Skip to main content

(Ба ифтихори 1045-солагии шахсияти барҷастаи тамаддуни башарият Абӯалӣ ибни Сино)

123Абӯалӣ ибни Сино мутафаккири барҷаста ва яке аз бузургтарин олимони асрҳои миёна буда, на танҳо дар пешрафти соҳаи тиб, балки дар фалсафа, илмҳои иҷтимоӣ ва баррасии масъалаҳои идораи давлатӣ низ саҳми беназир гузоштааст. Осори пурқиммати ӯ, бахусус «Донишнома» ва «Китоб аш-Шифо», ки ба таҳлили масъалаҳои сиёсӣ ва идоракунии давлат бахшида шудаанд, барои фаҳмиши назарияи идора ва сиёсати давлатӣ манбаи муҳиманд. Дар ин мақола мо кӯшиш кардем, ки то андозае андешаҳои Ибни Сино дар бораи идораи давлатӣ, хусусиятҳои ҳокими комил, мафҳумҳои ахлоқии идоракунӣ ва аҳамияти онҳоро барои даврони муосир шарҳу тавзеҳ намоем.

Абӯалӣ ибни Сино давлатро мисли ҷисми зинда медонад, ки ҳар узв ва бахши он бояд бо ҳамоҳангӣ кор кунад. Дар «Донишнома» ӯ таъкид мекунад, ки “идора” бояд мисли табибе бошад, ки саломатии баданро нигоҳ медорад ва барои беҳбудии ҷомеа қадам мегузорад: «Ҳоким мисли табибест, ки бояд бо донишу ҳикмат ҳолати ҷомеаро назорат ва ба беҳбудӣ барад.» (Ибни Сино, «Донишнома», саҳ. 123).

Ба андешаи Ибни Сино идора бояд бар асоси дониш, адолат ва ҳикмат сурат гирад, на бо қудрати зӯроварона. Ибни Сино ҳокимро шахсе медонад, ки дорои дониш, ҳикмат ва ахлоқи нек аст. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳоким бояд қарорҳои худро аз рӯи адолат қабул кунад, ҳамеша бо машварат ва бо риояи манфиатҳои мардум амал намояд, ҳамкорони доно ва сазовор интихоб намояд.
Мувофиқи таълимоти ӯ, идораи давлат бе ин хусусиятҳо самаранок ва устувор намешавад. Аз ҷумла, дар «Китоб аш-Шифо» омадааст: «Ҳоким бояд дорои дониш ва ахлоқи нек бошад ва дар қабули қарорҳо адолатро риоя намояд.» (Ибни Сино, «Китоб аш-Шифо», ҷилди 4, фаслҳои сиёсат).

Ин нуқтаи назар бо таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ аст, ки зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 23 декабри соли 2021 зикр намудаанд: «Адолат ва шаффофият асоси устувории давлат ва кафили суботи ҷомеа мебошад.»

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти қонунӣ амал мекунад, ки дар асоси принсипи адолат ва қонуният фаъолият намуда, тамоми санадҳои ҳуқуқии қабулшуда манфиатҳои халқро ҳимоя мекунанд ва ба таҳкими устувории ҷомеа мусоидат менамоянд. Ин таҷрибаи идоракунии одилона на танҳо ба эътимоди мардум нисбат ба ҳокимият мусоидат мекунад, балки ба таҳкими суботу ваҳдати миллӣ низ замина мегузорад.

Абӯалӣ ибни Сино бар он аст, ки идора ва сиёсат қоидаҳои қатъӣ надоранд, балки бояд мутобиқ ба вазъияти замон ва шароити иҷтимоӣ таҳаввул ёбанд. Дар «Китоб аш-Шифо» омадааст: «Ҳар давлат усули идораи худро дорад, ки бояд бо донишу таҷриба муайян гардад.» (Ибни Сино, «Китоб аш-Шифо», ҷилди 5). Ин андеша бо сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат мутобиқ аст, ки таъкид карданд, “тарзи идораи давлат бояд ҳамеша бо ҷаҳони муосир ҳамқадам бошад”.

Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки хизматчиёни давлатӣ бояд ҳамеша дар хизмати халқ бошанд. Ин сухан зимни мулоқот бо кормандони мақомоти давлатӣ гуфта шуда, таъкид мекунад, ки масъулият ва содиқона кор кардан барои ободии ҷомеа вазифаи муқаддас аст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели 2008 омадааст, ки «Хизматчиёни давлатӣ нерӯи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд намунаи интизоми олию меҳнати фидокорона ва содиқона бошанд.» Дар суханрониҳои дигар чунин афкор баён шудаанд: «Ба роҳ мондани хизматрасониҳои босифати давлатӣ… бояд… тавассути фаъолияти самараноки хизматчиёни давлатии соҳибкасб ва риояи қатъии интизоми иҷроия мусоидат намояд.» (Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, 26 апрели 2013)

Бо чунин пайванди таърихӣ ва замонӣ, мероси аҷдодӣ ва андешаи миллати соҳибтамаддунро метавон ҳамчун сарчашмаи ҳидояткунанда ва илҳомбахш барои идора ва рушди устувори давлати муосир истифода кард.

Ибни Сино таъкид мекунад, ки бе дониш ва маърифат идоракунии давлат имконнопазир аст. Ҳоким бояд шахсияти донишманд бошад ва илму маърифати умумиро дар ҷомеа паҳн кунад, зеро дониш асоси пешрафти давлат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳост. Дар «Донишнома» чунин гуфта шудааст: «Идора бе дониш ва маърифат мумкин нест.» (Ибни Сино, «Донишнома», саҳ. 215).

Ниҳоят, таълимоти Ибни Сино дар бораи зарурати донишу маърифат барои идоракунии давлат ва пешрафти ҷомеа ба суханони Президенти кишвар мувофиқ аст, ки таъкид карданд: «Тақдири миллат ва давлати мо мустақиман аз сатҳу сифати дониш, маърифат ва масъулиятшиносии роҳбарону мардуми он вобаста аст.». Ҳамзамон дар ин хусус зикр кардаанд, ки “дар замони муосир давлатҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз кунанд, ки миллати босавод ва донишманд дошта бошанд…

Ин усулҳо дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ барои пешбурди босамар ва устувор роҳҳои навро мекушоянд ва бо афкори асосии Ибни Сино дар бораи аҳамияти дониш, адолат ва машварат мутобиқанд.

Ба андешаи Ибни Сино, адолат ва ахлоқи ҳоким сутуни асосии давлат мебошанд. Ҳокиме, ки адолатро риоя намекунад, ҳарчанд қудратманд бошад, давлатро ба нобудӣ мебарад. Ӯ мегӯяд: «Адолат сутуни устувории давлат аст, бе он ҳоким ва давлат ҳар ду нобуд мешаванд.» (Ибни Сино, «Китоб аш-Шифо», ҷилди 4, фаслҳои сиёсат). Ҳамин тавр, ахлоқ ва масъулиятшиносӣ рукни муҳими идоракунӣ мебошанд.

Дар замони муосир, ки аксари кишварҳои ҷаҳон ба самти таҳкими шаффофият, масъулият ва идоракунии босифат ҳаракат мекунанд, таълимоти Абӯалӣ ибни Сино метавонад ҳамчун сарчашмаи муҳим ва роҳнамои ахлоқӣ ва амалӣ истифода шавад.

Хушбахтона, Ҳукумати кунунӣ бо такя ба таҷриба ва мероси бузурги гузаштагон аз ҳикмату андешаи аҷдодӣ баҳра гирифта, онро бо дарки ниёзҳои замони муосир мутобиқ месозад.

Ҳамин тариқ, таълимоти Ибни Сино барои таҳкими низоми идораи давлатии муосир барои аксари кишварҳои ҷаҳон, бахусус дар шароити демократӣ ва ҳуқуқбунёдӣ метавонад ҳамчун манбаи илҳом ва роҳнамои арзишманд хизмат кунад.

Парвина Абдуллоева, унвонҷӯи Институти забон ва адабиёти ба номи

А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон