Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)
ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Ба муносибати 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯали ибни Сино.

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Артиши миллӣ яке аз сутунҳои асосии ҳар як давлати мустақил ба шумор меравад. Дар таърихи инсоният, нақши артиши миллӣ на танҳо дар ҳифзи ҳудудҳои давлатӣ, балки дар нигоҳ доштани оромӣ ва суботи дохилӣ низ аҳамияти беназир дорад. Барои миллати тоҷик, артиши миллӣ на танҳо василае барои ҳифзи истиқлолияти миллӣ, балки худ рамзи мардонагӣ, ватанпарастӣ ва садоқат ба Ватан аст.

Ҳар як сарбоз, ҳар як афсар ва ҳар як генерали артиши миллӣ бо шуҷоат ва садоқати худ ба мамлакат ҳисса мегузоранд. Онҳо барои ҳифзи сарзамини азизамон на танҳо омодаанд, балки ҳар лаҳза омодаанд ҷони худро фидо кунанд. Дар замони мо, нақши артиши миллӣ афзунтар шудааст. Маъракаҳои зиддитеррористӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳифзи сарҳадҳо – ҳамаи ин вазифаҳоест, ки артиши миллӣ ба дӯши худ мегирад.

Бо вуҷуди мушкилоти муосир, артиши мо тавонистааст худро ҳамчун ниҳоди боэътимод ва муносиб барои ҳифзи амнияти миллат муаррифӣ кунад. Тавассути таълим ва тамрини доимӣ, сарбозони мо на танҳо дар масоили ҳарбӣ, балки дар масоили инсонӣ низ комилан омодаанд.

Дар ҷашни ҳар як солгарди таъсиси артиши миллӣ, мо бояд бори дигар ёдовар шавем, ки ҳифзи Ватан ва амнияти миллат - вазифаи муқаддас аст. Ва ҳамагон бояд бо ифтихор ва эҳтиром ба сарбозон ва афсарони артиш муносибат кунанд. Дар ин замина, онҳо бо қалбҳои худ кафили сулҳ ва амният ҳастанд.

Дар ниҳоят, артиши миллӣ на танҳо як ниҳоди ҳарбӣ, балки як рамзи қавии ҳамбастагӣ ва садоқат ба миллату давлат аст. Мо бояд ҳамеша бо ифтихор ва муҳаббат онҳоро дастгирӣ кунем ва ба онҳо эътимод гузорем.

Баҳри субот ва осоиштагии кишвар – зинда бод артиши миллӣ!

Олимҷон Азизов – мудири шуъбаи
муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа

Илм аз қадимулайём дар сарзаминҳои таърихии мо нашъу намо ёфтааст ва тоҷикон саҳми қобили таваҷҷуҳе дар улуми табиӣ, пизишкӣ, риёзиёту кимиёву ҷабру фалсафа ва ғ. доштаанд. Афкори илмии классикони мо муаррифгари соҳибфарҳангиву баёнгари соҳибмаърифатии мо буда, андешаҳои илмии имрӯза муҳимтарин василаҳои ҳалли ҳамаи мушкилоти муосир маҳсуб меёбанд. Дуруст қайд мекунад Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳояшон, ки “дар марҳалаи имрӯзаи тараққиёти башарият, ки даврони дастовардҳои бесобиқаи илму техника ва технология мебошад, неруи илмиву зеҳнӣ ба муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа табдил ёфтааст”. Аз ҷониби дигар, рушди босуръати технологияи муосир, ки боиси рақобатпазирии носолим дар давлатҳои мухталиф гардидааст, ногузир оғози тасаллуту тасарруфи «адабона» низ гаштааст.

Айнан мисли он ки дар ибтидои таърихи инсоният хурофот дар ҷавоб ба саволҳое чун кусуфу хусуф ва ба навъе аз дарки ҳаводиси табиӣ ба ҳайси ҷаҳонбинӣ буруз карда буд ва имрӯз ҳам дар дасти гурӯҳҳои алоҳида ва дар хизмати давлатҳои қудратманд барои боз ҳам дар чоҳи ғафлату гумроҳӣ қарор додани мардумон ва махсусан мусулмонон хизмат мекунад. Аммо чун имрӯз ҳам сатҳи зиндагии мардумони олам дар гӯшаҳои мухталиф якнавохт нест, муҳим он нест, ки илму технология ба суръат дар ҳоли рушд аст ва ё хурофот муҷиби қафомонии ҷомеаи хоссе ва иллати боздошти қитъае аз тавсеа мебошад. Балки муҳим ин аст, ки лаҷоми ҳар ду дар дасти инсон аст ва оё ҳар дуи ин ҷаҳонбинӣ дар хизмати инсоният қад афрохтаанд ва ё на?! Ва оё илму хурофот ғуломи инсонанд ва ё инсон ғуломи ҳалқабаргӯши инҳо?! Дар кишваре, ки мардумони он бар табиат тасаллут ёфтаанд, фармонравоии он тоифа мусаллам аст. Дар акси ҳол, ҷаҳлу нодонӣ, ки паруболбахшандаи хурофот ҳастанд, ҳукм бар бардасозии мардум медиҳанд.

Тааҷҷубовар аст ва ё ки боиси хӯрдани таассуф, ки то имрӯз аз маҳсули илмии олимони тоҷик миллату давлат кам баҳра бардоштааст. Ҳарчанд кӯшишҳои худмуаррифӣ дар байни олимон ба назар мерасад ва дар қиёс ба солҳои пеш ва вуҷуди офаридаҳои баъзе олимони хориҷӣ рушде дида мешавад, аммо ин тавсеаи зоҳирӣ дар замони ҷаҳонишавии беист давоовар нахоҳад буд. Аз ҷониби дигар танҳо сарукор гирифтан бо таърихофарӣ дар тамоми самту соҳаҳо, махсусан дар самти илмҳои ҷомеашиносӣ, аз қабили шарҳиҳолнависӣ, имлоивазкунӣ, ба ҷойи ба фалсафа рӯ овардан бо таъриху назарияҳои файласуфони асримиёнагӣ банд шудан, таърихсозӣ наметавон тафаккурро тағйир дод. Ҳатто бояд қазоват кард, ки бо беҳтар кардани вазъи иқтисодӣ ва боло бурдани шароити моддӣ олимсозӣ наметавон кард. Ҳарчанд бо талошҳои бесобиқаи Роҳбари давлат таваҷҷуҳ ба худогоҳии мардум зиёд шудааст, аммо ин нахустзинаест барои оғози ҳаракат ба сӯйи илмҷӯӣ. Худогоҳӣ василаи хубест барои тағйири ҷаҳонбинӣ ва интиқоли тафаккури технологӣ. Аммо мо худогоҳиро ҳам бо дастёбӣ ба бешии шумора ва ҳисоби оморӣ бештар шарҳ медиҳем. Афзоиши оморӣ нишондиҳандаи қонеъкунандаи пешрафт нест. Андешаи илмӣ ба унвони қудрату тавоноӣ метавон вазифа дошта бошад, аммо теъдод наметавонад қудрат шуда бошад.

Ағлаби олимони муосири мо илмро василаи фоида пиндоштаанд ва ба ин роҳ касби маош мекунанд ва дар фикри нафъи шахсӣ астанд. Шояд кори баде набошад, аммо то он даме, ки ҷомеа аз ҳосили заҳматашон фоида набарад ва илм муаррифкунандаи миллат нагардад, тирашон ба хато рафтааст. Агар имрӯз Ҳукумат бисёр зарур шуморад, то ниҳодҳои илмӣ дар ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ ва пешрафтҳои сиёсӣ сахт саҳмгузор бошанд, пас, беҳтар аст, дар доираи сохторҳои Академияи миллӣ ниҳодҳои алоҳида аз дохили мутахассисони лозима сомон дода шаванд, то ба қавле «гунҷишка кӣ кушад, қассоб» тавонанд ҷавобгӯи ормонҳо бошанд.

Мо ду намуди олимон дорем: солхӯрдагони донишманд, аммо бо тафаккури шӯравӣ ва ҷавонон дар ҷустуҷӯи ҷаҳонбинӣ ва дар чоҳи ноумедӣ фурӯрафта. Тоифаи савум надорем. Муҳоҷирати олимони солхӯрда ба кишварҳои мутараққӣ камтар сурат гирифтааст. Аз ин рӯ, ҳанӯз фурсат аст, чизеро аз онҳо омӯхт. Ҷавонони хушзеҳн дар донишгоҳҳои мамлакатҳои ҷаҳон зиёд таҳсил мекунанд, агарчӣ ҳам баргарданд (чун бо квотаи давлатӣ таҳсил карданд ва баргашти мачбурӣ доранд), боз ҳам нигоҳашон ба ҳамон ҷоҳост.

Албатта, ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам ниҳодҳои танзимкунандаи илм дар кишвар, алалхусус, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар бораи шарту шароитҳои густаришу тавсеаи илм андешида истодаанд. Ба мубоҳасату машварати зиёд натиҷаҳои дилхоҳ низ ба даст оварда шуданд. Роҳбарони муассисаҳои илмӣ муваззаф ба тағйири оинномаҳои идораҳо ва аттестатсияи кормандон гардиданд. Будҷаи пажӯҳишҳо низ афзуда шуд, аммо боз ҳам гули мақсуд машоми ҷонро хушбӯ накард. Шояд сабабҳо зиёд бошанд, аммо ба чандтои маъмули онҳо таваҷҷуҳ мекунем.

Аввалан, мо бештар ба осори назариявии муҳаққиқони замони шӯравӣ такя мекунем ва бояд гуфт, ки ин пажӯҳишҳои назарии бунёдӣ дар доираи идеологияи коммунистӣ ва усулҳои тадқиқотии он замон офарида шудаанд ва ҳам дар асоси идеологӣ доштани илм шакке нест ва асоси пажӯҳишҳои амалӣ дар замони соҳибистиқлолии мо шуда наметавонанд.

Дувум, мо такя ба андешаҳои назариявии олимони кишварҳои мутараққӣ мекунем ва хоҳони амалӣ сохтани он идеяҳоро дар кишвари худ ҳастем. Ё муқаллидем ё нусхабардор!

Савум, низоми муайяни назоратӣ аз болои идораҳои илмӣ ва корҳои илмӣ нест. Олимони зирак дар доираи фикрҳои пухтаи омода, ки шояд ҳам аз як ҷиҳат аллакай дар шакли дигар гуфта шудаанд ва ё барои тақвияти афкори миллӣ камаҳаммияттаранд, мавзуъҳо пешниҳод менамоянд ва боз худ онҳоро доварӣ мекунанд. Ин вазъи пешбурд ҳам ҳавсалаву рағбати олимонро суст мекунад ва ҳам сатҳи илмии кишварро боло намебардорад. Аз ин рӯ, Сарвари мамлакат дуруст қайд намудаанд, ки “дар фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳо як қатор камбудиҳои дигар, аз ҷумла вобаста ба мубрам будан ё набудани мавзуъҳои таҳқиқотӣ, сифати корҳои илмӣ, натиҷаҳои бадастовардашуда ва аҳаммияти амалӣ, яъне татбиқи онҳо дар истеҳсолот ҷой дорад”.

Чаҳорум, мо илм ва вазифаҳои илмиро василае барои таъмини бисоти рӯзгор пиндоштаем, ки бешакку тардид, андешаест хато. Худи фикри таъмини зиндагии маишӣ аз ҳисоби андешаи илмӣ коҳишдиҳандаи тафаккури илмист. Дар ин ҷо мусовӣ тақсим шудани маблағ байни тамоми ходимони илмӣ, новобаста аз тафаккуру фаъолият, низ зарбае ба мақоми илму манзалати олим мезанад, ба иловаи ин ки будҷаи пажӯҳишҳои илмӣ бе ин ҳам нокифоя аст. ...

Мо бузургоне чун Закариёи Розиву Ибни Сино, Беруниву Форобӣ ва садҳо олими машҳури сатҳи ҷаҳонӣ доштем, аммо дар умум аз рушд камтар баҳраманд будему фоидамандии ин донишмандонро қариб эҳсос накардем. Имрӯз ба маротиб ҳамаҷиҳата тавсеа ёфтем, аммо боз дар қатори уламои пешсафи ҷаҳонӣ чун доноёни мавсуф дигар касеро надорем. Яъне он замон огоҳӣ аз илм доштему ошноӣ бо улуми мухталиф, аммо ин огоҳиву ошноӣ алоқаи андаке ҳам бо зиндагии воқеӣ надошт ва аз он ҳаммилатону ҳаммеҳанони мо каме ҳам баҳра барои таъмини ҳаёти маишӣ набардоштанд. Имрӯз мо ба маротиб рушд кардем, аммо нишоне аз чунин бузургмардон дар байни мо нест, то мояи ифтихори мову ояндагон гарданд. Пас, мушкилот дар хоку замине, ки дарахти илм дар он сабз мешавад, будааст ва ё тафаккуре, ки заминасози илм бошад, бепаноҳ мондааст? Як чиз шояд аён бошад, ки илм ва офаридани он вазифаи коллективӣ будаву шуда наметавонад. Мо имрӯз аз илм талабгорем, ки бисоти рӯзгорамонро таъмин намояду дар беҳбуд бахшидан ба зиндагӣ хизмат намояд. Чун такя ба мағзҳои коллективӣ кардем, тафаккури фардӣ заиф гардид. Фазои кушоди андешидан олудаи гарду чанг ва дирангодиранги ҳарранг мағзҳоро гаранг мекунад, аммо на ба ҷанг меандозад. Донишмандони асримиёнагии мо, ки файласуф буданду соҳибҳикмат, илмҳои назариявиро поягузоранд ва дер дар амал татбиқ шудани андешаҳояшон пайванди мустақим дошт бо дарёфти буҷа. Пас, буҷа дар мадди аввал таъсири асосӣ ба кори бунёдии илмӣ надорад.

Насли ҷавонтари мо, ки имрӯз худро ҷойгузини донишмандони куҳансин медонанд, новобаста аз он ки иштиёқманди донишманд шудан ҳастанду бо маҳорату лаёқат дӯстӣ камтар доранд, заъфу нотавонии худро ба иллати камии буҷаи илм ва андакмаошии олим мепайванданд. Шояд аз як нигоҳ ин арзашон қабул аст, аммо саводу савдо ва нигоҳи донишмандонаву савдогарона аз ҳам сахт тафовут доранд. Имрӯз ба илм чун ба васила назар кардан мисли кори савдогаре, ки ҳосили харидуфурӯши мол пул медиҳад. Савдогар ҳамеша дар фикри дарёфти нафъу фоидаи бештар аст ва ҳам дуруст фикр кардааст. Аммо агар олим ҳамвора аз норасоии ош-мошу камии маош шиква дораду сармояи бетафаккуриашро ба бемоягӣ пайваст кунад, раҳгумзадаест ва ё бенасиб аз истеъдоди шахсӣ. Агар ҳам қазоватам нодуруст аст, пас, чаро дар як шароиту тааллуқот тафовути илмиву самараи илмии нафаре аз нафари дигар аз замин то осмонҳост. Фикр мекунам, истеъдодро бояд дарёфт, на сохт. Давлату Ҳукумат буҷаи пажӯҳишро мусовӣ тақсим мекунад ва бо ҳуқуқи баробар ходимонро таъмин месозад ва интизори баҳрагирӣ мешаваду муаррифии илми миллӣ. Бо ин роҳ чанд даҳсолаи дигар ҳам муваффақ шуда наметавонем. Тадбирҳо муҳарриканду ангезанда, аммо муваққатиянду замонӣ.

Мо дар бораи доноёни пешгузаштаи худ, ки албатта, кам нестанд, хондаву фикр карда, ифтихормандона номи онҳоро ҳамеша барои ҷаҳониён бо овози баланд ёдовар мешавем. Дар замони онҳо шояд ҷуз андаке аз наздикону огоҳон дигар касе корашонро дарк накарду аз вуҷудашон дарак наёфта буданд. Пас, илми асил бо замона камтар иртибот дорад ва илме, ки зодаи имрӯзу ниёзи имрӯзи моро бароварданӣ шавад, ба он андоза муфиду нафъовар набошад, ки мо аз он интизорӣ дорем. Чаро кори фикрии пешгузаштагони мо баъди чандсад сол нафъовар гардид ва оё илм моли баргузидагон аст ва ё маҳсули олимони мо баъди садсолаҳо мавриди эътирофу эътимод қарор мегирад, саволҳоеянд берун аз баҳси мо.

Ҳамеша маро ин фикр пойбанд кардааст, ки чаро бештари донишмандони салафи моро ҳаким мегуфтанд. Донишманд наметавонист бо донистани як ихтисос, агарчи дар он самт алломаи даврон ҳам бошад, унвони ҳакимиро гирад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки илмҳо дар ҳамаи давру замонҳо новобаста аз самташон ба ҳам сахт тавъаманд. Донишманд танҳо дар як сурат метавонист ҳам шуҳрат дошта бошаду ҳам маҳорат агар ба ҳамаи илмҳои замон тасаллут дошта бошад. Ва муҳимтар ин ки он донишмандон ҳатман дар баробари нуҷумдон ё физикдон ва ё табиб буданаш бо илмҳои инсоншиносӣ, хоссатан забону адабиёту фалсафа, ошноӣ доштанд. Хулосаи ин қазия ин аст, ки ҳар илм наметавонад дар алоҳида рушде дошта бошад ва иллати қафомонии мо ҳам дар ҳамин аст. Агар дар илмҳои ҷомеашиносӣ андаке сарболо шуда бошем ҳам, илмҳои технологии мо то ҳанӯз дар маҳдудияти донишҳои донишгоҳӣ қарор доранд. Ҳамчунин масъалаҳое, ки мо дар илмҳои инсоншиносӣ матраҳ мекунем, барои ҷаҳони тавсеаёфта ё бегонаанд ва ё нодилпазиранд ва баҳсҳое, ки дар доираи илмҳои риёзиву техникӣ меанҷомем, муддатҳост, ки ҳаллу фасл ёфтаанду дар амалия татбиқ шудаанд. Аз ин ҷост, ки таърихи пурғановати маънавиямонро бештар ғанимат мешуморем ва бо он худро ба ҷаҳониён мешиносонем. Дар таърихи сӣ сол беши соҳибистиқлолӣ заминаҳои огоҳиву ошноӣ гузошта шуданд. Ба такони ғирболи илм аввалин маҳсул баромада истодааст. Таноби худшиносӣ ҳам бар чархи ҳувият баста шуд. Ҳанӯз хеле барвақт аст, то давлат аз илму илм аз давлат беҳбуди вазъро интизорӣ кашад. Дар низоми ҷаҳонии илм мавқеъ пайдо кардан ҳанӯз барвақт аст. Ҳарчанд ҷараёни ҷаҳонишавӣ ҷойе барои хушбинӣ боқӣ намегузорад, ҳанӯз ҳам хушбин ҳастем ва ақидаи афтодарӯҳии моро рӯҳи бузургмардони пешгузашта рӯпӯш мекунад, зеро мо будему доштем ва бояд дошта бошему бошем!

Донишмандони зиёде имрӯз ба ном ҳам дорем, ки мутаассифона, тарки ватан кардаанд. Таассуфовартар он аст, ки берун аз кишварамон ному нишоне надоранд. Бузургии ватан дар ҳамин аст, ки ҳам дар паноҳ мегираду ҳам ном мебахшад. Ба илми ҷаҳонӣ тасаллут пайдо кардану дар мулки ғайр маъруф гаштан танҳо андеша доштану забон донистан басанда нест.

Имрӯз ба сабаби боз будани ҷаҳони иттилоот кулли мардум, новобаста аз макони зисту сатҳи таҳсилот, аз дониш баҳраманданд. Ин донишҳо, албатта, дар замоне, ки вақт суръаташро ба маротиб тезондааст, махсусан, барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ, басанда нестанд. Таҳсилоти миёна ва донишҳои заминавӣ воситае барои техникаоварӣ шуда метавонанд, аммо ба техникаофарии онҳо тардид мемонад. Мардуми тоҷик, ки таърихан соҳибфарҳангу тамаддунофар будааст, замони тӯлонии беистиқлолӣ иллати аз тафаккур боз монданашон гаштааст. Аз ин рӯ, ҳар гули мақсуди мо дар боғи рушд тез пажмурда мешавад. Боз фурсати зиёде лозим меояд, ки ҳар иқдоми мо дар дунёи тезтағйирёбанда мақом пайдо карда тавонад. Ҷойи гусастагии занҷири инкишофи иҷтимоии дирӯз бо имрӯзро пайваст кардану технологияи фардоро ба даст овардан дигар кори саҳлу роҳи наздик нест. Мо ба донишҳои назариявии пешгузаштагонамон зиёд ифтихор дорем, ки қавли Мавлоно Ҷомиро ба ёд меорад, ки / Ғарқи дарёи тафаккур шудаем, Таҳнишин чун садафу дур шудаем /. Имрӯз агар аз дарёи тафаккур садафу дурбарор нашавем ва чархи техникаи худиро ба ҳаракат наорем, барномаҳои рушди мо самараи мурод нахоҳанд дод. Қудратмандони ҷаҳон технологияро воситаи қудрат қарор додаанд. То он даме, ки ба ин восита тасаллут пайдо нанамоем, илми мо барои миллат фоидабахш шуда наметавонад ва бо илми бенафъ дар қатори танзимгарони низоми ҷаҳон таъсиргузор шудан басо мушкил аст.

Мо бисёр вақт дар бораи рукнҳои ҳастиву пойдории миллату давлат сухан мекунем ва мақулаҳое чун забону таъриху ..... ро ба унвони муҳимтарин аркон маҳсуб медонем… Аммо равшан ин аст, ки пойдории ин аркони мазкурро илм таъмин мекунад. Дар замони муосир илм муаррифгари ҳар миллату давлат ва рукни олами муосир буда метавонаду халос. Агар технологияи илмӣ баёнгари қудратмандӣ барои ҳар кишвар аст, месазад илмро асоситарин рукни ҳастии он давлат ҳисобид.

Дар кишвари маҳбуби мо ҳам Сарвари давлат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ талоши зиёде намуданд, то мақоми илм дар мамлакату мартабаи олимро аз ҳама боло бардорад. Самараи ин нахусткӯшишҳо он шуданд, ки аввалан, раванди муҳоҷирати донишмандон камтар сурат гирифт, баъдан, тухми умед дар дилҳо кошта шуда, пайвандии реша бо баҳра таъмин гардид. Аммо баргузории озмунҳо, аз қабили «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нахустин заминаҳо барои дарёфти истеъдодҳо гардида, фароҳамории шарту шароитҳои минбаъда барои таълиму тарбияи илмии онҳо ва зери назорати қатъӣ гирифтану ба роҳи илм равона кардани онҳо аз вазифаҳои ҷониву виҷдонии масъулин мебошад. Барои давом додани таҳсил дар хориҷи кишвар аз ҳисоби буҷаи давлат, тамоми лавозимоту шароитро фароҳам овардану бо назорати ҷиддӣ низ таъмин намудан, ҳамчунин масъалаи баргаштану таҷрибаҳоро ҷорӣ кардану бунёди тамоми улумро дар кишвар ниҳодан роҳест ягона ва танҳо бо ин роҳ мо метавонем насли соҳибтафаккурро тарбия карду иртиботи илму ҳаёти воқеиро воқеан сохт. Танҳо баъд аз чунин заминасозиҳо дар кишвари мо зиндашавии илм аёну ниёзи ниёзмандон бароварда мегардад, вагарна ба қавли Амир Хусрави Деҳлавӣ «Илм, к-аз аъмол нишонеш нест, Колбуде дораду ҷонеш нест».

Имрӯз бо супориши Роҳбари давлат зарурати таҷдиди назар кардани сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пеш омадааст. Бештари муассисаҳо самаранокии фаъолияти илмии институтҳоро бо пешниҳоди иттилооти оморӣ нишон медиҳанд. Албатта, маҷмуаи тадқиқотҳову шумораи мақолоту китобҳо ва баргузории чорабиниҳои илмӣ доираи фаъолиятро муайян карда метавонанд. Ба фикри инҷониб, мушкилот дар ҷойи дигар аст. Проблемаи асосӣ дар он аст, ки ходимони илмии институтҳо ҳам барои худ мавзуъҳои лоиҳаҳоро супориш медиҳанд ва ҳам иҷро мекунанд, ҳам дар охир назарсанҷиву арзёбӣ мекунанду ҳам боз ба корҳои ҳамдигар арҷ мегузоранд. Идораи хоссае нест, ки муҳиммияту мубрамияти мавзуъҳоро муайян намояд, имконҳову тавоноиҳои олимонро таҳқиқ намояд, самаранокии натиҷаҳоро кашф намояд ва барои дар амал татбиқ намудани онҳо чораҷӯӣ намояд. Бештари мавзуъҳо актуалӣ нестанд, талаботи ниёзҳои муосирро қонеъ гардонда наметавонанд ва дар низоми ҷаҳони илмӣ рақобатпазир нестанду барои илми миллӣ дармонпазир. То он даме, ки мавзуъҳои илмӣ бо ниёзмандиҳои ҷомеа ва ҳадафҳои оянда пайванд набошанд, то он даме, ки мо мавқеъ ва ҷойамонро дар ҷаҳони муосир (албатта, на аз назари ҷуғрофӣ) дуруст муайян накунем, то он даме, ки теъдоду оморро аз усули асосии меъёри илмсанҷӣ дур наандозем, интизориҳо бароварда нахоҳанд шуд.

Илм аз радди ҳақиқату воқеияти замонӣ тағйири рангу мазмун мекунад. Ба чанд далел ин қазияамонро исбот мекунем. Дар асрҳои X-XI аллакай ислом бо тамоми маънояш бар ҷаҳони Шарқ тасаллут ёфт. Бузургтарин шоирону олимон зодаи ин аъсоранд. Чаро? Оё ин ба таъсири арзишҳои исломӣ сурат гирифтааст ё як навъи эътироз ба андешаҳои динӣ буруз кардааст? Аз афкори олимони ин аҳд баръало аён аст, ки таваҷҷуҳ ба фарҳанги суннатии пешгузаштагон ва ҳикмати юнониву ҳиндӣ, ки бештар бар ақлу хирад устувор буд, хеле зиёд гардидааст. Яъне тамаддуни исломӣ зодаи танҳо андешаи исломӣ нест. Шубҳа кардан ва радди воқеият ва ҷустуҷӯи ҳақиқати дигар ҷаҳише дар тафаккури олимони он аҳд дида мешавад, ки собиқа надошт. Ба ҳамин сурат сабаби пешрафти илм дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ сарчашма аз радди илми амрикоиву аврупоӣ, ки ҳарчанд он замон хеле рушдёфта буд, мегирад. Иттиҳоди Шӯравӣ як давлати дарбаста буд, олимони он дастрасӣ ба дастовардҳои илмии дигар кишварҳо надоштанд, аммо дар замони ниҳоят кӯтоҳ бо кашфиётҳои илмию техникӣ тамоми ҷаҳонро дар тааҷҷуб гузоштанд. Агар аз ин назар ба илми муосиру замони соҳибистиқлолии тоҷик назар афканем, шояд нигоҳ доштану ҳифзи низому сохтори илмии шӯравӣ кори хуб буд, аммо пайгирӣ намудани анъанаҳои илмии мавҷуда танҳо барои олимони тарбияёфтаи он аҳд маъмулӣ буду барои насли нав бегона. Олимони калонсол дар замони наву низоми кӯҳна аз рушд бозмонданду насли ҷавон зарурати вуҷуди тафаккурро дуруст нашнохтанд. ...

Хулласи калом, бо пиёда шудани лоиҳаҳои зиёд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат ва талош бар амалисозии онҳо аз ҷониби роҳбари ҷавону соҳибандеши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахт мақому манзалати илму олим давра ба давра баланд бардошта шуда истодааст. Роҳбари давлат дуруст таъкид менамоянд, ки “имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд” ва бояд гуфт, ки шояд ба иллати камфаъолиятиву заъфкорӣ ва беарзишмаҳсулии мо дар замони муосир бошад, ки имрӯз дигар давлатҳои дунё ба иллати пешвои фикру амал буданашон дар доираҳои илмӣ ҳаммиллатони моро соҳибӣ карда истодаанд. Аммо боз ҳам басо хушбин ҳастем, зеро «ҳикмату андешаву фарҳангу ирфон аст тоҷик» (Абдуллоҳи Раҳнамо) ва пояи солиму боэътимоди моддӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуда, раванди ислоҳот ба тақозои ормонҳои миллат созгор гардид ва бошад, ки ба пирӯзии хиради азалӣ тавфиқ рафиқамон гардад!

Қаландариён Ҳоким Сафар, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ

Ҳамасола 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ва рамзи ифтихори миллӣ ба шумор меравад. Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатдорӣ, кафили амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбанд. Ҷашни мазкур на танҳо барои низомиён, балки барои тамоми шаҳрвандони кишвар муҳим мебошад, зеро он ҳифзи марзу буми Ватан ва оромии ҷомеаро таҷассум мекунад.

1234Таърихи таъсис ва рушди Қувваҳои мусаллаҳ. Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли1991, Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде дар соҳаи мудофиа ва таъмини амнияти кишвар рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароит зарурати ташкили нерӯҳои низомии миллӣ ба миён омад. 23 феврали соли 1993 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар расман таъсис дода шуданд. Аз он замон инҷониб, низоми мудофиавии мамлакат тадриҷан рушд карда, таҷҳизоти низомӣ, таълимоти касбӣ ва омодагии ҷангии артиши миллӣ беҳтар гардид.

Артиши ҳар давлат нишони иқтидори ҳамон давлат аст. Мақсад аз таъсиси артиш дар ҳама давру замон ҳимояи давлат, марзу буми ватан будааст. Дар ин робита, аз саҳифаҳои таърихи ниёкон маълумоти зиёдро метавон дастрас кард. Маълумоти аввалинро дар бораи дастаҳою гурӯҳҳои махсуси мусаллаҳ аз модаркитоби инсоният - «Авесто» пайдо кардан мумкин аст. Аҷдодон бори аввал дар даврони давлатдории Ҳахоманишиён (550 - 330 сол пеш аз милод) артиши касбӣ ташкил намуда буданд. Артишҳои давлатҳои Сосониён (224-651) ва Сомониён (619-999) дар замонашон яке аз пурқудраттаринҳо ба шумор мерафтанд.

Масъалаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба миён гузошта шуд ва ин ниҳоди муҳими давлатӣ дар муддати кӯтоҳ дар ҷойи холӣ таъсис ёфт. Ҳангоми суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, 23 феврали соли 2019, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Вақте ки қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қабул гардид, мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ».

Бо ин мақсад фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти N ФП-14 аз 4 январи соли 1992 дар бораи ташкили Кумитаи мудофиа, таҳти N 363 аз 30 сентябри соли 1992 баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 1992, N ФП-188 «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа» қабул карда шуданд. Сипас, 18 декабри соли 1992, Қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» аз 4 ноябри соли 1995 ва «Доктринаи ҳарбии Тоҷикистон», ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2005, N103 тасдиқ шудааст, заминаи ҳуқуқии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам оварданд.

Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳ дорои сохторҳои гуногун, аз ҷумла қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои сарҳадӣ, нерӯҳои ҳавоӣ ва дифои зиддиҳавоӣ мебошанд. Онҳо вазифадоранд, ки соҳибихтиёрии кишварро ҳифз намуда, бо ҳама гуна таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ мубориза баранд. Ҳамчунин, барои таъмини суботи дохилӣ ва ҳифзи марзҳои давлатӣ ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратии дигар идома дорад.

Айни замон зиёда аз 600 нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои Россия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон таҳсилро идома дода истодаанд.

Аз давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ беш аз 5000 нафар ҷавон муассисаҳои олии ҳарбии мамлакат ва беш аз 600 нафар академияҳои ҳарбиро хатм карданд. Ҳоло зиёда аз 90 дарсади афсароне, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатмкардагони донишкадаву академияҳои ҳарбӣ, яъне, мутахассиси соҳаи низомӣ мебошанд.

Дар таълимгоҳҳои ҳарбии Вазорати мудофиа 1400 нафар таҳсил доранд ва онҳоро ҳар сол 350 нафар хатм менамоянд. Вазорати мудофиа ҳар сол дар асоси қарордод беш аз 200 нафар хизматчии ҳарбиро ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии давлатҳои пешрафта мефиристад. Ҳар сол беш аз 150 нафар афсар курсҳои такмили ихтисосро дар марказҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ хатм мекунанд.

Аҳамияти ҷашн ва нақши Қувваҳои мусаллаҳ. Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ имконият медиҳад, ки ҷомеа ба хизматҳои низомиён эҳтиром гузорад ва қаҳрамониҳои онҳоро қадр намояд. Ҳар сол дар ин рӯз дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни идона, машқҳои ҳарбӣ ва намоишҳои қувваҳои низомӣ баргузор мегарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба низомиён паёми табрикӣ ироа намуда, ба хизматчиёни беҳтарин мукофотҳои давлатӣ тақдим мекунад.

Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш иброз намуданд, ки “Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад”

Мардуми сулҳпарвари тоҷик дар симои Кувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони содиқи Ватанро мебинад ва дилпурона дар роҳи бунёдкориву созандагӣ бо азму талош кору зиндагӣ мекунад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”

Хулоса. Ҳоло бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки артиши миллӣ чун неруи муқтадири кафили амнияту осоиш, сулҳу суботи кишвар ташаккул ёфтааст. Он дар муборизаҳои шадид иштирок карда, таҷрибаи ҷангӣ андӯхта, обутоб ёфт. Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи қудрати миллӣ, ифтихор ва садоқат ба Ватан мебошад. Ин ҷашнна танҳо рӯзи низомиён, балки рӯзи ҳар як тоҷикистонӣ аст, ки барои сулҳу амнияти кишвар саҳм мегузорад. Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимоди давлат, кафили субот ва ҳаёти осоиштаи мардум боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд хизматҳои низомиёнро қадр намуда, барои рушди Артиши Миллӣ саҳми худро гузорад.

Аз ин минбари муқаддас истифода намуда, тамоми хизматчиёни ҷузъу томҳои ҳарбиро ба ифтихори истиқболи ҷашни 32-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику таҳният намуда, зиндагии шоиста, хизмати сидқан бовафоро ба халқу миллати тоҷику тоҷикистониён орзу менамоям.

Хоҷаев М.А. - котиб илмии Маркази инноватсионии биология ва тибби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Артиши миллии Тоҷикистон - як сохтори ҳарбии давлатӣ мебошад, ки асоси таъмини мудофиаи кишварро ташкил дода, барои ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои низомӣ таъсис ёфтааст. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Артиши миллӣ ба мардуми шарафманди кишвар сулҳ, субот ва оромиро ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ мо бояд шукронаи ин давлати обод намоему дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Маълум аст, ки Артиши миллӣ тайи 32соли фаъолияти Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз бо неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ба фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимодонаи марзу буми Ватани азизамон рушду такоммул меёбад. Хидмат ба Ватан ин яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст, аммо на ҳар кас ба Ватани худ содиқона хидмат мекунад, нафароне ҳастанд, ки хиёнат ба Ватан мекунанду боре намеандешанд, ки Ватанро бояд содиқона дӯст дошт. Хидмат ба Ватану халк қарзи ҳар як фарзанди вафодори миллат аст. Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозонаш фахр мекунад, барои он ки ҳар кас ҳам сарбоз шуда наметавонад. Чи тавреки ба мо маълум аст бузургии ҳар як давлат ба ҳастии Артиш (сарбози Ватан) хос аст, ки Артиши миллии худро дорост. Вазифаи ҳар як сарбоз муҳофизати марзу буми Ватан маҳсуб меёбад.

Хизмат ба Ватан қарзи ҳама мардон аст,

Дурӣ зи Ватан фирори номардон аст.

Рав бар ҳама ашхос бигӯ доди маро,

К - ин марзи Ватан ба аскарон пазмон аст.

Пойдории Истиқлолият, нигоҳдоштани ягонагии мамлакат, пуштибонӣ аз қонун ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон вазифаи муҳимтарини Артиши миллӣ мебошад. Ҳимояи Ватан ва манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлолро водор намуд, ки баҳри таъсиси Артиши миллии тавоно тамоми тадбирҳои заруриро андешад.

Бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуда,он давра ба давра сурат гирифт. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сохторест, ки баъди барҳам хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ бе гирифтани ягон мерос ба ҳастии худ оғоз карда, дар як муддати кӯтоҳ тавонист рисолати касбии худро ба ҷо орад. Имрӯз он ба яке аз Артишҳои пурқуввати замон на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ табдил ёфта, машҳур ва овозадор гардидааст. Имрӯзҳо сафи Артиши миллӣ, асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои ба мо дӯсту ҳампаймон, бо афсарони касби шуҷои Ватан пурра гардонида мешавад. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ваҳдати миллӣ ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дод.

Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати мардонаи афсарону сарбозонеро, ки рӯзҳои мудҳиштарине, ки ба сари миллатамон омада буд ҷасорату далери нишон дода ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша онҳоро қадрдонӣ мекунанду пос медоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар шодбошиҳои худ ба муносибати Рузи Артиши миллӣ таъкид менамояд, ки сол аз сол Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба як неруи тавоною муқтадир табдил ёфта, метавонад аз марзу бум ва фазои кишвар муҳофизат намуда, ҳаёти осоишта ва бунёдкоронаи мардуми шарафманди Ҷумҳуриро таъмин намоянд. Дар тулии 32 сол Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки он ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот хизматҳои беназир намудааст.

Дар модаи 43- юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст. «Ҳифзи Ватан» ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Ҳар як фарди бонангу номуси миллат бояд шукронаи сулҳу суботи сарзаминро ба ҷо оварда, неъмати бебаҳои тақдир – Истиқлолияти давлатро қадр карда, барои таҳкими дастовардҳои он, ободиву осудагии ҳар хонадон ва ҳар гушаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми содиқона, софдилона ва ватандӯстонаи худро гузорад.

Маҳз Артиш аст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар дунё, чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар мешиносанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон-манбаи омӯзиши сулҳхоҳонаи ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми миллати тоҷик аст. Мо бояд аз ин миллати фарҳангсолорбиболему барои бозҳам машҳуртар гардидани он саъю кӯшиши бисёр намоем. Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст.

Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеҳои бузургу номдорро Ватан аст. Ватане, ки чун модари азиз дусташ медоранду эҳтиром мекунанд. Ватане, ки ҳар хасу хору хоки он бошандагонашро муқаддасу гиромист. Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такроршавандае мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандӯстӣ ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд: Ватан болу пари инсон, сарфарозиву сарбаландии инсон, бахту иқбол ва умеду орзуи инсон аст. Муҳаммад Ғоиб яке аз шоирони муосири тоҷик ин меҳанро самимона дуст медорад ва аз ҳамин ҷиҳат тасвираш мекунаду чунин мегуяд:

Ватан он ҷо, ки паҳнои ҷаҳон дар нисбаташ танг аст.

Кафи хокаш ҳама зар ҳасту хораш низ гулранг аст,

Чу савти булбулаш овози товусаш хушоҳанг аст.

Ҳама ҳарфи ҳадисаш оби чашми меҳри пурнанг аст,

Худамро, соҳиби мулки куҳанро дуст медорам,

Ватанро дуст медорам, ватанро дуст медорам.

Дар ҳаққиқат аз ин байти пурмазмун бармеояд, ки Ватан ифтихор, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд. Инсон баҳар зарра хоку ҳар қатра оби ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳисиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиш ва хизмат кардан мебошад. Маънии калимаи Ватан дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ки, худ саршор аз идеяи ватандӯстӣ ва адолатхоҳи ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузошта гуфтааст:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Ҳамин тавр мо бояд бо мақсади пешрафти кишвари азизамон ва беҳтар намудани савияи дониши худ ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ диҳем, дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат дарҷ гардидаро ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор дода, бо масъулияти баланди ватандорӣ паи иҷрои онҳо бошем. Сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва аъмоли неку созанда барои мо ҷавонон аз ҳама афзалтаранд. Президенти кишвар бештар ба мо ҷавонон такя карда моро созандагони Ватан, нерӯи созанда, соҳибони мустақилу демократӣ, такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол ном мебарад.

Ҳифзи Ватан, таъмини сулҳ ва субот, инчунин осоиштагии мардуми кишвар нақши муҳим ва ниҳоят муҳим дар таҳкими ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд доранд. Вақте ки Ватан ва мардуми он дар амон ва оромии комил қарор доранд, ҷомеа дар самти рушд ва пешрафт ба сӯи ояндаи беҳтар ҳаракат мекунад. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои аслӣ ва муҳими ҳар як шаҳрванд ва ҳукумати кишвар — таъмини амният ва сохтори ҳимоякунандаи Артиш аст, ки барои ҳифзи ҳудуд, истиқлолияти давлат ва таъмини осоиштагии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад.

Мо бояд тамоми нерӯи маънавӣ, меҳру муҳаббат ва масъулияти худро ба таҳкими қудрати Артиши миллӣ равона кунем, то ки он на танҳо ҳимояи сарзамини мо, балки кафолати зиндагии орому бехавф барои тамоми мардуми кишвар гардад. Бо мавҷудияти Артиши пурқувват, мардум эҳсос мекунанд, ки онҳо дар муҳити осоишта ва муҳофизатшуда зиндагӣ мекунанд, ки ин ба онҳо имкон медиҳад, ки ба ҳар як соҳаи ҳаёти худ бо боварӣ ва эътимод назар кунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки вақте мардум дар вазъияти амният ва оромӣ қарор доранд, онҳо метавонанд ба таҳкими иқтисод, фарҳанг ва тамоми соҳаҳои дигар диққати бештар диҳанд, ки натиҷаи он пешрафти тамоми кишвар хоҳад буд.

Исмоилзода Ҷ.А., Латипов М.Н. - ходимони илмии ШҶБ Институти астрофизикаи АМИТ

Сулҳу субот амнияту оромӣ, суботи сиёсӣ ва осоиштагӣдар қатори арзишоте дохил мешаванд, ки барои ҳар як миллату давлат дар ҳама давру замон муҳиманд.

12312312Ҳифзи марзу бум ва якпорчагии давлату ҷомеа бе нерӯи таъминкунандаи амнияту суботи сиёсӣ имконнопазир аст. Артиши миллӣ дар қатори рукнҳои муҳими давлатдорӣ мақоми намоёнро соҳиб гашта, нақши он дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мудофиаи сарҳади давлатӣ ва амнияту пойдории сулҳу субот хеле баланд аст.

Артиши миллӣ ҳамчун яке аз ҷузъҳои давлатдории навини тоҷикон дар роҳи густариши сулҳу субот, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, таҳким бахшидани дӯстию рафоқат ва ҳифзи сарҳадоти кишвар нақши муҳим мебозад.

Ваҳдату ягонагӣ ҳамеша дар ҳар давру замон масъалаи асосии арзиши давлату давлатдорӣ шуморида мешуд. Сарбозон ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ новобаста аз минтақаҳои гуногун будан ва миллату халқияташон бо ҳамдигар алоқаманд мешаванд, муносибат менамоянд, дар якҷоягӣ амал мекунанд, яъне бе муттаҳидӣ ва ҳамбастагӣ натиҷаи дилхоҳеро соҳиб шуда наметавонанд.

Таърих гувоҳ аст, ки маҳз фарзандони сарбаланди миллати тоҷик бо ҷонбозию меҳанпарастии худ фатҳу музаффариятро бар зидди дилхоҳ душманони аҷнабӣ ба даст овардаанд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ба роҳ мондани равобити дипломатӣ бо аксар кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати мудофиа бо кишварҳои ба мо дӯсту бародар ҳамкорӣ намуда, дар гузаронидани як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла машқҳои муштараки низомӣ, барпо кардани мусобиқаҳои варзишӣ дар байни ҷузъу томҳо баҳри баланд бардоштани малакаю маҳорати ҷангии ҳайати шахсӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар иқдомоти некро пеша намудааст, ки дар як муддати кӯтоҳ баргузории чунин чорабиниҳои ҳарбӣ-тактикӣ дастоварди назаррас ба шумор меравад.

Ҳангоми бунёди Артиши миллӣ дар соли 1993 норасоии базаи моддӣ-техникӣ, афсарони баландрутба, муҳимоти ҷангӣ, иншоотҳои қисмҳои низомӣ ва вазъи мураккаби баамаломада дар ҷумҳурӣ Қувваҳои Мусаллаҳ аз сифр созмон дода шуд.

Бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзӣ ва саъю талоши хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила камбудиҳо бартараф гардида, иқтидори ҳарбӣ-техникии Артиши миллӣ баланд бардошта шуд.

Маҳз, ғамхорӣ ва талошҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳо ба минтақаҳои даргир, ҷоннисорию бедорхобиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат ба рӯҳия ва омодабошии мудофиавию ҷангии сарбозону афсарон таъсири амиқ гузошта, намунаи садоқат ба Ватан ва нангу номуси миллӣ гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки барои пойдории сулҳу суботи ҷомеа, сохтори конститутсионии он, таъмини амният ва ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмону ташкилотҳои байналхалқӣбуда, ҳамкориҳои судманди сиёсию ҳарбӣ, иҷтимоию фарҳангиро ба роҳ монда, барои аз байн бурдани омилҳои террористӣ ва экстремизми динӣ саҳми муносиби хешро мегузорад.

Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки шароити беҳтарини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, фазои сулҳу субот, назму тартиби хизматчиёни ҳарбӣ ҳар як ҷавони тоҷикро вазифадор месозад, ки барои ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, муқаддасоти миллӣ ҳифзи якпорчагии Ватан аз мактаби ҷавонмардии Артиши миллӣ гузашта, обутоб ёбанд. Ҳамчунин ба муқобили ашхоси бадхоҳу ғаразнок ва душманони давлату миллати тоҷик матину қавиирода бошанд ва бо ҳам дӯст, иттифоқ ва якдилу якмаром бошанд.

Муҳимтарин вазифаи ҳомиёни Ватан садоқат нисбати халқу Ватан мебошад. Ҳисси ватандорӣ, миллатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини куҳанбунёди хеш дар ҳолатҳои фавқулодда зуҳур мекунад. Ҳар як фарди тоҷик бояд эҳсос намояд, ки ӯ соҳибватан аст, ӯ масъулият дорад ва ободии давлат маҳз бо саҳмгузорӣ ва нақши фаъоли ӯ дар рушди босуботи кишвар таъмин мешавад.

Бигзор фазои сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ дар кишвари азизамон барои ҳамеша пойдор бошад ва лашкари тавонояш боз ҳам то қуллаҳои баландарини тараққиёт бирасад.

Бо умеди ояндаи гулгулшукуфони Тоҷикистони азиз бо истифода аз фурсат тамоми афсарону сарбозон ва родмардони диловари Ватанро ба муносибати 32-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон табрик намуда, дар роҳи садоқат ба Ватан ба онҳо тани сиҳат, тавонмандию матонат, далериву шуҷоат, бозуи устувор ва иродаи қавиро таманно дорем.

Юсуфзода Шодоб Хӯҷамқул Ходими илмии Шӯъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

12312312“Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (934-1020) бидуни шак шоҳкори забони модарӣ ва ҳамосаи бузурги миллии мобарои ҳамаи замонҳост. Дар ин асари безавол, ки воқеан номаи асолати забон ва таъриху фарҳанги мо аз рӯзгори қадим аст, номи забони модарии мо ба чанд гуна: “порсӣ”, “порсии дарӣ”, “дарӣ”... ёд шудааст, ки ҳамаи ин номҳо бо ҳам пайванди амиқи ботинӣ доранд ва муродифи ҳамдигар дониста мешаванд.

Дар баробари ин, яке аз номҳои ҷолиби забони модарӣ, ки дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ зикр гардидааст ва дар осори дигари назму насри пеш ва баъди таълифи он ба мушоҳида намерасад, “забони хусравӣ” ёд шудани номи забони мост.

Аслан калимаи асили форсии тоҷикии “хусравӣ” (аз исми “хусрав” бо афзудани пасванди -ӣ) дар “Шоҳнома” доираи корбурди зиёд дорад ва дар ин шоҳкор ғолибан ба маънии шоҳона, шоистаи шоҳ ва марбуту мансуб ба шоҳ корбаст шудааст. Масалан, Фирдавсӣ дар достони “Дидани Исфандёр бародари худ Фаршедвардро” теғи ҳиндӣ дар даст ба аспи шоҳона нишастани Исфандёрро чунин ба риштаи тасвир кашидааст:

Бар он бораи хусравӣ барнишаст,

Яке теғи ҳиндӣ гирифта ба даст.

Чунонки ба мушоҳида мерасад, дар мисраи аввали байти мазкур ибораи “бораи хусравӣ” ба маънии аспи шоҳона ё аспи шоистаи шоҳкорбаст шудааст.

Ё дар байти зер ибораи “чеҳраи хусравӣ” ба маънии чеҳраи мақбулу писандидаи шоҳона омадааст:

Чу он чеҳраи хусравӣдидаме,

Аз он номдорон бипурсидаме.

Ин вожа дар “Шоҳнома” ҳамчунин ба ҳамин маъниҳои ёдшуда дар ибораҳои “афсари хусравӣ”, “дебаи хусравӣ”, “миғфари хусравӣ”, “ҷомаи хусравӣ” ва ғ. ба кор рафтааст.

Дар “Шоҳнома” ин вожа дар намунаи байти зер ба маънии сабзу хуррам ва зебову мақбул ҳам истифода шудааст:

Бурун омад аз гулшани хусравӣ,

Биёрост ороиши ҷодувӣ.

Аммо, шоистаи таъкид аст, ки дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ калимаи “хусравӣ” ба сифати забон ва муродифи вожаи “дарӣ” ҳам ба кор рафтааст, ки ҷолиб ва қобили мулоҳиза арзёбӣмешавад. Масалан, Фирдавсӣ зимни баёни матлаби рафтани Искандар ба дарёи Ховар ва ба замини Ҳабаш аз панҷзабон ёд кардааст, ки яке аз ин забонҳо забони хусравист:

Зи шаҳри Бараҳман ба ҷое расид,

Яке бекарон жарфдарё бидид.

Ба сони занон мард пӯшида рӯй,

Ҳамерафт бо ҷомаву рангу бӯй.

Забонҳо на тозию на паҳлавӣ,

На чинӣ, на туркию на хусравӣ.

Дар ин намунаи ёдшуда бидуни шак “забони хусравӣ” ба маънии забони дарӣ мебошад, ки ба сифти забони ҷудогона дар баробари забонҳои тозӣ, яъне арабӣ, паҳлавӣ, яъне порсии миёна ва чинию туркӣ номбар шудааст.

Воқеан, забони дарӣ, ки ба қавли донишманди маъруфи Афғонистон, доктор Ҷовид “аввалин талиаи он дар каронаҳои уфуқи Балху Бухоро партавафшонӣ доштааст”, рӯзгоре “забони дарборӣ, расмӣ, кишварӣ гардид ва замоне фаро расид, ки барои тамоми сулолаҳои Осиёи Миёна (аз ҳар тираву таборе, ки будаанд) ва ҳамчунин аз ақсои Ҳинд то Рум забони муштараку умумии тамоми ин навоҳӣ, яъне Lingue France (лингва франка) шуд”.

Ёдоварӣ мебояд, ки дар шинохти маънӣ ва решаи худи истилоҳи “дарӣ” ҳам то ба имрӯз андешаи ягона, ки аз ҷониби аксари муҳаққиқони забоншинос пазируфта шуда бошад, мавҷуд нест. Дар шинохти решаи истилоҳи “дарӣ” ҳоло асосан чор нуқтаи назар вуҷуд дорад:

якум, истилоҳи “дарӣ”аз вожаи “дара”ба миён омадааст. Ҷонибдорони ин нуқтаи назар ба он андешаанд, ки забони дарӣ гӯё нахуст дар кӯҳу дараҳои байни Балху Ҳирот мавҷуд буд. Ин забон дар оғоз ба сифати забони музофот дар баробари забони расмии шаҳрҳо истифода мешуд, ки баъдан дар раванди рушди марказҳои иқтисодию фарҳангӣ то ба дараҷаи забони фаҳмои ҳамагон тараққӣ намуд, вале номи худро дарӣ нигоҳ дошт.

Дар «Бурҳони қотеъ» ҳам дар хусуси аз вожаи “дара”ба миён омадани истилоҳи “дарӣ”ишора рафтааст: «ва мансуб ба дарраро ҳам гӯянд, ҳамчу кабки дарӣ ва ин ба эътибори хушхонӣ ҳам метавонад буда бошад, зеро ки беҳтарин луғоти форсӣ забони дарист»;

дувум, ин истилоҳ аз вожаи маъмулии “дар”, “дарвоза”, яъне «дарвозаи пойтахт» ба миён омадааст;

севум, дар баъзе манобеъ вожаи “дарӣ”мухаффафи вожаи “тахорӣ” дониста шудааст, яъне вожаи taxārīтадриҷан ба шакли taxarī ва сипас ба сурати txarīдаромада, баъдан аз сабаби доштани махраҷи муштарак «tx» ба «d» табдил шуда, вожаи darī пайдо шудааст.

Вале ин андеша чандон эътимодбахш ба назар намерасад. Зеро бархе аз муаллифони осори қадимтарини илмии форсии тоҷикӣ, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ аз забони дарӣ ва забони тахорӣ ба сифати ду забони мустақил, ки дар ҷавори ҳамдигар вуҷуд доштанд, ёд кардааст;

чорум, ин истилоҳ аз вожаи паҳлавии “дар”, ба маънии дарбор ва пойтахт падид омадааст.

Аксари муҳаққиқон ҳамин нуқтаи назари чорумро таъйид мекунанд ва ба пиндори мо низ ҳамин маънии вожаи “дарӣ”, ки муродифи “хусравӣ” дониста мешавад, ба ҳақиқат созгорӣ дорад. Воқеан бо номи зебову хушоянди “хусравӣ” ёд шудани забони модарӣ дар “Шоҳнома” бегумон ба таърихи пурифтихори шоҳону хусравони Аҷам ва дарбори онон алоқаманд мебошад.

Гузашта аз ин, худи “Шоҳнома” дар ин шоҳкор дар панҷ маврид “номаи хусравон” зикр гардидааст, ки ҳам вожаи “Шоҳнома”, яъне беҳтарин нома ё номаи шоҳон ва ҳам ибораи “номаи хусравон” бо забони хусравӣ ба маънии забони шоҳону хусравон ва дарию дарборӣ пайванди бунёдию усулӣ доранд.

Дар маҷмуъ, метавон ба натиҷа расид, ки дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ёдкарди “хусравӣ” ба сифати забони алоҳида дар баробари забонҳои маъмули он рӯзгор ба маънии забони дарист ва ба ҳамин маънӣ дар ин шоҳкор корбаст шудани он андешаи аксари муҳаққиқонро дар бобати аз рӯзгори қадим забони шоҳону хусравон ва аҳли дарбор будани забони дарӣ комилан таъйид менамояд.

Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи АМИТ

рӯзномаи “Ҷумҳурият”, 6 феврали соли 2025,

№ 29 (25 144)

Таъмини амнияти давлату ҷомеа, дӯст доштани Ватан, ҳимояи он ва садоқат ба халқу давлати худ қарзи ҳаётӣ ва қарзи фарзандии ҳар як афсару сарбоз, тамоми кормандони Қувваҳои Мусаллаҳ, тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳар як фард мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Мусаллам аст, ки дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар даврони нооромиҳои бузурги таърихӣ ташаккул ёфта, дар ба эътидол овардани вазъи дохилӣ, ҳифзи марзу бум, сулҳу субот, ваҳдат, амнияти миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим доранд. Пӯшида нест, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолият фазои сиёсии кишварро дахолати баъзе давлатҳои манфиатдор ва гурӯҳе аз шаҳрвандони гумроҳ, ки манфиатҳои худро аз манфиатҳои миллӣ болотар мегузоштанд, халалдор кард. Метавон гуфт, ки дар ин давраи басо душвор, ки сарнавишти ояндаи давлату халқи тоҷик ҳал мешуд, як гуруҳ олимону равшанфикрони ватандӯсти тоҷик вазъи имрӯзаро таҳлил ва муҳокима карданд. Бо саъю кушиши онҳо сессияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон барпо гардид. Мардуми тоҷик аз натиҷаи ниҳоии сессияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон умеди хеле зиёд доштанд. Аз ин лиҳоз ҳама ба он мусбат менигаристанд ва хостори поёни ҷангу низоъ ва ҳамбастагӣ ва ваҳдат дар кишвар буданд. Ба рӯзномаи маҷлис масъалаҳои муҳимтарини ҳалли масъалаҳои актуалии кишвар дохил карда шуданд. Яке аз масъалаҳое, ки боиси тағйироти ҷиддие дар ҳаёти кишвар гардид, интихоби Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мардум интихоб шудааст, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва ӯ тавонист мардуми кишварро дар атрофи мизи сиёсӣ муттаҳид созад ва миллату кишвари моро ба ҷаҳониён чун давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимои муаррифӣ намояд.

Бо мақсади қатъи ҷангу хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ кардани миллат, аз байн бурдани ҳисси нобоварии маҳалҳои гуногуни кишвар нисбат ба якдигар, барқарории фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, яъне тақдири ояндаи наздиктарини ватанамон, аз ҷониби Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳо андешида шуданд, ки яке аз ин масъалаи таъсис додани артиши миллӣ ва кувваҳои сарҳаддӣ ба хотири пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлол буд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақшаҳои душманони миллат, ки тоҷиконро аз байн бурданӣ буданд, ба хубӣ огоҳӣ дошта, якқатор амалҳои дурандешона, аз ҷумла таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешиданд. Ҳамин тавр бо роҳбарӣ ва ташаббуси Сарвари давлат 18-уми декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки асоси ташаккули Артиши миллӣ дар ҷумҳурӣ гардид.

Қобили тазаккур аст, ки бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат 23-юми феврали соли 1993 нахустин гузашти низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ихтиёриёни «Фронти халқӣ»-и Тоҷикистон баргузор гардида, аз он вақт инҷониб ин сана ҳамасола ҳамчун рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ таҷлил мегардад.

Сазовори зикри хос аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз қувваҳои тавонои минтақа табдил ёфта, тамоми вазифаҳои дар наздашон гузошташударо сарбаландона ва бошарафона иҷро мекунанд. Дарвоқеъ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккулу рушди Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бениҳоят бузург аст. Воқеан, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили тинҷиву оромӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ таҳти сарварии Сарфармондеҳи Олии худ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати худро сазовор иҷро намуда, сулҳу субот дар кишварамонро таъмин менамоянд. Дар натиҷа, сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки татбиқи даҳҳо барномаву нақшаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари озоди худро ба роҳ монда, обрӯву эътибор ва мақому ҷойгоҳи сазовори байналмилалии Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон таъмин намоем.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, - ходими пешбари илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Артиши ҳар давлат нишони иқтидори ҳамон давлат аст. Мақсад аз таъсиси артиш дар ҳама давру замон ҳимояи давлат, марзу буми ватан будааст. Дар ин робита, аз саҳифаҳои таърихи ниёкон маълумоти зиёдро метавон дастрас кард. Маълумоти аввалинро дар бораи дастаҳою гурӯҳҳои махсуси мусаллаҳаз модаркитоби инсоният - «Авесто» пайдо кардан мумкин аст. Аҷдодон бори аввал дар даврони давлатдории Ҳахоманишиён (550 — 330 сол пеш аз милод) артиши касбӣ ташкил намуда буданд. Артишҳои давлатҳои Сосониён (224 — 651) ва Сомониён (619–999) дар замонашон яке аз пурқудраттаринҳо ба шумор мерафтанд.

Ҳоло, ки миллати тоҷик давлати соҳиб¬истиқлол дорад ва Қувваҳои Мусаллаҳ бунёд намудааст, омӯзиши мероси ҳарбии назариявии гузаштагонамон аҳамияти хоса пайдо намудааст ва вазифаи ҷонию имонии ҳар як пажӯҳишгари соҳа аст, ки таҷрибаи низомӣ, сабақи таърихи артиши миллиро дастраси омма ва онҳое гардонад, ки ҳаётро ба ҳифзи Ватан бахшидаанд.

Мавзӯи ҷанг ва санъати ҳарбӣ дар эҷодиёти шоирону нависандагон ҳеҷ гоҳ дуюмдараҷа набуд. Ҳаким Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома» таърихи илми ҳарбиро аз қадим то асри даҳи мелодӣ ба тариқи назм тасвир намудааст. Тасвири ҷанг ва сулҳро Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мансури Муборакшоҳ ва дигарон аз нигоҳи фалсафӣ ба авҷи аъло расонидаанд. Ҳамаи ин далел ба он аст, ки мавзӯи ҷанг ва таълими низомӣ қисми ҷудонашавандаи маърифати маънавии миллат будааст.

Мансури Муборакшоҳ дар асари «Одоби ҳарб ва шуҷоат» аз назари илмӣ оид ба ташкили артиш, сохтори он, таъминот бо лавозимоти ҷангӣ, тактика ва стратегияи низомӣ, таълиму тарбияи ҳарбиён андешаҳои ҷолиб баён кардааст, ки то ба ҳол аҳамият гум накардаанд. Ин асар дар самти омӯзиши санъати ҳарбии тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Марказии ибтидои асрҳои миёна ба сифати сарчашмаи нодири илмӣ хизмат карда метавонад.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳиб¬истиқлол гардид. Аз ибтидои соҳиб-истиқлолӣ бадхоҳони дохилию берунӣ бо дахолати давлатҳои хориҷӣ бо баҳонаҳои гуногун ва бо дастгирии гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилӣ Тоҷикистонро гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ намуданд. Ин ҷанг тамоми кишварро фаро гирифт. Сохторҳои фалаҷгардидаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ муқобили гурӯҳҳои террористӣ ва ҷиноятпеша истодагарӣ карда натавонистанд. Дар ин гуна вазъият артише лозим буд, ки давлату миллатро аз мухолифини яроқнок муҳофизат карда тавонад. Бо ин мақсад фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти N ФП-14 аз 4 январи соли 1992 дар бораи ташкили Кумитаи мудофиа, таҳти N 363 аз 30 сентябри соли 1992 баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон аз 17 сентябри соли 1992, N ФП-188 «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа» қабул карда шуданд. Сипас, 18 декабри соли 1992, Қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» аз 4 ноябри соли 1995 ва «Доктринаи ҳарбии Тоҷикистон», ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2005, N103 тасдиқ шудааст, заминаи ҳуқуқии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам оварданд.

Масъалаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба миён гузошта шуд ва ин ниҳоди муҳими давлатӣ дар муддати кӯтоҳ дар ҷойи холӣ таъсис ёфт. Ҳангоми суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 26- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, 23 феврали соли 2019, Президенти мамлакат ¬Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Вақте ки қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қабул гардид, мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ».

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон аз ҷузъу томҳои ҳарбии он чизе ба мерос нагирифт. Бо даъвати Сарвари давлат баҳри муҳофизати сарҳад қисмҳои ҳарбии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон сафарбар шуданд. Бо вуҷуди душвории зиёд, заминаҳои асосии таъсиси сохтори ташкили штатии Артиши миллии тоҷик соли 1993 гузошта шуд. 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллии Тоҷикис¬тон доир гардид.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1997 аз се навъи қӯшун -хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буданд. Дар тобеияти Вазорати мудофиа ҷузъу томҳои низомии алоҳида, ба монанди литсейи ҳарбӣ, донишкадаи ҳарбӣ, полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ амал мекарданд. Минбаъд дар заминаи ислоҳоти ҳарбӣ сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт. Дар заминаи Коллеҷи олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт. Бо дарназардошти таҳдиди хатарҳои муосир, навъи сеюми Қувваҳои Мусаллаҳ- Қӯшунҳои зудамал, бо фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ-Қӯшунҳои хушкигард соли 1993 ташкил ёфт. Соли 2005 Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуданд.

Ҳоло бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки артиши миллӣ чун неруи муқтадири кафили амнияту осоиш, сулҳу суботи кишвар ташаккул ёфтааст. Он дар муборизаҳои шадид иштирок карда, таҷрибаи ҷангӣ андӯхта, обутоб ёфт.

Дар силой 1993 - 2025 артиши қобили ҳифзи Ватан ва миллат ба камол расонида шуд. Аз оғози таъсисёбӣ ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо тавонистаанд, ки садоқатро ба Ватан ва миллат, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит созанд.

Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои МусаллаҳТоҷикистони соҳибистиқлол таърихи мушаххаси бунёдиро соҳиб мебошад. Вазъи замони ҳозира бо дарназардошти муракабию муташаниҷиаш ба сатҳу сифати соҳаи мудофиа вобастагии бевосита дорад. Низоми нави ҷаҳони дар ҳолати шаклгирист ва он дилхоҳ давлатҳоро водор менамояд, ки баҳри ҳимояи ормонҳои миллӣ Қувваҳои Мусаллаҳ ниёз пайдо гардида, ҷиҳати тақвият ёфтани масъалаҳои марбут ба ҳимояи ормонҳои миллӣ такмил додани сохторҳои ҳарбии кишвар ба миён меояд. Чунонки бобати ташаккул ёфтани ҳувияти миллӣ ҷаҳонбинии хурофотӣ монеа аст, ҳамон гуна дар рушду такомули неруҳои ҳарбии давлатӣ эҳсоси манфиатҷӯйӣ аз омилҳои парокандагӣ ва таназзул дар сохтори мазкур мебошад.

Мусаллам аст, ки бе кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ, машқдидаю соҳиби малакаи низомӣ ягон артиш муваффақ буда наметавонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҳарбӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, сафҳои онро бо хатмкунандагони академияҳои гуногун, афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ, инчунин, дастпарварони кафед¬раҳои ҳарбии мактабҳои олӣ, такмил дод. Айни замон зиёда аз 600 нафар хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои Россия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон таҳсилро идома дода истодаанд.

Аз давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ беш аз 5000 нафар ҷавон муассисаҳои олии ҳарбии мамлакат ва беш аз 600 нафар академияҳои ҳарбиро хатм карданд. Ҳоло зиёда аз 90 дарсади афсароне, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатмкардагони донишкадаву академияҳои ҳарбӣ, яъне, мутахассиси соҳаи низомӣ мебошанд.

Дар таълимгоҳҳои ҳарбии Вазорати мудофиа 1400 нафар таҳсил доранд ва онҳоро ҳар сол 350 нафар хатм менамоянд. Вазорати мудофиа ҳар сол дар асоси қарордод беш аз 200 нафар хизматчии ҳарбиро ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии давлатҳои пешрафта мефиристад. Ҳар сол беш аз 150 нафар афсар курсҳои такмили ихтисосро дар марказҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ хатм мекунанд.

Бо захираҳои моддию техникӣ, озуқаворӣ, сару либос ва техникаю таҷҳизот таъмин намудани ҷузъу томҳо низ ҳалли худро ёфтааст. Зимнан, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни неруҳои ҳарбии кишварҳои ҳамсоя аз ҳама таҷрибадортар аст, чунки як ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо пушти сар гузошт, таҷрибаи ҷангӣ андӯхт ва онро такмил медиҳад.

Алҳол ҷаҳони муосир пур аз тазодҳост. Муборизаҳо баҳри дарёфти манфиатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, геополитикӣ ва иқтисодӣ шадидтар гардида истодаанд. Пӯшида нест, ки дар марказҳои бузургтарини илмӣ ва таҳлилӣ садҳо нафар мутахассис паҳлуҳои гуногуни фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро меомӯзанд. Ин олимон ва таҳлилгарон маълумоти заруриро гирд оварда, баҳри иҷрои мақсадҳои худ истифода мекунанд. Дар ин вазъият, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки масъалаи баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносӣ, ватандӯстию садоқат ба давлату миллат дар маркази диққати ҳама ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дошта бошад. Ҳар як ҳодиса, рӯйдод бояд воқеъбинона таҳлил ва баҳогузорӣ шавад, то шаҳрвандон доир ба онҳо мавқеи давлатро донанд ва дарк намоянд.

Таърихи миллати тоҷик рӯхдодҳои гуногуни таърихиро медонад, ки афсарон ҷиҳати ҳифзи Меҳан қаҳрамонӣ кардаанд ва алайҳи ғосибон аксуламал нишон додаанд. Тибқи манбаъҳои таърихӣ, ҳимоя аз хонавода, аз кишвар ва аз молу мулки хеш муқаддастарин иқдоми башарӣ маҳсуб мешавад ва то он вақте, ки миллат ҷиҳати идомаи ҳастии худ алайҳи ғосибони хориҷӣ муқовимат мекунад, қаҳрамон дар таърих аст. Бинобар ин, Артиши миллии Тоҷикистон дар заминаи маҳрум аз таърих ба вуҷуд наомадааст ва метавон гуфт, ки ниёгони мо дар гузашта маҳорати ба худ хоси ҷангиданро бароямон ба мерос гузоштаанд. Аммо санъати ҳарби муосир бо мо вижагиҳоеро дорост, ки хоси имрӯз буда, ба гузашта ҳатто иртиботе надорад, чунки агар артиши муосир аввал бо силоҳу туфангҳои модерн баррасӣ шавад, сонӣ ҳилаву зирракии ҳарбиёна пояи асосии артиширо дар бар мегирад.

Моҷароҳои марзӣ ва бархурди манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ моро бохабар менамоянд, ки муқовимат фақат дар як сурат натиҷа хоҳад дод: вақте ки ашхоси қобили ҳарб дар дохили кишвар ҳимояи манфиатҳои миллиро вазифаи ҷонии худ медонанд. Дар ин маврид, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз таърихи 28-уми декабри соли 2023 омадааст: “Вазъи сиёсии тағйирёбандаи сайёра ва минтақа омодабошии ҳарбӣ ва тайёрии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро тақозо менамояд. Хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд”.

Алҳол шарти асосии солимии давлатҳою ҷомеаҳо огаҳӣ пайдо кардан аз ҷиҳатҳои мусбату манфии ҳаракату ҷараёнҳои мухолиф ба шумор меравад. Барои фаҳмишу дарки дурусти онҳо шаҳрвандон бояд манбаъҳои боэътимоди илмию таҳлилӣ дошта бошанд.

Дар шароити густариши раванди ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии Ватан, таъмини амнияти кишвар ва ваҳдати миллии он аҳамияти Қувваҳои Мусаллаҳ чандкарата афзоиш меёбад. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомӣ ва пушту паноҳи давлату миллат аст.

Зубайдулло ДАВЛАТОВ, - ходими калони илмии институти омузиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм