Аз солҳои аввали таъсисёбӣ то ин ҷониб фаъолияти якҷояи иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои иштирокчии Иттиҳод пойгоҳи мустаҳками ташкилию ҳуқуқиро бунёд карданд, ки имконият дод дар як муддати ҳамкориҳои иқтисодӣ густариш ёбад, ҳамзамон пешрафти иқтисодӣ баланд гардида, ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ афзояд. Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатии иштирокчиёни узви Иттиҳод ҷиҳати тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардуми давлатҳо омили муҳими иловагӣ гардида, ба тавоноии минтақавӣ ва объекти муқтадири системаи хоҷагидории ҷаҳонӣ табдил ёфтани Иттиҳод мусоидат кардааст.
Ҳанӯз аз даврони фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаи аввали таъсисёбии, узви комилҳуқуқи он буда, усул ва санадҳои появии онро эътироф менамояд ва иштирокчии фаъоли равандҳои ҳамгироӣ мебошад. Дар сиёсати хориҷии хеш, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои узви ИДМ аҳамияти вижа медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси сохторҳои гуногуни ҳамгироии иқтисодиву амниятӣ дар заминаи ИДМ, аз қабили, Фазои Ягонаи Иқтисодӣ, Иттиҳоди Гумрукӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро тақозои айнии равандҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ медонад ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва бо ҳадафи истифодаи имконоту иқтидорҳои созандаи онҳо ба нафъи кишвар ба рушду такомули ин равандҳо мусоидат мекунад.
Дар ин замина 18 марти соли 2022 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи 93-юми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва ҳайатони иқтисодии давлатҳои узви Иттиҳод баргузор гардид, ки дар доираи ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, молия, мошинсозии кимиёвӣ, амнияти иттилоотӣ ва кишоварзӣ муҳокима гардида, як қатор санаду созишноаҳои иқтисодӣ қабул гардиданд. Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои таъмини устувории макроиқтисодӣ новобаста ба таъсири манфии хавфҳои берунӣ ва сатҳи баланди ҳамкориҳои кишвар дар фазои ИДМ мусбат арёзӣ карда мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо давлатҳои иштирокчии ИДМ дар мадди аввал меистад. Дар робита ба ин айни ҳол беш аз нисфи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба давлатҳои иштирокчии ИДМ рост меояд. Ҳамзамон дар ин робита бо мақсади ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ Созишнома оид ба савдои озоди хизматрасониҳои ИДМ, истифодабарии пулҳои миллии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар ҳисоббаробаркуниҳои тиҷоратию иқтисодӣ, Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои иштирокчии ИДМ «Рӯзномаи «сабз» дар кишварҳои ИДМ: ҳамкорӣ барои рушд» дар доираи фаъолияти Иттиҳод амали гашта истодааст.
Бояд қайд намуд, ки ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои узви Иттиҳод дар доираи ҳамкориҳои байни давлатӣ дар сатҳи зарурӣ арзёбӣ карда мешавад. Аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ширики стратегӣ бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Белорусия ва дигар иштирокчиён, дар доираи ИДМ ва дигар созмонҳои ба роҳ монда шудааст.
Дар соли 2024 гардиши савдои хориљии Љумњурии Тољикистон 4414,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба њамин давраи соли 2023-юм 29,3 фоиз ё 999,3 млн. доллар зиёд шудааст. Содироти мол дар моњњои январ-июни соли 2024-ум 997,8 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба њамин давраи соли 2023-юм 47,1 фоиз ё 319,3 млн. доллар зиёд шудааст. Воридоти мол ба љумњурї 3416,5 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моњњои январ-июни соли 2023-юм 24,9 фоиз ё 680,1 млн. доллар зиёд мебошад. Оид ба содирот шарикони асосї аз ҷумла давлатҳои узви ИДМ:Ќазоќистон – 11,9 фоиз, Ўзбекистон – 8,1 фоиз, Федератсияи Русия – 5,9 фоиз. Воридоти мол асосан аз мамлакатњои узви Иттиҳод сурат гирифтааст: Федератсияи Русия – 26,6 фоиз аз њаљми умумии воридот, Ќазоќистон – 16,1 фоиз, Ўзбекистон – 5,6 фоиз, Беларус – 2,4 фоиз рафта мерасад. Тибќи маълумоти расмии Хадамоти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар соли 2024 ба љумњурї 45 мамлакати хориљи дуру наздик ба маблаѓи 79361,5 њазор доллар ё 20319,0 тонна ёрии башардўстона расондаанд.
Ҳамзамон дар шашмоҳаи якуми соли равон гардиши савдои хориҷӣ 4 миллиарду 731 миллиону 100 ҳазор долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 7,2 фоиз ё 316,8 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ содирот ба 955,3 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 4,3 фоиз ё 42,5 миллион доллар коҳиш ёфтааст, вале воридоти мол дар давраи ҳисоботӣ 3 миллиарду 775,8 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10,5 фоиз зиёд гардидааст.
Дар ин асно Созишномаи байни давлатии Тоҷикистон – Қирғизистон – Ӯзбекистон. 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд қабул гардида, дар таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷашни иродаи нек ва ташаккули муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ, бо такя ба принсипҳои эҳтироми мутақобилаи истиқлолият, тамомияти арзӣ, баробарӣ ва ҳамкорӣ, сабт хоҳад шуд. Инчунин, ин рӯйдоди таърихӣ намунаи муколамаи созанда ва ҳамкории муассир дар Осиёи Марказӣ шуда, ба таҳкими асосҳои амният, субот, ҳамкорӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа мусоидат хоҳад кард. Аҳамияти ин Созишнома на танҳо нуқтаи пайвасти се кишвари ҳамсоя, балки ин руйдод барои таҳкими равандҳои ҳамгироӣ, муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ байни давлатҳо ниҳоят муассир аст. Дар ҳақиқат, сухан дар бораи оғози як давраи муҳими муносибатҳо дар минтақа, имкониятҳои нав барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва муколамаи фарҳангӣ меравад.
Умедворем муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию страдегии кишварҳои узви ИДМ, бо ҷумҳурии мо боз ҳам дар оянда густариш меёбанд ва як заминаи хубе барои рушди иқтисод минтақа мегардад.
Бояд қайд кард, ки аз 1 январи соли 2025 раёсати мақомотҳои ИДМ аз Русия ба Тоҷикистон гузашт. Дар доираи раёсати Тоҷикистон баргузории ҷаласаҳои ду ниҳоди олии Иттиҳод, аз ҷумла ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ пешбинӣ шудааст, ки онҳо рӯзҳои 9–10 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Интизор меравад, ки дар рӯзномаи ҳар ду ҷаласа масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию башардӯстона баррасӣ шаванд.
Асомуддини Р.К.н.и.и. Сармутахассиси Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD-и АМИТ