Дар шароити имрӯза, ки раванди сиёсигардонии дини ислом ва дар ин асос вусъат гирифтани радикализми динӣ, терроризму экстремизм, инчунин истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, бемориҳои сироятӣ, гармшавии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобии паёпай идома дорад, таъсири манфии омилҳои зикргардида ба ҷомеаи мо низ расида истодааст”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Равандҳо ва зуҳуроти мавҷудаи ҷаҳони муосир, на танҳо ба як кишвар ва ё минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра, таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалӣ ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавӣ дорад, терроризм ва экстремизм мебошанд, ки боиси таваҷҷуҳи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидаанд. Терроризм ва экстремизм айни замон ва дар оянда низ барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунанд.
Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як гурӯҳи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин, истифода мегардад.
Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, дорои хислатҳои ҷӯдоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезӣ буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад ва ҳарду комилан боиси хатари калони парокандагиву бесарусомонӣ мебошанд.
Маънои луғавии экстремизм ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона буда, маънои аз ҳад ва андоза гузаштанро дорад. Экстремизм метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Чуноне, ки Асогузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд.
Дар робита ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда, талош менамояд, то, ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, ҷиҳати тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Мақсади асосии санадҳо таъмини ҳифзи амнияти кишвар, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта, аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мебошад. Ба ин санадҳо ҳуҷҷатҳои зерин мисол шуда метавонанд:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999).
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба экстремизм" (соли 2020).
3. Фармони Президенти Ҷумурии Тоҷикистон Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм аз 21 апрели соли 1997, №707.
4. Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм барои солҳои 2000-2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст.
5. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ гардидааст.
6. Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст.
7. Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, №513 тасдиқ шудааст.
8. Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст.
Ҳамин тариқ, айни замон тамоюли ҳарчи бештар истифода бурдани асосноккунии фаъолияти терроризму экстремизм ба чашм мерасад, ки дар навбати аввал тавассути шабакаи умумиҷаҳонии Интернет, аз ҷумлаи шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ба монанди “Одноклассники”, “Фейсбук”, “Мой мир”, “В Контакте”, “Имо”, “Тик ток” ва ҳоказои дигар арзи ҳастӣ карда, шумораи аъзоёнашон садҳо ҳазор ва миллионҳо нафарро ташкил медиҳад. Яъне метавон қайд кард, ки шабакаҳои иҷтимоӣ имконият доранд, ки тавассути иттилоотӣ дар ихтиёрдошта ба шуури ҷавонон ва наврасон таъсири зиёд расонда, ҳамзамон бо роҳи фиребу қаллобӣ ва мағзшӯӣ, фикру ақидаи онҳоро ба дигар самт равона созанд.
Аз ин лиҳоз, мо ҷавононро зарур аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пос доштани арзишҳои маънавӣ, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, Истиқлолияти ватанамонро на танҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, рушди корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ҳамеша саҳмгузор бошем ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти мунтазами худ қарор диҳем.
Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат қайд кардаанд: “Дар қалбу шуури ҷавонон парвариш кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки устодону омӯзгорон, падарону модарон, зиёиён ва аҳли ҷомеа бояд ба онҳо, бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоянд.
Наврасону ҷавонони мо бояд дар чунин рӯҳияе тарбия ёбанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас буда, ҳифзи он барояшон қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург бошад. Бинобар ин моро зарур аст, ки дар замони ҷаҳонишавии босуръат бо ақли солими худ кор ва бо андешаву сабру таҳаммул рафтор намоем то, ки дар ҳифзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ободии ин сарзамини воқеан ҳам зебову биҳиштосо, таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб гузорем.
Самиев Муҳаммадбек нозири калони кадри Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”