Перейти к основному содержанию

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Порвени Ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70 мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба ин муносибат дар саҳни таълимгоҳ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, омӯзгорон,сокинони деҳа ҷамъомад баргузор шуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, таъкид дошт, ки ин бинои замонавии муассисаи таълимӣ, ки дар муддати се моҳ бо сифати хуб, шароити замонавии таълим, гармидиҳии мутамарказ бо ҷалби беш аз чор миллион сомонӣ маблағҳои буҷети вилояти Суғд аз ҷониби бинокорони ширкати сохтмонии “СУ- 3” сохта шуд, далели боризи ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маориф ва ояндаи насли ҷавон аст.

Иттилоъ дод шуд, ки ба муассиса як маҷмӯъ компютер ҳамчун тӯҳфаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.

Бинои нави муассисаи таълимӣ дорои 12 синфхона ва ҳуҷраҳои маъмурӣ буда, дар он 320 нафар дар ду баст ба таълим фаро гирифта мешаванд.