Перейти к основному содержанию
Тоҷикон аз зумраи миллатҳои қадимтарин маҳсуб мешаванд, ки дар гузаштаи басе тӯлонии таърих ба ҳайси гурӯҳи этникии соҳибтамаддун ва дорои ҳувияти хосси фарҳангӣ маъруф гардидаанд. Шояд аз ҳамин хотир аст, ки манобеъи таърихӣ бештар аз вижагиҳои фарҳангии онҳо қиссаҳо навишта, онҳоро чун нахустин бошандагону сокинони Осиёи Марказӣ муаррифӣ намудаанд. Бо унвони “Тоҷикон” дар садаи XX бархе аз ховаршиносон асарҳо таълиф намуда, таърихи кӯҳан ва муосири миллати моро ба риштаи таҳқиқ кашидаанд. Бавижа, ховаршиноси маъруф В. В. Бар- толд очерки таърихии худро таҳти унвони “Тоҷикон” нашр намуда, он ҷо муътақид аст, ки ориёиҳои қадим нахустин сокинони минтақа будаанд. Қабл аз ӯ, А. Шишов низ номи асари хешро “Тоҷикон” номгузорӣ карда, он ҷо тазаккур медиҳад, ки “тоҷикон қадимтарин кишоварзони хитта мебошанд. Онҳо дар ин амр муаллими ҳамаи қавмҳои дигар буданд” [6].

Устод Айнӣ бобати маънии луғавии “тоҷик” иктифо намуда, дар очерки таърихии худ таҳти унвони “Маънои калимаи тоҷик” ба аксар ховаршиносон ва муҳаққиқони Осиёи Марказӣ хитоб менамояд. Пасон, академик Бобоҷон Ғафуров асари мукаммали таърихиро навишта, онро бо унвони “Тоҷикон” мунташир месозад. Маҳз ҳамин китоб ва нақши муаллифи он дар ин мақола мавриди баррасӣ қарор гирифта, омилҳои таълифи шоҳасар таҳқиқ хоҳад шуд.

Бидуни донистани таърихи мардуми худ сохтани ояндаи миллӣ ғайриимкон аст. Таърихи башар гувоҳӣ медиҳад, ки халқи тоҷик аз қадимулайём ба унвони мардуми созандаву бунёдкор шинохта шудааанд ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома медиҳанд. Китоби “Тоҷикон”, ки муаллифаш Қаҳрамони Тоҷикистон мавриди арзёбӣ шудааст, намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва чунонки муҳаққиқон зимни пажуҳиш хулоса кардаанд, ин шоҳасар безавол буда, минбаъд ҳам умри ҷовидонӣ хоҳад дошт. Дар он таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст. Асари мазкур аз муқаддима ва 6 фасл иборат буда, аз таҳқиқи асри санги қадим (палеолит) дар минтақа оғоз мегардад. Минбаъд мо баррасии илмии давраи мезолиту неолит ва асри биринҷиро мушоҳида карда, эҳсос менамоем, ки гузаштагони мо аз даврони бостон маскуни ин сарзамин будаанд. Махсусан, сарлавҳаҳое чун “муборизаи халқи тоҷик бо аҷнабиён” авомили дифоъ ва ҳифзи давлатдории миллиро исбот менамоянд.

Бобоҷон Ғафуров дар баробари омӯзиши таъриху тамад- дун ва фарҳанги миллӣ ба масъалаи гирдоварӣ ва эҳёи нашри бузургтарин ганҷинаи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекард. Вай ҳанӯз солҳои сӣ ба омӯзиши ин мавзуъ шуруъ намуда, соли 1952 дар мавзуи “Таърихи халқи тоҷик” рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Асарҳои ӯ дар нашрияҳои гуногуни байналмилалӣ ба табъ расида, ба бисёр забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Ин як далели раднопазир аст, ки ки- тоби “Тоҷикон” аз шоҳасарҳои таърихи миллӣ маҳсуб меша- вад ва дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеаи тоҷикон мавқеи хеле муҳим дорад. Ин асар ба забонҳои инглисӣ, ҷопонӣ, лаҳи- стонӣ, чинӣ, арабӣ ва фаронсавӣ тарҷума шуда, бо таваҷҷуҳ ба муҳтавои асар дар заминаи мадракҳои таърихӣ таърихи тоҷикон аз аҳди бостон то садаи XX дар он инъикос ва таҳқиқ шудааст. Китоби аввал аз чаҳор фасл иборат буда, фасли авва- ли он ба тавсифи сохти ҷамъияти ибтидоӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Фасли дувум наёгони моро зимни ташак- кул ёфтани муносиботи ғуломдорӣ баррасӣ мекунад. Фасли савум бобати сарнавишти таърихии Осиёи Миёна дар давраи пайдоиши муносиботи феодалӣ нақл менамояд. Фасли чаҳо- рум вазъияти Осиёи Миёнаро дар давраи инкишоф ва барқа- роркунии сохти феодалӣ матраҳ сохта, китоби дувум фаслҳои панҷуму шашумро дар бар гирифтааст. Фасли панҷум таъ- рихи халқи тоҷикро дар оғози садаи XVI дар бар карда, ин таҳқиқи илмиро то нимаи қарни XIX идома медиҳад. Фасли шашум бошад, аз густаиши муносиботи копиталистӣ оғоз гардида, ба вижагиҳои ҳамроҳшавии минтақа ба импероту- рии Русия иттихоз ёфтааст.

Аввалан, лозим ба ёдоварист, ки таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китоби мазкур бағоят бузург асту нақши ховаршиносро бобати омӯзишу таҳқиқи осор ва таърихи ниёгон зарур медонанд. Гузашта аз ин, мавсуф дар таълифоти хеш ба шахсияти академик Бобоҷон Ғафуров баҳогузорӣ намуда, саҳми ӯро дар татбиқи фарҳанги миллӣ дар шароити муосир воҷиб донистаанд. Масалан, китоби “Тоҷикон” бо дастуру ибтикори Пешвои миллат дар соли 2020 аз нав нашр гардида, ба ҳар хонаводаи тоҷик аз номи Сарвари давлат тақдим гардид. Илова бар он, таҳти унвони “Шиносномаи миллат” мақолаи Сарвари давлат оид ба муаррифии ҳақиқати таърихӣ чун пешгуфтор ба асар ҷой дошта, дар он омилҳои таълифи асар ва нақши он дар илми ховаршиносии шуравӣ баррасӣ шудаанд. Бинобар қавли номбурда, академик Бобоҷон Ғафуров дар асари мазкур алайҳи аксар консепсияҳои ховаршиносони қаблӣ баромад карда, равиши илмии хешро пешниҳод менамояд: “Дар бахши таҳлили таърихи давраи истилои муғул академик Бобоҷон Ғафуров консепсияи комилан, нав ва илмии мактаби таърихнигории шуравиро пеш мегузорад, ки аз назарияи пешниҳодкардаи гурӯҳе аз шарқшиносони шинохта, аз ҷумла, академик В.В. Бартолд фарқи куллӣ дорад. Ӯ дар асоси манбаъҳои дақиқи маъхазшиносӣ ва бо далелҳои илмӣ хулоса менамояд, ки истилои муғул ба мардуми ориёинажод зарбаи ҳалокатовар зад ва боиси харобиву таназзули ин минтақаи пешрафта гардид. Оқибати фоҷиабори истилои муғул, ба ақидаи донишманд, пешрафти минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаро ба муддатҳои бисёр тӯлонӣ ақиб партофт” [3, с. 13].

Пешвои миллат дар таълифоти вижа таҳти унвони “Чеҳраҳои мондагор” бобати ховаршинос ва китоби ӯ “Тоҷикон” таваққуф намуда, дар ду мақола ба фаъолияти илмии академик Бобоҷон Ғафуров баҳогузорӣ мекунанд. Мақолаи аввал бо унвони “Фарзанди фарзонаи миллат” саҳифаҳои 329-335-ро дар бар гирифта, истифода аз таҷрибаи пурғановати донишманд дар даврони соҳибистиқлолиро мавсуф баррасӣ менамояд: “Вазъи имрӯзаи илму техникаи ҷаҳонӣ тақозо дорад, ки мо ба ин масъала аз мавқеи соҳибистиқлолӣ назар андозем ва дар ин бобат аз таҷрибаи Бобоҷон Ғафуров ҳарчи пурсамар истифода карда, соҳаҳои наву замонавии илму техникаро дар ҷумҳурӣ инкишоф диҳем. Бо вуҷуди мушкилоти имрӯза Ҳукумати ҷумҳурӣ ба инкишофи соҳаҳои нави илму фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Зеро бе равнақи илму фарҳанг рушди минбаъдаи ҷомеаи мо амри муҳол аст. Инкишофи тамаддун ва равнақи илму фарҳанги мо дар оғози асри XXI ба неруи офарандаву созанда ва ақлу заковати ҷуяндаву навовар аз ҳарвақта бештар ниёз хоҳад дошт. Чунки асри XXI асри дастовардҳои бузурги истиқлолу худшиносӣ, асри имтиҳону озмоишҳои мушкили созандагиву бунёдкорӣ, асри рушду камол ва эҳёи илму фарҳанги тоҷикон хоҳад буд” [7, с. 330].

Ба қавли Пешвои миллат, дар замони шуравӣ, ки ҳама гуна равандҳои хештаншиносии миллӣ саркуб гардида, имкони баррасӣ ва таҳқиқи аққалиятҳои миллӣ қобили қабул набуд, даст задани донишманд ба омӯзиши сарнавишти миллат аллакай қаҳрамонӣ шинохта мешавад: “Дар он даврае, ки ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирифта буд ва ҳама гуна кӯшишҳои худшиносии миллӣ саркуб мешуданд, аз ҷониби роҳбари мақоми аввали ҷумҳурӣ даст задан ба омӯзиши мавзуи тақдири таърихии миллати тоҷик худ як қаҳрамонӣ буд. Ин асар шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро такмил дод ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳ бахшид” [7, с. 331].

Соли 1947 роҷеъ ба таърихи тоҷикон аз ҷониби Бобоҷон Ғафуров асаре бо номи “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” мунташир ёфт. Дар ин китоби пурмуҳтавою васеъманзар муҳаққиқ бо далелҳои раднопазир илман исбот кардааст, ки тоҷикон қадимтарин халқи бумии Осиёи Миёна мебошанд. “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” аз зумраи асарҳоест, ки дар авроқи он саҳифаҳои хираи халқи тоҷик инъикос шуда, бо ин васила муаллифи он бунёдгузори илми тоҷикшиносии ватанӣ маҳсуб мешавад. Барои бештар муаррифӣ кардани таърихи халқи тоҷик муаллиф ин асарро соли 1949 бо забони русӣ ба табъ мерасонад, ки баъдан солҳои 1952, 1955 бо тавзеҳу иловаҳо боз ду маротибаи дигар бо ин забон чоп мешавад. Бо ин васила ҳам нуфузи нигоранда афзун ва ҳам доираи мутолиакунандагонаш аз ҳисоби хонандагону муҳаққиқоне, ки забони русиро хуб балад буданд, васеъ мегардад.

Зимни баррасии аҳаммияти таърихию таҳқиқии “Тоҷикон”, Пешвои миллат ибораҳои сарнавиштсозе аз қабили “шоҳасари безавол”, “шиносномаи миллат”, “китоби рӯйимизӣ” ва амсолашонро истифода намуда, омилҳои ба унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” ноилгардии донишмандро дар ҷасорату маҳорати олимонаи ӯ мебинад: “Китоби “Тоҷикон” барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо дар ҳақиқат такони ҷиддие гардид. Маҳз аз ҳамин хотир ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан - “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд. “Тоҷикон” воқе- ан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад” [7, с. 334].

Бобоҷон Ғафуров бо таълиф намудани асари худ “Тоҷикон” ба ҳамаи фарҳангсозии тақаллубӣ ва таърихсозию бузургтарошии сунъии бархе аз пажуҳишгарони таърих нуктаи интиҳо гузошта, аҳли ҷомеаро водор намуд, ки зимни баррасии таърих бидуни далелу нуктасанҷӣ ҳарф назананд. Бо ҳамин далел, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи дувуми хеш, ки “Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ” ном дошта, саҳифаҳои 336-343-ро дар бар кардааст, иқрор мекунад, ки донишманд бо санаду далоили таърихӣ исбот намудааст, ки тоҷикон дорои таърихи тӯлонӣ ва фарҳангу адаби пурғановат ҳастанд: “Академик Ғафуров бо овардани садҳо далелу бурҳони қотеъ ва дар асоси ҳазорҳо сарчашмаву манбаъҳои асил собит намуд, ки миллати фарҳангсоз ва тамаддунофари тоҷик ба таҳрифи огоҳонаи таърих ё ба ибораи дигар, таърихсозӣ ва бузургтарошӣ умуман ниёз надорад. Зеро ин миллат соҳиби таърихи тӯлонӣ ва фарҳангу адабиёти пурғановат мебошад, ки ҳатто бо шинохту ошноии мухтасар нақши онро дар тамаддуни ҷаҳонӣ эҳсос кардан мумкин аст ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст” [7, с. 338].

Дигар пажуҳиши хос бобати нақши академик Бобоҷон Ғафуров дар илми ховаршиносии муосир, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик” мебошад, ки моҳи ноябри соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик баргузор шуда буд. Зимни суханронӣ Пешвои миллат аз таълифоти гуногуне, ёдоварӣ мекунанд, ки академик бобати ошкорсозии баъзе паҳлуҳои ноаёни таърихи миллӣ сахткӯш будааст: “Ӯ дар марҳалаи нави рушди илму фарҳанги тоҷик риштаи тоҷикшиносиро густариш бахшид, ки аввалин падидаи дурахшони он эҷоди асари бунёдии “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” мебошад. Ин асар бори аввал соли 1947 дар шаҳри Душанбе ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Арзиши баланди илмии китоби мазкур ҳамчун дастоварди илми таърихшиносии тоҷик дар он ифода меёбад, ки се маротиба - солҳои 1949, 1952 ва 1955 ба забони русӣ дар Москва ба нашр расидааст” [5].

Ба қавли Сарвари давлатамон, аҳаммияти илмии шоҳасари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров дар он ифода мегардад, ки бинобар татбиқгардии раванди ҷаҳонишавӣ ҷиҳати худогоҳии миллӣ ин асар беҳтарин маводи омӯзишӣ хоҳад буд: ““Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри ХХ-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд. Аҳаммияти ин асар имрӯз, яъне дар шароити вусъати рӯзафзун пайдо кардани паҳлуҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ барои худшиносиву худогоҳии миллии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон ва тавсеаи тафаккури таърихии онҳо торафт меафзояд” [5].

Воқеан, шоҳазари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров имкон фароҳам овард, ки ҷаҳониён тавассути он дар шинохту баррасии тоҷикон пешгом шуда, гузаштаву имрӯзи миллати моро амиқан дарк намоянд. Чунончи, Сарвари давлатамон дар ин бобат таваққуф намуда, чунин изҳор мекунанд: “Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ дар шоҳасари худ исбот намуд, ки миллати фарҳангиву тамаддунофари тоҷик бо доштани чунин таърихи пурифтихор, мероси ғании илмиву адабӣ ва анъа- наву арзишҳои асилу пурбор ҳаргиз ба таърихсозӣ, яъне таҳрифи огоҳонаи таърих ва афзалиятхоҳиву бузургтарошии бебунёд эҳтиёҷ надорад. Арзиши ба- ланд ва таҳлилу таҳқиқи фарогири илмии ин асар аз ҷониби маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ ба таври сазовор истиқбол ва эътироф гардид” [5].

Академик Бобоҷон Ғафуров бо таълиф намудани китобе ба унвони “Тоҷикон” исбот мекунад, ки Осиёи Марказӣ аз овони бостон сарзамини тоҷикон, буда, дар оинаи таърих набардҳои аҷдодони ин миллатро бобати ҳифзи ин сарзамин аз ғасби бегонагон мушоҳида мекунем. Номбурда дар аксар баррасиҳо дидгоҳҳои илми таърихро бознигарӣ намуда, мутобиқ ба далоил ва манобеи таърихӣ ҳақиқати таърихиро ошкор месозад. Таърихи минтақа тибқи маохизу мадракҳои бостоншиносӣ ва сарчашмаҳои хаттӣ аз ин далолат мекунад, ки қадимтарин маскунони Осиёи Марказӣ ақвоми эронинажод аз қабили суғдиёну бохтариҳо ва марғиёну хоразмиҳо будаанд. Аммо масъалаи баҳспазир дар асари мазкур ин нест, балки тавассути кадом роҳҳо кӯчидани тоифаҳои ҳиндуэронӣ аст, ки бобати он байни ховаршиносон ақидаҳои мухталиф вуҷуд дорад. Ба қавли Бобоҷон Ғафуров, аксар донишмандон аҷдоди тоифаҳои мухталифи ҳиндуэрониро то замони азҳамҷудошавӣ ба таври гуногун баррасӣ намудаанд. Бинобар ин, баъзе ховаршиносон андешаи аз Осиёи Миёна кӯчидани гурӯҳи ҳиндуориёиро ба Ҳиндустон инкор карда, муътақиданд, ки тоифаҳои эронӣ на аз шарқ, яъне аз Осиёи Миёна, балки аз шимол тавассути Қафқоз ба сарзамини Эрон ворид шудаанд: “Тибқи чунин мулоҳиза, онҳо изҳори ақида менамоянд, ки дар ҳазораи II пеш аз милод тоифаҳои эронӣ ё қисми онҳо дар ҷанубу шарқи Европа умр ба сар бурдаанд. Дар ин маврид ҳам муътақиданд, ки қисми дига- ри тоифаҳои эронӣ он вақтҳо дар Осиёи Миёна ва ноҳияҳои ҳамсояи шимолии он сукунат дошта, гуза- штагони ҳиндуориёиҳо ба Ҳиндустон аз Осиёи Миё- на омадаанд. Аммо чанде аз олимони дигар ақидае доранд, ки гӯё тоифаҳои эронӣ аз тарафи Қафқоз ба Эрон омада, сипас, аз ҳамин ҷо ба маҳалҳои ҷануби Назди Урал ва дигар вилоятҳои Осиёи Миёна рафта- анд (Ф. Алтхайм, К. Йеттмар)” [3, с. 55].

Омили асосии нуфуз доштани асар дар миёни уламо баррасии ҳамаҷонибаи масоили матраҳшуда маҳсуб мешавад. Бобоҷон Ғафуров дилхоҳ мавзуъро зимни таҳқиқ аз чандин дидгоҳ баррасӣ намуда, сипас, фикри қобили қабулро изҳор менамояд. Ин гуна баррасиро зимни таҳқиқи Ҳайтолиён метавон мушоҳида кард, ки муаллиф афкори таҳқиқии чиниву ҷопониҳоро мисол оварда, пасон, андешаи қобили таваҷҷуҳро матраҳ месозад: “Дар сарчашмаҳои гуногун Ҳайтолиён, ғайр аз номи “гуннҳои сафед”, боз номҳои бисёре доранд (ки худи ҳамин боиси мушкилоти калон аст). Дар маъхазҳои суриёнӣ номи онҳо абдол ё эпталит; дар маъхазҳои юнонизабон абдел ё эфталит, дар маъхазҳои арманӣ ҳаптал, идал ва тетал; дар забони миёнаи форсӣ ефтол ва ҳефтол, дар забони арабӣ ҳайтал ва яфтал; дар забони тоҷи- кию форсӣ ҳетал ва ҳайтал, дар маъхазҳои хитоӣ е-да (талаффузи қадимияш ^ер-1а1) ва е-диен (талаффузи қадимияш ^ер-1 ^еп). Ғайр аз ин, бояд гуфт, ки дар маъхазҳои паҳлавию зардуштӣ онҳоро хиёниён, дар ҳиндӣ хуно номидаанду маъхазҳои арабӣ онҳоро бо таркҳо ва маъхазҳои арманӣ бо Кушониён омехта кардаанд” [3, с. 237].

Дигар масъалае, ки дар китоби “Тоҷикон” пайваста инъикос мешавад, мавзуи ғасби сарзамин ва муқовимати тоҷикон ва соири сокинони минтақа бо ғосибон мебошад. Дар воқеъ, сарзамини мо дар тӯли ҳаводиси таърихӣ ба истилои ақвоми бодиянишину саҳрогарду аҷнабӣ бештар мубтало гардида, дар заминаи муқовимат бо бегонагон корнамоиҳои фарзандони нексиришти он баррасӣ шудаанд. Чунонки аз манобеъ маълум аст, аҷдоди тоҷикон алайҳи ғосибони Мақдунӣ таҳти сарварии Спитаман, бар зидди арабҳои истилогар таҳти сарварии Ғураку Диваштак, алайҳи истилои муғул бо раҳбарии Темурмалик ва ғайра муқовимат намудаанд. Махсусан, муқовимати Ибни Муқаннаъ алайҳи ғосибони араб лозим ба ёдоварист, ки пайравонашро сафедҷомагон ном мебурдаанд. Бобоҷон Ғафуров нигоҳи душманонаи аксар муаррихони асримиёнагиро ба ашхоси муқовиматкунанда таъкид намуда, хотирнишон месозад, ки исёни Муқаннаъ ормонҳои табақаи заҳматкаши Хуросону Мовароуннаҳрро дар бар мегирифтааст: “Агар дар марҳилаи аввал баъзе гурӯҳҳои ашрофияи Суғд аз наҳзати Муқаннаъ пуштибонӣ карда бошанд, пас дар марҳилаи дуюм онҳо аз тарси вусъати ҷунбиши халқ, комилан, ба тарафи хилофат гузаштанд. Аммо табақаҳои васеи барзгари Суғд торафт бештар ба сафи муборизон дохил мешуданд” [3, с. 371].

Бинобар ин, Сарвари давлати тоҷикон зимни суханронии хеш бобати 115-солагии ховаршинос чунин ақидаро изҳор мекунад, ки овардани онро қобили қабул медонем: “Ҳадафи Бобоҷон Ғафуров аз нашри ин китоб ва асарҳои минбаъда ба ҷаҳониён собит намудани ин ҳақиқати илмӣ буд, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои дунё буда, дар раванди рушди тамаддуни башарӣ нақши басо арзишманди таърихӣ бозидаанд” [5].

Азбаски ховаршиноси шинохтаи тоҷик зимни баррасии ҳаводиси таърихӣ ва таҳқиқи давраҳои мухталифи таърихӣ дар асари хеш ба аксар манотиқи курраи Замин рӯ оварда, аксар аҷдоди миллатҳоро мавриди пажуҳиши илмӣ қарор додааст, дилхоҳ давлат тасмим гирифтааст, ки асарро бо забони худ тарҷума кунад. Ҳанӯз дар даврони шуравӣ китобро бо забонҳои гуногуне тарҷума кардаанд ва ҳоло бо тасмиму ҳидоятҳои Сарвари давлатамон раванди тарҷимаи он бо забонҳои дигар татбиқ мегардад. Масалан, дар санаи 4 ноябри соли 2024 зимни сафари Пешвои миллат ба Кувайт ин масъала баррасӣ ёфта, тарҷумаи китоби “Тоҷикон” бо забони арабӣ матраҳ гардид ва муаррифӣ шуд, ки китоб воқеаҳои таърихиро дар пояи сарчашмаҳо баррасӣ намудааст. Чунки таҳрифи таърих қобили қабул набуда, умри он ҳам кӯтоҳ мебошад. Бинобар ин, аксар таърихнависон, ки бинобар омилҳои гуногуне ба таҳриф намудани ҳақиқати таърихӣ рӯ овардаанд, дер боқӣ намонда, зуд аз хотираи одамон зудуда мешаванд.

Маҳз ҳамин ҳақиқатнигории муаллиф буд, ки пас аз интишори китоб бағоят шуҳрат ёфту он ҳангом ҳар фарди соҳибмаълумот аз растаҳои китобфурӯшӣ асари мазкурро пурсон мегардид. То кунун аҳаммияти илмии китоб боқӣ монда, ҳанӯз ҳам таваҷҷуҳи олимонро ба худ ҷалб мекунад, чунки таълифи асар тибқи таҳқиқи ҳамаҷониба сурат пазируфта, ҳодисаҳои таърихӣ дар он тибқи истифода аз муқоисаи афкори ховаршиносон ва ҷамъбасти муаллифи асар баррасӣ мешаванд.

Ширин Қурбонова - доктори илмҳои таърих Муовини КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ