Skip to main content

Имрӯз, 09 июн дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт машварати корӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси машваратӣ таъкид шуд, ки 15 феврали соли 2025 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) расман аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро ба муҳлати се сол гузашта, хулосаи мусбии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR)-ро, ки яке аз муассисаҳои пешбари аккредитатсионӣ дар минтақа мебошад, дарёфт намуд.

Гуфта шуд, ки қарори мазкур дар ҷаласаи Шӯрои аккредитатсионӣ, ки 12 феврали соли 2025 баргузор гардид (протоколи №92), бар асоси хулосаи Комиссияи коршиносони беруна қабул шуд. Дар рафти арзёбӣ тамоми самтҳои калидии фаъолияти Академия — аз таҳияи барномаҳои таълимӣ то фаъолияти илмӣ ва рақамикунонӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

IAAR аъзои Ассотсиатсияи Аврупо оид ба таъмини сифати таҳсилоти олӣ (ENQA) мебошад ва дар Феҳристи Аврупоии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (EQAR) ба қайд гирифта шудааст, ки эътирофи байналмилалии стандартҳои онро тасдиқ мекунад.

Натиҷаҳои арзёбии АМИТ аз ҷониби IAAR:

· 10% меъёрҳо — натиҷаҳои қавӣ;

· 60% — қаноатбахш;

· 30% — ниёз ба беҳбудӣ;

· 0% — ғайриқаноатбахш (ба қайд гирифта нашуд)

Агентӣ ба Академия тавсия додааст, ки фаъолияти худро дар самти мобилии академӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим, густариши ҳамкориҳои илмӣ, шаффофияти барномаҳои таълимӣ ва рақамикунонии таҳсилот тақвият диҳад.

Директори генералии IAAR, хонум Алия Жумагулова, таъкид намуд, ки аккредитатсияи бомуваффақият нишонаи қобилияти баланди Академия ва омодагии он барои ҳамкории байналмилалӣ ва иштирок дар ташаббусҳои илмии ҷаҳонӣ мебошад.

Ин дастоварди муҳими Академия имкониятҳои навро дар ҷалби шарикони хориҷӣ, донишҷӯён ва лоиҳаҳои илмии байналмилалӣ боз намуда, нуфузи Тоҷикистонро дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ тақвият хоҳад дод.