Перейти к основному содержанию

Баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллати моро роҳбаре насиб гашт, ки бо кирдору амалҳоиволою ҳамидаи хеш тавонист мардуми парешонгаштаи тоҷикро муттаҳид сохта, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор намояд ва оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш созад.Аз ин рӯ, санаи 16 ноябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст ва мо ҳамасола рӯзи 16-уми ноябрро ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн мегирем. Мақсад аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳимми давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа худ шурӯъ намудааст. Ин рӯзи таърихӣ чун таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад.

Таҳлилҳо аз далолат менамоянд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ таҷлил намудани «Рӯзи Президент» ё «Сарвари давлат» ба ҳукми анъана даромада, дар давлатҳои пешрафтаи дунё «Рӯзи Президент» ҷашн гирифта мешавад. Аз ҷумла, дар Қазоқистон (1 декабр), дар ИМА (душанбеи сеюми моҳи феврал), дар Исландия (14 май), дар Британияи Кабир (8 июн ҳамчун «Рӯзи Малика») ва дар дигар давлатҳо чунин ҷашн роҳандозӣ гардидааст. Аз ин рӯ, таҷрибаи байналмилалӣ дар баргузории «Рӯзи Президент» собит менамояд, ки муқаррар намудани ин ҷашн аз корнамоиҳои шахсиятҳои таърихӣ ва сиёсӣ, ки ба бунёди низоми давлатдорӣ ва эҳёи ниҳоди президентӣ замина гузоштаанд, вобаста мебошад.

Баргузории «Рӯзи Президент» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дошта, дар бунёди ниҳоди президентӣ ва ба ин васила дар ташаккули давлати соҳибихтиёр ва демокративу ҳуқуқбунёд заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ гузоштааст. Инчунин идоракунии шакли президентӣ ба мо барои вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун бунёди давлати соҳибистиқлол сулҳ ва ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварда, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мусоидат намудааст.

Зеро саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти Тоҷикистон бағоят бузург буда, номи ӯ дар баробари сарварони эътирофшудаи миллии ҷаҳонӣ, чун Ҷорҷ Вашингтон, Авраам Линколн, Мао Тсез Дун, Уинстон Черчилл, Маҳатма Гандӣ, Шарл де Голл, Махатхир Муҳаммад, Мустафо Камол, Франклин Рузвелт, Ли Куан Ю, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ ва дигар давлатмардони сатҳи байналмилалӣ меистад. Ёдовар шудан аз ин сиёсатмадорони номдор дар қаринаи нақши шахс дар таърихи давлату давлатдорӣ тасодуф нест, зеро, ки эшон барои миллату давлати хеш хидматҳои барҷастаеро анҷом додаанд. Онҳо натанҳо мақому нақши ҷаҳонии кишвари худро тақвият бахшида, ҷаҳиши стратегиро дар иқтисод, иҷтимоиёт, сиёсат ва фарҳанг барномарезӣ ва амалӣ намудаанд, балки дар шароити хеле мураккаб ва тақдирсоз тавонистаанд роҳи саҳеҳ, роҳи расидан ба ормонҳои инсониву миллии ҳамватанони худро дарёфта, ҳамчун нерӯи муттаҳидкунандаи давлату миллат дар густариши идеяҳои ваҳдатофарин ва ояндасоз нақши муассир гузоранд.

Ба ҳамин маънӣ, дар садаи ХХ мардуми кишварҳои мухаталифи олам, Шарл де Голл - президенти Фаронса, Мутафо Камол - раҳбари Туркия, Уинстон Черчилл - сарвазири Британияи Кабир, Маҳатма Гандӣ - пешвои миллии Ҳиндустон, Франклин Рузвелт - президенти ИМА, Махатхир Муҳаммад - роҳбари Малайзия, Ли Куан Ю - сарвазири Сингапур, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ - асосгузори Покистон, Дэн Сяопин - раҳнамои мардумии Чин ва дигаронро чун пешвои миллӣ – шахсиятҳои баргузидаи миллатсоз мешиносанд. Ин сарварон, аз як сӯ дар замони худ, дар заминаи иттиҳоди миллат, пешрафти давлат ва кишварашон ба муваффақиятҳои бузург расида, аз сӯйи дигар, барои рушду такомули миллати худ дар замонҳои баъд заминаи устувор ва ҷиддӣ муҳайё сохтаанд. Ҳамин хизматҳои эшон дар назди халқу ватан аст, ки ин сарварони миллӣ соҳиби обрӯву эътибори байналмилалӣ гардидаанд. Гуфтан ба маврид аст, ки миқёси фаъолияти онҳо маъмулан аз доираи кишварҳояш берун баромада, ташаббус ва тадбирандешиҳои байналхалқии ин роҳбарон ба пешрафти кишварҳои дигари ҷаҳон низ таъсири мусбат бахшидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аз зумраи чунин давлатмардону сиёсатмадорон барои мардуми тоҷикистонию минтақаи Осиёи Марказӣ дар миқёси байналмилалӣ мебошад.

Ҳамин тавр, тӯли солҳои сипаригашта, дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким ёфт ва ҳисси ватандӯстии тамоми қишрҳои ҷомеа афзуд. Президенти кишвар аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бо такя ба хиради волои хеш ва равиши сиёсати «дарҳои кушода» бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона, ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд ва бо як қатори онҳо робитаҳои шарикии стратегиро барқарор намудаву минбаъд онҳоро таҳким бахшид. Бо боварии том гуфта метавонем, ки сулҳу ваҳдат дар мамлакат пояҳои устувор дорад ва дар кори боз ҳам пойдору устувор гардонидани дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд. Ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистонро зарур аст, ки ин дастовардҳоро ҳифз намуда, дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳмгузор бошад. Аз ҷиҳати таҳлили сиёсӣ маълум аст, ки яке аз омилҳои ба сулҳу субот нарасидани кишварҳои ҷангзада, ин вуҷуд надоштани лидери сиёсӣ дар ин ҷомеаҳо мебошад. Асоси пойдории сулҳу амнияти Ватан ва осудагии халқу кишвари мо Пешвои миллат аст, ки ба шарофати ин родмарди асил имрӯз мо зиндагии осуда дорем ва идҳову ҷашнҳои кишварро бо хотири ҷамъу болида таҷлил мекунем.

Таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ – ин ҳама бо азму иродаи қавӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Пешвои маҳбуби миллат поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад. Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд. Пешниҳодҳои созандаву саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони шевою ширини тоҷикӣ дар масъалаҳои гуногуни глобалӣ боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон гаштааст.

Раиси олимони ҷавони Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ Миршариф Маҷидӣ