Перейти к основному содержанию

Онҳо, ки зи бахт подшоянд,

Ақли кулли сояи Худоянд.

Яке аз дастовардҳои замони истиқлолияти давлатию сиёсии Тоҷикистон, ба арсаи сиёсӣ омадани инсони ватандӯсти асил, фарҳанггарою таҳаммулгаро, созандаю бунёдкор, некандешу хайрандеш, инсони басо, дурбину дилогоҳи миллат, Президенти кишвари азизамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд.

Ба бахти тоҷикон Худованди меҳрубон ӯро ҳамчун ватандӯст, башардӯст, инсонгаро ва арбоби сиёсӣ ба арсаи сиёсат овард ва нақши ин шахсияти беназири тавоною бузург дар хушбахту хушҳол гардидани мардуми дар ҷанги шаҳрвандӣ азияткашидаи тоҷик ва дар рушди ҳамаҷонибаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ниҳоят бузургу беҳамтост.

Мавлоно Абураҳмони Ҷомӣ сипосандешагиро ҷавҳари асосии инсони асилу комил пиндошта дар замири инсонҳо вуҷуд доштани онро таманно намудааст:

Замирамро сипосандеша гардон,

Забонамро ситоишпеша гардон.

Сипосандешагии Сарвари давлатамон дар ҳақи Ватан, ватандӯстони асил фидоёни Ватан, фарзандони барӯманду содиқи Ватани азизамон ва бо унвони қаҳрамонӣ сарфароз гардонидани устод Садриддин Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум барои тамоми мардум ва ҷавонони кишвари мо намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин аст.

Фаъолияти хирадмандонаю шуҷоатмандона ва фидокоронаю содиқонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷот додани давлати тоҷикон аз парокандашавӣ, барқарору пойдор намудани сулҳу ваҳдат, созандагию бунёдкорӣ, аз нав ободу зебо кардани кишвари харобгаштаи азизамон ва гузоришу суханрониҳо, дастуру тавсияҳои вобаста ба тарбияи насли наврас дар руҳи ватандӯстӣ - худшиносию худогоҳии миллӣ корнамоиҳои ибратбахш буда, сазовори ҳазорон таҳсину сипосгузории мардуми ҷумҳурии мо мебошад.

Рисолаи таърихии Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва асарҳои зиёди дигари эшон аз ҷумла, “Чеҳраҳои мондагор” баёнгари самимияту садоқати бепоёни эшон ба ватани азизамон буда, фурӯзонгари худшиносию худогоҳии миллии мост.

Президенти азизу гиромиқадр ва қадршиноси кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷанги шаҳрвандӣ бо дастёбӣ ба сулҳ, субот ва ваҳдати миллии комил дар ҷомеаи тоҷик, дар барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ва амният, таъмини бозгашти гурезагон аз хориҷа ба Ватан, қабули Конститутсияи нав ва татбиқи истилоҳоти сиёсию иқтисодӣ саҳми тақдирсоз ва таърихӣ гузоштааст.

Корномаи ҷасурона ва қаҳрамононаи Пешвои миллат дар он давраи душвор, бешубҳа, сазовори сипосгузорию ситоиш буда, шоистаи боварии эътимодноки тамоми ҷомеаи ҷаҳон аст. Сарвари хирадманди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон калиди роҳнамои ваҳдати миллиро дар фарҳанги миллӣ ёфт, аз ҷумла сухан-забонро яке аз рукнҳои ваҳдати миллӣ пиндошта, ба рушду такомули он ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлат ба назар мерасад. Далели он дастуру супоришҳои доимии Пешвои миллат дар бобати рушди забони тоҷикӣ ва асари илмии бунёдии эшон “Забони миллат - ҳастии миллат” мебошад.

Пешвои миллат, Сарвари азизу ғамхори мардуми кишвари мо маҳз ба туфайли хизматҳои бузургу хайрхоҳонааш ва амалҳои хирадмандонаю бунёдкоронааш маҳбуби ҳамагон гаштааст.

Бинобар ин, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бароямон рӯзи ифтихормандӣ, фараҳмандӣ, шарафмандӣ ва рӯзи ёдкарди хизматҳои басо бузургу шоистаи Пешвои миллати мо мебошад.

Зиҳӣ, эй шоҳу эй Пешвои миллат,

Наҷотбахши Ватан аз чоҳи зиллат,

Бувад умрат чу умри Хизр ҷовид,

Ба умри худ набинӣ дарду иллат.

Сурурӣ

Солеҳҷон Собирҷонов, номзади илми филология, ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ