Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 30 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Пули сомонӣ — рукни давлатдории миллӣ” баргузор гардид. Дар кори конфронс роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва як қатор иқтисодчиёни маъруфу олимони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баргузории ҳамоиш зикр карда шуд, ки пули миллӣ ҳамчун яке аз нишонаҳои муҳими соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими иқтисод, баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба низоми молиявӣ ва ҳифзи суботи макроиқтисодӣ нақши калидӣ дорад. Қайд гардид, ки солҳои охир сиёсати пулию қарзӣ ва ислоҳоти низоми бонкии кишвар бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими иқтидори иқтисодии давлат, рушди бозори молиявӣ ва устувории сомонӣ мусоидат намудааст.

Ҳамчунин иштирокчиён зарурати таҳкими низоми мукаммали молиявӣ, боло бурдани фарҳанги иқтисодии ҷомеа, тавсеаи низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва ворид кардани технологияҳои муосирро дар фаъолияти бонкӣ таъкид карданд.

Дар анҷом, ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи иқтисод қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.