Давлат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад намуда, тавассути василаҳои гуногун шинохту муаррифии он роҳандозӣ карда мешавад. Шахсиятҳои шинохтаи таърихӣ, дастовардҳои бузурги фарҳангию дорои моҳияти умумибашарӣ, зарфиятҳои табиию иқлимӣ, захираҳои бойи табиӣ ва ғ. метавонанд дар шинохту муаррифии давлат нақши босазо дошта бошанд. Дар ин радиф нақш ва мақоми шахсиятҳои сиёсӣ махсусан муҳим аст. Тавассути нуфузу обрў ва мавқеи устувори сиёсию ташаббускории онҳо миллатҳо ва давлатҳо муаррифӣ мешаванд. Ин масъала дар замони муосир аҳаммияти хос пайдо намудааст. Ҳамин аст, ки муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон дар баробари дигар масъалаҳо ба масъалаи ташаккули обру ва эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Дар симои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз ҷаҳониён Тоҷикистонро мешиносанд.
Обруву эътибори байналмилалии давлат яке аз омилҳои калидӣ ва таъсиргузор дар ташаккули хисси худшиносию худогоҳӣ, махсусан ҳувияти миллӣ мебошад. Имрўзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили ифротгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои трансмиллӣ, масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ, таҳкими сулҳ ва ғ. саҳми назаррас доранд.
Ташабусҳои Пешвои миллат аз ҷониби СММ дар саросари ҷаҳон пазируфта шудаанд. Тибқи ин ташабусҳо соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018-2028 «Даҳсолаи об барои рушди устувор» ва соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21 - март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардида, дар заминаи он хазинаи боэътимоди махсус барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзоиши бошиддати низоъҳои мусалаҳонаро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба назар гирифта, санаи 23 сентябри соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорк, зимни суханронии хеш дар Ҳамоиши байналмилалии «Саммити Оянда» пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси СММ “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.
Ин пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар хотима додани низоъҳои гуногун дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон буда, хоҳони аз байн бурдани пайомадҳои нангини онҳо мебошад. Пешниҳоди навбатии роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани обруву эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат расонида, бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон кишвари сулҳдўст ва миллати тоҷик миллати сулҳпарвар аст. Боварии комил дорем, ки пешниҳоди навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби давлатҳои аъзои СММ бо як иттифиқи орро пазируфта мешавад.
Хулоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули обруву эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷуҳи махсуси хешро равона намудаанд. Ташаккули обруву эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хирадмандонаи пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Муродов С.А. – номзади илмҳои сиёсӣ, мудири Шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АМИТ