Перейти к основному содержанию

Дар замони муосир, ки ҷаҳонишавӣ ва вобастагии мутақобилаи давлатҳо афзоиш ёфтааст, сафарҳои кории сарони кишварҳо на танҳо воситаи дипломатӣ, балки воситаи муҳими ташаккули заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гардидаанд. Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон рӯзҳои 3-4 апрели соли 2025 барои иштирок дар Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” намунаи равшани ин раванд аст. Ин чорабинӣ, ки бо ҳузури роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони воломақоми Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд, платформаи муҳим барои муҳокимаи масъалаҳои стратегӣ ва таҳкими ҳамкориҳо, аз ҷумла дар сатҳи ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад.

Яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият сиёсати хориҷии мустақили он аст, ки бар асоси сиёсати дарҳои кушод бунёд ёфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ санаи 28 декабри соли 2024 такид намуда буданд, ки: “Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад. Бо ин мақсад, мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус, дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамоем”.

Таърихи муносибатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аз солҳои 90-уми асри гузашта, пас аз пошхӯрии ИҶШС ва эълони истиқлолияти Тоҷикистон оғоз меёбад. Тамосҳои расмӣ соли 1992 барқарор шуданд, вале ташаккули заминаи ҳуқуқии пурраи шарикӣ марҳилаи баъдӣ буд. Соли 2004 Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба имзо расид, ки аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор гирифт. Ин санад ҳамчун асоси ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба хидмат карда, принсипҳои ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва гуманитарӣ муайян намуд. Созишнома уҳдадориҳои ҷонибҳоро оид ба ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрӣ, пешбурди муколамаи ҳуқуқи инсон ва таъмини суботи минтақавӣ муқаррар мекунад. Ин муносибатҳо бо Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ (бори аввал соли 2007 ва амалкунанда 17 июни соли 2019 қабул гардидааст) пурра гардиданд, ки барои таҳкими низомҳои ҳуқуқӣ ва дастгирии ислоҳоти судӣ дар кишварҳои минтақа равона гардидааст. Яке аз ҳадафҳои асосии Стратегия таъсиси шароити ҳуқуқӣ барои мубодилаи иқтисодӣ аст. Тоҷикистон талош дорад ба низоми имтиёзҳои тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо (GSP+) ҳамроҳ шавад, ки мутобиқати қонунҳои миллиро бо стандартҳои байналмилалии экологӣ, меҳнатӣ ва ҳуқуқи инсон талаб мекунад. Иттиҳоди Аврупо инчунин дар рушди низоми судии Тоҷикистон ва таҳкими волоияти қонун саҳм мегузорад. Барномаҳои мисли “Ташаббуси волоияти қонун” омӯзиши ҳуқуқшиносон ва табодули таҷриба бо муассисаҳои аврупоиро дар бар гирифта, ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодии сухан ва баробарии ҷинсӣ, диққат медиҳанд. Дар самти амният, Барномаи идоракунии сарҳадҳо дар Осиёи Марказӣ (BOMCA) ва Барномаи амалиёти мубориза бо маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (CADAP) воситаҳои ҳуқуқиро барои муқовимат бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм ва гардиши маводи мухаддир такмил медиҳанд. Дар солҳои охир музокирот оид ба Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оғоз шудааст, ки ҳамкориро дар соҳаҳои рақамисозӣ, энергетикаи “сабз” ва рушди устувор амиқтар мекунад. Ин санад Тоҷикистонро водор месозад, ки низоми ҳуқуқии худро ба стандартҳои Иттиҳоди Аврупо мутобиқ созад, ки як қадами муҳим дар рушди ҳуқуқии кишвар хоҳад буд.

Санаҳои 3-4 апрели соли 2025 Пешвои миллат бо сафари корӣ дар шаҳри Самарқанд ҳузур доштанд. Дар доираи сафар мулоқотҳои дуҷониба бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Узбекистон баргузор шуданд. Дар мулоқот бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта масъалаҳои шарикии стратегӣ ва заминаи ҳуқуқии лоиҳаҳои энергетикӣ баррасӣ шуданд. Мулоқот бо Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен ба созишномаҳои ҳуқуқӣ оид ба рақамисозӣ ва технологияҳо нигаронида шуд. Дар мулоқот бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено –Бассо асосҳои ҳуқуқии 184 лоиҳаи муштарак бо арзиши беш аз 1 миллиард доллар таҳлил гардид. Бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рӯзи 4 апрели соли 2025 Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар суханронӣ, Президенти Тоҷикистон рушди муносибатҳоро афзалиятнок номида, ба аҳамияти ҳуқуқии “Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобит” ишора карданд, ки асоси танзими ҳамкориҳоро ташкил медиҳад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди муттасили муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупоро дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд. Таъкид гардид, ки Харитаи роҳ оид ба амиқсозии равобит миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо санади калидӣ гардида, ҳамкории байниминтақавиро танзим менамояд. Дар робита ба вазъи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иброз доштанд, - “мо ҳадаф дорем, ки содироти маҳсулотро аз истеҳсолкунандагони тоҷик ба бозорҳои Аврупо, аз ҷумла тавассути истифодаи имтиёзҳои тиҷоратии ба ҳамдигар боз ҳам густариш бахшем”. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба имкону захираҳои табиии кишвари мо, иқтидорҳои бахши саноат, энергетика ва кишоварзӣ андешаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид кардани технологияҳои навини аврупоӣ ва истифодаи таҷрибаи ширкатҳои бонуфуз ҳавасманд мебошад. Иштироки Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории лоиҳаҳои соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва инфрасохтори коммуникатсионӣ муҳим дониста шуд. Ҳамоиш аз нигоҳи ҳуқуқӣ заминаи муҳим барои таҳкими шарикӣ фароҳам овард. Президенти Тоҷикистон таъкид карданд, ки созишномаҳои ҳуқуқӣ бо Иттиҳоди Аврупо барои рушди иқтисодӣ ва суботи минтақавӣ заруранд. Ин равиш ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар чаҳорчӯбаи ҳуқуқии байналмилалӣ технология ва сармояи аврупоиро ҷалб намояд. Дар суханронӣ масъалаи энергетикаи “сабз” ва асосҳои ҳуқуқии он мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Президенти Тоҷикистон ба созишномаҳои мавҷуда оид ба гидроэнергетика (масалан, неругоҳҳои “Норак” ва “Қайроққум”) ишора карда, даъват намуданд, ки Иттиҳоди Аврупо дар доираи ташаббуси “Дарвозаҳои глобалӣ” шартномаҳои нави ҳуқуқӣ барои сохтмони иншооти энергетикӣ имзо кунад. Нақшаҳои ҳуқуқии афзоиши истеҳсоли энергияи офтоб ва шамол то 10% ва табдили Тоҷикистон ба кишвари “сабз” то соли 2037 низ эълон шуданд. Президенти Тоҷикистон ба ташаббусҳои ҷаҳонии худ, аз ҷумла Конфронси ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе (майи 2025) таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ин ташаббус дар чаҳорчӯбаи қатъномаҳои СММ амалӣ шуда, ҳамкориро бо Иттиҳоди Аврупо дар танзими масъалаҳои экологӣ тақвият медиҳад. Сарвари давлат ба лоиҳаи КАСА-1000 ишора намуданд, ки асоси ҳуқуқии он созишномаҳои байналмилалии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Ҷанубист. Ин лоиҳа талаб мекунад, ки шартномаҳои нави ҳуқуқӣ барои интиқоли энергияи “сабз” таҳия шаванд. Дар соҳаи маориф пешниҳоди кушодани филиалҳои донишгоҳҳои аврупоӣ дар Тоҷикистон ва афзоиши бурсияҳо ба созишномаҳои ҳуқуқии дуҷониба такид гардид. Дар бахши сайёҳӣ низ таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкории фарҳангӣ ва иқтисодӣ зарур дониста шуд.

Ҳамоиш нишон дод, ки Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкориҳои ҳуқуқӣ бо Иттиҳоди Аврупо фаъол аст. Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо заминаи ҳуқуқии ин равандро ташкил медиҳанд, ки бо стандартҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамоҳанг мебошанд. Ҳамоиши Самарқанд метавонад барои тезонидани музокироти Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва таҳияи санадҳои нави ҳуқуқӣ дар соҳаҳои энергетика, экология ва маориф замина гузорад. Ин раванди ҳуқуқӣ Тоҷикистонро ба фазои байналмилалии ҳуқуқӣ устувор пайванд менамояд.

Воқеан сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Самарқанд ва иштирок дар Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо” қадами устувор дар таҳкими муносибатҳои ҳуқуқӣ бо Иттиҳоди Аврупо буд. Ин сафар заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳоро дар самтҳои энергетикаи “сабз”, рушди устувор ва мубориза бо тағйирёбии иқлим мустаҳкам намуд, ки метавонад ба шукуфоии минтақа мусоидат кунад.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор