Перейти к основному содержанию

Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон, 11-12 ноябри 2024

Дар сиёсати бисёрҷанбаи бомуваффақияти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои сиёсӣ ва дипломатӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон мавқеи махсусро ишғол менамояд. Албатта, дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба муносибатҳои дӯстонаи шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев нақши муҳим доранд. Муносибатҳои самимии дӯстона дар рушду инкишоф ва самаранокии сафарҳои мутақобилаи сарони давлатҳо зоҳир мешаванд.

Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки сафари навбатии кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Озарбойҷон, ҷиҳати иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар таърихи 11 –уми ноябри соли равон аз нигоҳи рушди босуръати муносибатҳо хеле муҳим аст. 12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозӣ ва мизбонӣ мешавад, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон аз Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс бо мақсади муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об ва дар ин замина барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии кишвари мо ва ташвиқи сармоягузорон ба тақвияти ҳамкории муассиру босамар омода гашта буд, дидан намуданд. Дар дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки бо иштироки сарони 80 давлат ва Дабири кулли СММ дар Боку баргузор гардид, суханронӣ намуданд. Зеро ҷомеаи ҷаҳони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарм Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ташаббусгарии асосии масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об мешиносанд. Инчунин дар маросими кушодашавии Павилиони об барои иқлим иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим тавре маълум аст, дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор гардида буд, дар таърихи 11-уми ноябр озими Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд. Ин сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон боз як саҳифаи наве дар густариши муносибатҳои дуҷониба мебошад.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар 29 майи соли 1992 барқарор карда шудааст, ки барқарории муносибатҳои дипломатии ду кишвар аз имтиҳони сангин гузашта, се даҳсоларо паси сар намуданд. Дар ин давра миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар маҷмӯъ беш аз 70 санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки муносибатҳои дуҷонибаро ба танзим медароранд. Аз ҷумла, 15 марти соли 2007 “Созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон” ба имзо расидааст, ки яке аз ҳуҷҷатҳои поягузор ва калидии муносибатҳои сиёсии ду кишвар маҳсуб меёбад.

2 октябри соли 2006 дар шаҳри Душанбе сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон таъсис ёфта, пас аз як сол сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон ба фаъолият оғоз кардааст. Ҳамкориҳои дуҷонибаро муносибатҳои таърихии дӯстӣ, муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва ғайра зич алоқаманд мекунанд. Ҳамзамон имрўз муносибатњои Озарбойљон ва Тољикистон марњилаи баланди рушдро паси сар мекунанд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба соҳаи нақлиёту логистика, ҳамкориҳои саноатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳо мебошанд.

Дар густариши муносибатҳои сиёсию дипломатии ду давлати дӯсту бародар, муносибатҳои дӯстонаи шахсии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим доранд. Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев то кунун шаш маротиба аз Тоҷикистон дидан кардааст. Раисиҷумҳури Озарбойҷон дар соли 2023 ду бор ба Тоҷикистон сафар анҷом додааст. Аз ҷумла рӯзҳои 5-6 апрели соли 2023 ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом дода, дар ҷаласаи Шӯрои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 14 сентябри соли соли 2023 дар Душанбе баргузор шуд, ба ҳайси ягона меҳмони фахрӣ бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 ноябри соли 2023 барои ширкат дар нишасти сарони давлату ҳукуматҳои Барномаи вижаи СММ барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ – СПЕКА ба Озарбойҷон сафар кори анҷом дода буданд. Инчунин дар таърихи 22-23 – уми майи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари корӣ анҷом доданд. Зимни сафари мазкур 14 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии 700 млн доллари амрикоӣ дар бахшҳои гуногун бо иштироки сарони ду давлат ба имзо расиданд. Ҳамзамон, Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба имзо расид, ки марҳилаи нави ҳамкориҳои мутақобилан судмандро барои густариши робитаҳои сиёсӣ – дипломатии ду кишвар боз кард.

Тавре дида мешавад, Тоҷикистон ва Озарбойҷонро равобити таърихӣ ва муносибатҳои сатҳи баланде, ки дар солҳои истиқлолият ба вуҷуд омадаанд ва ба таъбири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “муносибатҳое, ки аз санҷиши замон гузаштаанд, ба ҳам мепайвандад”.

Дар баробари ин, раҳбарони ҳарду кишвар тасмим доранд, ки ҳамкориро ба сатҳи боз ҳам баландтар расонанд. Ба ин маъно, сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон ба рушди минбаъдаи муносибатҳо ва расидан ба ҳадафҳои гузошташуда мусоидат хоҳад кард.

Сафарҳои тарафайн барои вусъати босуръати ҳамкорӣ имкониятҳои муҳим ба вуҷуд меоваранд. Сафари давлатии Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон низ ба таҳкими ҳамкориҳои кишварҳо ва манфиатҳои миллию иқтисодии дуҷониб буд.

Искандар ШАРИФОВ, ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон