Перейти к основному содержанию

Фарҳанг ҳамчун унсури ҳастии маънавии миллат, рукни бунёдӣ ва пояи асосии давлатдории миллӣ шинохта мешавад. Он реша дар заминаҳои таърихӣ, маърифатӣ, забонӣ ва ахлоқии ҷомеа дошта, миллат ва давлатҳоро дар тӯли қарнҳо аз шикасту нобудшавӣ эъмин нигоҳ доштааст. Аз ҷумла, фарҳанги бойю ғанӣ ва дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик дар дарозои таърих барои аҳли башар кӯмак намуда, ҳамзамон халқи тоҷик ва арзишҳои маънавию миллии онро то имрӯз интиқол додааст. Аз ин ҷиҳат, фарҳангро ҳастии миллат ва оинаи рунамои он мешуморанд. Соҳаи фарҳанг дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, пайваста аз таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар бархурдор аст. Пеш аз ҳама дар гиромидошти фарҳанги миллӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҷаҳони намудани арзишҳои фарҳангӣ, нақши Пешвои миллат беандоза буда, аз солҳои аввали ба сари ҳокимият омадан барои эҳёи суннатҳои халқи тоҷик ва фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон гомҳои бузург бардоштанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки “фарҳанг ҳастии миллат аст”, яъне миллате, ки фарҳанги худро ҳифз ва инкишоф медиҳад, метавонад дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳо истодагарӣ намояд ва пешрафта гардад. Фарҳанг мафҳуми васеъ буда, маҷмӯи арзишҳо, андешаҳо, забон, суннатҳо, расму оин, дониш ва таҷрибаҳои таърихии мардумро дар бар мегирад. Фарҳанг ба тарзи зиндагӣ ва ҷаҳонбинии одамон бевосита таъсир мерасонад. Ба иборати дигар, фарҳанг ҳамеша муайянкунандаи ҳувияти шахс ва ҷомеа мебошад.

Дар тамаддуни тоҷикон фарҳанг ҷойгоҳи хос дошта, намунаи беҳтарини он адабиёти классикӣ, мусиқии суннатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва меъмории қадим мебошад. Мавҷудияти осори безаволи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Хайём ва дигар бузургони фарҳанги тоҷик далолат аз бузургии тафаккури фарҳангии гузаштагони мо мекунад. Пешвои миллат пайваста таъкид медоранд, ки нигоҳдории ин мерос на танҳо як вазифаи давлатӣ, балки қарзи ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва хештаншинос мебошад. Миллате, ки дорои фарҳанги бой ва таърихи пурифтихор аст, ба худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мерасад. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз тавассути фарҳанг тоҷикон дар давраҳои душвори таърихӣ ҳувияти миллии худро нигоҳ доштаанд. Пешвои миллат қайд менамоянд, ки “худшиносии миллӣ аз шинохти таърих ва фарҳанг оғоз меёбад”. Ба иборати дигар, бе шинохти фарҳанги хеш, миллат асолати худро гум мекунад. Аз ин рӯ, ба хотири таҳкими худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ, давлат пайваста чораҳои муҳиме меандешад, ба мисли таҷлили санаҳои таърихӣ, номгузории кӯчаҳо ба номи шахсиятҳои фарҳангӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва омӯзиши таъриху адабиёт дар мактабҳо. Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, ба мисли “Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025”, яке аз намунаҳои амалӣ намудани сиёсати фарҳангпарваронаи давлат мебошад. Ин барномаҳо ба ҳифз, эҳё ва таблиғи мероси фарҳангӣ равона гардидааст.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон сиёсати фаъолонаи фарҳангпарваронаро роҳандозӣ намуда бо ташаббус ва роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ мусоидат мекунад. Аз ҷумла, бо ташаббуси Пешвои миллат як қатор муассисаҳои фарҳангӣ, аз қабили осорхонаҳо, театрҳо, китобхонаҳои марказӣ навсозӣ ва бунёд гардиданд. Махсусан, таъсиси Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Кохи Суруш, Маҷмааи 5500-солагии Саразм ва баргузории Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишонаи таваҷҷуҳи хосса ба фарҳанг аст. Ҳамзамон, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои фарҳангии худ шинохта мешавад. Пешниҳод ва қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Рӯзи байналмилалии Наврӯз (21 март), сабти “Шашмақом”, “Фалак”, “Чакан” ва “Атлас” ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО – самараи ҳамин сиёсат аст. Чорабиниҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон на танҳо хосияти зебоишиносӣ ва фароғатӣ доранд, балки ба таҳкими ваҳдати миллӣ, боло бурдани худшиносии ҷавонон ва эҳёи суннатҳои миллӣ мусоидат мекунанд. Дар ин самт, чорабиниҳое чун Фестивали “Фалак”, Рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо дар пойтахт, Фестивали ҳунарҳои мардумӣ, Омӯзиши “Шашмақом” ва “Фалак” дар мактабҳои мусиқӣ, Рӯзи китоб ва Фестивали ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аҳамияти калон доранд. Ин гуна барномаҳо, аз як тараф, сабаби эҳёи ҳунару суннатҳо шуда, аз тарафи дигар, ҷавононро ба фарҳанги миллӣ наздик месозанд ва дар онҳо ҳисси ифтихор аз миллату Ватанро бедор менамоянд. Фарҳанг на танҳо таҷассумгари гузашта аст, балки омили асосии тарбияи насли нав мебошад. Дар замони муосир, ки таъсири фарҳангҳои бегона тавассути интернет ва расонаҳо рӯ ба афзоиш аст, муҳим аст, ки ҷавонон ба фарҳанги миллии хеш такя кунанд. Пешвои миллат таъкид менамоянд: “Мо бояд насли навро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги миллӣ тарбия намоем.” Бо ин мақсад, дар муассисаҳои таълимӣ омӯзиши фанҳои таърих, адабиёт ва мусиқии миллӣ пурзӯр гардида, мактабҳои махсуси ҳунарҳои мардумӣ ва марказҳои фарҳангӣ таъсис дода шудаанд. Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ, ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Омӯзгори сол”, “Донишҷӯи сол” ва дигар фестивалҳо намунаи хуби ин раванд мебошад.

Фарҳанги миллӣ чун сутуни устувори истиқлолият шинохта мешавад. Давлати тоҷикон бо фарҳанг зинда аст ва бо фарҳанг рушд мекунад. Маҳз тавассути фарҳанг аст, ки истиқлолият маънои амиқи маънавию иҷтимоӣ касб мекунад. Дар паёми худ Пешвои миллат таъкид намуданд: “Агар фарҳанги миллат пурқувват бошад, давлат низ устувор мемонад.” Ин гуфтаҳо бори дигар собит мекунанд, ки бе фарҳанг рушди устувори ҷомеа ғайриимкон аст. Дар даврони ҷаҳонишавӣ ва рақобатҳои шадиди фарҳангӣ, ҳифзи асолати миллӣ, нигоҳ доштани забон, адабиёт, санъат ва урфу одатҳо бояд вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди худогоҳ бошад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.

Ғуломова Т.Ф., магистранти курси якуми Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ