Перейти к основному содержанию

камераШаҳри Душанбе дар натиҷаи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти пурсамари Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба яке аз шаҳрҳои зеботарини Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Ҳамчун марказӣ фарҳангӣ бо ёдгориҳои таърихӣ, иншоотҳои замонавии бо санъати баланди меъморӣ бунёд гашта, имрӯз мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон ва тамоми оламиён гардидаст. Иқдомҳои шоистаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои мақоми шоистаи худро пайдо намудани пойтахти Тоҷикситон- шаҳри Душанбе бешумор аст. Иқдоми навбатии муҳтарам Раиси шаҳр ҷиҳати насб ва фаъолгардонии камераҳо, радарҳо дар роҳҳои пойтахт аз ҳама ҷониб сутунист.

Пеш аз ҳама иқдоми мазкур фарҳанги шаҳрнишинӣ, маърифати сокинонро дар роҳҳо баланд мебардорад. Ҳолатҳои зиёде буданд, ки дар роҳҳо ронандагон бе маврид худрави худро таваққуф мекарданд, ҳангоми рондани мошин дар роҳ бо якдигар гап мезаданд ва як қатор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, бесуботиву бетартибиро эҷод мекарданд. Баъд аз ин иқдоми шоистаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ронандагон бо маърифати баланд дар роҳҳо ҳаракат менамоянд.

Тавре, ки дар манбаъҳо иттилоъ дода шудааст, таҷҳизоти номбурда панҷ намуди вайронкунии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд кардани суръати ҳаракат, набастани камарбанди бехатарӣ, таваққуф дар хатҳои дуюм ва сеюм, баромадан ба хатти муқобили ҳаракат, монеа эҷод кардан ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиётро сабт намуда, он 19 намуди қоидавайронкунии ронандагонро сабт менамояд. Ин таҷҳизоти техникӣ дар чорроҳаҳо, терминалҳои мусофирбарӣ, истгоҳҳо, даромадгоҳҳои шаҳр ва ҷойҳои серҳаракати нақлиёт насб гардиданд ва дар оянда низ дар назар аст, ки чунин камераҳо шумораашон афзояд.

Ин иқдом фарҳангу маърифати баланди ҳаракат дар роҳҳоро таъмин намуда, дар оянда метавонад барои шаҳру ноҳияҳои мамалакат ҳамчун намунаи ибрат роҳандозӣ гардад. Чунин таҷҳизотҳо дар мамлакатҳои хориҷ кайҳо мавриди истифода ҳастанд. Бо шарофати иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти Тоҷикситон низ чунин иқдомҳои назаррас роҳандозӣ гардида истодааст, ки бе ягон шубҳа далели ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.

Маврид ба зикр аст, ки ин иқдомҳои Раиси шаҳри Душанбе бояд барои шаҳру ноҳияҳои мамалакат мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифта, марҳила ба марҳила дар марказҳои вилояту ноҳияҳо ҷорӣ гардад, боиси пешрафти тамоми Тоҷикистон мешавад. Маданияти сокинони мамалакат дар доираи чунин иқдомҳо ташаккул ёфта, тақвият меёбад. Дар рушди сайёҳӣ ҳамчун мамалакати соҳибтамаддуну соҳибмаърифат ёрӣ менамояд. Насби радарҳо танҳо иқдоми пешгирии қоидавайронкунӣ набуда, иқдоми бузурги шаҳрдорию маърифатофарист. Дар идомаи иқдомҳои созандаю барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муфид ба муҳтарам Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барору комёбиҳо орзӯ намуда, дар ҳифзи оромиву осоиштагӣ ба кулли сокинони пойтахт ва ҷумҳурӣ азму иродаи қави хоҳонем! Тоҷикистон ба пеш!!!

АБДУМУМИНЗОДА Ситора, - Номзади илмҳои педагогӣ, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.