Skip to main content
Ваҳдат ин ягонагӣ, баҳамойӣ, дӯстӣ, рафоқат, якдигарфаҳмӣ ва эҳёи давлату давлатдорист. Бале вақте, ки ин вожаи пурмазмуну пурмуҳтаворо кас мешунавад, пеши назар осоиштагию оромӣ ва хушҳоливу сулҳу салоҳ ҷилвагар мегарадад.

Дар давлати азизи мо Тоҷикистон ҳангоми сар задани кашмакашиҳову бесарусомониҳову фитнангезиҳои душманони миллату давлат фазои сулҳу суббот, оромиву осоиштагӣ мардумро ба пуррагӣ тарк карда буд. Халқи бечора орзу мекард, ва ҳамеша дар фикри он буданд, ки рӯзе фаро мерасида бошад, он сулҳу суботе, ки аз даст додаем, ба даст ояд ва дубора ба ватан ба хонаҳоямон баргашта, осудаҳолона бо пайвандону наздикон умр ба сар барем. Мардуми дилрешу ҷигархун, ки фирорӣ шуда ба давлатҳои ҳамсоя рафта буданд ва тамоми қаламрави ҷойгоҳи ҷангу ҷидолро даҳшати бекасию ноороми фарогир буд, мардум танҳо ва танҳо дар сар фикри амнияти ором дошту халос.

Ин даҳшату бесарусомонӣ ва беадолатиҳоро дар замони ҷангҳои дохилӣ тамоми қишри ҷомеа мушоҳида карда, ғаму ноумедиҳо онҳоро фарогир мешуду тамом. Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов дар ин масир мегӯяд: “Кӯчаҳои шаҳр чунон холӣ ва даҳшатангез буд, ки дар роҳҳои мошингард соатҳо мегузашт автомобилеро гузаштанашро мушоҳида накарда, ва фикр мекардем, ки мешудабошад рӯзе, ки роҳҳои мо пурмошин шавад, ё ин ки орзу мекардем, ки рӯзе фаро мерасида бошад, шодии кӯдакон, хандаи модарон, сулҳу оромӣ дар давлати мо ҳукумфармо шавад”.

Ҳамчунин ин қазияро шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар чунин ба риштаи назм кашидааст:

Як бори дигар ханда бар лаб мешуда бошад?

Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

Дар кашмакаши рӯзи фурӯзону шаби тор

Помолу фано зулмати шаб мешуда бошад?

Бале, фаро расид он рӯзе, ки мардум, халқи Тоҷикистон орзуяшро доштанд, шахсе, ки ҳастияшро барои оромии халқаш бахшидааст, нафаре, ки ҷони хешро барои ба даст овардани сулҳу суббот ва Ваҳдати миллӣ дареғ надошта, ба майдони ҷанг даромада бо мухолифин душманони давлату миллат барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуда, нахустин суханони хешро бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дарки амиқи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, халқпарварӣ баён намуда, мухолифинро барои ба ҳам омадан дустӣ, сулҳу суббот, (Оштии миллӣ) Ваҳдати миллӣ даъват намуд, ин Эмомалӣ Раҳмон буд!

Барои ба даст овардани ин неъмати бебаҳо дар он замони мудҳиш, ки ҳам дар давлати мо Тоҷикистон ва ҳам дар давлати ҳамсоя Афғонистон алангаи ҷанг фарогири сулҳу субботи ҳар ду кишвар буд, аз ин низоҳо ва хунрезиҳо наҳаросида Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон ба давлати ҳамсоя ба Афғонистон сафар кард.

Дар он ҷо бо мухолифин оштии миллӣ яъне имзои созишномаи сулҳро ба анҷом расонида, ҳамзамон бо фирориёни ватанамон вохӯрӣ анҷом дода, онҳоро баҳри баргаштан ба давлат яъне ба хонаҳояшон ва таъмини сулҳу оромии кишвар яъне фароҳам овардани Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизамон даъват намуд.

Дар вохурӣ бо фирориён Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, суханони пуарзише, ки дар таърих бо хатҳои заррин сабт шудаанд ва бо боварии комил метавон гуфт, ки ин суханҳо ҳаргиз қиммати хешро гум накарда, аз саҳифаҳои таърих пок нахоҳанд шуд, тавонист, ки мардумро ба ҳам оварда Ваҳдати миллиро пойдор кунад.

“Мақсади мо ба ҳам омадан, хотима бахшидан ба ин муборизаҳои хунин, сарҷамъ намудани халқ ва таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона аст”.

“ Ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунам, ба хонаҳоятон бар гардед як пора ноне, ки дорем бо ҳам мехӯрем”.

“Қабристонҳои нав пайдо шудаанд, солҳо мегузарад, мардум мегӯянд, ки ин қабристони гурезагони тоҷик аст”.

Ҳамин буд, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани ватани азизамон Тоҷикистон ва фароҳам омадани сулҳу субботи комил дар кишвар пешравиҳои зиёде рӯи кор омаданд ва мардуми сарбаланди тоҷик тавонистанд, ки таҳти сарварии Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ба як давлати воҳид ва тарақикардаву пешрафта мубаддал гардонанд.

Талошҳову заҳматҳои шабонарӯзии Президенти давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки мардумро сарҷамъ, кишварро обод, шароити будубошии мардумро беҳ гардонд ва ҳамин буд, ки халқ якдилона тарафдорӣ намуда, барои хизматҳои шоёнаш Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мушарраф гардониданд.

Дар куҷое ваҳдат аст, дар он ҷо ягонагӣ, якдилӣ, баҳамойӣ сулҳу суббот танинандоз аст ва пойдории ваҳдат аз маданияту маърифату донишмандии халқи ҳар як кишвар вобастагӣ дорад.

Саидов Алишер – ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ