Перейти к основному содержанию

Сафедӣ бахту иқболи туву ман,

Бувад сурхӣ ҷилои хуни Меҳан.

Ба ранги сабз рӯяд нахли ҳастӣ,

Самар ёбад ҳам аз мазмуни Меҳан.

Мусаллам аст, ки маҳбубтарин рангҳо барои парчам сурх, сафед, сабз ва обӣ буда, се ранги аввал дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст ва аз ҷиҳати гурӯҳбандӣ дар асоси интихоби ранг ва тарҳ бошад, парчами миллии мо аз парчамҳои мардуми ориётабор маҳсуб меёбад. Дар мавриди таъриху фарҳанги парчамдории миллати тоҷик аз маъхазҳои зиёди таърихӣ иттилооти пурғановат метавон ёфт, яъне пайдо ва асос ёфтани парчам аз давраи муборизаи Кова алайҳи Заҳҳок пешгири чармии ӯ мебошад ва он дирафши ковиёнӣ сирф афсонавӣ нест. Ва ба истиноди таърих то пеш аз ҳамлаи аъроб (тозиён) ба Эрон, бавижа дар замони Сосониён ва Ҳахоманишиён Парчами миллӣ ва низомии мардуми форс буд, ки Муҳаммад Ҷарири Табарӣ дар китоби «Таърих-ур-русул ва-л-мулук» зикр намудааст: «Дирафши Ковиёнӣ аз пӯсти паланг дуруст шуда, ба дарозии дувоздаҳ арш, ки агар ҳар аршро фосилаи байни ангуштони даст то бандгоҳи оринҷ аст, 60 сантиметр ба ҳисоб оварем, тақрибан панҷ метр арз ва ҳафт метр тӯл мешавад».

Дар замони Сосониён ин дирафш бо он тағйир меёфт, ки ҳар шоҳаншоҳ чун ба қудрат даст меёфт, теъдоди ҷавоҳирро зиёд менамуд ва аз пӯсти шер ё паланг дуруст мекард. Таърих гувоҳ аст, ки ҳангоми ҳамлаи аъроб ба Эрон, ҷанге дар атрофи шаҳри Наҳованд даргирифт, дирафши ковиён ба дасти тозиён афтод ва чун онро назди Умар ибни Хатоб бурданд, халифа аз бисёрии гуҳарҳо, дурҳо ва ҷавоҳироте, ки бар дирафш овехта шуда буд, дар шигифт афтод ва тибқи навиштаи Фазлуллоҳ Ҳусайни Қазвинӣ «сипас бифармуд то он гуҳарҳоро бардоштанд ва он пӯстро сӯзонданд».

Дар таърихи фарҳанги парчамдорӣ дирафш ё парчами Куруши бузург низ ҷойи махсус дорад. Қабл аз ба подшоҳӣ расидани Куруш рӯи парчами эронинажод гови болдор инъикос гардида буд ва бо зуҳури ҳукумати Куруш ин нақш ба тасвири парандаи шикорӣ бо номи шаҳбоз тағйир ёфт, ки тибқи ривояте, ин паранда ноҷии ориёиҳо мешавад ва онҳоро ба самти Эрон ҳидоят мекунад.

Баъд аз ҳамлаи аъроб ба Хуросону Мовароуннаҳр тайи 200 сол ҳеч нишонае аз дирафш ё парчами хос бо нақшҳои заррин боқӣ намонд то он замоне, ки сулолаи Ғазнавиён сари қудрат омаданд, ба истиснои чанд шахсияти таърихие, ба монанди Абӯмуслими Хуросонӣ ва Бобаки Хуррамдин, ки яке парчами сиёҳ ва дигаре парчами сурх доштанд ва пайравони онҳоро ҷомасиёҳону ҷомасурхон мегуфтанд, ки алайҳи халифаи Аббосӣ ҷангидаанд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки сулолаи Сомониён ҳам дорои парчами хос набуд.

Ба истиноди таърих миллати тоҷик парчами Аморати Бухоро то соли 1920, Ҷумҳурии Шуравии Халқии Бухоро аз соли 1921 то соли 1924, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз соли 1924 то соли 1929, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро аз соли 1929 то 9 сентябри соли 1991 бар сари хеш афрохтааст, ки ҳар яке намоде вобаста аз таърих, сохти давлатдорӣ ва идеологияи онро дошт.

Боиси ифтихор аст, ки даврони бузург ва муҳимми парчамдории миллати тоҷик аз Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олӣ ва то имрӯз идома дорад, маҳз шурӯъ аз ин санаи муборак миллати тӯли таърихи дароз ранҷкашидаи тоҷик соҳиби муқаддасоти хеш гашт, ормонҳои миллӣ маҳз аз ин санаи ҳумоюнфол бо фикри равшанбини Сарвари эъморгари миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалӣ шудан оғоз намуданд. Парчами Тоҷикистон рамзи давлат буда, намоду рангҳои он аз фарҳанги қадимиву ғанӣ, орзуву ниятҳои миллати мо ҳикоят мекунад. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар бораи парчами миллӣ фармудаанд: «Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад».

Аз ин рӯ, агар назар ба таърих намоем ҳодисаҳое пеши назарамон меояд, ки ба пояи давлатдории мо низ таъсири амиқ расонидаанд. Чун дар замони даргириҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари мо зарари ҷидии иқтисодӣ дида бошад, ҳам аммо бо таъйин шудани роҳбари ватандӯсту сулҳофар тавонист кишвар аз хатару оқибатҳои ҷанг ва аз буҳрони шадидӣ сиёсӣ наҷот ëбад. Ягона умеди наҷотбахши миллат ва халқ Иҷлосияи 16-уми Шурои олӣ гардид, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард.

Ва ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин рамзи комилҳуқуқӣ ва соҳибистиқлолии тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараëни он сарнавишти давлатдории навини тоҷикон таҳрезӣ гардида буд қабул гардид. Маҳзи бо қабул гардидани муқаддасоти миллии кишвар, ки дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои нахустини худро гузошт. Дар замони соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчамӣ давлатӣ дар кишвар биноҳои хуштавру замонавӣ бунëд гардида барои мустаҳкам намудани пояи давлатдорӣ ва таъмини сулҳу суботи кишвар замина мегузоранд.

Ҳамчунин зери сиëсати бунëдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо баланди 165 мтр Парчами давлати парафшон гардид, ки ин ҳама самараи истиқлол ва комилҳуқуқиву сулҳу суботи осоишта аст. Имрӯз метавон гуфт, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва соҳибихтиерӣ дар пешрафти сиëсати хориҷии кишвари Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Созмони миллали Муттаҳид низ нақши бағоят муҳимро касб мекунад. Ҳамчунин боиси ифтихор аст, ки дар назди бинои Созмони Миллали Муттаҳид Парчами давлатии мо парафшон буда, ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва комилҳуқуқии миллати тоҷикро инъикос менамояд.

Миршариф МАҶИДӢ, н.и.т., ходими калони илмии Озмоишгоҳи «Маводшиносӣ»,

Институти химияи ба номи В.И. Никитин.