Перейти к основному содержанию

“Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад”.
Эмомалӣ РАҲМОН


Мусаллам аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Чунки ин санади муқаддасу тақдирсози миллат кафили амният ва ҳамзамон сулҳу осоиштагии ҳар як сокини мамлакат маҳсуб ёфта, он инсонҳоро ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипар менамояд.

Лозим ба тазаккур аст, ки бо истифода аз ин санади муқаддас ва тақдирсоз, ки ҳамчун шаҳодатномаи иқболи миллат шинохта шудааст, тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро пеш мебаранд. Маҳз ҳамин қонун аст, ки озодии шаҳрвандон, ҳуқуқи таҳсил дар мактаб ва донишкадаҳои олиро ҳимоя менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлолу соҳибиқболи Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон шинохта шуда, он ҳамчун бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Пояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумии халқи мо бино ёфтааст.

Ин санади муҳимми тақдирсоз, давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба сӯйи комёбиҳои бузург раҳнамоӣ мекунад. Ҳамин тариқ, баъд аз қабули Конститутсияи худ Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ва кулли паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ як қатор пешравиҳои бузург ба даст овард.

Барои фароҳам омадани фазои осоиштаву босубот, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои манфиатбахши байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рисолати таърихии ин санади бебаҳои сарнавиштсоз ва олии ҳуқуқӣ маншаъ мегирад. Чунки Конститутсияи амалкунандаи кишварамон кафили сулҳ, якпорчагӣ, Ваҳдати миллӣ ва пойдориву таҷассумгари давлату давлатдории мо, барномаи амал ва зиндагии шоиставу раҳнамои ояндаи дурахшони мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёриву ҳуқуқӣ буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва арзиши олии миллату давлат ҳисобида мешавад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода шуда, аз ҷумла дар моддаи 5-уми он омадааст, ки: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Лозим ба тазаккур аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тимсоли шиносномаи давлату миллат маҳсуб ёфта, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: ”Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.

Ҳамин тариқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти ҳуқуқ, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, ки дар Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол дарҷ гардидаанд, аз ҷумлаи арзишҳои умумибашарӣ маҳсуб меёбанд. Тавре, ки шоир ба ин мазмун чунин гуфтааст:
Сатри қонун бод роҳи мову ман,
Рӯзи қонун бод ҳар рӯзи Ватан!

Раҳимзода Алишер номзади илмҳои математика, директори Инистути математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ.