Skip to main content

Ҳамасола 11 декабрро рӯзи байналмилалии кӯҳ гуфта, дар тамоми гушаву канори дунё ҷашн мегиранд. Ин рӯз нахустин бор соли 2003 бо тасдиқи созмони бонуфузи ҷаҳон, Созмони Миллали Муттаҳид ҳукми қонуни қабул кардааст, ки барои олимону муҳаққиқони самту соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва сайёҳону дигар шахсиятҳо рӯзи хотирмону таърихӣ пазируфта шудааст.

Ҳамагон медонем, ки кӯҳҳо қисми ҷудонашавандаи замин буда, барои тамоми инсонҳову набототу ҳайвонот чун обу ҳаво заруранд, чунки кӯҳҳо ин манбаи обанд ва бе об на инсонияту на ҳайвоноту на наботот арзи ҳастӣ карда наметавонанд. Аҳамияти қабули ин рӯз ба он нигаронида шудааст, ки ба масъалаҳои марбут бо рушди устувори кӯҳистон замина мегузорад.

Дар бораи иҳотаи кӯҳҳо дар рӯи замин маълумотҳо гуногунанд, мутобиқи як манбаъ 22% кураи заминро кӯҳҳо иҳота кардаанд ва мутобиқ ба маълумоти дигар 27 дарсади заминро кӯҳҳо иҳота кардаанд.

Дар Тоҷикистони мо бошад, 93 дарсади масоҳати умумии заминро кӯҳҳо иҳота кардаанд. Аз ин лиҳоз барои Тоҷикистони мо ин рӯз аҳамияти хоса дорад.

Муҳиммияти қабули рӯзи байналмилалии кӯҳ ба бисёр самтҳо алоқаманд аст:

- Кӯҳҳо манбаи обанд;

- Кӯҳҳо заминаи мувофиқ барои ҷойгиршавии пиряхҳоянд;

- Кӯҳҳо макони ҷойгиршавии ҳайвонот;

- Кӯҳҳо заминаи сабзиши олами наботот;

- Кӯҳҳо дорои захираҳои табииянд;

- Кӯҳҳоро метаво сарвати табии ҳар як давлат номид!

Кӯҳҳо дар низоми экологӣ мақоми марказӣ доранд. Кӯҳҳо таъминкунандаи зиёда аз 60 фоизи оби ошомидании ҷаҳон буда, маҳз минтақаҳои кӯҳӣ ба равандҳои гидрологӣ, иқлимӣ ва биогеохимиявӣ таъсири амиқ мерасонанд. Гуногунии ҳайвонот ва наботот дар экосистемаҳои кӯҳӣ ба устувории умумии табиат мусоидат карда, ҳамчун паноҳгоҳи биологӣ хидмат менамоянд.

Аз нигоҳи иҷтимоию иқтисодӣ, кӯҳистон барои миллионҳо нафар манбаи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Кишоварзии баландкӯҳ, чарогоҳдорӣ, ҳунарҳои мардумиву анъанавӣ, ҳамчунин имкониятҳои баланди сайёҳии экстримӣ ва фарҳангӣ ҷойгоҳи кӯҳҳоро дар иқтисоди кишварҳо тақвият мебахшанд.

Бо вуҷуди аҳамияти бузург, минтақаҳои кӯҳӣ ба як қатор мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ ҳастанд:

Обшавии пиряхҳо, камшавии захираҳои оби тоза, афзудани хавфи офатҳои табиӣ ҳама ин паёмадҳо тағйирёбии иқлиманд, ки бештар ба кишварҳои кӯҳӣ зарба мезананд. Тоҷикистон, ки минтақаи кӯҳӣ буда, зиёда аз 9000 пиряхро дар бар мегирад, аз ин раванд сахт осебпазир аст.

Дар баъзе деҳаҳову минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ дастрасӣ ба роҳ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар кӯҳистон дар баъзе ҳолатҳо мушкилиҳо пеш меояд, ки бо тадбирҷуиҳои Ҳукумати мамлакат чунин ҳолатҳо пешгирӣ карда, ин боиси муҳоҷирати аҳолӣ аз деҳоти баландкӯҳ мегардад.

Аз сабаби нобуди алтернативаҳои иқтисодӣ, аксарияти аҳолии кӯҳӣ ба истифодаи шадиди замин, буридани ҷангалҳо ва чаронидани аз ҳад зиёди чорво рӯ меоранд, ки ба таназзули замин ва камшавии гуногунии биологӣ оварда мерасонад.

Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки 93 фоизи ҳудуди он аз кӯҳҳо иборат аст, дар ташаккули сиёсати байналмилалӣ оид ба рушди устувори кӯҳистон нақши хоса дорад. Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаббуси "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва қабули қатъномаи “Ҳифзи пиряхҳо” дар СММ, мавқеи пешсафи кишварро дар ҳифзи муҳити кӯҳӣ нишон медиҳад.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дар назардошти минтақаи кӯҳи будани Тоҷикистон якчанд пешниҳодҳои муҳимми обу иқлим, ба созмони бонуфузи ҷаҳон, Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод карда шуд, ки хушбахтона қобили қабул пазируфта шуд.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари пиряхдор ва кӯҳистон ба масъалаҳои экологӣ таваҷҷуҳи махсус дорад. Барномаҳои ҳифзи пиряхҳо, идоракунии захираҳои об, рушди сайёҳии кӯҳӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Эълони “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” барои соли 2025 аз ҷониби СММ ба ташаббуси Тоҷикистон қабул гардид ва ин иқдом ба ҷаҳон паёми муҳим дар бораи зарурати ҳифзи экосистемаҳои кӯҳи расонд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯҳ конфронсҳои илмӣ, форумҳо, намоишгоҳҳо, аксияҳои муҳитзистӣ ва чорабиниҳои омӯзишӣ доир мегарданд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва ҷалби ҷомеа ба ҳаллу фасли мушкилоти кӯҳистон аст.

Хулоса, Рӯзи байналмилалии кӯҳ на танҳо як санаи ҷашнӣ, балки минбари муҳиме барои баррасии масъалаҳои ҳаётан муҳими экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои кӯҳӣ мебошад.

Рушди устувори кӯҳистон, ҳифзи пиряхҳо, фароҳам овардани имкониятҳои беҳтари зиндагӣ барои аҳолии баландкӯҳ ва истифодаи оқилонаи манобеи табиӣ — инҳо вазифаҳое мебошанд, ки ҳамкорӣ ва ҳамраъйии ҷомеаи ҷаҳониро талаб мекунанд.

Барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳнишин, таҷлили ин рӯз муҳимияти хоса дорад, зеро на танҳо масъалаҳои миллӣ, балки вазифаҳои умумибашариро фаро мегирад.

Саидов А. Ходими хурди илмии Шуъбаи география ва зондкунонии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон