Перейти к основному содержанию
Меҳргон чун Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёитабор мебошад. Агар Наврӯз оғози баҳор, оғози соли нав ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи Ҳамал бошад, Меҳргон оғози нимаи дувуми сол ва ё фасли тирамоҳ- ҳулули Хуршед дар бурҷи Мизон мебошад. Ин ду ҷашнро дар сарчашмаҳои қадимӣ ду қутби зиндагонии мардум муаррифӣ намудаанд, ки аз Наврӯз дар айёми баҳор шурӯъ гардида, дар замони таҷлили Меҳргон, яъне дар тирамоҳ ба анҷом мерасанд. Маънои калимаи “меҳргон” меҳр буда, дар аввал шакли “Митра”, яъне номи яке аз бузургтарин худоёни ориёиҳо будааст.

Ин ҷашн низ ба монанди Наврӯз ҷанбаҳои гуногуни таърихӣ, нуҷумӣ, динӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ дорад. Агар ҷанбаи таърихии он як зумра ҳодисаҳои муборизаи некӣ бар бадӣ, нур бар зулмот ва барқарор намудани адлу ростиро дар Эронзамин дар бар гирад, ҷараёни офариниши оламу ҷаҳоншиносӣ масъалаи нуҷумии онро фаро мегирад. Ҷанбаи оинии он бошад, ба пайдоиши дини меҳрпарастии ориёиён иртибот дорад, ки он дар асри XVIII пеш аз мелод дар канор ва соҳилҳои рӯдҳои Ҷайҳуну Сайҳун ба вуҷуд омада, то замони Ҳаҳоманишиён дар мамолики Шарқ фаъолона амал мекард ва бино ба маълумоти Ксенофонт ва Плутарх он ба сарзаминҳои Ғарб чунон босуръат интишор ёфт, ки ҳатто император Нерон онро расман қабул кард ва то асри IVмелодӣ ба Испанияву Англияву Франсия то сарзамини Скотланд нуфуз пайдо намуд. Танҳо император Константин барои интишори дини масеҳӣ тавонист, ки пеши роҳи нуфузи баъдинаи митраизм дар Ғарбро бигирад.

Дар хусуси пайдоиш ва суннатҳои ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеии ниёгони мо андешаҳои гуногун аст. Нахусутин андешаҳо перомуни ин масъала ба суннатҳои мардуми ориёитабор рост меояд, ки мувофиқи он мутобиқати ҳар рӯзи моҳро бо номи он ҷашн мегирифтанд. Маҳз дар ҳамин бора рисолаи махсусе бо номи «Рисолаи рӯзҳо» то замони мо расидааст, ки дар он шарҳи моҳияти рӯзҳои моҳ, аз ҷумла хосияти мутобиқати номи рӯз бо номи моҳ, ки сабаби ҷашн гирифтани он мегардад, баён шудааст ва бо сабаби мувофиқ омадани номи яке аз рӯзҳо ба номи моҳи Меҳр ба он пасованди «гон»-ро изофа намуда, “Меҳргон” гуфтаанд ва дар рӯзи 16-уми моҳи Меҳр, ки баробар ба рӯзи 8-уми моҳи октябри мелодист, ҷашн мегирифтанд.

Бояд қайд кард, ки гузаштагони мо дар хусуси ҷашни Меҳргон ба мисли Наврӯз ривоятҳои фаровон боқӣ гузоштанд, ки дар қисмати зиёди онҳо пайдо шудани Хуршед ё Меҳрро ба ин рӯз нисбат додаанд. Ҳамчунин, омадани фариштагон барои нусрати Фаридун дар набард бо Заҳҳоки морон ва пирӯзии Коваву партавафшонии дирафши ковиёниро низ ба айёми Меҳргон нисбат додаанд. Аммо собиқаи ин ҷашнҳои дерин ҳикоятгари он аст, ки мардумони ориёӣ қабл аз зуҳури Зардушт Наврӯзу Меҳргонро гиромӣ доштаанд ва ин ду ҷашнро, ки бартар аз замону ҳамаи андешаҳои динӣ будаанд, чун намое аз тавоноии Офаридагори ҷаҳон донистаанд ва дар асрҳои баъдӣ ин ҷашнҳоро хостаанд маъниҳои мазҳабӣ бахшанд. Ҳамин тавр, Меҳргонро бар қиёмат, ки охири олам аст, монанд карда, Наврӯзро бар растохез, ки рӯзгори бедории табиат ва одаму олам аст, монанд донистаанд.

Бояд қайд кард, ки Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ дар асари худ «Зайн-ул-ахбор» дар бобати идҳо маълумотҳои фаровон оварда, ҳар кадом идро бо рӯзҳояшон тасвир намудааст. Ӯ дар ин асари худ дар боби «Андар идҳо ва расмҳои муғон» бо ҷадвал ва тафсилот чунин баён намудааст: «Сухан андар маънии идҳои муғон ва аҷамиён гӯем ва падид кунам, ки ҳар иде ба кадом рӯз бошад ва рӯзҳои эшон. Ва он рӯзро андар ҷадвал овардам, ҳам бар он ҷумла, ки аз они арабиён гуфтам. Ва онро ба чаҳор ҷадвал андар овардам: нахуст адад (дудигар), ҷашнҳо ва идҳо. Ва ҷадвали се дигар андар рӯзҳои моҳҳои аҷамиён. Ҷадвали чаҳорум андар моҳҳои муғон" .

Дар ҷадвали тартибдодаи ӯ 31 ид номбар мешавад, ки дар байни онҳо Меҳргон низ ҷой дорад. Тибқи маълумоти он Меҳргон дар зинаи 16-ум қарор гирифта, ба 16-уми Меҳрмоҳ рост меояд. Пас аз ин, Ромрӯзи Меҳргони бузург дар зинаи 17-ум ҷой дода шудааст, ки ба 21-уми Меҳрмоҳ рост омадааст.

Гардезӣ дар ин асари худ дар боби «Андар шарҳи ҷашнҳо ва идҳои муғон» ҳар як идро шарҳ дода, сабабҳои ба вуҷуд омадан ва таҷлил намудани онҳоро зикр менамояд. «Муғонро ҷашнҳои фаровон будааст андар рӯзгори қадим ва ман он чӣ ёфтам, ин ҷо биёвардам, андар ин ҷадвалҳо ва акнун шарҳи сабаби ҳар якеро бигӯям ҳам бар он ҷумла, ки андар кутуб ёфтам» . Ӯ дар бобати Меҳргон мефармояд: «Ин рӯз Меҳргон бошад ва номи рӯзу номи моҳ муттафиқанд. Ва чунин гӯянд, ки андар ин рӯз Афридун бар Беварсап, ки ӯро Заҳҳок гӯянд, зафар ёфт, мар Заҳҳокро асир гирифт ва ба Дамованд бурду он ҷо ба ҳабс кард ӯро» . Ҳамчунин, дар шарҳи идҳо нисбат ба Ромрӯзи Меҳргони бузург чунин мегӯяд: «Меҳргони бузург бошад ва баъзе аз муғон чунин гӯянд, ки ин фирӯзии Афридун бар Беварасп ромрӯз будааст аз Меҳрмоҳ. Ва Зардушт, ки муғон ӯро ба пайғамбарӣ доранд, эшонро фармудааст бузург доштани ин рӯз ва рӯзи Наврӯзро» .

Меҳргон пеш аз аҳди Ҳахоманишиён дар аҳди Каёниён, ки дар боло аз қавли Фирдавсӣ зикр шуд, таҷлил мегардид. Аммо дар замони ҳукумати Сосониён ин ҷашн ҷалолу шукӯҳи тозае ба худ гирифт ва ҳатто дар аввалҳои даврони исломӣ низ Меҳргон он шаҳоматашро аз даст надода буд. Дар бомдоди рӯзи Меҳргон шоҳи Сосонӣ ҷомаи махсусеро, ки аз матои бурди яманӣ ва зарбофти гаронбаҳо дӯхта мешуд, ба бар карда, тоҷеро, ки тасвири Хуршед дошт, бар сар мениҳод. Дар толори бузург менишаст ва мардуми аз ҷойҳои дуру наздик омадаро мепазируфт ва ҳадяҳояшонро қабул менамуд.

Пас аз суқути давлати Сосониён бисёре аз расму русуми мардумони эронитабор аз байн рафт, ки аз миёни онҳо танҳо Наврӯз, Меҳргон ва Сада боқӣ монданд ва то ҳамлаи муғул (асри ХIII) ин ҷашнҳо дар дарбори шоҳон ва хулафо расм гардида буд.

Дар аҳди арабҳо ҳарчанд муборизаҳо ҷиҳати аз байн бурдани иду ҷашнҳои мардуми эронитабор сурат мегирифт ва бисёре аз онҳоро аз байн бурд, вале осори онро комилан маҳв сохта натавонист. Уммавиён бо вуҷуди душманӣ бо русуми миллии ғайриараб, аз ҷумла тоҷикон, чун расми ҳадя додани мардумро писандиданд, бо баргузории Меҳргон мухолифати ошкоро накарданд. Аммо Меҳргон дар радифи дигар ҷашнҳои миллӣ аз давраи Аббосиён, ки парвардаву баркашидаи мардуми Хуросон буданд, равнақи дигар гирифт. Халифа Маъмун (813-833) беш аз дигарон ба ҷашнҳову маросимҳои мардуми Хуросон таваҷҷӯҳ кард ва дар ин давра он бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷилил мегашт.

Меҳргон дар аҳди салтанати Тоҳириёну Саффориён ва Сомониён дар тақлид ба Бағдод таҷлил мегашт.

Зарринкӯб Абдулҳусайн дар асари худ “Таърихи мардуми Эрон” (аз поёни Сосониён то поёни Оли Бӯя) қайд менамояд, ки суннату русуми дарбори Бухоро бо рӯйи кор омадани Маҳмуд ба Ғазнин интиқол ёфт . Аз ҷумла, таҷлилу гиромидошти ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргону Сада дар дарбори Ғазна идома ёфт, ки аз нуфузи фарҳанги тоҷикӣ ҳикоят мекунад.

Таҷлили ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргонро амирони Ғазнин пуршукӯҳ баргузор мекарданд. Дарвозаи зиндонҳо боз мешуд, ба рӯйи бенавоён низ дари хайр мекушоданд ва ба онҳо инъому ҳадя нисор мекарданд. Дар ин рӯзҳо олимону шоирон даъват шуда, базму тараб меоростанд.

Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайн, ки рӯзгори салатанати Ғазнавиёнро китобат кардааст, дар асари худ “Таърихи Байҳақӣ” дар баробари дигар паҳлуҳои ҳаёти моддии он давр истиқболи Наврӯзу Меҳргонро дар аҳди Ғазнавиён тасвир намудааст. Тибқи гуфтаи Байҳақӣ дар рӯзҳои Наврӯзу Меҳргон шаҳру навоҳии ин давлат ҳадияҳои зиёди ҷашнӣ омада, таомҳои хоса тайёр мекарданд. Тибқи гуфтаи ӯ дар ин рӯзҳо маҷлиси шароб барпо шуда, занони пойкӯб ширкат ва шодиву базмороӣ мекарданд. Ба гуфти Байҳақӣ дар маҷлиси шароби амир ҳар кас наметавонист ширкат кунад ва ҳузур дар чунин базм барои аҳли дарбор ва мардуми ҷоҳталабу чоплуси он рӯзгор ифтихор буд ва ҳатто вақте Масъуд даъвати падарро барои ширкат дар маҷлиси шароб мешунавад, шодӣ мекунад. Маҳмуд ба писараш мегӯяд: «Навбате диранг кун, ки мо нишоти шароб дорем ва мехоҳем, ки туро пеши хеш шароб диҳем, то ин навохт биёбӣ. Амир Масъуд ба хаймаи навбат бинишасту шод шуд бад-ин фатҳ»

Тибқи иттилои Байҳақӣ Масъуд нахустин маротиба пас аз ба даст овардани тоҷу тахт ва банд кардани бародараш Муҳаммад Меҳргонро таҷлил кард, ки ин ба моҳи рамазони соли 421 (баробар бо августи соли 1031) рост омад. Байҳақӣ мегӯяд: «Рӯзи душанбе ду рӯз монда аз моҳи рамазон ба ҷашни Меҳргон бинишаст ва чандон нисорҳову ҳадяҳо ва турафу сутур оварда буданд, ки аз ҳадду андоза бигзашт». Аз ҳадяҳои фаровони волии ситампешаи Хуросон Абулфазли Сурӣ ҳикоят мекунад, ки ӯ «бениҳоят чизе фиристода буд наздики вакили дараш, то пеш овард». Байҳақӣ ҳадяву нисори сардорони дигар вилоётҳоро зикр менамояд. «Ҳамчунон вукалои бузургони атроф, чун Хоразмшоҳ Олтунтош ва амири Чағониёну амири Гургон ва вулоти Қусдору Макрон ва дигарон бисёр чиз оварданд ва рӯзе бо ном бигузашт» .

Абулфазли Байҳақӣ аз баргузории Меҳргони соли 1035, ки ба 22 сентябр рост меояд, ёдовар шудааст. Дар ин ҷашн тибқи расму оинҳои маъмул «нисорҳову ҳадяҳо оварданд аз ҳадду андоза гузашта. Ва пас аз намоз нишоти шароб кард ва расми Меҳргон ба ҷой оварданд сахт некӯ бо тамоми шароити он» . Тавре мушоҳида мешавад, шоҳиди он рӯзгор ибораи «бо тамоми шароити он» ҷашн гирифтани Меҳргонро махсус таъкид мекунад. Аз ин чунин бармеояд, ки Меҳргон дар шумори ҷашнҳои расмии давлати Ғазнавиён эътироф гардида, фурсате будааст барои нишон додани шукуҳу чалоли дарбор ва баҳона баҳри хуш гузаронидани айём.

Ҳамин тавр, Меҳргон дар салтанати Ғазнавиён бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегашт. Дар асрҳои миёна то ба ибтидои садаи ХХ ҷашни Меҳргон ҳамчун иди оммавӣ бо номҳои “Сайр” ва “Иди тирамоҳӣ” ҷашн гирифта мешуд. Устод С.Айнӣ дар асари худ «Ёдоштҳо» роҷеъ ба сайри Дарвешобод ва баргузории он, ки дар фасли тирамоҳ сурат мегирифт, маълумоти ҷолиб додааст. Мувофиқи шаҳодати ӯ сайри Дарвешобод одатан ҳар ҳафта рӯзи сешанбе пагоҳӣ сар шуда, рӯзи чоршанбе то чоштгоҳӣ давом мекард. Сайргоҳ дар тарафи ғарбии роҳи калоне буд, ки аз бозори гови Ғиждувон баромада ба тарафи Бухоро мерафт. Дар ду тарафи қитъа растаҳо бо бурё ва ходачаҳо дӯкончаҳои каппамонанд сохта буданд, ки баъзеи он дӯконҳо чойхона, баъзеашон ошхона, моҳипазӣ ва монанди инҳо будаанд. Дар зери деворҳо ҳар ҷо-ҳар ҷо мардум давра гирифта, бозиҳову саргармиҳо мекарданд. Дар баъзеи он давраҳо ғирғиракбозӣ, дар баъзеашон тасмабозӣ, дар баъзеи дигарашон қартабозӣ ва монанди инҳо буданд. Дар баъзе давраҳо маддоҳон мадҳия мехонданд, сарояндаҳо сурудхонӣ мекарданд, наққолону ровиён қисса мегуфтанд. Чун шаб фаро мерасид замони тарфбозӣ сар мешуд. Тарфҳоро, ки дар кӯза дуруст мекарданд, оташ дода ба ҳаво сар медоданд. Он мисли мушаку салютҳои имрӯза дар осмон шарорапошӣ менамуд. Фардои он рӯз дар майдони назди бозори гов мусобиқаҳои хартозӣ, яъне пойгаҳи харҳо ва тагалҷангандозӣ шурӯъ мешудааст .

Пас аз таҳлилу омӯзиши сарчашмаҳо ва дигар асарҳои роҷеъ ба иди Меҳргон бахшидашуда маълум мегардад, ки Меҳргон дар баробари идҳои Наврӯз ва Сада яке аз ҷашнҳои асосӣ ва қадимии мардумии ориёитабор буда, бар асоси тақвимҳои нуҷумиву мардумӣ ва мавсимии фарорасӣ аз идҳои дигар тафовут дорад, вале Меҳргон, Наврӯз ва Сада дар якҷоягӣ гардиши моҳро ифода мекунанд, ки Меҳргон оғози тирамоҳро нишон медиҳад. Ғайр аз ин, агар Наврӯз фарорасии соли навро нишон диҳад, Меҳргон фурӯравии он ҳисоб мешавад, ки ҳар ду дар якҷоягӣ як соли комили кишварзиро нишон медиҳанд. «Тақсими сол ба ду қисми баробар ва дар ду нуқтаи мушаххаси эътидоли баҳориву тирамоҳӣ дар бовариҳои омиёнаи мардуми тоҷику эрониву афғон ва соири кишварҳои ҳамҷавори онҳо аз замонҳои хеле қадим вуҷуд дорад». Ин ҷашни авлодии мо дар тӯли таърих ба сарзаминҳои Шарқу Ғарб доман паҳн карда буд. Аз таҳлили сарчашмаҳои дастрасшуда маълум гардид, ки яке аз маросимҳои ҷолиби Меҳргон дар дарбор шурӯъ шудани таҷлили он буд. Аксари муҳаққиқон қайд намудаанд, ки чун мазҳари ойини меҳрпарастӣ Хуршед буд, шоҳон бештар маросими тоҷгузории худро дар ин рӯз анҷом медоданд ва дигар тадорукоти муҳими давлатиро низ ба ҳамин рӯз мавқуф мегузоштанд. Масалан, ривоят аст, ки маросими тоҷгузории Анушервони Одил дар ҳамин рӯз сурат гирифт буд.

Таҷлили ҷашни Меҳргон дар замони Сосониён бо шукӯҳу шахомати хоса таҷлил мегашт. Тавре зикр намуда будем, ҳарчанд бо истилои араб бисёре аз идҳои мардуми ориёитабор дар сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр аз байн рафтанд ва ё дар гӯшаи фаромӯшӣ қарор гирифтанд, вале ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон мавқеи худро нигоҳ доштанд, балки таҷлили онҳо минбаъд ҳам аз ҷониби омма ва ҳам аз ҷониби сулолаҳои ҳукмрон идома ёфт. Дар даври Иттиҳоди Шӯравӣ бошад, ҳарчанд номе қариб аз Меҳргон боқӣ намонда буд, мардум ба ҷойи он «Иди ҳосилот»-ро таҷлил мекарданнд, ки ба тирамоҳ рост меомад.

Бо ба даст овардани Истиқололияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идҳои қадимии мардуми тоҷик дубора эҳё гардиданд. Аз ҷумла, имрӯзҳо Меҳргон низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар санаи 8-уми октябри соли 2011 таъкид намуданд, ки «Ҷашни Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад».

Меҳргон дар тӯли таърихи хеш дорои суннатҳои хоси худ буд. Аз ҷанбаҳои ҷашни иди Меҳргон оростани дастархони идона, шодиву сурур, тақдими ҳадяҳо, мусиқӣ ва овозхониро дар канори шеърсароӣ зикр намудан ба маврид аст. Мусиқидонон ба ин муносибат оҳангҳои ҷолиб сохта, ба ҳокимону шоҳон тақдим мекарданд. Дар давраи Аббосиён рақси раққосон, шеърсароӣ ва овозхонӣ, хӯрдани анор ва ҳафт намуди меваҷот, истифодаи гулоб аз суннатҳои Меҳргон буд, ки гӯё аз шоҳони Сосонӣ ба ҳокимони Хилофати Аббосиён мерос монда буд. Ин суннатиҳои иди Меҳргон то имрӯз боқӣ мондаанд.

Ҳамин тариқ, Меҳргон аз ҷашнҳои хеле бостонии мардумони ориёитабор маҳсуб ёфта, доир ба таърих ва ташаккули он дар осори таърихӣ тафсироти гуногун зикр ёфтаанд ва он дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Меҳргон боварӣ ва эътиқод ба иззати Меҳр ва ойинҳои меҳрӣ (митроӣ), ки пеш аз Зардушт дар Ҳинд ва Ирон вуҷуд дошта ба моҳи меҳр рост меомад. Баъди пайдо шудани тасавуроти асотирӣ оид ба Меҳр он ташаккул ёфта, дар миёни мардум маҳбубияташ бештар гардида, аз доираи устуравӣ ба як оини мукаммали Меҳр табдил ёфт. Сипас, ин ҷашн ба иди ҷамъбасти тамоми фаъолияти кишоварзон табдил ёфта, ба ин сифат дар масири таърих бо бисёр арзишҳои созандагиаш дар ҳаёти мардум ва кору пайкори онҳо таъсир гузошт.

Садаф Ҷангибекова унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ