Перейти к основному содержанию

16 декабри соли 2025, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ироа гардид. Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Бояд таъкид намуд, ки соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи муҳимми рушд ва тақвияти мавқеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва байналмилалӣ ворид гардид. Рӯйдодҳои сиёсӣ ва баргузории интихоботи парлумонӣ бо иштироки озод ва шаффофи шаҳрвандони кишвар нишон дод, ки низоми демократӣ дар кишвар устувор гардида, пояҳои ҳокимияти қонунӣ ва институтҳои демократӣ таҳким ёфтаанд. Ин раванд ба эътимоди ҷомеа ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ заминаи устувор фароҳам овард.

Дар арсаи байналмилалӣ соли 2025 бо имзои шартномаҳои сарҳадӣ ва пайвастшавии сарҳадҳои се кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон (Эъломияи Хуҷанд) ҷиҳати таъмини амният, ҳамкории минтақавӣ ва рушди иқтисодиву фарҳангӣ нишон дод, ки кишвари мо қудрати дипломатии худро дар сатҳи баланд нишон дода метавонад. Қабули қатъномаи навбатии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» низ шаҳодати эътибор ва эътирофи ҷаҳонӣ ба иқдомҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист мебошад.

Аз нигоҳи иқтисодӣ, рушди босуръати маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ нишонаҳои устувории иқтисод ва самаранокии барномаҳои миёнамуҳлат ва стратегии кишвар мебошанд. Даромади пулии аҳолӣ бошад, беш аз шаш баробар афзоиш ёфта, сармоягузорӣ ба иқтисоди миллӣ суръати афзоиши соҳаҳои муҳимми саноат ва хизматрасониро таъмин намуд. Ин нишондиҳандаҳо собит мекунанд, ки сиёсати иқтисодӣ ва татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушд самараи амалии худро дорад.

Дар маҷмуъ, ки соли 2025 ҳамчун соле, ки Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва байналмилалӣ ноил гардид. Мақсадҳои стратегӣ, таҳкими амният ва рушди иқтисоди миллӣ заминаи устувори рушди ояндаро фароҳам оварда, ба татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таҳким мебахшанд.

Дар интиҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон - Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то, ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».

Алиев Фирдавс – муовини директори Институти масъалаҳои об,

гидроэнергетика ва экологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон