Skip to main content

(дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, 4 августи 2025)

Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон сиёсати хориҷии мустақилро таҳия ва татбиқ намуданд, ки бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобила, истиқлолият ва манфиатҳои миллӣ қарор дошт. Муносибатҳои ду кишвар дар ин замина шакл гирифта, дар тӯли се даҳсола марҳила ба марҳила рушд ёфтаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ миёни давлатҳо дар асоси муштаракоти умумӣ, тақдири ҳамсони таърихӣ, монандиҳои фарҳангӣ ва муштаракоти дигари иқтисодию сиёсӣ бештару дурустар ба роҳ монда мешавад. Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон дорои чунин муштаракотҳо мебошанд. Мавҷудияти чунин манбаҳо боиси рушди муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо буда метавонанд.

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон 21 январи 1993 дар натиҷаи имзои Протокол “Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон” аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуданд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод моҳи феврали соли 1995 ва Сафорати Туркманистон дар Душанбе 26.06 1999 ба кори худ шуруъ намуданд.

Заминаи шартномавӣ – ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 133 санад ташкил медиҳад, аз ҷумла Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, ки соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳоро ба танзим медароранд.

Президетҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон борҳо ба давлатҳои ҳамдигар сафарҳои корӣ, расмӣ ва давлатӣ анҷом додаанд. Президерти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 -20 08.2015, 24.08. 2018, 01.10.2019, 6.08.2021 ва 04.08.2025 бо сафарҳои корӣ, расмӣ, давлатӣ ба Туркманистон ташриф оварданд.

Президенти Туркманистон бошад 2 - 3 ноябри соли 2017, 20 06.2018, 17.09.2021, 10 -11.05.2023, 14.09.2023 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафарҳои сатҳи гуногун ташриф оварданд.

Дараҷаи баланди муносиботи сиёсӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар сатҳи роҳбарони давлатҳо махсусан барҷаста аст. Сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба Туркманистон (солҳои 2007, 2014, 2018) ва сафари Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон (масалан, Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ва Сердар Бердимуҳаммедов) имконият фароҳам оварданд, ки ҳамкориҳои дуҷониба таҳким ёбанд. Изҳороти муштараки сарони ду давлат далели умумият дар мавқеъгирии сиёсии онҳо дар масъалаҳои байналмилалӣ мебошад. Сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон таҳти таъсири омилҳои ҷуғрофӣ, нақлиётӣ ва иқлимӣ қарор дорад. Аммо талошҳои пайваста барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ аз ҳар ду ҷониб ба амал омадааст. Масалан:

Дар соли 2022 гардиши мол байни ду кишвар беш аз 60 миллион доллари ИМА буд;

Ширкатҳои туркманӣ дар бозори Тоҷикистон, махсусан дар бахши нафту газ, нақлиёт ва маҳсулоти кимиёвӣ фаъоланд;

Ҳамкорӣ дар бахши энергетика, боркашонӣ, гузаргоҳҳои транзитӣ ва саноат дар ҳоли рушд қарор дорад.

Ташкили Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба танзими муносибатҳои иқтисодии дуҷониба мусоидат мекунад. Тоҷикистону Туркманистон таъриху фарҳанги муштарак ва робитаҳои этникӣ доранд. Бо вуҷуди он ки шумораи туркманҳо дар Тоҷикистон ва тоҷикҳо дар Туркманистон зиёд нест, давлатҳо дар самти табодули фарҳангӣ, фароҳам овардани шароити омӯзиши забон, табодули донишҷӯён ва баргузории рӯзҳои фарҳангии ҳамдигар ҳамкорӣ мекунанд. Яке аз масъалаҳое, муҳиме, ки айни ҳол дар сатҳи глобалӣ миёни давлатҳо матраҳ аст ин таъмини рушди устувор мебошад. Рушди устувори муносибатҳои давлатҳо дар қатори дигар масъалаҳо асосан вақти сафарҳои Сарони давлатҳо ба давлатҳои ҳамдигар муҳокима ва ба шакли ҳуҷҷатҳои расмӣ қабул мегарданд. Рушди устувор дар навбати худ бе робитаҳои густурдаи фарҳангӣ имкон надорад.

Бояд тазакур дод, ки дар Туркманистон ба адабиёти форсу тоҷик ҳамеша эҳтиром қоил буданд. Дар даврони Шӯравӣ шаҳрвандони Туркманистон ба асарҳои назмию насрии Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Бозор Собир, Мумин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, ки ба забони туркмани баргардон шуда буданд, ошноӣ пайдо намуданд. Муносибатҳои фарҳангии кишварҳо дар сатҳи баланд қарор дошта рӯзҳои фарҳангии давлатҳо баргузор мегарданд. Соли 2010 Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуданд. Моҳи июни соли 2013 дар Ашқобод ҳангоми расман оғоз ёфтани сохтмони роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон - Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон барпо гардид. Тоҷикистону Туркманистон дар доираи ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО), Созмони ҳамкории Исломӣ (СҲИ) ва Ҳаракати кишварҳои бетараф, ҳамкории фаъол доранд. Туркманистон бо сиёсати бетарафии доимии худ нақши муҳим дар суботи минтақа бозида, пешниҳоди ташаббусҳои дипломатии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро ҷонибдорӣ мекунад (ба монанди Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”). Тоҷикистон низ ташаббусҳои Туркманистонро дар масоили энергетика ва транзит пуштибонӣ мекунад.

Бо назардошти манфиатҳои муштарак ва иқтидори истифоданашуда, дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон мусбат арзёбӣ мегардад. Бахшҳои зерин метавонанд самтҳои афзалиятноки ҳамкории оянда шаванд:

Ø Инкишофи роҳҳои нақлиётӣ ва логистикӣ: ташкили роҳҳои транзитии мустақим тавассути қаламрави Афғонистон;

Ø Ҳамкории афзоишёбанда дар бахши гидроэнергетика;

Ø Сармоягузории муштарак дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати сабук;

Ø Таълими касбӣ ва табодули таҷриба дар самти технологияҳои нав;

Ø Ҳамоҳангсозии фаъолият дар масоили амниятӣ ва муқовимат бо хатарҳои муосир.

Муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар се даҳсолаи охир, бо вуҷуди мушкилоти ҷуғрофӣ ва иқтисодӣ, рӯ ба рушд буда, дорои заминаи устувори ҳуқуқӣ ва сиёсӣ мебошанд. Ҷонибҳо бо ҳусни тафоҳум, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва таваҷҷуҳ ба ҳамгироии минтақавӣ, метавонанд сатҳи ҳамкориҳоро ба марҳилаи сифатан нав бардоранд. Дар ин замина, тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва стратегӣ метавонад барои субот ва рушди устувори тамоми минтақа саҳмгузор бошад.

Зимни сафари Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов 2 -3 ноябри соли 2017 Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид. Имзои Аҳдномаи шарикии стратегӣ муносибатҳои ҳарду давлатро ба дараҷаи сифатан нав баврдошт.

10-11 майи 2023 Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар натиҷаи ин сафар миёни ҷонибҳо 24 санади нави ҳамкориро ба имзо расониданд. Дар қатори санадҳои ба имзо расида Эъломия оид ба тамъиқи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон низ қабул гардид, ки дар рушди муносибати дуҷонибаи байнидавлатӣ қадами калоне ба пеш буд.

4 августи 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок менамоянд. Сафари кории Президенти кишвар дар асл асоси устувори муносибатҳои сиёсии байнидавлатӣ аст. Он барои:

1. Таҳкими эътимоди сиёсӣ байни роҳбарони ду кишвар;

2. Баррасии рӯ ба рӯи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ;

3. Ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар созмонҳои байналмилалӣ, монанди СММ, ЭКО, СҲИ ва ғайра;

4. Дастгирии ташаббусҳои байналмилалии якдигар (ба монанди бетарафии Туркманистон ва ташаббусҳои обии Тоҷикистон); хизмат мекунад.

Сафари кории Президент метавонад заминаи рушди муносибатҳои иқтисодӣ бошад, аз ҷумла:

Ø Имзои созишномаҳои нави тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ;

Ø Баррасии барномаҳои муштараки саноатӣ, масалан дар бахшҳои энержӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноати сабук;

Ø Пешбурди ҳамкорӣ дар бахши нақлиёти транзитӣ, бо назардошти аҳамияти стратегии Туркманистон барои Тоҷикистон ҳамчун роҳи алтернативӣ ба баҳр (порти Туркманбошӣ);

Роҳандозии форумҳои тиҷоратӣ, ки бо иштироки доираҳои соҳибкорӣ метавонад робитаҳои тиҷоратиро густариш диҳад.

Дар доираи сафар метавон баргузории рӯзҳои фарҳанг, намоишгоҳҳои ҳунарӣ ва форуми ҷавонон, имзои созишномаҳо оид ба маориф, табодули донишҷӯён, омӯзиши забонҳои давлатӣ, пешбурди равобити байникориву илмӣ миёни донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ду кишварро интизор буд, ки барои наздик кардани мардумони тоҷику туркман мусоидат мекунад. Дар шароити ҷаҳони муосир, масъалаҳои амнияти минтақа, мубориза бо хатарҳои фаромарзӣ (терроризм, қочоқи маводи мухаддир), ҳамкориҳои соҳаи энергетика, интиқоли об, вазъи Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи хос қарор доранд. Дар доираи сафари Президенти кишвар имкони ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ дар масоили минтақавӣ фароҳам меояд, сиёсатҳои ҳамгироёна ба манфиати субот ва пешрафти тамоми минтақа таҳия мешаванд, роҳи боз кардани масирҳои транзитии нав аз Тоҷикистон ба Туркманистон тавассути Афғонистон баррасӣ мешавад.

Сафари кории сатҳи олии Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо ҳуҷҷатҳо ва созишномаҳои мушаххас анҷом ёбад, ки татбиқи онҳо натиҷаҳои зеринро ба бор меоранд - болоравии гардиши мол, рафъи монеаҳои маъмурӣ дар ҳамлу нақл, соддагардонии раванди ҳамкории соҳибкорон, афзоиши робитаҳои фарҳангӣ ва илмӣ, поягузории лоиҳаҳои муштараки стратегии дуҷониба.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон як фурсати сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии хеле муҳим ба шумор меравад, ки метавонад муносибатҳои ду кишварро ба сатҳи нав бардорад. Ин гуна сафарҳо на танҳо рамзи эҳтиром ва эътимод, балки абзори стратегӣ барои татбиқи манфиатҳои миллии ду давлат ва рушди ҳамгироии минтақа мебошанд.

ДАВЛАТОВ Зубайдулло, ходими калони илмии шуъбаи ИДМ -и

Институти омузиши масъадаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ