармондеҳии даҳбошӣ қарор доштанд.
Дар охири асри ХХ дар аморат баъзе ислоҳот гузаронида шуд. Ислоҳоти низомии соли 1895, ки амир Сайид Абдулаҳадхон анҷом дод, ба шумораи сарбозон дахл дошт. Вай шумораи сарбозонро аз 11.400 то 10.000 нафар кам кард, ки он аз 12 батальон (8200 сарбоз, 52 офицер ва 12 командири дивизия), 2 эскадрильяи савора (600 сарбоз, 5 офицер ва 2 командири артиш) иборат буд. Дар солҳои 1917—1920 артиши аморати Бухоро аз ҳафт дивизия иборат буд.
ДАР АРТИШИ ШУРАВӢ
Артиши ҷавони Шуравӣ дар Тоҷикистон дар давраи муборизаи зидди гуруҳҳои босмачиён ташкил шуда буд. Бояд зикр кард, ки Давлати Шуравӣ дар ҷумҳуриҳои бародарӣ артишҳои миллӣ таъсис надод. Намояндагони ин ҷумҳуриҳо дар сафи Артиши Шуравӣ хизмат карда, маҳорати ҷангии худро баланд мебардоштанд. Аввалин қисми низомии Артиши Сурх аз ҷониби ихтиёриён дар шаҳри Хуҷанд ташкил шуда буд. Дар ин қисми ҳарбӣ аз тоҷикони маҳаллӣ нахустин афсарони сурх Чура Зокиров, Баротбек Хотамбек, Юсуф Маюнус, Ахмад Узбеков, Дадабой Холматов, Абдуғафор Бокибой, Усмон Газиев, Турсун Нурматов, Додо Норматов хизмат мекарданд.
ШУҶОАТИ ТОҶИКОН ДАР ҶБВ
Саҳми ҷанговарони тоҷик, бахусус дар набардҳои ҶБВ хеле назаррас аст. Дар ҶБВ аз Тоҷикистон 290000 нафар сафарбар шуда, зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо аз майдони ҷанг барнагаштанд. 58000 ҷанговарони тоҷик бо ордену медал сарфароз шуданд. 54 нафар унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, 19 нафар ба ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» мушарраф гардиданд.
Дар Тоҷикистон дивизияи 20-уми ордени Лениндори Савораи куҳӣ дар моҳи октябри соли 1941 таъсис ёфта буд. Ин дивизия ба муҳофизати Москва фиристода шуда, баъдтар дар муҳорибаҳои зиёд дар бисьёр фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуд. Моҳи декабри соли 1941 дар Тоҷикистон бригадаҳои алоҳидаи тирандози 98 ва 99 ташкил карда шуданд. Дар солҳои 1941—1942 дивизияҳои 104, 61 ва 63-уми савора ташкил карда шуданд. Баъдан боз якчанд воҳидҳои ҷудогона ба фронт фиристода шуданд, ки дар байни онҳо баталёни 31-уми алоҳидаи тирандози тоҷикон низ буд. Илова бар ин, тоҷикон дар ҳайати 11 воҳиди нави низомӣ, ки дар Тоҷикистон ташкил шуда буданд, меҷангиданд. Дар байни онҳо баталёнҳои 45-уми савораи эҳтиётӣ, 179-уми миномётӣ ва 213-уми гвардиявии артиллерия, полки 106-уми ҳавоии ҳуҷумкунанда фарқ мекарданд. Дар солҳои минбаъдаи ҷанг полки 45-уми савораи эҳтиётӣ ва полки 179-уми миномётчиён ташкил карда шуд. Ҳамаи ин қисмҳои ҳарбӣ, ки дар ҳайати онҳо тоҷикон низ буданд, дар муҳорибаҳои калони такдирсоз ба муқобили истилогарони фашистӣ иштирок доштанд.
Ташаккул ва рушди ҚМ Тоҷикистони соҳибистиқлол
Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ба се марҳила тақсим кард. Давраи аввал аз соли 1992 – аз таъсис ёфтани Кумитаи дифоъ оғоз гардида, то моҳи июни соли 1997 давом кардааст. Ҳадафи асосии давраи аввал таъсиси Артиши миллӣ– ташкили қувваҳои мусаллаҳи қодир ба таъмини истиқлолият, якпорчагии Ватан ва ҳаёти осоишта буд. Дар ин давра асосҳои меъёрию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ» ва дигар қонунҳои муҳимми ташкилӣ ва хуҷҷатҳои зарурӣ қабул карда шуданд.
Давраи дуюм аз соли 1997 оғоз шуда, то соли 2005-ро дар бар мегирад. Ин давраи азнавташкилдиҳии сохтории Артиши миллӣ мебошад. Дар ин давра навъҳои асосӣ — қушунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва қувваҳои мудофиаи ҳавоӣ ташкил карда шуданд.
Давраи сеюм, ки аз соли 2005 оғоз гардида, то имрӯз идома карда истодааст, барои бозсозӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии Вазорати мудофиа шароит фароҳам овард. Ҳамин тавр, дар тӯли 32 соли фаъолияташ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои таъсиси ибтидоии қисмҳои ҳарбӣ (1992—1997), ташкили Артиши миллӣ ва ташкили навъҳои гуногуни қӯшунҳо (1997-2005) ва давраи ислоҳот, ки аз 15 октябри соли 2005 оғоз гардида, то имрӯз идома дорад, паси сар кардааст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ марҳилаи ташаккул, рушд, муттаҳидшавӣ ва таҳкими сохторҳои навтаъсисро аз сар гузаронида. дар санъати ҳарбӣ, тактика ва стратегия дар Осиёи Марказӣ яке аз артишҳои пешгом маҳсуб меёбад.
Мирзоев Ҷ.А. - ходими пешбари Шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,
Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.
(Ҳабиб Юсуфӣ)
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мунттазам таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат, баҳри ҳифзи Ватани аҷдодиямон, ҳимоя ва таҳкими дастовардҳо дар даврони истиқлолият, пойдору мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, пешгирӣнамудан аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо, гурӯҳҳои мақсади террористию-эктримистӣ дошта ва мубориза бар зидди онҳо, ки вазифаи муқаддасу пуршарафи ҳар як родмардӣ Ватан ба ҳисоб рафта, аз шартҳои асосии таъмини оромию осоиштагии давлат ва ҷомеа маҳсуб дониста мешаванд, устуворона қадам ниҳода истодааст.
Артиши миллии Тоҷикистон, ки ҳеҷ меросе аз собиқ Итиҳоди Шӯравӣ нагирифтааст, ягона артиши Осиёи Марказист, ки аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар муддати кӯтоҳ гузашта, ғолибиятро ба даст овардааст. Дар авҷи ҷанги дохилӣ соли 1993 шурӯъ намудани фаъолияти Артиши Миллӣ баҳри амниятӣВатан, натиҷае аз фидокории родмардони ҷонфидо, дарак медиҳад.
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1997 пайваста дар тамринҳои ҷангии минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, баҳри ҳифзи Ватан алайҳи душман ва дигар зуҳуроти номатлуби терроризми байналмилалии дохилию марзӣ дошта, саҳми беандозае гузошта истодаанд. Дар назди ҳар як ҷавонмарди боору бономус, ки дӯстори ватананд, адои хизмати Ватан ва содиқ будан ба он ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат аст ҳам қарз асту, ҳам фарз.
Модар-Ватан! Ин ду калима, ки ҳарду аз панҷ ҳарфи иборатанд, дар мазмуну мундариҷа он қадар маънӣ, шукӯҳу шаҳомат доранд, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида шуданду ва боз шеъру таронаҳо сароида хоҳанд шуд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас мебошанд, ки барои ҳифзашон фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд! Тифл баробари ба олами ҳастӣ омадану чашм кушодан аз бӯи онҳо машом муаттар карда, бо ҷону дил дӯсташон медорад ва дар оғӯши Ватан хору зор нашуда зиста ба воя мерасад. Шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шерали ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст:
Ватан cap мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар,
Ватан cap мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан, зодгоҳ, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд. Беҳӯда нагуфтаанд, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модарӣ мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари дар асл, моро ба дунё оварда бошад, Ватан дар навбати худ, моро навозишкорона дар оғуши гарми худ гузошта, барои идомаи зиндагии рангин роҳнамо гаштааст. Халқи тоҷик миллатест, ки ҷоннисорӣ марзу буми хеш буда, барои дар амон мондани Ватан худро қурбон мекунанд. Таърих гувоҳ аст! Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеь далели гуфтаҳои болост.
Имрӯз, ки Артиши милли Тоҷикистони азизамон ба синни 32-солагӣ қадам мемонад, ҳамаи муҳофизони Ватани азизамон, родмардон, падарон ва фарзандони фарзонаи миллатро бо ин иди бузург табрик менамоям.
Азизуллозода Майсара Нурулло - ходими илмии Шуъбаи таърихи илм ва техникаи ИТБМ ба номи А.Дониши АМИТ
Ҳар кишваре, ки соҳибистиқлол мегардад дорои артиши миллии худ аст, вале Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне таъсис додашуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар ангушт шумор буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ сиёсӣ ва муноқишаву ҷангҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳу умедбахши худ оғоз намуд. Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки баъди хомӯш шудани ҷанги дохилӣ ба иқтисодиёти мамлакати мо тахминан 10 млрд доллари амрикоӣ зарар расид, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳаждаҳуми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, бисту сеюми феврали соли 1993 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гашт, ки он рӯз ҳамчун рӯзи гузоштани хишти нахустини пойдевори ин арки боҳашамат, яъне рӯзи таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳукумати мамлакатамон бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таъмин, таҷдид ва азнавсозии инфрасохтор, таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ солҳои (1992-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандонаву софдилона ва ҳушмандонаву зиракона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои бадхоҳу бадтинат рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври бояду шояд адо мекарданд.
То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ ҷудо мешуд : Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ . Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамуданд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ буданд, ки аксарияти онҳо аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои бузургеро анҷом медоданд. Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, то ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар замина Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии ходимони ҳарбӣ ғамхориҳои пайваста зоҳир менамояд. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳои дар пеши роҳбударо бартараф карда, давра бадавра шакл гирифт ва муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардид. Ҳоло Артиши миллии мо ҳамчун нерӯи обутоб ёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ–рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад. Мансаби рохбарикунандаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Собирзода Эмомалӣ аст. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Тоҷикистон, бинобар ҷангдида ва корозмуда будан, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу суббот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои авали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Чунки ҳеҷ як давлату халқият бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст. Бояд, ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар абармардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Мо ҷавонон, ки ояндагони ин миллати пурғановат ва ин диёри биҳиштосоем, талош менамоем, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунем. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори бузург аст. Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Сиву ду сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст.
Дар зарфи беш аз се даҳсола Артиши миллии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдилёфта, то имрӯз дар сафҳои худ садҳо ҳазор ҷавони обутоб ёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номус хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираҳо истифода мекунад. Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён аз сарбози қаторӣ тоафсари оли рутба вобаста мебошад. Аз ин хотир, ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият бахалқу Ватанро талаб менамояд. Чун ки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат бар зимаи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзу ҳуқуқ гузошта шудааст ва онҳо вазифадоранд, ки ин неъмати бебаҳо сулҳу суббот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд. Ҳар ҷавон бохизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.
Муборак бод, ҷашни нурборат, Артиши миллӣ,
Муборак бод, авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ.
Ба миллат, бо Ватан, бо амри Сарфармондеҳи Олӣ,
Муборак бод, аҳди устуворат, Артиши миллӣ.
Магистранти курси 1-уми ихтисоси 1-260101(идораи давлатӣ)-и Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич
Абуали Сино — гений веков, просветитель умов, выдающийся философ, поэт и врач, который до сих пор поражает мир науки своим величием знаний, философским мировоззрением и раскрытием тайн человеческого бытия. Он был достойным сыном таджикского народа и родился в благородной Бухаре на земле своих предков. Абуали Сино достиг таких высот в науках своего времени, что был удостоен высоких титулов, таких как Шайхурраис (великий учитель), Раисулуқало (глава мудрецов), Хуччатулхак (доказатель истины), а также «Учитель» и «Наставник». На протяжении веков продолжаются споры о его этнической принадлежности, в которых участвуют арабы, турки и другие народы, что само по себе ,весьма любопытно. Однако из его собственной биографии следует, что его мать, Ситорабону, была таджичкой из Бухары, а отец, Абдулло, был таджиком из Балха. Поэтому дальнейшие дискуссии и попытки присвоить его наследие не имеют смысла.
Он, еще при жизни отвергая подобные споры, говорил:
Будь осторожен и избегай, дабы не настиг тебя,
Либо клинок моих слов, либо слово моего клинка (дос. перев.).
Используя его величие, сегодня кочевые племена, которые во времена его жизни еще не существовали как сформированные народы, пытаются приписать его себе. Почему же все хотят сделать его представителем именно своей нации? Следует отметить, что Сино был уникальной личностью, которая смогла найти ответы на все вопросы своего времени, кроме смерти. Именно поэтому уже более тысячи лет таджики и другие иранские народы гордятся его именем, знанием и умом , выражая к нему глубокое уважение. Даже спустя тысячу лет его стихи не потеряли своей искренности и значения. Сино также был мастером языка, создавшим первый учебник по фонетике.
Академик Мусо Диноршоев отмечает, что заслуга Абуали Сино в познании человеческой природы заключается не только в том, что он с особой тщательностью разработал научную диагностику, теорию профилактики и лечения болезней, но и в тех открытиях и идеях, которые предсказали будущее медицины.[1]
Действительно, вклад Абуали Сино в развитие знаний о человеке, в том числе в области медицины и философии, чрезвычайно велик.
Он разделил предметы науки на две категории. Первая – это темы, связанные с человеком, такие как поведение и поступки. Вторая – это темы, которые рассматривают явления, существующие независимо от человека, то есть практическую философию, включающую вопросы политики, этики и определения обязанностей человека в обществе.
Только медицинских трудов этого мыслителя насчитывается более 40. Следует отметить, что большинство его медицинских произведений написаны на арабском языке, за исключением «Трактата о пульсе», который был создан на его родном языке, что мало кому известно.
Из 276 крупных и малых книг, написанных Ибн Синой, 182 посвящены вопросам философии и точных наук. Среди его самых известных философских трудов – «Книга исцеления», «Книга спасения», «Указания» и «Книга знаний». «Книгу знаний» он написал на родном языке, которые исчитается первым философским произведением, созданным на таджикско-персидском языке.[2]
Медицинские взгляды Сино сыграли важную роль в формировании и развитии теоретических и практических знаний многих ученых и философов. Даже спустя века его идеи порождали многочисленные научные дискуссии среди врачей и мыслителей. О величии и мудрости этого мудреца написаны не только многочисленные книги и статьи, но и выдающиеся мыслители мира оставили о нем возвышенные слова.
Другая сторона величия учения Сино заключается в том, что он в основном опирался на естественные и точные науки, обогащая ими свои педагогические и воспитательные взгляды. Например, в книге «Канон врачебной науки» этот проницательный мыслитель согласовал некоторые элементы науки о спорте с основными законами медицины, представив физическое воспитание как науку, сохраняющую здоровье и благополучие человека.
По этому поводу он пишет в «Уруджуза фи-т-тиб»: «Медицина в своей основе защищает здоровье. Она лечит болезнь, исходя из симптомов, проявляющихся в организме».
Его величайший труд – «Канон врачебной науки», состоящий из пяти томов медицинской энциклопедии, принес ему мировую известность. Он завершил его в 1020 году. «Канон врачебной науки» был написан на арабском языке и впервые переведен на латынь в XII веке. После появления печатного станка, в 1473 году, этот бесценный труд стал распространяться отдельными изданиями по всему миру. Всего через 30 лет «Канон врачебной науки» был опубликован на латыни более 16 раз.
Безусловно, наличие такого гения в истории имеет особое значение, что и сегодня является предметом различных дискуссий. Сам Сино отмечал: «Люди, постигающие истину и сущность мира, чистосердечны, смелы и полны стремлений. Их следует называть мудрецами и учеными». Однако те, кто прибегает ко лжи в науке и присваивает себе великих личностей других народов, остаются далеки от реальности. В этом смысле высказывание Сино: «Интеллектуальное знание не нуждается в существовании отдельных объектов и может описывать их и без этого»[3] — остается актуальным. Из этого следует, что попытки присвоить себе Шайхурраиса Абуали Сино не имеют ни логики, ни смысла. Несмотря на это, попытки чужаков присвоить национальную принадлежность Ибн Сино бессмысленны. Он сам в свое время писал: «Турки и занги – рабы». Какой же смысл сегодня имеют турецкие претензии на него? Из всего сказанного в статье можно сделать следующие выводы:
Во-первых, тем, кто хочет причислить его к своей нации для возвеличивания себя, мы желаем чести, уважения и научного могущества. Конечно, солнце невозможно скрыть в подоле.
Во-вторых, эти действия после обретения независимости направлены на создание национальной идентичности своего молодого народа. Можно ли сегодня гордиться именами жестоких завоевателей, таких как Чингисхан и Тимур? Конечно, нет. Следовательно, присвоение исторических личностей других народов, их книг, традиций и культуры – это лишь способ ложного самовыражения.
В-третьих, присвоение наших великих личностей чужаками несет потенциальные репутационные угрозы, которые в настоящее время используются против нас как инструмент мягкой силы. Поэтому мы должны проявлять политическую и культурную бдительность и уметь защищать свои национальные ценности. Стоит отметить, что попытки присвоить исторические города, культурные достижения и традиции нашего народа чужаками подобны болезни, которая обостряется, но затем снова затихает. Однако осознание и признание этой горькой истины, несмотря на ее негативные последствия, в международной и исторической перспективе лишь дискредитирует и разоблачает самих фальсификаторов.
Таким образом, Абуали Сино – философ, ученый и раскрывающий тайны науки таджиков. Будучи великим сыном таджикского народа, он всегда ставил разум и мудрость выше всего остального. Он утверждал, что человек должен оберегать свое мышление от низости и порочности. Поэтому он считал разум критерием развития общества и личности. В XXI веке, когда человечество уже достигло высот космоса, дискуссии о том, кто, откуда родом и к какому народу принадлежит, утратили смысл. Солнце остается солнцем – пользуйтесь его теплом. Оно не принадлежит ни одной нации или вероисповеданию. И выразите тысячу благодарностей его таджикской матери Ситорабону за то, что она подарила нам и всему миру великого Сино.
Мухаммад Абдурахмон, - член-корреспондент НАНТ, доктор политических наук, профессор.
[1] Диноршоев М. Натурфилософия Ибн Сины. .- С 16
[2] Ниг.: Раҳим Ҳошим. Ибни Сино. -С.
[3] Ниг.: У. Султонов Ақидаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии Абӯалӣ Ибни Сино. - С.77-78.