Перейти к основному содержанию

(Бардошт аз Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ноябр 6, 2024 )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси тантанавӣ доир ба ин санади ҳаётан муҳим барои миллати тоҷик суханронӣ намуда, аҳамияти онро дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, давлатдории тоҷикон ва роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкидҳои барои пешрафти ҷомеа аҳамияти муҳим дошта иброз намуданд. Воқеан қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарнавишт ва роҳи ояндаи мамлакати моро муайян намуд. Ин нуқта дар сароғози суханронии Пешвои муаззами миллат бисёр возеҳу равшан баён гардид: "Дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки сарнавишт ва роҳи минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд.

Чунин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки мо имрӯз 30-юмин солгарди онро таҷлил менамоем".

Ин санади муҳими таърихи тавониста дар пойдории истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ, тараққиёт, пешрафти ҷомеа, шинохта гардидани Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон, ба роҳ мондани робитаҳои дӯстӣ, рушди фарҳангу маориф, илму технология ва тамоми дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузорад.

Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: "Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард". Албатта хуш ба ҳоли миллати тоҷик, ки Конститутсияи он заминаҳои ҳуқуқии истиқлол ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоияшро таҳким бахшидааст. Аз ин нуқтаи назар ки Пешвои муаззами миллат ба он ишора намуданд, дар тӯли 30 сол собит гардидааст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони таърих гузашта як санади боэътимоде баҳри пешрафту шукуфоии мамлакат мебошад.

Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ аз зарурияти қабули Конститутсия ва нақши Истиқлолияти давлатӣ дар қабули он ёдовар гардида, иброз намуданд, ки "Соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон зарурати дар сатҳи Конститутсия ба расмият даровардани давлатдории миллӣ, муайян намудани шаклу сохтори он, арзишҳои бунёдии ҷомеа, аз ҷумла мақоми шахс ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин асосҳои конститутсионии сиёсати хориҷии давлат ва арзишу принсипҳои ҷомеаи демократиро ба миён гузошт.

Маҳз истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзишмандтарину муқаддастарин неъмати зиндагии халқи Тоҷикистон ба қабули Конститутсияи соли 1994 замина гузошт".

Ҳамагон медонем, ки дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ бисёр вазъияти мураккабро ба миён оварда буд ва қабули Конститутсия дар чунин шароит кори саҳлу осон набуд. Аммо бо азму талошҳои шикастнопазири Пешвои миллат Комиссияи Конститутсионӣ ташкил гардида, тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати қабули ин санади сарнавиштсози миллат андешида шуд. Дар робита ба ин масъала Пешвои муаззами миллат иброз намуданд, ки "Дар он давраи мудҳиш таҳия кардани лоиҳаи Конститутсия кори осон набуд, вале масъалаи таҳияи қонуни асосии давлат ва ташаккули асосҳои конститутсионии давлатдории навин аз ҷумлаи заруратҳои муҳимтарини рӯз ба ҳисоб мерафт.

Яъне дар баробари барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳалли вазифаҳои тақдирсоз, аз қабили қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот, қонунияту тартибот ва сарҷамъ намудани мардуми кишвар ҳарчи зудтар таҳия ва қабул кардани Конститутсия яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа буд".

Он вақтҳо Пешвои муаззами миллат, ғамхори миллат дар масалаи қабули Конститутсия таъмин намудани осоишу оромии мардуми мамлакатро дар ҷои аввал ва яке аз масъалаҳои муҳим гузоштанд, ки имрӯз самараи нек ба бор овард. Мо насли хушбахти замони соҳибистиқлоли дар фазои озоду осоишта кору фаъолият менамоем.

Дар ин суханронии бебаҳои худ Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки "Ошкоро ва ҳаматарафа баррасӣ гардидани лоиҳаи Конститутсия, ба муҳокимаи мардум пешниҳод шудани он ва ниҳоят, аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия далели қатъии дар асоси меъёрҳои демократии аз ҷониби умум эътирофшуда қабул гардидани ин санади тақдирсоз мебошад". Воқеан мо мардуми хуштолеъ мебошем, ки дар қабули чунин як санади ҳаётан барои кору зиндагиямон муҳим саҳмгузорем. Маврид ба зикр аст, ки бо қабули ин санади тақдирсоз мардуми тоҷик ба орзую оромони худ расида, бори дигар собит намуданд, ки як миллати дорои фарҳанги бою пурғановат ва тавоно ҳастанд. Пешвои муаззами миллат аз хусусиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида иброз намуданд, ки "ғояҳои башардӯстонаи Конститутсия инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз фарҳанги ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории халқамон ва мероси бузургони таъриху фарҳанги миллатамон сарчашма мегиранд".

Бояд иброз намуд, ки Конститутсия дар баробари ҳуқуқу озодиҳо вазифа ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандонро низ бисёр одилона баён намудааст, ки барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мебошад. Ин санади муҳим ҳамаҷониба ба некӯаҳволии мардуми тоҷик равона гардида, ояндаи дурахшони фарзандони моро кафолат додааст. Пешвои муаззами миллат ин нуқтаи муҳимро дар суханронии худ чунин ёдовар гардиданд: "Дар баробари кафолати ҳуқуқу озодиҳо дар Конститутсия вазифа ва уҳдадориҳои шаҳрвандони Тоҷикистон низ муқаррар карда шудаанд.

Аз ҷумла мутобиқи моддаи 10-уми Конститутсия давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои кишварро риоя ва иҷро намоянд.

Ҳамчунин, мутобиқи муқаррароти моддаи 42-юми Конститутсия ҳар шахс вазифадор аст ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст".

Конститутсия, ки дар ҳаёти ҳар як шахс ва давлату миллат нақши муҳим дорад омӯзиш ва риояи талаботи он вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад. Вобаста ба ин масъала Пешвои муаззами миллат як чанд дастурҳои ояндасоз дар суханронии худ баён намуданд: "Бинобар ин, омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар давлати ҳуқуқбунёд масъалаи меҳварии ҷомеа мебошад ва аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа бояд амалӣ карда шавад.

Бо ин мақсад, зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиву маърифатӣ, шарҳу тафсири илмиву оммавии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бо иштироки олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мутахассисон ва дар ин замина ташкилу баргузор намудани барномаҳои махсус тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монда шаванд.

Аз ин лиҳоз, ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад".

Бояд ёдовар гардид, ки ба эҳтироми ин санади муҳими сарнавиштсоз соли 2024 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидааст, ки барои ҳар яки мо масъулияти бузург аст. Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ аз муҳимияти "Соли маърифати ҳуқуқӣ" низ ёдовар гардиданд.

Таъкидҳои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар яки мо дар тарғиби Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда, риояи қатъии онҳо масъулияти баланд талаб намуда, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва Ваҳдату ягонаги иҷрои вазифаи муқаддаси шаҳрвандиямонро саҳмгузор буданро водор менамояд.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонадони тоҷик ва тамоми тоҷикони дунё муборак бошад!

Ситора АБДУМУМИНЗОДА, Номзади илмҳои педагогӣ, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон