Перейти к основному содержанию

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ)

Паёми имсолаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат рӯзи 16 декабри соли 2025 пешниҳод гардид.

Зимни ироаи Паём, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла, доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва сарчашмаи оби тоза дар ҷаҳон тарафдорон ва ҳамфикрони зиёд пайдо намуда, ҳалли ин мушкилоти муҳимро дар мадди аввали ҷомеаи ҷаҳонӣ гузоштанд. Наметавон дар дунё давлат ё сарзаминеро пайдо намуд, ки дар он масъалаи истифодаи самараноки манбаъҳои об ва ҳифзу нигаҳдории он боиси мушкилот нагардида бошад.

Дар шароити ҳозираи ҷаҳонӣ, ки тағйирёбии иқлим ва коҳиши захираҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст, масъалаи ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими оби ошомиданӣ ва обёрӣ намудани заминҳои кишоварзӣ аҳамияти бузург пайдо намудааст. Мавриди зикр аст, аввалин маротиба соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген зарурати таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод намуда буданд. Зимни суханронӣ дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим Пешвои Миллат иброз намуданд: «Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба далеле ҷалб намоям, ки қариб 60 фоизи захираҳои оби дар кишварҳои Осиёи Марказӣ истифодашаванда, дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Ба андозаи 2 - 30С боло рафтани ҳарорати ҳаво тибқи пешгӯиҳо ҷараёни обшавии пиряхҳоро тақвият бахшида, дар натиҷа ба коҳиш ёфтани оби дарёҳо оварда мерасонад. Ин якҷоя бо коҳишёбии боришот ва афзудани истеъмоли об метавонад дар ояндаи миёна ва дарозмуддат дар минтақа вазъияти пуршиддатро ба миён орад».

Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки дар тӯли 70 соли охир пиряхҳои Тоҷикистон то 30 фоиз ва ҳаҷми пиряхҳо бошад қариб 3 маротиба кам шудаанд. Дар асоси маълумоти Барномаи муҳити зисти СММ, то соли 2050 зиёда аз 50% пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ нобуд мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон борҳо таъкид намудааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ пиряхи Ванҷях (собиқ Федченко) дар Тоҷикистон, - ки 77 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тайи 70-80 соли охир пиряхи Ванҷях (Федченко) зиёда аз як километр ақиб рафта, масоҳати он то 44 километри мураббаъ кам шуда истодааст.

Бо мақсади ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санаду барномаҳои дахлдор қабул гардидааст: Аз ҷумла,

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо»;

2. Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040;

3. Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030;

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №407 барои татбиқи қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”

Бо вуҷуди ин ҳама тадбирҳо, пиряхҳои Тоҷикистон зери таъсири манфии тағйирёбии иқлим қарор доранд ва суръати обшавии онҳо сол аз сол меафзояд. Ин боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад, зеро дар сурати идома ёфтани раванди мазкур, Тоҷикистон метавонад бо мушкилоти ҷиддии таъминоти об рӯ ба рӯ шавад.

Ҳалли масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо сиёсати ҳадафманду мушаххасеро тақозо менамояд, ки ба инобат гирифтани шароити хоси экологӣ ва мавқеи ҷуғрофии ҳар як кишварро тақозо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз тағирёбии иқлим осеб дида, бо мушкилоти мухталифи экологӣ рӯбарӯ аст. Ҷумҳурии мо барои коҳиш додани пайомадҳои манфии тағйироти иқлим ташаббусҳо ва стратегияҳои мушаххасро таҳия ва амалӣ менамояд.

Аз ҷумла зимни ироаи Паём Президенти мамлакат иброз доштанд, ки «Мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад. Дар робита ба ин, пешниҳод мегардад, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад».

Имрӯзҳо дар ҷомеаи илмиву ҷамъиятии мамлакати мо дар партави ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қатъномаи қабулгардида як ҳавои ҳамрайъӣ ва амалиёти мушаххас дар ҷодаи амалисозии барномаҳои нав дар омӯзиш ва амалҳои мушаххас барои ҳифзи пиряхҳо роҳандозӣ гардида истодаанд. Таъсиси Маркази омӯзиши пиряхҳо дар кишвар аз аввалин иқдомҳои саривақтиву дуруст дар ин ҷода мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ҳалли масъалаҳои экологӣ дар арсаи ҷаҳони мавқеи хосаро касб намудааст. Махсусан, ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли мушкилоти обу иқлим, махсус бояд зикр кард, зеро Сарвари давлат бо дарки масъулияти бузург барои таъмини шароити мусоиди зиндагӣ, барои наслҳои ояндаи башарият ин қабил андешаҳои инсондӯстонаро пешниҳод мекунад.

Зери сиёсати ҳирадмандонаи Пешвои муаззами Миллат, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари пешоҳанг дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон табдил ёфт. Тоҷикистон, ки манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ аз ҳудуди он сарчашма мегиранд, борҳо ташаббусҳои созанда ва байналмилалиро пешбарӣ намудааст. Аз ҷумла, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии СММ зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Ҳамчунин, 13 августи соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025–2034”-ро, ки Тоҷикистон ва Фаронса пешбарӣ карда буданд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Бо ҳамин тариқ, 12 декабри соли 2025 Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕА) дар қароргоҳи ЮНЕП шаҳри Найробӣ қатъномаро дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера» қабул кард. Қатънома давлатҳо ва шарикони рушдро даъват мекунад, ки дар ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби маблағҳои молиявӣ фаъол бошанд ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, майи 2025) ва дигар ташаббусҳои байналмилалиро истиқбол намуд. Бо қабули ин қатънома солҳои 2025–2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» эълон гардида, пешбурди тадқиқот, мониторинг ва ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ барои ҳифзи пиряхҳо таъмин мешавад. Ин иқдом нақши Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим ва ҳифзи криосфера дар сатҳи байналмилалӣ боз як бори дигар собит сохт.

Метавон чунин хулоса кард, ки Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, криосфера ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ин иқдомҳо боиси болоравии обрӯ ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ шудаанд. Имрӯз тамоми чораандешиҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо, таъмини аҳолӣ бо оби тоза ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт бо иштироки бевосита ва фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.

Насруллоев Ф.Х. - ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ