Нимаи дуюми рӯзи 21 май дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар баргузории конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва ноибони навтаъини президенти академия иштирок намуданд.
Ба кори конфронс нахуст Зиёев Субҳиддин – номзади илмҳои филология, Раиси Шурои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, сухани ифтитоҳиро ба президенти академия миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.
Зимни баромади хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оид ба ғамхориҳову дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки ҳануз аз замонҳои нав сари қудрат омаданашон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри дорои нерӯи тавоно хитоб карда гуфта буданд, ки “Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд” пас моро мебояд, ки барои сазовор гаштани ин суханони пурмуҳтавои Пешвои миллат кушиш ба харҷ дода, барои дар амал татбиқ намудани илм ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани он, чун гузаштагони хеш Ибни Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигар фарзандони баруманди миллат хизмат намоянд.