Перейти к основному содержанию

Бунёди давлати соҳибистиқлол барои халқи бузурги тоҷик аз ҷумлаи дастовардҳои беназир дар тӯли таърих мебошад, ки натиҷаи талош, ҷонисориҳо, иттиҳод ва фидокориҳои ин халқ аст. Расидан ба истиқлолияти комили сиёсӣ, имкониятҳои фарохро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёдкориҳо, рушд ва созандагӣ ба миён овард. Истиқлолияти давлатӣ барои ба вуқӯъ омадани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон заминаҳои устувор фароҳам овард. Соҳибихтиёрии давлатӣ ба мардуми тоҷик дар масири таърих бори дигар имкон дод, ки баъд аз қарнҳо ба эҳёи дубораи давлатдории миллӣ шурӯъ намояд. Вале мутаасифона солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мо натавонистем, ки ин неъмати бебаҳоро ба таври дахлдор ҳифз намоем.

Ҳодиса ва воқеаҳое, ки бо назардошти омилҳои гуногун ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта дар рӯзгори ҷомеаи Тоҷикистон ба миён омадаанд, кишварро ба гирдоби ҷанги тахмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Вазъияти мазкур боиси ба бӯҳронҳои шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гирифтор шудани тамоми самтҳои фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ гардид. Авзои онрӯзаи Тоҷикистон то ба ҳадде пешгӯинашаванда ва мурраккаб буд, ки хатари парокандашавии миллат, заволи давлат ва ба қисматҳо ҷудо гардидани ҳудуди Тоҷикистон пеш омада буд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ зарурати андешидани тадбирҳои қатъӣ бобати хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳам овардани миллати тоҷик, баргардонидани гурезагони иҷборӣ ва рӯ ба сӯйи корҳои созандагӣ ҳидоят намудани шаҳрвандони мамлакат ба миён омадаанд.

Дар ҳамин росто баргузории Иҷлосияи тақдирсоз XVI-уми Шӯрои Олӣ заминаҳои мусоиди интихоби роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва қабулу қонуну санадҳои меърии тақдирсозро асос гузошт. Муҳимтарин дастоварди бузурги ин иҷлосияи таърихӣ интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди бонангу номус ва вафодори миллат, далеру шуҷоъ, покзамиру нексиришт ва ҳуввияти баланди миллидошта ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ дар ҳоле ҳокимиятро ба даст гирифт, ки халқи тоҷик дар ҳолати яъсу ноумеди қарор дошта, умед ба сӯи фардои ҳаёт норавшан буд. Вазифа ва ҳадафҳое, ки пешорӯ меистоданд, пойдории давлати соҳибистистиқлоли Тоҷикистон, таҳмини ҳар чи зудтари сулҳу субот, нигоҳ доштани якпорчагӣ ва давлати мустақили тоҷикон маҳсуб мешуданд. Эмомалӣ Раҳмон дарк менамуд, ки аз иҷроиши қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини воқеии волоияти қонун, пойдории қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, фаъолити босамари мақомоти давлат, анҷом додани ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеа гардид.

Аз рӯзҳои аввали кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарки маъсулияти баланди шаҳрвандӣ барои тақдири минбаъдаи давлати Тоҷикистон эҳсос мешуд. Дар Иҷлосия санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо дар бораи авфи умуми гурезагон, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони худро аз даст додаанд, инчунин беш аз 70 қонуну қарорҳои дахлдор қабул шудаанд, ки минбаъд барои мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии ҷумҳурӣ, волоияти қонун,фаъолияти мунтазами мақомоти давлат, аз он ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, заминаи боэътимод гузоштаанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомоти пайдарпайи роҳбарияти сиёсии дар Иҷлосияи интихобгардида, барои хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа, таҳкими ҳокимияти давлатӣ,тақвияти Истиқлолияти давлатӣ ва бунёдкориву созандагӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузоштанд.

Ҳанӯз дар рафти Иҷлосия, алалхусус дар боромадҳои Сарвари нави давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои асосӣ ва стратегии давлати Тоҷикистон, аз ҷумла арзишҳои пазируфташудаи фарҳанги ҳукуқӣ муайян шуданд. Эъмори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявӣ ташкили ҳокимияти нави давлатӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, амнияти ҷомеа ва давлат,зиндагии арзандаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ, ривоҷи соҳибкорӣ ва шаклҳои дигари фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, гузаштан ба низоми нави сиёсӣ, фаъолияти озоди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, волоияти қонун, риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ, сиёсати хориҷӣ дар асоси эҳтироми принсипҳои аввалиндараҷаи ҳуқуқи байналмиллалӣ, пеш аз ҳама,дахолат накардан ба кори ҳамдигар ва эҳтироми манфиатҳои тарафайн дар маҷмӯъ аз ҷумлаи он арзишҳои ҳуқуқӣ буданд, ки ҳанӯз дар рафти фаъолияти Иҷлосияи XVI Шурои Олии мамлакат эълон шуда будаанд.

Ҳамин тариқ қабл аз қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ бо ташаббуси бевоситаи Раиси он Эмомалӣ Раҳмон бунёди давлати ҳуқуқбунёди демократӣ чун самти стратегии инкишофи минбаъдаи кишвар муайян мешавад.Ин ғоя дар матни КонститутсияиҶумҳурии Тоҷикистон соли 1994 сабт гардид.

Аввалин маротиба дар масири таърих шаҳрвандони Чумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо намудаанд, ки аз тариқи раъйпурсии умумиҳалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул намоянд. Кабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 уми ноябри соли 1994 яке аз арзишмадтарин ва нодиртарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибихтиёрии давлатӣ ба шумор мервад. Конститутсияи Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян кардааст. Мувофиқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷрои (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мурраттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байнамиллалии Тоҷикистон мебошад.

Бори нахуст рӯзи 16 -уми ноябри соли 1994 дар вазъияти идона дар хусуси шурӯъ ба иҷрои вазифа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд намуд, ки тамоми ҳастиву фаъолияти хешро барои рушду пешрафти давлати Тоҷикистон, таъмини шароити зиндагонии арзандаи ҳар фард, ҳифзи сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мебахшад.Гузашти солҳо собит намуд, ки дарвоқеъ Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати бобарор, хирадмандонаву дурандешонаи хеш бо дарназардошти манфиатхои миллӣ барои рушду пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хизматҳои беназирро анҷом дод. Ин ҳама сулҳ, ваҳдат, ободӣ, рушд, амният, ҷовидонагии давлати миллии мо натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаи муҳими тақдирсози таърихи навини халқи тоҷик мебошад.

Ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмиллалии ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда, масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр пешбини шуд. Ҳамин тариқ лоиҳаи мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд. Ба ин хотир ҳар сол мардуми шарафманди тоҷик 16 уми ноябрро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд.

Воқеан хизматҳои шахсияти беназири Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷикон, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқарроркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.

Мо бояд дар роҳи таҳкими ниҳоди президентӣ гомҳои фаротар гузошта, аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи он, рушду инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талошҳо намоем. Бо назардошти иқдому ташаббусҳои созандаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, оромиву субот, сарҷамии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, қабули қонунҳои миллӣ, бо азму иродаи қавӣ ва устуворона иброз менамоем, ки ӯ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва поягузори низоми навини давлатдорӣ ва ҳуқуқии миллии Тоҷикистон мебошад.

Алиназаров Кифоят Ғуломназаровна ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиноси ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ