Истиқлолияти давлатӣ неъматест, ки барои ҳар як миллат, давлат ва ҷомеа арзиши олӣ дорад ва омили асосии пешрафти соҳаҳои мухталифи давлат, аз ҷумла, маориф ва илм ба шумор меравад.
Мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизро таҷлил мекунанд. Барои ба даст овардани ин неъмати бузург мушкилиҳои зиёдро паси сар намуда, имтиҳони вазнини таърихиро гузаштанд ва дар ниҳоят ба эҳёи давлатдории миллӣ мушарраф гардиданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллие, ки имрӯз насиби мардуми Тоҷикистон гардидааст, натиҷаи заҳматҳои беназири Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Чунончи, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Дар замоне, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ пайкари Ватанро месӯхт, ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарӣ ва наҷоти давлат кори басе мушкил буд. Аз ин рӯ, вақте Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешуд, бисёриҳо на танҳо масъулияти сарварии давлат, балки ҳатто масъулияти роҳбарии вазорату идораҳои давлатиро низ ба зимма гирифтан намехостанд. Хушбахтона, дар натиҷаи талошҳои пайваста ва ҳимояти устувори мардуми шарифи кишварамон ба мо муяссар гашт, ки ин масъулияти муқаддасу таърихиро ба уҳда гирем ва давлатдории миллиро аз вартаи нестӣ наҷот диҳем». [1]
Презденти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ҳамасола чораҳои заруриро андешида, фармонҳо, қарорҳо ва дар маҷмуъ асосҳои меъёрию ҳуқуқии ин соҳаҳоро мукаммал ва ба шароити муосир мутобиқ мегардонад, ки ин ҳолат боиси рушди иқтисодиёти миллӣ мегардад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 августи соли 2014, № 255, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавӣ оид Шӯрои диссертатсионӣ», «Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор)» ва «Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда» №505 аз 26 ноябри соли 2016 ҳуҷҷатҳои замони истиқлол мебошанд, ки ҳимояи диссертатсияҳоро дар Тоҷикистон имконпазир гардонид.
Айни замон, тибқи Феҳристи ихтисосҳои кормандони илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм 564 ихтисос муқаррар шудааст, ки доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар самтҳои гуногуни илм имконпазир мегардонад. Аз таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 374 ихтисос мутахассис омода карда мешавад, ки сол то сол шумораи ҳимояи диссертатсияҳо аз рӯйи ихтисосҳои нодир бо ташкили ҳимояҳои якдафъаина зиёд шуда истодааст.
Тибқи маълумоти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол, дар назди муассисаҳои олии касбии кишвар 76 шурои диссертатсионӣ амал намуда, аз рӯйи 190 ихтисос диссертатсияҳо қабул ва баррасӣ карда мешаванд. Дар шуроҳои диссертатсионии амалкунанда аз соли 2017 то июли соли 2024-ум 2642 диссертатсия дар самтҳои гуногуни илм ҳимоя гардидаанд, ки маҳсули замони истиқлол ба шумор мераванд. Дар ин давра зиёда аз 611 диссертатсия аз ҷониби занҳо дар шуроҳои миллӣ ҳимоя шудаанд, ки дар даврони истиқлол дастоварди беназир мебошад.
Фазои озоди истиқлолияти илмӣ имкон фароҳам овард, ки дар ин давра зиёда 780 нафар ба гирифтани унвонҳои илмӣ сазовор гардиданд. Аз ҷумла, 76 нафар унвони илмии профессор ва 703 нафар унвони илмии дотсент.
Соли 2018 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 2 шурои диссертатсионии миллӣ фаъолият мекард, айни замон ин шумора ба 9 адад мерасад. Танҳо дар шаш моҳи соли равон 15 диссертатсия аз рӯйи самти илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ва 25 диссертатсия аз рӯйи самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ҳимоя гардиданд, ки навгониҳои илмиро метавон бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа истифода кард.
Баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва илмро аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварӣ ва афзалиятноки сиёсати дохилии худ эълон намудааст, зеро шахсони босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо, неруи тавонои зеҳнӣ ва кафили пешрафти давлату ҷомеа ба шумор мераванд.
Сармутахассиси Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи (PhD) – и назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аҳмадов Ф.М.
[1] Раҳмон Э. Уфуқҳои истиқлол. –Душанбе: “Ганҷ – нашриёт”, 2018. С.6-7.