Перейти к основному содержанию

19 августи соли равон дар пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Лахш бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таҷҳизоти сейсмикӣ насб карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки пойгоҳи мазкур аз замони ба вуқӯъ пайвастани ҷанги шаҳрвандӣ то ин ҷониб пурра аз фаъолият боз монда буд. Имрӯз бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила базаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ беҳтар гардида истодааст.

Бояд гуфт, ки дар партави ҳамин дастгириҳо бо иқдомҳои неки роҳбарияти академия пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Лахш аз нав барқарор гардида, бо таҷҳизоти наву замонавии сейсмикӣ муҷаҳаз гардонида шуд. Шурӯъ аз санаи 19 августи соли 2025 соати 10:00 пойгоҳи мазкур пурра ба фаъолият оғоз намуд.

Ёдовар мешавем, ки минбаъд тавассути пойгоҳи мазкур ҳар як нишондодҳои заминҷунбие, ки дар ноҳияи Лахш ба вуқӯъ мепайвандад санҷида шуда, маълумоти он ба маркази ягона фиристонида мешавад.