Перейти к основному содержанию

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин ва шинохтатарини миллии тоҷикон буда, таърихи чанд ҳазорсоларо дар бар мегирад. Масъалаи офариниш ё пайдоиш дар тамоми ҷомеаҳои аз сар гузаронидаи инсоният яке аз масъалаҳои мубрам ва пурбаҳс дар ҷомеа ба шумор рафтаву ҳануз ҳам идома дорад.

Мавзӯи офариниш бо бедор шудани табиат иртиботи мустақим ва ногусастанӣ дорад. Наврӯз, ки ба унвони аввалин рӯзи офариниши табиат дар тақвими эронӣ ҷойгоҳе воло дорад, бидуни тардид ёдгории яке аз куҳантарин боварҳои қавмҳои ориёӣ мебошад, ки фалсафаи зуҳураш ба бисёре аз қавмҳои дуру наздик таъсири амиқ гузоштааст. Тасвиби ин рӯз ба унвони яке аз ҷашнҳои байналмилалӣ дар Созмони Милали Муттаҳид шаҳодат бар он медиҳад, ки домана ё ҷуғрофиёи вуҷуди он дар миёни бисёре аз қавмҳову миллатҳои ҷаҳон дар тули асрҳои мухталиф густариш доштааст.

Бо талошу пайгириҳои мудаввоми Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо ҳамраъйиву дастгирии кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон рӯзи 21 март дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид.

Маҷмаи Умумии Сомони Милали Муттаҳид рӯзи 21 марти соли 2010 Қатъномаи Рӯзи ҷаҳонии Наврӯзро дар чорчӯби моддаи 49 Дастури кори худ ва таҳти унвони “ Фарҳанги сулҳ” ба тасвиб расонид ва аввалин бор дар таърихи ин Созмон Наврӯз ҳамчун муносибати байналмилалӣ ба расмият даромад.

Қатъномаи мазкур, ки аз ҷониби 8 давлати ҷаҳон тартиб дода шуда буд, мавриди пушгтибонӣ ва ҳимояти тамоми кишварҳои узви Созмон қарор гирифт. Аз ҳама муҳимаш дар он аст, ки дар ҳамон рӯзи овоздиҳӣ се кишвари дигар: Ҳиндустон. Албания ва Македония ба 8 кишвари омодакунандаи Қатънома ҳамроҳ гардиданд.

Дар ҳамин нишаст таъкид карда шуд, ки “Наврӯз” ҳамчун забони муштараки миллионҳо инсон дар Осиё, Ховари Миёна, шибҳиқораи Ҳинд, Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Балкан, ҳавзаи Баҳри Сиёҳ ва бисёри аз нуктаҳои дигари ҷаҳон ворид гардидааст. Имрӯз зиёда аз 300 миллион нафар Наврӯзро дар саросари ҷаҳон гиромӣ медоранд.

Бузургдошти Наврӯз-ин бузургдошти решаҳо, таърих,ва арзишҳои тамаддунҳои дурахшони башарият мебошад, ки дар тӯли қарнҳо арзишҳои инсониро то ба имрӯз расонидаанд.

Тайи чанд соли ахир тавассути баргузории чорабиниҳои мухталиф, аз қабили: конференсияҳо, семинарҳо ва чопи даҳҳо китобу маҷаллаҳои гуногунному мухталифҳаҷм ва ғайра ба забонҳои гуногуни ҷаҳон дар заминаи Наврӯз, аҳамияти ин ҷашни байналмилалӣ ва растохези табиат борҳо таъкид шудааст. Дар ҳамин асос соли 2011 сарони се давлати ҳамзабони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар Теҳрон гирди ҳам омаданд, то ин ҷашни байналмилалиро доир ва бо ширкати хеш ба он шукуҳи тозае бахшанд. Ҳамзамон, дар Душанбе низ як маросими бисёр зебову пурҳашамат доир карда шуд.

Наврӯз дар баробари дорои хосият ва сифоти гуногун буданаш, ҳамчунин дорои рамзҳои мухталиф низ мебошад.

Рамз як навъ баёни иҷтимоӣ мебошад, ки дар шаклҳои лафзӣ (ғайримоддӣ), хаттӣ, тасвирӣ зуҳур карда, тасаввуроту ҷаҳонбинӣ, орзуву хостаҳо, эҳсосот, зебоишиносӣ ва эътиқоди мардумро дар худ таҷассум намудааст.

Ҷашни Наврӯз ҳамчун падидаи бузурги суннатӣ дорои рамзу мазмунҳои ошкору нуҳуфта мебошад. ки боиси рангорангиии шукӯҳ ва зебоии он гаштаанд. Рамзҳои таркибии одобу русум ва боварҳои Наврӯз гуногунанд. Масалан, рамзҳои ифодакунандаи офариниш, рамзҳои марбут ба покӣ ва бегуноҳӣ, рамзҳо бо нияти баракату фаровонӣ, тандурустиву шодкомӣ, бе ягон газанду офат гузаронидани соли Нав, хушбахтӣ ва амсоли инҳо. Баъзе рамзҳо ҳарчанд дар иду маросим ва маъракаҳои дигар истифода шаванд ҳам, аммо дар ҷашни Наврӯз дурахш ва мавқеи писандида доранд.

1.Наврӯз-рамзи навгонӣ. Пеш аз ҳама худи ҷашни Наврӯз дар фарҳанги суннатии тоҷикон ҳамчун падидаи иҷтимоию фарҳангӣ ифодагари рамзи куллии навгониҳо мебошад. Наврӯз паёмовари навгониҳост, ҳамаи унсурҳои табиат дар раванди навшавию навпазирӣ қарор дошта, ба марҳилаи тозаи инкишоф рӯ меоваранд. Аз ҷиҳати мушоҳидаи ҳодисоти кайҳонӣ, Офтоб гардиши худро аз нав оғоз карда, ба бурҷи Ҳамал ворид мегардад, рустаниҳо месабзанд, донаку тухмиҳои ба замин афтода ва ё пошида шуда аз хок сар мекашанд. Ҷонварон аз афзоиши равшанию гармӣ баҳравар гардида, оғози марҳалаи нави ҳаётро пеш мегиранд. Одамон ҳам ба такопу афтода аз тағйироти ба вуҷуд омада шодмонӣ карда, ба табиати зиндагардида ҳамроҳ гашта ба корҳои нав оғоз мебахшанд. Пеш аз ҳама бачагон аз ин тағйироти табиат болида ГУЛГАРДОНӢ мекунанд.

Маросими ҶУФТБАРОРОН аз дигар навгониҳову навшавии табиат мебошад. Хонумҳо дар хонаҳо ба тар кардани гандум дар табақҳо бо умеди майсасабзонӣ бо мақсади пухтани СУМАНАК машғул мегарданд. СУМАНАК низ паёме аз дигар навгониҳои наврӯзӣ мебошад, ки танҳо аз майсаи нав омода мешавад. Бо ҳамин мақсад барои рӯзи ид ба бачаҳо либоси нав медӯзанд, калонсолон низ кӯшиш мекунанд, ки дар рӯзи ид либосҳои нав дошта бошанд. Ҳамаи ин навгониҳову навсозиҳо аз Наврӯз сарчашма мегиранд, мардумро ба Наврӯз ва ба ҳаёту табиат дилгарм месозанд.

2. Тухм -рамзи офариниш. Тухми мурғ на танҳо ҳамчун маводи ғизоӣ барои пухту пази таомҳо, хӯришҳо ва анвои нону дигар маводи истеъмолӣ ба кор бурда мешавад, балки дар расму оинҳои мо ҳамчун намоде аз наслу офариниш низ маҳсуб мешавад. Аз қадимулайём суфраи наврӯзиро, ки ифодакунандаи ашёи рамзӣ мебошад, бе тухми мурғ тасаввур карда намешавад. Тухми мурғро бештар ба хотири Аҳурамаздо, ки рамзи офариниш ба шумор мерафт ва дар тасаввуроти асотирӣ Ӯ ҳамчун офаридгори мардумон ҳисобида мешуд, рӯйи суфраи Наврӯзӣ мегузоштанд. Гузашта аз ин, маълум аст, ки тамоми намуди паррандагон аз тухм таваллуд мешаванд ва тамоми гиёҳҳову дарахтон, умуман наботот аз тухмӣ мебароянд. Ҳамин падидаҳои табиатро ба назар гирифта, одамони қадим тухми мурғро чун рамзи офариниш ва насловарию борварӣ шинохта, онро дар суфраи “Ҳафт син”- и хеш ҷой додаанд. То ҳануз ин расм давом дорад ва дар ҳамин замина тухмҷанг, ки дар солҳои охир шарҳу шукуҳи хешро аз даст додааст ва ба як бозии бачагона табдил ёфтааст, идома дорад.

3. Сафедӣ-рамзи покӣ ва бегуноҳӣ. Аз маълумоти гирдовардаи мардушиносону муаррихон ва пажуҳишҳои фолклоршинсон бармеояд, ки дар миёни ойинҳову суннатҳои наврӯзӣ, одамон ҳанӯз аз замонҳои дури таърихӣ ба ранги сафед, ки онро ҳамчун рамзи покиву бегуноҳӣ, сулҳу салоҳ, хушбахтӣ ва кушоиши корҳо қабул доштанд, бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз он истифодаи васеъ карда, ба он афзалияти бештар медодаанд. Масалан, ҳанӯз пеш аз омадани Наврӯз хонаҳоро тамиз ва сафед мекарданд, дару деворҳои худ ва бехи дарахтонро сафед менамуданд, ба бачаҳояшон бештар либоси идонаи сафед медӯзониданд ва худашон низ кушиш мекарданд, ки дар рӯзҳои наврӯзӣ либоси сафед пӯшанд. Хонумҳо дар ин айём бештар сертараддуд шуда, дастурхони наврӯзияшонро бо маводи ғизоии ранги сафед дошта аз қабили: шир. ҷурғот, сир, қанди сафед, хӯрокиҳои аз шир пухташуда (ширбиринҷ) панир, тухми мурғ ва аз анвои гӯшти ҷонварон-гӯшти мурғу моҳиро,ки сафедранг ҳастанд, оро медоданд. Баъзе қавмҳо ҳатто суманакро ҳам дар зарфҳои сафед рехта ба хонаи ҳамсояҳо мебурданд. Ҳамсояҳо низ зарфи суманакдорро холӣ карда, дар он ягон маводи ғизоии сафедранг: шир, орд ё шакар ё ягон чизи дигар рехта бармегардониданд.

Пеш аз фарорасии Наврӯз чунин корҳоро аз қабили: сафед кардани девору бехи дарахтон, поксозии хонаву ҳавлию кӯчаҳо, роҳҳо, ҷӯйборҳо, қабристонҳо,масҷиду тамоми ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигар корҳоро бо мақсади пешвоз гирифтани Наврӯз тақрибан дар тамоми минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ анҷом медиҳанд.

4. Ифодаи рамзи тандурустӣ ва шодкомӣ. Мардуми тоҷик пештар аз фарорасии Наврӯз ва лаҳзаҳои аввали соли Нав баъзе аз расму русум ва ойинҳоеро анҷом медоданд, ки онҳо тааллуқ ба тандурустию амният ва хушию хушвақтии онҳо доштанд. То миёнаҳои асри сипарӣ гарида, мардуми Ҳисору Қаратоғ, Истаравшану Хуҷанд, Самарқанду Бухоро ва дигар маҳалҳо пеш аз фарорасии Наврӯз косаву табақ, чойнику пиёла, кӯза ва дигар зуруфи лабшикаста, дарз оварда ва ё сирпаридаю кӯҳнашударо шикаста мепартофтанд ва ба ҷойи онҳо зарфҳои нав харидорӣ менамуданд. Ин амали онҳо чунин маъное дошт, ки ҳамаи зарфҳои шикаста бо ҳамроҳии соли кӯҳна бебозгашт бираванд ва дар соли Нав ҳама бешикасту тансиҳат бошанд.

Ҳамчунин бо мақсади дар тули соли Нав тандурусту шодком будан, онҳо чоршанбеи охири солро ҳамчун ҷашн бо номи “чоршанбегӣ” (Чоршанбе сурӣ) таҷлил мекарданд. Дар ин рӯз дар паскӯчаҳо, майдонҳо, боғҳо оташ афрӯхта, хурду калон аз болои оташ мепариданд ва мегуфтанд: “ Ранҷурию ранги зарди ман аз туву сурхию хуррамии ту аз ман”. Бо анҷоми ин амал онҳо бовар доштанд, ки ҳангоми аз болои оташ паридан амроз ва гуноҳҳои шахси аз болои оташ ҷаҳида ба оташ рехтаву сӯхта ва нобуд мегарданд. Дар минтақаи Мовароуннаҳр бошад, дар ин рӯз ба ҳамдигар гул туҳфа мекарданд, гулоб мепошиданд ва ширинӣ мечашониданд. Ин ҳама корҳо ба умеди он карда мешуданд, ки дар давоми соли Нав сиҳатманд, хуррам ва шодком бошанд. Мутобиқи бовари дигар, қабл аз фарорасии соли Нав онҳо на танҳо манзил, ҳавлӣ, кӯчаву паскӯча, ашёву абзори хонаро тозаву озода мекарданд, балки бо об пошидану аз болои оташ ҷаҳидан гӯё худро рӯҳан низ тозаву озода менамуданд.

Рамзи баракат ва фаровонӣ. Азбаски Наврӯзро миёни мардум пешонаи фасли баҳор меноманд, мардуми кӯҳистон асосан, дар айёми Наврӯз ба кишоварзӣ ва зироаткорӣ, тоза намудани ҷӯю ҷӯйборҳо ва шинонидани ниҳолҳои дарахтони мевадору сояафкан оғоз менамоянд. Тақрибан дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон ва шаҳру вилоятҳои Ӯзбекистон то солҳои наздик маросими “Ҷуфтбаророн” доир мегашт. Ин маросим ҳанӯз ҳам дар миёни мардуми куҳистони водии Зарафшон ривоҷ дорад. Дар ин рӯз тамоми мардуми деҳот дар ҷойи муайяне ҷамъ омада, зиёфат меороянд, хӯрок мехӯранд ва аз Қуръони Азим-уш-шаън сураҳо қироат намуда, дар ҳаққи Бобои Деҳқон дуову фотеҳа карда, таманнои онро менамуданд, ки корҳои деҳқониашон бо барор бошад, Худованд дар соли Нав барояшон файзу баракат бидиҳаду соли фаровонӣ бошад. Баъд аз он, ҷуфти гов ё чанд ҷуфти говҳоро ба замини киштшаванда бо юғу омоч ва тухмӣ бурда, ба гардани говҳо юғу омочро баста, шохи говҳоро равғани зағир молида, омода менамоянд. Пеш аз оғози ҷуфт боз дастҳоро боло карда дуо менамуданд, ки имсол соли пурфайзу баракат, соли фаровонӣ гардаду ҳосили фаровон рӯёнанд. Сипас яке аз деҳқонони пуртаҷрибаву кордон бари ҷелак ё ҷомаашро аз тухмӣ пур карда, ба пошидани тухмӣ оғоз менамуд. Деҳқони ҷуфтгар аз паси марди донапош говҳоро бо як шавқи хоса ба ҳаракт медаровард ва бо ҳамин ба кишту кори баҳорӣ оғоз мебахшиданд.

Дар ин лаҳзаҳо чизи дигари диккатҷабкунанда ин аз ҷониби занҳо пухтани СУМАНАК мебошад, ки амали бисёр диданӣ ва хотирмон мебошад. Дар ин амале, ки аз ҷониби занҳо анҷом меёбад, дар ҷараёни пухтани суманак ба даруни дег партофтани 7 (ҳафт) дона сангча мебошад, ки ин ҳам рамзи фаровонӣ ва баракат мебошад.

Хӯроки анъанавие, ки тоҷикон дар айёми Наврӯз мепазанд, таркибаш аз анвои ғалладона иборат мебошад, ба мисли: гандуми кӯфта, нахуд, лубиё, ва гиёҳҳои хуштаъм ба монанди райҳон, пудина, шулха, ҷаъфарӣ, пиёз ва ғайра, ки номи онро дар баъҳе деҳаҳои Зарафшон “ғармич” мегӯянд. Ғизои мазкур дар маҳалҳои гуногуни кишвар бо номҳои мухталиф пухта шавад ҳам, аммо таркибаш дар ҳама ҷо тақрибан як хел мебошад.

6. Рамзи эҳёи табиат ва сарсабзиву хуррамӣ. Тибқи ривоят ва асотири халқҳои гуногун Худованд ҷахонро дар оғози фасли баҳор офаридааст. Офаридгор оламро на дар фасли хунуку сармои зимистон ва ё дар гармои сӯзони тобистону фасли зардиву хазонрези тирамоҳ, балки дар аввали баҳор замони баромадан аз фасли сардӣ, афзудани равшанӣ ва гармӣ бо фурӯғи ҳаётбахши хуршед, дар айёми рустани гулу гиёҳҳои баҳорӣ ва зиндашавии табиат офаридааст. Фарорасии баҳор дар расму оинҳои мардуми тоҷик, зиндашавии табиат ва оғози кори деҳқон бо шаклу намудҳои мухталиф инъикос ёфтааст. Аз расидани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон тавассути гулгардонӣ хабар медиҳанд. Онҳо даста-даставу грӯҳ гурӯҳ ба саҳрову талу теппаҳо рафта, гулҳои баҳорӣ, аз ҷумла: гулҳои сияҳгӯш, баҳман ё бойчечак ва дигар намуди гулҳоро чида ба маҳалли зисташон оварда сурудхонон хона ба хона гашта аз омад-омади Наврӯз хабар медиҳанд. Солҳои охир, чунин бачагону наврасонро мо дар имтидоди роҳҳои берун аз шаҳр вомехӯрем, ки бо дастагулҳои зебои табиӣ истодаанд ва ба роҳгузарон пешниҳод менамоянд.

Аз суннатҳои дигари мардуми тоҷик он аст, ки мардум дар рӯзҳои наврӯзӣ ба хотири ободу сарсабз гардонидани маҳалли зисти хеш ба ниҳолшинонӣ оғоз менамоянд, ки ин ҳам рамзи сарсабзиву хуррамиро нишон медиҳад. Сабзонидани майсаи гандуму ҷав, ки аз компонентҳои асосии пухтани суманак ба шумор меравад, дар асл ифодакунандаи рамзи эҳёи табиат ва зебоию осоиши ҳаёт мебошад.

Дар деҳоти водии Яғноб расме роиҷ аст, ки рӯзи пухтани СУМАНАК ҳафт духтар майсаи сабзонидашударо ба табақҳо гирифта, болои сар гузошта, ба наврӯзгоҳ (маҳалли пухтани суманак) мебаранд ва то пухтани суманаку дигар ғизоҳои наврӯзӣ ба пазандаҳо кӯмак менамоянд.

7. Наврӯз- Рамзи муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ. Худи дастҷамъона гузаронидани ҷпшни Наврӯз, ширкат дар бозиҳо ва маросимҳои наврӯзӣ, аз қабили “бузкашӣ”,”гуштингирӣ, “оташпарак”, “ҷуфтбаророн”ва дигар намуди бозиҳои варзишӣ ин аз муттаҳидии мардум хабар медиҳад. Ё дар арафаи иди Наврӯз ва рӯзҳои наврӯзӣ узрхоҳиву хамдигарбахшӣ, аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват, муомила кардан бо лабони пуртабассум ва дилҳои лабрез аз фараҳ магар нишонаҳое аз ҳамдигарфаҳмӣ нест? Гузаштагони дури дури мо, ки ба боварҳо эътимоду эътиқоди зиёд доштанд, аз хӯрокиҳои наврӯзии омадакардаашон дар тақсимчаҳо кам-кам рехта болои бомашон мегузоштанд ва бовар бар он доштанд, ки рӯҳу арвоҳи гузаштагонашон дар рӯзҳои наврӯзӣ ба хонаашон омада аз ин ғизоҳо мечашанд ва агар маъқулашон шаванд, дуо мекунанд, ки тамоми сол дар ин хонадон сериву пурӣ бошад. Ҳамчунин, бузургони хонавода ба аъзои хонадон мегуфтанд, ки агар шумо ҳамдигарро дар давоми соли сипаришуда ранҷонида бошед ё ягон дуруштие ба ҳамдигар карда бошед, ҳатман ҳамдигарро бахшед ва рӯзҳои идро бо хурсандиву шодмонӣ гузаронед,,зеро дар ин рӯзҳо руҳу арвоҳи ниёгонамон ба манзилашон меоянд. Агар онҳо бинанд, ки дар миёни аъзои хонадонашон тифоқиву дӯстӣ ҳукмфармо нест, хафа шуда дуо мекунанд, ки тамоми солро ҳамин тавр гузаронанд. Ва агар диданд, ки ҳама ба ҳамдигар дӯстона ва дар рифоҳу салоҳ умр ба сар бурда истодаанд, хурсанд гардида дуои нек мекунанд ва тамоми сол бо дӯстиву хурсандӣ мегузарад.

Ин ҷо мехоҳам бо овардани як порчаи шеърӣ навиштани мақоларо ба охир расонида, тамоми Шумо хонандагони гиромӣ ва дар шахси Шумо тамоми мардуми кишварамонро бо фарорасии Наврӯз табрику муборакбод гуфта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири заҳматҳои шоёнашон дар эҳё намудани расму оинҳои қадимии мардуми тоҷик ва саҳми назаррасашон дар ҷаҳонӣ намудани Наврӯз минатдории самимии худро иброз дошта бошам.

Рӯзи Наврӯз асту олам сабзазор,

Занги дилро мебарад бӯйи баҳор.

Булбулон андар хурӯшанд дар чаман,

Кӯдакон андар тамошо, беқарор.

Назар Холназаров, ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.