Skip to main content

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят ҳассосу тақдирсоз вақте, ки кишвар дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месухт ва ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд, бо ҷасорат ва таҳаммулпазирӣ Артиши миллиро аз сифр бунёд карда, пояҳои устувори амният ва Истиқлолро таъмин намуд. Имрӯз Артиш миллӣ, барои насли наврас намунаи ватандӯстӣ, шуҷоат ва садоқати воқеӣ ба Ватан гардид.

Ҳамасола дар саросари кишвар 23 феврал ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси ифтихор ва қадршиносӣ таҷлил мегардад. Ин сана рамзи пойдории давлатдорӣ ва яке аз пояҳои муҳими Истиқлоли миллӣ ба шумор меравад. Артиши миллӣ на танҳо ниҳоди ҳарбӣ, балки кафили субот, амният ва ҳифзи арзишҳои давлатӣ мебошад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар давраи ниҳоят ҳассосу мураккаби таърихӣ, дар оғози солҳои Истиқлол, замоне таъсис ёфтанд, ки давлат бо хатарҳои ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд. Норасоии заминаҳои моддӣ-техникӣ, идомаи ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъи ноороми дохилӣ раванди ташаккули сохторҳои низомиро душвор мегардонд. Бо вуҷуди ин, пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъсиси расмии Қувваҳои Мусаллаҳ заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ фароҳам оварда шуд.

23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва ҳамин рӯз ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон давра то имрӯз Артиши миллӣ марҳилаҳои гуногуни ташаккул ва таҳкимро тай намуда, аз як сохтори навтаъсис ба неруи муназзаму қобили ҳифзи амнияти миллӣ табдил ёфт. Нақши роҳбарияти олии кишвар, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бунёд ва тақвияти Қувваҳои Мусаллаҳ назаррас арзёбӣ мегардад. Дар шароите, ки давлат аз сифр ба ташкили артиш оғоз намуд, тадбирҳои пайгирона имкон доданд, ки пояҳои ҳуқуқӣ, сохторӣ ва моддӣ-техникии он марҳила ба марҳила таҳким ёбанд. Қабули қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи мудофиа асоси фаъолияти муназзами Артишро таъмин намуд. Имрӯз дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат қӯшунҳои хушкигард, зудамал, ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, инчунин дигар воҳидҳои низомӣ фаъолият доранд. Онҳо дар ҳифзи Истиқлол, тамомияти арзӣ ва амнияти шаҳрвандон нақши калидӣ мебозанд. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон дод, ки Артиши миллӣ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таъмини суботу оромӣ хизматҳои арзанда анҷом додааст.

Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст. Баланд гардидани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти ҷавонон, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мегарданд, нишондиҳандаи эътимод ба давлат ва ифтихор аз Артиши миллӣ мебошад. Дар ин раванд, ҳамкории сохторҳои дахлдор, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа барои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии насли наврас аҳамияти махсус дорад.

Дар шароити ҷаҳони зудтағйирёбанда ва таҳдидҳои муосир, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, боло бурдани сатҳи касбият ва омодагии ҳарбӣ, инчунин тарбияи насли наврас вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа боқӣ мемонад. Артиши миллӣ имрӯз ба неруи боэътимоде табдил ёфтааст, ки метавонад амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз намояд. 23 феврали соли 2026 аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол пур мегардид. Дар ин муддат Артиши миллӣ аз як сохтори навтаъсис ба неруи муназзаму касбӣ табдил ёфта, таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро бо масъулият баланд идома медиҳад. Артиш яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, на танҳо рамзи Истиқлол, балки кафили ҳифзи он мебошад. Масъулияти ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини субот ва амнияти ҷомеа бар дӯши ҳамин ниҳод аст. Ин рисолат, рисолати шарафмандона аст, зеро ҳар нафаре, ки либоси ҳарбӣ ба бар мекунад, номи муҳофизи Ватанро соҳиб мешавад.

Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ дар соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷҳизоти асосӣ, техникаи низомӣ ва захираҳои низомии мавҷудбудаи собиқ Артиши Шуравӣ ҳеҷ гуна мерос нагирифт. Дар чунин шароит Тоҷикистон Артиши миллии худро комилан аз сифр бунёд намуд. Дар оғози Истиқлол, кишвар дар ҳолати ноустувори сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Норасоии кадрҳои тахассусӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ ва ҳатто аслиҳаи зарурӣ мушкили асосӣ буд. Бо вуҷуди ин, мардуми сарбаланди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷасорат ва матонат Артиши миллиро ташкил доданд.

Ташкилёбии Артиши миллӣ дар чунин шароити душвор ба марҳилаҳо тақсим шуда, аввал заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддӣ таҳия гардид, баъд кадрҳои баландтахассис ҷалб ва тайёр карда шуданд ва ниҳоят навъҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис ёфтанд. Дар натиҷа, Артиши миллии Тоҷикистон ба нерӯи боэътимод ва қодир ба ҳифзи Истиқлол ва марзу буми Ватан табдил ёфт.

Раванди ташаккули Артишро метавон ба се марҳила ҷудо кард: ташкили заминаи ҳуқуқию моддӣ, такмили сохтор ва навъҳои асосии қӯшунҳо, ва давраи таҳким баъд аз барқароршавии сулҳу субот. Имрӯз қӯшунҳои хушкигард, зудамал, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ фаъолият дошта, сатҳи омодагии ҷангии онҳо мунтазам баланд бардошта мешавад. Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон мактаби шуҷоат ва масъулият мебошад. Солҳои охир афзоиши ихтиёрии ҷавонон ба сафи Артиш нишон медиҳад, ки сатҳи худшиносӣ ва ватандӯстии шавҳрвандон боло рафтааст. Дар ин раванд нақши оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа муҳим мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамзамон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кишварҳои гуногун ва созмонҳои марбута машқҳои муштарак баргузор намуда, таҷриба ва малакаи касбии ҳайати шахсиро такмил медиҳанд. Ин ҳамкорӣ ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир мусоидат менамояд.

Имрӯз метавонем бо итминон қайд намоем, ки Артиши миллии Тоҷикистон ба нерӯи боэътимоде табдил ёфтааст, ки қодир аст Истиқлол, тамомияти арзӣ ва амнияти давлатро ҳифз намояд. Мардуми кишвар дар симои он сипари устувори Ватанро мебинанд ва бо боварӣ ба ояндаи осоишта қадам мегузоранд.

Ҳанӯз дар солҳои барои давлату миллат ҳассосу тақдирсоз мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо роҳнамоӣ ва матонату мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Артиши миллиро таъсис доданд. Сарвари давлат ба нақши сазовори аскарону афсарони далери Ватан дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистон чунин таъкид доштаанд: «Аз ибтидои таъсиси худ то имрӯз Артиши миллии мо дар барқарор сохтани сулҳу оромӣ дар саросари кишвар, муҳофизати дастовардҳои замони Истиқлол ва тамомияти арзии мамлакат талошу муборизаҳои шоёни тақдир анҷом дод». Имрӯз ин ниҳоди тавонои кишвар ба як сохтори боэътимод табдил ёфта, дар ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амният, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатар, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ нақши муассир дорад. Дар остонаи ин санаи таърихӣ ҳар як фарди ватандӯст беихтиёр роҳи тайнамудаи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеши назар мегузорад. Омӯзиши таҷрибаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои насли наврас аҳамияти бузург дорад, зеро афсарону сарбозоне, ки дар он солҳо қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро карданд, сабақи таърихӣ ва намунаи шуҷоат барои ҷавонони имрӯз мебошанд.

Артиши миллӣ имрӯз яке аз рукнҳои асосӣ ва сипари боэътимоди давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, хизматчиёни ҳарбии он қодир дар ҳифзи марзу буми Ватан, кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва зиндагии осудаи сокинон мебошанд. Миллати тоҷик таърихан мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгаро, фарҳангиву тамаддунсоз ва ватандӯсту ватанпараст мебошад. Артиши миллӣ мактаби тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ мебошад. Дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, садоқат ба Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дӯстиву рафоқат тарбия кардани насли ҷавон вазифаи ҷонии ҳар шахс аст. Ҷаҳони муосир пур аз таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуб аст, бинобар ин, тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа мебошад. Танҳо бо садоқат ба Ватан ҳар як шахс метавонад, дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат камари ҳиммат бандад.

Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо ҷавонони саодатманди замони Истиқлол тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона месозем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ барои ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.

Алиев Фирдавс – муовини директори Институти масъалаҳои об,

гидроэнергетика ва экологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон