Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

2ДУШАНБЕ, 02.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 30 май дар «Кохи Ваҳдат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф мулоқот намуданд. Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар мамлакат буд. Дар мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди мамлакат ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он, беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятро муҳайё намудааст.

Олимону донишмандон дар партави мулоқоти Президенти мамлакат бо аҳли илм ва маориф ба нишонии АМИТ Ховар андешаҳояшонро дар шакли мақола ирсол намуданд ва яке аз онҳоро пешниҳоди хонандагон мекунем.

— Пешравиҳои технологии асри ХXI, ки ба рушди кишварҳои Ғарбу Шарқ такони ҷиддӣ бахшиданд, ба истифодаи дастовардҳои илмӣ асос мегиранд. Илм на танҳо соҳаи истеҳсолотро муайян мекунад, балки ба самтҳои зиёди фаъолияти инсон тавассути усулу воситаҳои гуногун таъсир мерасонад. Хусусан илм дар ташаккули шахсият муассир аст. Ба воситаи низоми таҳсилу тарбия, ки қабл аз ҳама ба ҳосил намудани донишҳои илмӣ равона аст, он навъи махсуси дониши инсониро ба вуҷуд меоварад. Аз ин ҷо ҷанбаҳои ҳастии илм чунин муайян шудаанд:

1) маърифатӣ (бештар қонунҳои айнии воқеият),
2) навъи махсуси фаъолияти инсон;
3) ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ.

Вазифаи илм ҳамчун неруи бевоситаи истеҳсолӣ имрӯзҳо равшантар зоҳир мешавад, зеро ки илм аз чаҳорчӯбаи тафаккури таҷдидӣ-назариявӣ дар бораи табиат берун баромада, ба қуввае табдил меёбад, ки дар аксари ҳолатҳо истеҳсолотро ташкил ва назорат мекунад, самти инкишофи онро муайян менамояд. Натиҷаҳои илм то миёнаҳои асри XIX танҳо ба шакли порчагӣ дар амалия таҳқиқ меёфтанд. Имрӯзҳо дараҷаи аз худ намудани он дар фаъолияти амалӣ бештару васеътар аст.

Ворид шудани илм ба истеҳсолот бевосита ба инкишофи дохилии он таъсири зиёд дорад. Ба ҳайси неруи ҳаракатдиҳандаи иҷтимоӣ илм барои амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии рушди ҷомеа ва ҳаллу фасли масоили умумиҷаҳонии муосир мавриди истифода қарор мегирад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар ба соҳаи маориф илмро аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида, барои рушди он, дастгирӣ ва ҳавасмандагрдонии олимон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бахусус баргузор кардани мулоқотҳои Пешвои миллат бо аҳли зиё, ки дар онҳо натиҷагирии фаъолияти соҳа таҳлилу баррасӣ ёфта, дастовардҳо арзёбӣ, камбудиҳо ошкор ва роҳҳои рафъи онҳо нишон дода мешаванд, аз ҷумлаи иқдоми наҷибу шоиста ва ифодакунандаи таваҷҷуҳи давлат ба соҳаи илм мебошад.

Мулоқоти навбатии Президенти мамлакат бо аҳли илму маориф, ки ҳадафи он дар заминаи натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ баррасии ҳолати имрӯза ва дурнамои рушди илм, тақвият додани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ-риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирӣ ва рушди ихтироъкорӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, густариши мактабҳои илмӣ мебошад, низ бозгӯи он аст, ки олимони тоҷик сармояи зеҳнии ҷомеа мебошанд ва бо заҳмату талош, меҳнати пурмаҳсули онҳо илми тоҷик метавонад дар сатҳи байналмилалӣ эътироф пайдо кунад. Олимони дақиқназару ихтироъкор ҳамчун меросбарони зиёиёни гузаштаи фарҳангофар, ки бо дастовардҳои илмии худ дар риштаи илмҳои риёзӣ, ҳандаса, тиб, нуҷум, иҷтимоиёт, ҷуғрофия, сиёсат, ахлоқ ва ғайра дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши калидӣ гузоштанд, имрӯз низ новобаста аз бурхурди тамаддунҳо, вусъат касб кардани тағйироти мудаввоми иҷтимоӣ-сиёсӣ парчамбардори рушди илми муосири башарӣ мебошанд.

Олимон бояд намояндагони миллати соҳибфазл, фарҳангофар ва тамаддунсоз будани худро нишон диҳанд, то давлати миллӣ пояҳои асосии худро мустаҳкам карда, зиндагии шоистаро барои аҳолӣ муҳайё намояд, тавонмандии истифодаи «зеҳни сунъӣ»-ро барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ соҳиб шавад. Зеро ба таъкиди Пешвои миллат, «дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад».

Матни суханронии Пешвои миллат, ки дар он ҳамаи комёбиву муваффақияте, ки аҳли илму маорифи кишвар дар давраи истиқлоли давлатӣ ноил шуданд, масъалаҳои ҳалталабе, ки иҷро ва рафъи онҳо барои дурнамои рушди ҷомеа ҳатмӣ ва шарт мебошанд, ба шакли мукаммал дар сомонаҳои интернетӣ, рӯзномаву ҳафтаномаҳо рӯйи нашрро дида, дастраси аҳли илму маориф ва кулли аҳолии мамлакат гардид. Аз ин рӯ, ин ҷо зарурат барои гуфтани ҳар сархати матни мулоқот пеш намеояд ва танҳо таъкид кардан мебояд, ки масъулин, кормандони муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии нопурра, таҳсилоти олии касбӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор оид ба камбудиҳои ошкоршуда, ки масъалаҳои ҳалталаби соҳа маҳсуб мешаванд, нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, иҷрои саривақтии онҳоро таъмин гардонанд. Бахусус:

— раванди таълиму тарбияро дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба роҳ монанд, то робитаи се ниҳоди муҳим: оила, мактаб ва ҷомеа мустаҳкам гардида, мушкилоти дар ин самт вуҷуддошта бартараф карда шавад;

— барои тавсияи хонандагон бобати таҳсил дар муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ ва довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо завқ ва қобилияти онҳоро ба эътибор гиранд;

— омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои илмиро ба азбарнамоии забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии технологияи инноватсионӣ равон намоянд, то онҳо дар раванди фаъолият муаррифи дастовардҳои илмӣ, муваффақияти соҳаи маорифи кишвар дар арсаи байналмилалӣ гарданд;

— ба сатҳу сифати дониши хонандагон, донишҷӯён таваҷҷуҳи зарурӣ диҳанд ва онҳоро ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир тарбия намоянд;

— воситаю таҷҳизоти нодаркор ва ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ набударо дар сохтор ва зерсохторҳои муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ бо воситаю таҷҳизоти нави замонавӣ иваз намуда, бо ин васила сатҳи ҷаҳонбинии шогирдонро васеъ ва тафаккури техникиашонро ташаккул диҳанд;

— вобаста ба ҷойҳои ҷудошуда довталабонро дар зинаҳои таҳсилоти магистратура, доктор PhD, докторантура бо эътибори ихтисос таъмин намуда, фаъолияти онҳоро мувофиқи бандҳои нақшаи инфиродӣ зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, то дар муҳлати муқарраргардида сазовори дараҷаҳои илмӣ гардида, дар пешрафти илми тоҷик хизмати беғараз кунанд;

— ҳар шашмоҳа дар ҷаласаҳои воҳидҳои сохторӣ натиҷаи фаъолияти роҳбарони илмии унвонҷӯёну аспирантон ва докторантонро оид ба вазъи иҷрои корҳои илмии шогирдон баррасӣ карда, бандҳои алоҳидаи қарор қабул карда, назорати онҳоро таъмин гардонанд;

— дар сохтор ва зерсохторҳои муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба самти ихтисос кадрҳои ҷавонро ба кор таъмин гардонанд, барои такмили тахсассус ва бозомӯзии илмии онҳо пайваста тадбир андешанд;

— олимон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба, соҳибмактаб ва фидоии илму маорифро барои сазовор гардидан ба ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва ғайра тавсия диҳанд;

— барои он ки мавзуъҳои фармоишии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда актуалӣ ва самарабахш бошанд (нусхаи кӯтоҳкардашудаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии таҳия ва ё дифоъкардаи олимон набошанд), шурои экспертиро зарур аст, ки ба сифати муқарриз олимони варзидаи соҳавӣ, воқеъбин ва дақиқназарро таъйин намояд, ба хислати рӯпӯшкунӣ хотима бахшанд;

— дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ гардонида шавад. Аз ҷумла, ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ гардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо ва ғайра мушкилоти мавҷудаи соҳаро бартараф карда, ба рушди илм мусоидат менамояд;

— нисбат ба масъалаи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология, ки тақозои талаботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад, тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Тарбия кардани олимони ҷавон аз ихтисосҳои илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоиёт, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва ғайра ниёзи ҷомеа мебошад;

— маблағи лоиҳаҳои ба соҳаи илм ва маориф ҷудо кардашуда самаранок истифода бурда шавад, то аз татбиқи онҳо натиҷаҳои назаррас ба даст оянд, ки ба рушди бонизоми ҷомеа мусоидат намояд;

— барои муайян кардани рейтинги ҳар олими тоҷик, самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ меъёрҳои арзёбӣ муайян карда шаванд.

Ҳамин тавр, вақте давлат аз илму маорифи мамлакат ҳимоят мекунад, хизмати олиму омӯзгорро қадр менамояд, пас мо низ дар ҷавоб бояд фидоии касби худ бошем, барои пешрафти ҷомеа, тарбияи кадрҳои ҷавон ғамхору содиқ бошем, фарҳанги пурғановати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Бетарафӣ пеша насозем, беасос якдигарро танқид накунем, ба таълифоти якдигар аз ҷиҳати интиқодӣ назар андӯхта, ахлоқи олимро риоя дорем, барои беҳбуди кор ва ба даст овардани самара ба якдигар маслиҳатҳо диҳем. На ин ки аз интиқоди ҳамкасб тухми кина дар дил парварида, нисбаташ ҳарфи носазо гӯем.

Олимони тоҷик соҳибфазл ва бузургонаш соҳибмактаб мебошанд. Ҳамеша ба ҳамдигар дасти мадад расониданро дареғ намедоранд. Бинобар ин, иттиҳоди онҳо метавонад ин мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи илм ва маорифи кишварро бартараф карда, илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ ва барои дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои назариявӣ неруи ақлиро сарфа созад.

Нозим МАҲМАДИЗОДА,
профессор, доктори илмҳои фалсафа

Инъикоси фаъолияти системаи ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият яке аз мавзуҳои мубрами ҷомеаи муосир ба шумор меравад, зеро маҳз тадқиқотҳои олимон дар ин раванд барои рушди тарбияи ҳуқуқӣ дар ҷомеа мусоидат мекунанд. Вобаста ба ин, эълон шудани соли 2024 аз тарафи Пешвои миллат ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ дар назди системаи тарбияи ҳуқуқӣ вазифаҳои навро мегузорад ва яке аз онҳо ин ҷустуҷуи роҳ, усул, метод ва тарзҳои ба амалбарории ҳуқуқи давраи муосир мебошад. Вобаста ба мақсади амалисозии ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва фаъолияти системаи ҳуқуқӣ дар самти кор бо ҷавонон тағриби меъёрҳои Конститутсияи Ҷумхурии Точикистон, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (аз 10.12.1948), Конвенсияи Созмони Миллали Муттахид, Конститутсияи Точикистон (аз 6.11.1994), Конуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи муроҷиати шахрвандон», кодексҳои соҳавӣ ва дигар санадхои меъёри ҳуқуқӣ нақши асосӣ доранд.

Дар пешгуфтори Конститутсияи Ҷумхурии Точикистон омадааст, ки халқи Тоҷикистон «қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Дар асоси моддаи аввал, Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, хусусиятҳои давраи нави давлатдории Ҷумхурии Точикистонро инъикос менамояд. Ҳадафи асосӣ ва ниҳоии Конститутсия ин ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати дахлнопазирии шахс, фароҳам овардани шароит барои гуногунандешӣ, озодии сухан, кафолати дахолатнопазирии моликият, фаъолияти озодии иктисодӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.

Вобаста ба ин меъёрҳо, дар мамлакат қонун ва санадҳои нав қабул шуданд ва ҳамвора дар соли 2006 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Шўъбаи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Бо кӯшиши олимони соҳаи ҳуқуқи Тоҷикистон ба монанди академик Ф.Т. Тоҳиров, професорон Р.Ш. Сотиволдиев, И.Б. Буриев ва дигар олимон номгўи китобҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои таълимӣ ба тасвиб расиданд, ки дар инкишофи илми ҳуқуқ ва беҳбудии раванди тарбияи ҳуқуқӣ саҳми калон гузоштанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи илми ҳуқуқ асоснок ва устувор рушд намуда, заминаҳои ҳуқуқии давлатдории тоҷикро барпо намуд ва ин ҳамчун системаи илм муносибатҳои нави ҷамъиятии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, молу мулкӣ ва дигар соҳаҳоро фаро гирифт. Инчунин фаъолияти олимон эътибори аҳолиро ба илми ҳуқуқ баланд бардошта, дар масъалаҳои тайёр ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқӣ, такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи олимони соҳаи ҳуқуқ нақши босазо гузошт.

Азорабекова Ширингул Мамадмуродбековна - Ходими илмии шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Бардоштҳо аз мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли илму маорифи кишвар

Дар санаи 30 майи соли 2024 дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот карда, зимни баррасии вазъи илм ва роҳҳои бартарафсозии ҳолати буҳронии он пешниҳодоти ҷолибу дахлдоштаро ироа намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар даврони муосир фақат давлатҳое имкон доранд ҳастии худро идома диҳанд, ки шаҳрвандонашон дорои ҷаҳонбинии дунявӣ мебошанд. Гузашта аз ин, агар илм бо истеҳсолот тавъам набошад, натиҷаҳои илмӣ барои дилхоҳ мамлакат муфид нест. Бинобар ин, илми муосир бояд бо навигариҳои инноватсионӣ ва технологӣ муаррифӣ шуда, дар тақвият пазируфтани сатҳи ҷаҳонбинии дунявӣ нақши муассире бигзорад, вагарна бо шароит фароҳамоварии таҳқиқи илмӣ ҳеҷ кадом ниҳоди илмӣ наметавонад дар таъмини рушди кишвар нақши мусбатро бозӣ кунад. Сарвари давлат зимни суханронии пурмуҳтаво таъкид намуданд, ки солҳои охир дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон воҳидҳои бузурги тахассусӣ ташкил ёфтанд, аммо фаъолияти илмии онҳо қонеъкунанда намебошанд. Сохтори Академияи миллии илмҳо такмил ёфта, олимони соҳавӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, аммо натиҷаи кор ҳанӯз ҳам нигаронкунанда аст: “Бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест. Имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман қонеъкунанда нест. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад”.

Ҷиҳати татбиқи андешаҳои илмӣ дар истеҳсолот бояд ҷавононе дастгирӣ ва раҳнамун шаванд, ки алаккай ба илм ворид шуда, лоақал тасаввуроте дар мавриди илм дошта бошанд. Аммо воқеият дигар асту сатҳи донишандӯзии унвонҷӯйҳо дигар. Агар мо ба фаъолияти илмии аксар докторони илм, аъзои пайваста ва вобастаи Академияи миллии илмҳо назар карда, дилхоҳ пажуҳишро бобати нақши онҳо дар рушди илми ватанӣ таҳқиқ кунем, саранҷом мушоҳида мекунем, ки пас аз расидан ба унвонҳои баланд ва дараҷаҳои олии илмӣ олимон дигар ба фаъолияти густурда машғул намешаванд. Яъне, ба ибораи саҳеҳтар агар гӯем, соҳибунвонии аксар даъвогарон ҷанбаҳои молиявӣ дошта, ин амал аз хотири болорави сатҳи маош роҳандозӣ мешавад. Дар ин маврид метавон ба суханронии Сарвари давлат муроҷиат намуд: “Таҳлили ҳисоботи академия тайи солҳои 2021 – 2023 нишон медиҳад, ки аз ҷониби қисме аз аъзои вобаставу пайваста ва дигар кормандони илмӣ дар ин муддат ягон таҳқиқоти мушаххаси илмӣ анҷом дода нашудааст. Таҳия нашудани санади дахлдор оид ба меъёрҳои арзёбӣ кардани самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва кормандони онҳо яке аз сабабҳои ин падидаи нигаронкунанда маҳсуб мешавад”.

Татбиқшавии дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот на фақат ба талаботи муосир дар самти илму маориф ҷавобгӯ нест, балки амалан вуҷуд надорад. Чаро? Чунки робитаи илм бо истеҳсолот татбиқ нагардида, сатҳи ихтироъкории олимони ҷавон ҳузнангез боқӣ мемонад. Агар гӯем, ки аксар ибтикороту тасмимҳои олимон дар ҳоли худнамоӣ қарор дошта, муваққатан, ҷиҳати муаррифӣ шудани фаъолияти илмист, чандон эътимодбахш нахоҳад буд, чунки фаъолияти илмӣ дар замони муосир дар озмоишгоҳ мавриди санҷиш қарор гирифта, пасон, бо дарназардошти сатҳи омӯзиш баррасӣ хоҳад гардид. Гузашта аз ин, Сарвари давлат аз сатҳи пасти ҳамкории олимон бо истеҳсолот ёдоварӣ карда, масъаларо яке аз нуқсонҳои асосии олимон номид. Аз ҷумла, дар суханронии Сарвари давлатамон ин ҳарфҳоро мехонем: “Сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд”.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, таъсиси сохторҳои алоҳидаи Академияи миллии илмҳо мебоист ба раванди илмомӯзию рушди ҳамаҷонибаи он такони ҷиддӣ ворид мекард, аммо чунин асбоби такондиҳанда вуҷуд надорад. Дар робита бо масъалаи матраҳёфта лозим ба ёдоварист, ки олимон тибқи ихтисос ва меъёрҳои вуҷуддошта мебоист ба ақидаҳои хурофотӣ муқовимат менамуданд ва ҷиҳати паст бурдани сатҳи ҷаҳонбинии динию мазҳабии шаҳрвандон чун василаи аслӣ ҷомеаро аз хурофотзадагӣ наҷот медоданд, аммо бо дарназардошти маълумоти пайдогардида, баъзе аз олимони мо дар андешаҳои хурофотӣ ғарқ шудаанд. Сарвари давлат зикр намуданд, ки алҳол дар ҷумҳуриамон қариб 6000 нафар соҳибунвон буда, дар самтҳои гуногун ба фаъолияти илмӣ машғуланд, аммо кадом монеаҳо имрӯз дар майдони илм намегузоранд, ки ҷавонони соҳибирода ба илмомӯзӣ машғул шаванд. Моро зарурати ҷалби бештари ҷавонон ба илм пеш омадааст, аммо ҷои ба илм ва таҳқиқоти илмӣ рӯ овардан, баъзе онҳо ба ифротгароӣ майл намудаанд. Ин масъаларо Сарвари давлат чунин арзёбӣ намуданд: “Бо дарназардошти чунин вазъ, ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироъкорӣ дар пешбурди сиёсати соҳаи илм дар мамлакат яке аз вазифаҳои асосӣ ва зарурӣ ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ба рушди бомароми соҳаи маориф ва дарёфти шахсоне, ки таҳқиқоти арзишманди илмӣ анҷом дода метавонанд, эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода истодаем”.

Лекин ҳақиқати ҳол дигар асту баъзе вижагиҳои манфурро татбиқ менамояд. Масалан, дар улуми ҷомеашиносӣ аксар кормандони илмӣ афроди солхӯрда маҳсуб мешаванд ва будубоши онҳо дар муҳити илмӣ сипарӣ кардани вақт асту бас. Шояд ҳамин омилҳост, ки имрӯз дидаву дониста ба ҷавонон таваҷҷуҳ нест ва ин мушкилро Сарвари давлат чунин баррасӣ намуданд: “Мо шоҳиди дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз ҷониби олимону донишмандони калонсол ва камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба талошҳои онҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди илмӣ ҳастем. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои чӣ баъзе устодону олимони номдори мо дар муддати беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмии худ ақаллан чор – панҷ шогирди сазовор тарбия накардаанд? Ба ақидаи ман, идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд”.

Воқеан, таносуби байни устоду шогирд дар муҳити илмӣ нақши муассире аз худ боқӣ мегузорад ва маҳз чунин вазъи ҳузнангез боиси пайдоиши андешаҳои хурофотӣ ва таассуби динӣ дар байни ҷавонон хоҳад гардид. Масалан, аксар оилаҳои навташкилро агар мушоҳида кунед, бо сабаби таассуб аксар бонувон сияҳпӯш гардида, дар кунҷи хона маҳбус мегарданд ва чун шумо дар дилхоҳ мавзеи шаҳрамон саёҳат кунед, бо тоифаи азими сияҳпӯшон вомехӯред, ки майли бегонапарастиро тарвиҷ медиҳанд ва завқу зебоиро бо пӯшиданиҳои бемаънӣ аз байн мебаранд. Аммо ин ҷо мо таносуби байни ҳамкории устоду шогирдро баррасӣ мекунем, бинобар ин, аксар ҷавонон бо нигоштани диссертатсияҳо ба ҳимояи кори илмӣ муваффақ намешаванд. Сабаб чист? Дар суханронии Сарвари давлат ин масъала чунин тасвир ёфтааст: “Сабаби дар муҳлати муайяншуда ҳимоя нагардидани рисолаҳои илмӣ, агар аз як тараф, ба таври самаранок фаъолият накардани худи докторантҳо бошад, аз ҷониби дигар, бемасъулиятии роҳбарони илмии онҳо мебошад. Дар ин самт ҳолатҳои суиистифода аз вазифа низ ҷой доранд. Аз 19 нафар докторанти қабулгардида роҳбарии 8 нафари онҳоро собиқ директори Пажӯҳишгоҳи математика ба зимма гирифтааст, вале ягон нафари онҳо рисолаи илмии худро ҳимоя накардааст”.

Дар ҳақиқат, роҳбари илмӣ метавонад бо ду-се нафар унвонҷӯ ҳамкорӣ карда, роҳбарии кори илмии онҳоро ба зимма гирад, аммо ба 8 нафар унвонҷӯ раҳбарӣ кардан фақат манфиатҷӯйӣ ё лоаққал, суиистифода аз вазифа маҳсуб мешавад. Ба сарнавишти ҷавонони унвонҷӯ бетараф мондани раҳбарони илмӣ низ аз муҳити на чандон қонеъкунандаи илмӣ моро бохабар месозад, ки таваҷҷуҳи дилхоҳ муштариро бунёд хоҳад кард. Аммо вазъ дар муассисаҳои илмӣ нигаронкунанда буда, моро водор мекунад чунин натиҷагирӣ кунем, ки минбаъд бидуни дахолат дар масъалаҳои зикргардида наметавон рушди бемайлони илмро дар кишвар таъмин намуд.

Дигар масъалае, ки Сарвари давлат зимни суханронии худ мутазаккир шуданд, мушкили ҷобаҷогузории кардҳо буда, то кунун ин мушкилӣ ҳалли худро наёфтааст. Бинобар ин, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки минбаъд ҳангоми пешниҳоди таъсиси ин ё он сохтори илмӣ масъалаи таъмин будани онҳо бо мутахассисони соҳа ба назар гирифта шуда, бобати таъиншавии кадрҳои илмӣ озмунҳо роҳандозӣ шаванд. Ин масоил баробар бо мушкили ҷаҳонбинӣ имкон намедиҳад, ки ҷавонони мо ба илмомӯзӣ рӯ оварда, оянда ва сарнавишти худро бо илму илмомӯзӣ тавъам донанд. Бинобар ин, дар ин бобат Сарвари давлат чунин гуфтанд: “Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад”.

Дигар мушкили илмӣ, ки дар ҷумҳуриамон то имрӯз аз ҳастии хеш дарак медиҳад, татбиқ нагардидани дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот аст. Бояд донист, ки масъалаи асосии илмӣ дар дилхоҳ давлат амалишавии он бо дарназардошти ҳамоҳангӣ бо саноат маҳсуб мешавад. Аммо барои аксар олимон маҳдудиятҳои кори илмӣ дар сатҳи тиҷорат баррасӣ шуда, дарки саноатии масъала дар марҳилаи аввали таҳқиқӣ фаромӯш мегардад. Дар ҳоле ки агар илми муосир бахши амалишавӣ надошта бошад, пас ба ин гуна илм ва дастоварди он ҷомеа низ ниёз надорад. Бобати ин масъала Сарвари давлат ин ақидаро муаррифӣ намуданд, ки хеле бамаврид буда, нуқси муосири фаъолияти илмиро таҳлил намудааст: “Таҳлил ва омӯзиш собит сохт, ки на ҳамаи кормандони академия дар бист соли охир ба натиҷаҳои хуби илмӣ ноил шудаанд. Баъзе маводди илмии пешниҳодгардида ба самти фаъолияти озмоишгоҳ ё шуъбае, ки корманд дар он фаъолият менамояд, ҳеҷ алоқамандӣ надорад”.

Сарвари давлат барои олимони кишвар надонистани забони илмро яке аз камбудиҳои асосии кормандон номиданд ва зимни суханронӣ таъкид карданд, ки аққалан, бо донистани забони русӣ олимон бояд бо навгониҳои илми ҷаҳонӣ ошно гардида, таҳқиқотро дар сатҳи пажуҳишҳои мавҷудбуда таҳия кунанд. Масалан, дар ин бобат Пешвои миллат чунин гуфтанд: “Як камбудии дигари аксари олимони кишвар ин аст, ки онҳо ғайр аз забони русӣ забонҳои дигари илми муосири ҷаҳониро намедонанд ва аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд. Ҳол он ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои асосии илми муосири ҷаҳонӣ яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баромадани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб мешавад”.

Воқеан, имрӯзҳо бо забонҳои мухталиф масоили умдатарини илми муосир мавриди баррасӣ қарор гирифта, надонистани забони англисӣ монеаро бобати дарки мавзуи таҳқиқ ва дараҷаи омӯзиши он ба вуҷуд меорад. Надонистани забонҳо ба мо имкон пайдо намедиҳад, ки дилхоҳ таҳқиқи илмиро дар дилхоҳ давлат мавриди пажуҳиши илмӣ қарор диҳем.

Ба ҳар навъе, зарур медонам тазаккур диҳам, ки мулоқоти бо аҳли илм доирнамудаи Сарвари давлат бештарин мушкилиҳои мавҷудбударо дар самти таҳқиқ, фаъолияти илмӣ ва парваридани кадрҳои илмӣ ошкор сохта, моро водор менамояд, ки минбаъд дар машғулшавиҳои илмӣ таъкидҳои Пешвои миллатро фаромӯш насозем ва бар хилофи ҳадафҳои миллӣ аз баъзе аносири нигаронкунанда дастгирӣ нанамоем. Бояд тазаккур дод, ки баррасиҳои илмии Сарвари давлат моро водор менамояд масъулияти худро дар назди давлатамон ба субут расонида, ҷиҳати татбиқшавии манфиатҳои миллӣ дар илм ҷаҳду кӯшиши даркориро анҷом диҳем. Ин мулоқоти судманд моро водор мекунад, ки дар иштибоҳу ғафлатҳоямон кор кунем ва хидмати Ватани азизро дар ҳеҷ сурат фаромӯш насозем.

Ширин ҚУРБОНОВА, доктори илмҳои таърих муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ

(чанд мулоҳиза дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин)

Оростани мулоқоту вохуриҳо бо фаъолони маданӣ, қишри зиёӣ ва ходимони дин дар меҳвари барномаи кории Сарвари давлат қарор гирифтааст ва чанд соли пеш, дақиқтараш 12 майи соли 2018 бо ҳузури фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин суҳбати хуби ихтисосӣ анҷом дода буданд.

Дар мулоқоти охир, ки 9 марти соли ҷорӣ бо ҳузури доираи васеъи роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ, намояндагони ҷомеаи маданӣ ва ходимони дини ҷумҳурӣ доир гардид, Сарвари давлат ҳудуди панҷ соат бидуни танаффус атрофи муҳимтарин масъала, муаммо, уқда ва мушкилоти имрӯзӣ, ки ғолибан бар асари нуфузу ҳузури фарогири хурофоту таассубу ифротгаройии динӣ-мазҳабӣ иттифоқ афтодаанд, суҳбати ҷолиби ихтисосӣ анҷом доданд. Муҳимтар аз ҳама, ин мулоқот ба лиҳози сатҳи ҳадафмандӣ, дарки ҳассосиёти имрӯзӣ, низоми бархурдҳои тамаддунӣ, вазъ ва дурнамои бозиҳои геополитикӣ, муҳиммияти мавзуъ, доираи иттилоотӣ-таҳлилӣ, қиёсгирии мантиқӣ, фарохии ҷаҳоншиносӣ, фарогирии мундариҷавӣ-муҳтавоӣ, таъсирнокии сиёсӣ-мафкуравӣ ва дидгоҳи миллӣ-дунявӣ хеле фарқкунанда буд. Ин андоза суҳбат ва дар маҷмуъ, мулоқот ҷолиби таваҷҷуҳ буд, ки аҳли толор зиёда аз панҷ соат сокиту ором ва баъзан бо кафкӯбиҳои бардавом суханронии Сарвари давлатро шуниданду истиқбол гирифтанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, бардошту таассуроти хешро аз мулоқоти Сарвари давлат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мухтасаран ироа медорем:

Якум. Маҷмуаи масъалаҳои мубраму муҳимми сиёсӣ, мафкуравӣ, динӣ-ақидатӣ, тарбиятӣ-ибодӣ, ҳувиятӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва маданиеро, ки дар суханронии Сарвари давлат матраҳ гардиданд, метавон ба таври зайл гурӯҳбандӣ кард: 1) масоили сиёсӣ-мафкуравӣ; 2) масоили динӣ-ибодӣ; 3) масоили маърифатию фарҳангӣ; 4) масоили ҷаҳонбинӣ-ҷаҳоншиносӣ. Ба назари мо, ҳар мавзуъ ва масъалае, ки дар мулоқоти ахирии Сарвари давлат матраҳ гардид, асосан дар доираи гурӯҳбандии чаҳоргонаи болоӣ мунсаҷим шудаанд. Албатта, ин навъи гурӯҳбандӣ як пешниҳод аст ва онро метавон такмил кард ва доираи масоилро фаротар намуд.

Дувум. Хатти марказӣ ва меҳварии суханронии Сарвари давлат дар доираи мавқеияти давлатӣ ва манофеи миллӣ чарх мезад. Ин бад-он маъност, ки Сарвари давлат аз оғози фаъолияти раҳбарӣ то ин замон ҳадафи сохтмони давлати миллию дунявиро пайгирӣ карда, дар ростои шинохти манофеи миллӣ, фаҳми воқеиёти сиёсӣ, дарки ҳассосиёти замонӣ, арҷгузории арзишҳои миллӣ, муаррифию гиромидошти фарҳанги бостонии аҷдодӣ, таҳкими худогоҳию худшиносӣ ва устуворсозии пояҳои давлатдории миллӣ-дунявӣ иқдомоти ҷиддии барномавӣ-стратегӣ рӯйи даст гирифтаанд.

Ин аст, ки ҳамеша оғозу анҷоми суханрониҳояшонро ба масоили ташхиси авзои сиёсӣ-мафкуравии минтақавию ҷаҳонӣ, сатҳи бархурдҳои тунди тамаддунӣ, раванди бесобиқаи бегонашавию худбохтагӣ, осебпазирии насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷик иртибот дода, аз раҳбарияти ниҳодҳои давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, қишри зиёӣ, фаъолони маданӣ ва ходимони динии кишвар даъват ба амал меоваранд, ки дар роҳи ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тақвияти шуури сиёсӣ, боло бурдани сатҳи ҳувиятӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва амнияту суботи ҷамъиятӣ саҳми муносиб бигузоранд.

Сарвари давлат дар мулоқоти ахирӣ ба бетарафию бепарвоии институтҳои иҷтимоӣ, қишри зиёӣ ва фаъолони сиёсию ҷамъиятӣ ишораи ҷиддӣ намуда, аз ҷумла тазаккур доданд, ки бетарафию саҳлангории зиёиёну фаъолони маданӣ боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва мусибату фоҷеаи миллӣ гардид. Бинобар ин, бетараф будан ва бепарвоӣ кардан ба сарнавишти миллӣ-давлатӣ ба сифати нуқтаи заъф аз ҷониби Сарвари давлат махсус таъкид гардид. --Агар вазъ ҳамин тавр идома пайдо намояд (яъне, агар бетарафию бепарвоии ҷомеа ва махсусан, қишри зиёии мамлакат давом кунад), -- афзуданд Сарвари давлат,-- суботу амният аз даст меравад ва воқеаҳои солҳои навадуми асри бист дар шакли нав зуҳур мекунанд. Ба ин маъно, ҷомеаи маданӣ, фаъолони иҷтимоӣ ва зиёиёни ватанӣ вазифадоранд, ки ба сарнавишти миллат-давлат бепарво набошанд ва дар тақвияти бедории фикрӣ ва рушди давлатдории миллию дунявӣ саҳми муносиб бигузоранд.

Сеюм. Истифодаи дуруст аз афкори динӣ-шаръӣ, ибодати отифӣ, хидмати мазҳабӣ тавассути ибодати ростин, тақвияти ҳувияти миллӣ, ифтихор аз нажоди ориёӣ ва эҳтиром ба арзишҳои дунявӣ дар саргаҳи суханронии Сарвари давлат қарор дошт ва минҳайси кулминатсияи суханронӣ ин қавли Сарвари давлат толорро ба ваҷд овард: “Ман аввал тоҷикам, пасон мусулмон”. Дар ин қавли миллӣ-давлатӣ барнома-стратегияи Сарвари давлат қарор гирифтааст ва аз ин ҷумлаи калидӣ, ки аз ҳадафи стратегии Сарвари давлат сарчашма мегирад, метавон консепсияи нави тарбияти миллӣ дуруст кард ва насли наврасу ҷавонро дар руҳияи миллатшиносию ҳувиятсозӣ тарбия намуд.

Чаҳорум. Авомфиребӣ, авомзадагӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолатписандӣ, ки тайи понздаҳ-бист соли ахир ба таври густурда паҳн гардида, ҷомеаи моро сироят карда, масуният-иммунитети ҳувиятӣ, нажодӣ, миллӣ ва дунявии моро заиф сохтааст, мавриди гуфтугӯ ва суҳбати ихтисосии Сарвари давлат қарор гирифта, ба сифати мушкили рақами яки миллӣ дар мулоқот матраҳ гардид. Сарвари давлат дар ин замина таъкид карданд, ки “Хурофот хатар бар имрӯзу ояндаи миллат аст... Ҷаҳолат хурофотро меафзояд ва хурофот мусибату бадбахтиро ба вуҷуд меоварад”. Рафъи камбудӣ ва мушкили ҷиддии сиёсӣ-мафкуравӣ, ки бар асари бетафовутии баъзе ниҳодҳои илмӣ-маданӣ, ҳавзаҳои донишгоҳӣ ва блоки мафкуравӣ-идеологӣ рӯ ба афзоиш овардааст, дар муборизаи ҳадафмандонаю дастаҷамъонаи сохтору ниҳодҳои давлатӣ ва муҳитҳои илмӣ-академӣ, ҳавзаҳои адабӣ-ҳунарӣ ва ҷомеаи маданӣ зоҳир мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳамгиройӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии сохторҳои давлатӣ бо ниҳоду институтҳои иҷтимоӣ (аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи ходимони театрӣ, Иттифоқи композиторон, Иттифоқи синамогарон, Иттифоқи рассомон ва амсоли инҳо) роҳро барои маҳор кардани буҳрони ҳувиятӣ, мушкилоти фикрӣ ва таҳдиду чолиши имрӯзӣ ҳамвор месозад.

Аз тарафи дигар, Сарвари давлат дар мулоқот масъалаи дуюмдараҷа донистани сохтори сиёсӣ-мафкуравӣ ва блоки идеологии давлатиро ба миён гузошта, аз масъулин ва дастандаркорони пружаҳои давлатӣ талаб намуданд, ки умури сиёсӣ-мафкуравиро дар мадди аввал қарор диҳанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, агар вазифаи муовини идеологӣ дар иерархия-дараҷабандии мансабӣ ба мақоми муовини аввали раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ баргардонида шавад, беҳтар аст. Мо дар ин замина, таҷрибаи даврони шуравиро дорем, ки муовини идеологӣ манзалат ва нуфузи бештар ва баланде дар дараҷабандии мансабӣ дошт ва ба гунаи намуна, Суслов минҳайси котиби идеологии давлати шуравӣ бузургтарин шахсияти сиёсӣ-мафкуравӣ шинохта, пазируфта ва эҳтиром карда мешуд. Чаро мо дар ин вазъияти ногувори сиёсӣ-мафкуравӣ аз тарҳи дар авлавияти мансабӣ қарор додани блоки сиёсӣ-мафкуравӣ истифода набарем?

Панҷум. Мусаллам аст, ки манзалати давлат, пеш аз ҳама, ба сатҳи мафкурасозии он бастагӣ дорад ва мафкурасозӣ кору умури ниҳодҳои махсуси давлатӣ ва илмӣ-академӣ мебошад. Бинобар ин, сари таҳким ва тақвият бахшидани умури сиёсӣ-мафкуравӣ ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард ва нафароне ба ин мансаб ҷалб карда шаванд, ки пеш аз ҳама, мавқеи давлатӣ, тафаккури илмӣ ва дидгоҳи миллӣ дошта бошанд. Ба ин маъно, масъалаи тарбияи кадрҳои миллӣ бо тафаккури илмию дунявӣ пеш меояд, ки сари он ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард. Дар ин замина, аз ҳисоби насли ҷавону миёнсол ва ҳатто солманди ҷомеа нафаронеро бояд ҷустуҷӯву интихоб кард, ки ба умури сиёсӣ-мафкуравӣ ва манофеи миллӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.

Шашум. Дар мулоқот бештар сари ходимони дин тамаркуз сурат гирифт ва мухотаби Сарвари давлат бештар ходимони динии кишвар буданд. Бо таваҷҷуҳ ба муҳиммияти тарбиятӣ, набояд фаромӯш кард, ки тарбияи миллӣ аз хона шуруъ шуда, дар мактаб ташаккул ёфта, дар муҳити донишгоҳӣ рушд мекунад ва агар хонавода, мактаб, донишгоҳ ва муҳити корхона солиму муътадил набошад, ҷомеа осебпазир мегардад ва буҳрони чандсамта баданаҳои иҷтимоиро аз фаъолият бозмонда, билохира фалаҷ месозанд. Ин ҳолатро дар ҷомеашиносӣ ва равонковӣ коллапс меноманд. Бинобар ин, дар баробари пружаҳои сиёсӣ-мафкуравие, ки солҳост аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардида, насли наврасу ҷавонро ҳадаф қарор дода, мағзшуӣ намуда, ба зомбӣ ва манқурти тамомайёр табдил медиҳанд, барнома-пружаҳои омӯзишӣ, илмӣ, маданӣ, синамоӣ ва ҳунарии худро бояд роҳандозӣ намоем, то ин ки ба сифати алтернатива-гузинаҳои муассир пеши роҳи чолишу таҳдидҳои ифротгаройӣ ва тундравии динӣ-мазҳабиро бигиранд.

Ҳафтум. Сарвари давлат дар мулоқот атрофи умури динӣ-ибодӣ махсус таваҷҷуҳ намуда, аз қишри динӣ-мазҳабӣ тақозо намуданд, ки дар хидмати дину мардум бошанд, на дар хидмати нафсу андӯхтани дороиву сарват. Аз ин ҷо тарбияи ходимони диние, ки ғуруру ифтихори миллӣ доранд, масъалаи калидист, ки сари он мебояд андеша кард ва дар ин замина роҳкорҳои зарурӣ амалӣ сохт. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қисмати зиёди ходимони дин (ва аз ҷумла баъзе мудир-омилони сиёсӣ, илмӣ, маданӣ, адабӣ ва ҳунарии ҷумҳурӣ) ҳувияти диниро бар ҳувияти миллӣ тарҷеҳ медиҳанд ва ба ҳама масоил аз нигоҳи маҳдуди мазҳабӣ таваҷҷуҳ мекунанд. Ин нуктаро Сарвари давлат дуруст дарёфта, таъкид карданд, ки мамлакатҳои пешрафтаи исломӣ дар фикри сафар ба кайҳонанд, аммо мо ҳанӯз дар фикри таҳорату ҳоҷиошӣ барин масоили ҷузъии шаръиеам, ки на ба дин манфиат меоварад ва на ба давлату миллат. Таваҷҷуҳ ба ин байти калидӣ:

Дине, ки дар он манфиати халқ набошад,

Ҷуз дағдағаи савмааву далқ набошад --

ҷомеаро аз бисёр мушкилоту чолишҳои имрӯзӣ, ки бар миллату давлат садама мезананд, эмин медорад. Ба назари Сарвари давлат, бо фаро гирифтани илму дониш ва касбу шуғл фарзандони мо аз бори гарони ифтротгаройӣ ва тундравӣ наҷот меёбанд ва амалӣ гардидани ин навъ барномарезиҳои таълимӣ-маърифатӣ як дараҷа ба кори муваффақонаву ҳадафмандонаи ходимони дини ҷумҳурӣ низ бастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, боло рафтани сатҳи саводу маърифат, боло рафтани сатҳи миллатсозию давлатдорист.

Ҳаштум. Хулоса, Сарвари давлат дар мулоқот аз силсилаи мушкилот ва нигарониҳое, ки ба ояндаи миллату давлат таъсири манфӣ мерасонанд, ёдовар шуда, аз мавқеияти миллию давлатӣ ба кулли масоил ва мушкилоту чолишҳои боздорандаи рушду тараққӣ таваҷҷуҳ намуданд. Бовар дорем, ки баъди мулоқот ҷомеаи маданӣ, фаъолони иҷтимоӣ ва ходимони динии кишвар аз пайи иҷрои вазифа ва рисолати аслии худ – бедории фикрӣ, боло бурдани сатҳи ҳувиятӣ, тақвияти руҳияи миллӣ ва таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ-дунявии насли наврасу ҷавон ва умуман, омма мешаванд ва дар роҳи хидмати воқеӣ ба халқи азизи тоҷику тоҷикистонӣ қадамҳои устувор бармедоранд.

Нозим Нурзода, пажуҳишгар

Санадҳои байналмиллалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак

1 июн- Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Кӯдакон ояндаи миллат ба ҳисоб рафта, ғамхорӣ ва ҳимояи онҳо вазифаи аввалиндараҷаи оила, ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар аксари давлатҳои ҷаҳон 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад.

Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин сабт гардидааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Баҳри ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, яъне фаро гирифтани онҳо ба таҳсил, ғамхории пайвастаи кӯдакони ятим аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал татбиқ мегарданд.

Оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи кӯдак (1989)[1], Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (1966) ва ғайраҳо татбиқ мегарданд. Моддаи 16 Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва моддаи 10 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оиларо ҳамчун рукни табиӣ ва асосии ҷамъият эътироф карда, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон шаклҳои гуногуни дастгирии иҷтимоии оиларо пешбинӣ менамояд.

Дар қисми якуми моддаи 18 Эъломияи ҳуқуқи кӯдак пешбинӣ шудааст, ки «таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад». Меъёри мазкур дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 65 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн дар тарбия ва таълими фарзандон дар дигар моддаҳои Кодекси мазкур низ зикр гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии шартномаҳои асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон буда, меъёру принсипҳои онҳо қисми таркибии қонунгузории ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Дар асоси шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин тавсияҳои мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба қонунгузории кишвар тағйирот ворид гардида, қонунҳои нав қабул мешаванд.

Соли 2001 бо мақсади такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ бобати дастгирии оилаву кӯдак Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, вазифаи Комиссияи мазкур ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналилалӣ ва рушди қонунгузории самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ба Кодексҳои оила, меҳнатӣ, ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Дар асоси қисми 1 моддаи 57 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдак ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳуқуқ дорад. Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро волидон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, мақомоти васояту парастори, прокурор ва суд ҳимоя мекунанд.

Моддаи 63-и Кодекси оила бошад, волидайнро уҳдадор мекунад, ки барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, таҳсил ва касбомӯзии фарзандонашон ғамхорӣ зоҳир намоянд.

Масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакони ятим ва аз парастории волидайн бо сабабҳои гуногун мондаро Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №30 ба тасдиқ расидааст, танзим менамояд. Боиси зикр аст, ки яке аз ҳуқуқҳои меҳварӣ дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳо- ин ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил мебошад, ки дар моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» дарҷ гардидааст. Тибқи талаботи моддаи мазкур кӯдак ба таҳсил ҳуқуқ дорад ва ба ӯ таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбии ройгон ва таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад ва моҳияти қонунҳои соҳавӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон равона карда шудааст, масалан Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи маориф», «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» ва «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» қабул гардида, дар онҳо муқаррароти дахлдор оиди ҳифзи ҳуқуқи ҳамаҷонибаи кӯдакон пешбинӣ карда шуданд.

Чунончи, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ҳанӯз 18 марти соли 2015, №1196 қабул гардида, асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак онро муайян менамояд. Қонуни мазкур масъалаҳои ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, комиссияҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакро танзим менамояд. Қонуни мазкур масъалаҳои татбиқи амалии ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ, ҳуқуқи кӯдак ба шахсият, ҳифзи саломатӣ, ба озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳуқуқи кӯдак ба моликият, манзил, таҳсил, меҳнат, истироҳат, фароғат, зиндагӣ ва тарбия дар оила, ҳуқуқи муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонон аз ҷониби давлатро кафолат медиҳад. Қонун аз 6 бобу 50 модда иборат мебошад.

Кӯдак бояд дар оилаи солими падару модараш якҷоя бо онҳо зиндагӣ кунад ва тарбия гирад. Дар оилаи кӯдак аз ҷиҳати ҷисмонӣ пурқувват ва рӯҳан инкишоф меёбад. Барои ҳамин ҳам таъсир ва дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти оилавӣ манъ аст. Агар ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак дар оила халалдор гардад, он гоҳ таъсир ва дахолат ба ӯ имконпазир мегардад. Кодекси оила барои бартараф ва пешгирӣ кардани монеаҳо дар тарбияи кӯдак андешидани баъзе чораҳо ба монанди маҳрум кардан аз ҳуқуқи падариву модарӣ, маҳдуд намудани ҳуқуқи падару модариро пешбинӣ намудааст.

Кӯдак ба ғамхории падару модар ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ чунин маъно дорад, ки дар оила бояд шароити мӯътадил барои зиндагӣ ва тарбия бошад. Падару модар якҷоя кӯдакро бояд аз ҷиҳати моддӣ ҳаматарафа таъмин намоянд, таҳсили ӯро ташкил кунанд, бо китобҳо ва маводи дарсӣ таъмин намуда, ба нигоҳ доштани саломатии кӯдак эътибор диҳанд, дар мавриди зарурӣ бо ёрии тиббӣ, доруворӣ ва ғайра таъмин намоянд. Падару модар нисбати фарзандон бояд баробар муносибат намоянд. Дар навбати худ аз рӯи одобу рафтор кӯдак бояд падару модари худро ҳурмату эҳтиром намояд.

Ӯҳдадориҳои падару модар оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконашон дар қонун муқаррар карда шудааст. Тибқи Кодеси оилаи ҶТ падару модарон намояндагони қонунии фарзандони худ буда, ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро бе ваколатҳои махсус дар муносибат бо ҳамагуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар судҳо ҳимоя менамоянд. Аммо падару модар наметавонанд аз ҳуқуқи фарзандони худ намояндагӣ кунанд, агар мақоми васоят ва парасторӣ муқаррар карда бошад, ки байни манфиатҳои падару модар ва фарзандон ихтилоф вуҷуд дорад. Дар сурати мавҷуд будани ихтилофот мақоми васоят ва парасторӣ вазифадоранд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон намоянда таъин кунанд.

Тарбияи дурусти кӯдак эҳтироми шаъни инсонии кӯдакро аз ҷониби падару модар ва дигар аъзои оила дар назар дорад. Ҳангоми тарбия падару модар набояд ба иззати нафси кӯдак расанд. Эҳтиром намудани шаъни инсонии кӯдак дар оила меъёри ҳал намудани баҳсҳо вобаста ба тарбияи кӯдак мебошад. Барои ҳамин ҳам дар оила падару модар нисбати кӯдак ҳуқуқи ба таври мунтазам рафтори дағалона, муомилаи дурушт карданро надоранд. Мавҷуд будани чунин рафтори падару модар нисбати кӯдак шаҳодати халалдор гардидани тарбияи кӯдак шуда, барои татбиқи чораҳо нисбат ба падару модар асос мегардад. Кӯдаконе, ки бо сабабҳои гуногун аз оила маҳрум шудаанд, дар ин маврид амалӣ гаштани ҳуқуқи онҳоро ба тарбия давлат ба зимма мегирад.Яке аз роҳҳои таъмин намудани ҳуқуқи кӯдак дар оила ин ба фарзандхонӣ додани кӯдак мебошад. Дар мавриди имконнопазир будани додани кӯдак ба оила ӯ барои тарбия ба муассисаҳои кӯдакона супорида мешавад.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак соли 2016 мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳар сол на дертар аз моҳи феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи фаъолияти худ ва вазъи риояи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ирсол менамояд.

Оид ба масъалаҳои алоҳидаи вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои кӯдак Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқ дорад ба мақомоти номбаршуда маърӯзаҳои махсус ирсол намояд.

Дар баробари ин, дар Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва барномаҳои давлатӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Маҳкам МАҲМУДЗОДА – академики АМИТ,

доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

[1] Эъломияи ҳуқуқи кӯдак бо қарори Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1993 ратификатсия карда шудааст.

(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

21Ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи илмро дар кишварамон ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба масъулини ин соҳа чунин дастурҳое доданд, ки амалисозии онҳо, бешубҳа, на танҳо ба рушди илми тоҷик, балки ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ ва инкишофи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат мекунад. Суханронии Пешвои муаззами миллат хеле фарогир буд, аммо инҷо мехостем танҳо ба чор нуктаи асосӣ таваҷҷуҳ дошта бошем.

Аввалан, Пешвои миллат дар бораи дастовардҳои илмӣ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат аз соҳаи илм сухан гуфта, таъкид намуданд, ки ин соҳаро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсаташон пайваста дастгирӣ намудаанд ва ин амал минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Дар ҳақиқат ҳам, дар даврони соҳибистиқлолӣ, чун дар баъзе кишварҳои ҳамсоя фаъолияти ниҳоди асосии илмӣ дар ҷумҳурӣ - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қатъ карда нашуда, баръакс мақоми баландтарро соҳиб гардид. Дар ҳайати ин Академия сохторҳои зиёди ҷавобгӯи талаботи даврон таъсис ёфта, маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотӣ пайваста зиёд гардид ва ҳоло тасмим гирифта шудааст, ки сохторҳои дахлдор “ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро ба мақсади то охири муҳлати стратегия ба 1,5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд”. Ин амал метавонад ба он мусоидат кунад, ки маблағгузории илм дар ҷумҳурии мо то сатҳи давлатҳои пешрафтаи олам боло бурда шавад.

Дуюм, Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки дар соҳаи илм дар даврони соҳибистиқлолӣ ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, ниҳодҳои илмӣ мунтазам бо дарназардошти талаботи ҷомеа дигаргун карда шуданд. Аммо дар ҷаҳони имрӯзаи зудтағйирёбанда, ниҳодҳои соҳаи илм, махсусан, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз низ ба ислоҳоти сохторӣ эҳтиёҷ доранд. Бо ҳамин сабаб ва барои таъмини фаъолияти самарабахши соҳаи илм Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки дар ин самт “зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он ба миён омадааст”. Эътимоди комил дорем, ки иҷрои ин дастури Сарвари давлат на танҳо ба фаъолияти Академияи миллии илмҳо, балки тамоми ниҳодҳои илмии Тоҷикистон як такони ҷиддӣ мебахшад.

Сеюм, дар суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар таъкид гардид, ки дастовардҳои илми тоҷик дар зиёда аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ кам нестанд, аммо камбудию норасоиҳо низ дар ин самт вуҷуд доранд, ки бояд бе таъхир бартараф карда шаванд. Ин гуна норасоиҳо, қабл аз ҳама, дар самти татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва тарбияи кадрҳои илмӣ ба мушоҳида мерасанд. Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки минбаъд фаъолияти ҳар як олим дар кишвари мо аз рӯйи ду меъёри асосӣ арзёбӣ карда шавад: “ аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд”. Дарвоқеъ, муайян сохтани чунин меъёрҳо на танҳо масъулияти олимону донишмандонро баланд мекунад, балки барои бартараф сохтани норасоии кадрҳои соҳиби дараҷаю унвонҳои илмӣ дар тамоми муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мусоидат намуда, робитаи илму истеҳсолотро тақвият мебахшад.

Чорум, чунонки маълум аст, илм дар ҳар давру замон дар таърихи башар на танҳо василаи ягонаи рушди техникию технологӣ будааст, балки вазифаи хеле муҳимми иҷтимоиро ба иҷро расонида, инсониятро аз фалокатҳои маънавӣ низ эмин нигоҳ доштааст. Маҳз ташаккули ҷаҳонбинии дуруст ва илман асоснок дар тули таърихи тулонӣ ба инсоният имкон додааст, ки на танҳо эҳтиёҷоти моддии худро қонеъ созад, балки саодати ҳақиқии ҳар як инсонро дар соҳаи ахлоқу маънавиёт низ таъмин созад. Ин рисолати илм аз он бармеояд, ки он ҳар як шахсро бо ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмӣ мусаллаҳ сохта, имкон медишад, ки ҳаёти иҷтимоии худро ба таври дуруст танзим намояд. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки дар замони муосир низ, танҳо “илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат” ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, ҳар як олим, корманди соҳаи илм ва зиёиёнро зарур аст, ки дар ташаккули ҷаҳонибинии илмии насли наврасу ҷавонон ва тафаккури илмию техникии онҳо саҳм гузошта, бо ин роҳ умеди мардуми моро ба ояндаи дурахшони миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз ҳам боэътимодтар созанд.

Дар маҷмуъ, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, нишон дод, ки миллати тоҷик ва Пешвои муаззами он тамаддунофару илмпарваранд ва дар ваҳдату ҳамбастагӣ, бо такя ба ҷаҳонбинии илмӣ қодиранд, ки дар даврони муосир низ ворисони Ибни Сино будани худро собит сохта, Тоҷикистони азизи соҳибистиқлолро ба яке аз кишварҳои пешрафтаи олам табдил диҳанд.

Хуршед Зиёӣ доктори илми фалсафа, профессор

23Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат, ки 30 май дар Душанбе доир гардид, аз натиҷаҳои кори олимон дар даврони соҳибистиқлолӣ суханрони намуда, чихати дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ, сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.

Президенти кишвар иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳои заруриро муҳайё намудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои созандаи самтҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои боровари он суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд карданд. Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки олимони кишвар дар таҳияи хуҷҷати муҳимми давлатӣ — Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд ва онҳо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд. Дар идомаи суханронӣ Сарвари давлат Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад. Ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки бо таъсиси комиссияи босалоҳият таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти ҳамаи зерсохторҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, аз ҷумла иншоот ва заминҳои аз даврони гузашта дар тавозуни ин сохторҳо боқимондаро анҷом диҳад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зарурати қабули Қонун “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ” андешаронӣ карда, масъулин ва сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати таҳияи санадҳои зерқонунӣ, бунёди зерсохтори зарурӣ ва татбиқи самарабахши қонуни зикршуда чораҳои дахлдор андешанд.

Сарвари давлат мухтарам Эмомали Рахмон чихати таъинот, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои арзанда ба Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбутаи он дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Дар рафти мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба шахсони масъул ва сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷаҳон ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар — дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавонро вазифаи муҳимтарини аҳли ҷомеа донистанд.

Хамзамон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор карда шуданд, ки ба масъалаи забономӯзӣ, касбомӯзӣ ва мутобиқ ба бозори меҳнати дохиливу берунӣ омода кардани ҷавонону калонсолоне, ки дар муассисаҳои зертобеи онҳо таҳсил мекунанд, чораҷӯӣ намоянд.

Пешвои миллат бо боварии комил изҳор намуданд, ки олимони мо рисолати худро хамеша дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, арзишхои миллӣ, таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон — Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Изҳори итминон карда шуд, ки донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни фаъол — бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаашон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоранд ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.

Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои муаззами миллат изхор намуданд, ки Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод.

Баъди анҷоми суханронӣ миёни Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як гурӯҳ олимон ва донишмандони кишвар пурсишу посухҳо сурат гирифт, ки зимни онҳо оид ба дастгириҳои давлатии рушди илм, қабули қонун, барномаву стратегияҳо ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат баҳри беҳдошти шароити кору зиндагии аҳли зиё андешаронӣ намуданд.

Раҳмонов Р.О. – д.и.ҳ., муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Точикистон

Бардоштҳо аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ 30-юми майи соли 2024)

120Илм - фаъолияти инсон аст, ки ҳадаф ва мазмуни он маърифати олам ҳамчун низоми ягона дар асоси муҳокимаҳои мантиқӣ ва таҷрибаҳо мебошад. Дар тамаддуни муосир илм нақши муассир дорад. Пешравиҳои технологии асри ХXI, ки барои рушди кишварҳои Ғарбу Шарқ такон доданд, бар истифодаи дастовардҳои илмӣ асос мегиранд. Илм на танҳо соҳаи истеҳсолотро муайян мекунад, балки ба самтҳои зиёди фаъолияти инсон тавассути усулу воситаҳои гуногун таъсир мерасонад. Хусусан, илм дар ташаккулёбии шахсият муассир аст. Ба воситаи низоми таҳсилу тарбия, ки қабл аз ҳама барои ҳосил намудани донишҳои илмӣ равона аст, он навъи махсуси дониши инсониро ба вуҷуд меоварад. Аз ин ҷо, ҷанбаҳои ҳастии илм чунин муайян шудаанд: 1) маърифатӣ (бештар қонунҳои айнии воқеият); 2) навъи махсуси фаъолияти инсон; 3) ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ.

Вазифаи илм ҳамчун нерӯи бевоситаи истеҳсолӣ имрӯзҳо равшантар зоҳир мешавад, зеро ки илм аз чаҳорчӯбаи тафаккуроти таҷридӣ-назариявӣ дар бораи табиат берун баромада, ба қуввае табдил меёбад, ки дар аксари ҳолатҳо истеҳсолотро ташкил ва назорат мекунад, самти инкишофи онро муайян менамояд. Натиҷаҳои илм то миёнаҳои асри XIX танҳо ба шакли порчагӣ дар амалия таҳқиқ меёфтанд. Имрӯзҳо бошад, дараҷаи азхуд намудани он дар фаъолияти амалӣ бешак бештару васеътар аст. Ворид шудани илм ба истеҳсолот бевосита ба инкишофи дохилии он таъсири зиёд дорад. Ба ҳайси нерӯи ҳаракатдиҳандаи иҷтимоӣ илм барои амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии рушди ҷомеа ва ҳаллу фасли масоили умумиҷаҳонии муосир мавриди истифода қарор мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати кишвар баробар бо соҳаи маориф илмро аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида, барои рушди он, дастгирӣ ва ҳавасмандагрдонии олимон пайваста тадбир меандешад. Бахусус, баргузор кардани мулоқоту вохуриҳои Пешвои миллат бо аҳли зиё, ки дар онҳо натиҷагирии фаъолияти соҳа таҳлилу баррасӣ ёфта, дастовардҳо арзёбӣ, камбудиҳо ошкор ва роҳҳои рафъи онҳо нишон дода мешаванд аз зумраи иқдомҳои наҷибу шоиста ва ифодакунандаи таваҷҷуҳи давлат ба соҳаҳои илм мебошад.

Мулоқоти навбатии Президенти кишвар бо аҳли илму маориф, ки ҳадафи он дар заминаи натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ баррасии ҳолати имрӯза ва дурнамои рушди илм, тақвият додани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ-риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирӣ ва рушди ихтироъкорӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, густариши мактабҳои илмӣ мебошад, низ бозгӯӣ он аст, ки олимони тоҷик сармояи зеҳнии ҷомеа мебошанд ва бо заҳмату талош, меҳнати пурмаҳсули онҳо илми тоҷик метавонад дар сатҳи байналмилалӣ эътироф пайдо кунад. Олимони дақиқназару ихтироъкор ҳамчун меросбарони зиёиёни гузаштаи фарҳангофар, ки бо дастовардҳои илмии худ дар риштаи илмҳои риёзӣ, ҳандаса, тиб, нуҷум, иҷтимоиёт, ҷуғрофия, сиёсат, ахлоқ ва ғайра барои рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши калидӣ гузоштанд, имрӯз низ новобаста аз бурхурди тамаддунҳо, вусъат касб кардани тағйиротҳои мудаввоми иҷтимоӣ-сиёсӣ парчамбардори рушди илми муосири башарӣ бошанд. Миллати соҳибфазл, фарҳангофар ва тамаддунсоз будани худро нишон диҳанд то давлати миллӣ пояҳои асосии худро мустааҳкам карда, зиндагии шоистаро барои аҳолӣ муҳайё намояд, тавонмандии истифодаи «зеҳни сунъӣ»-ро барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ соҳиб шавад. Зеро бо таъкиди бевоситаи Пешвои миллат «дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад».

Матни суханронии Пешвои миллат, ки дар он ҳамаи комёбиву муваффақиятҳое, ки аҳли илму маорифи кишвар дар давраи истиқлоли давлатӣ нойил шуданд, он масъалаҳои ҳалталаб, ки иҷро ва рафъи онҳо барои дурнамои рушди ҷомеа ҳатмӣ ва шарт мебошанд ба шакли мукаммал дар сомонаҳои интернетӣ, рӯзномаву ҳафтаномаҳо рӯйи нашрро дида, дастраси аҳли илму маориф ва кулли аҳолии кишвар гардид. Аз ин рӯ, ин ҷо зарурат барои зикри ҳар як сархати матни мулоқот пеш намеояд ва танҳо таъкид кардан мебояд, ки масъулин, кормандони муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии нопурра, таҳсилоти олии касбӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор оид ба камбудиҳои ошкоршуда, ки масъалаҳои ҳалталаби соҳа маҳсуб меёбанд, нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, иҷрои саривақтии онҳоро таъмин гардонанд. Бахусус:

- раванди таълиму тарбияро дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба роҳ монанд, то робитаи се ниҳоди муҳим: оила, мактаб ва ҷомеа мустааҳкам гардида, мушкилоти дар ин самт вуҷуддошта бартараф карда шавад;

- барои тавсияи хонандагон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ ва довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо завқ ва қобилияти онҳоро ба эътибор гиранд;

- омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои илмиро ба азбарнамоии забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии технологияи инноватсионӣ сафарбар намоянд, то онҳо дар раванди фаъолияти худ муаррификунандаи дастовардҳои илмӣ, муваффақиятҳои соҳаи маорифи кишвар дар арсаи байналмилалӣ гарданд;

- ба сатҳу сифати дониши хонандагон, донишҷӯён таваҷҷуҳи зарурӣ диҳанд ва онҳоро ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир тарбия намоянд;

- воситаю таҷҳизоти нодаркор ва ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ набударо дар сохтор ва зерсохторҳои муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ бо воситаю таҷҳизоти нави замонавӣ иваз намуда, бо ин васила сатҳи ҷаҳонбинии шогирдонро васеъ ва тафаккури техникиашонро ташаккул диҳанд;

- вобаста ба ҷойҳои ҷудошуда довталабонро дар зинаҳои таҳсилоти магистратура, доктор PhD, докторантура бо ба эътибор гирифтани ихтисос таъмин намуда, фаъолияти онҳоро мувофиқи бандҳои нақшаи инфиродӣ зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, то дар муҳлати муқарраргардида сазовори дарҷаҳои илмӣ гардида, барои пешрафти илми тоҷик хизмати беғараз гузоранд;

- ҳар шашмоҳа дар ҷаласаҳои воҳидҳои сохторӣ натиҷаи фаъолияти роҳбарони илмии унвонҷӯёну аспирантон ва докторантонро оид ба вазъи иҷрои корҳои илмии шогирдон баррасӣ карда, бандҳои алоҳидаи қарор қабул карда, назорати онҳоро таъмин гардонанд;

- дар сохтор ва зерсохторҳои муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба самти ихтисос кадрҳои ҷавонро ба кор таъмин гардонанд, барои такмили тахсассус ва бозомӯзии илмии онҳо пайваста тадбир андешанд;

- олимон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба, соҳибмактаб ва фидоии илму маорифро барои сазовор гардидан ба ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва ғайра тавсия диҳанд;

- барои он ки мавзуҳои фармоишии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда актуалӣ ва самарабахш бошанд (нусхаи кутоҳкардашудаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии таҳия ва ё дифоъкрдаи олимон набошанд) шурои экспертиро зарур аст, ки ба сифати муқарриз олимони варзидаи соҳавӣ, воқеъбин ва дақиқназарро таъйин намояд, ба хислати рӯпӯшкунӣ хотима бахшад;

- дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ гардонида шаванд. Аз ҷумла, ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ гардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо ва ғайра мушкилоти мавҷудаи соҳаро бартараф карда, барои рушди илм мусоидат менамояд;

- нисбат ба масъалаи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология, ки тақозои талаботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад, тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Тарбия кардани олимони ҷавон аз ихтисосҳои илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоиёт ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва ғайра ниёзи ҷомеа мебошад;

- - маблағи лоиҳаҳои ба соҳаи илм ва маориф ҷудо карда шуда самаранок истифода бурда шаванд, то аз татбиқи онҳо натиҷаҳои назаррас ба даст оянд, ки ба рушди бонизоми ҷомеа мусоидат намоянд;

- барои муайян кардани рейтингӣ ҳар як олими тоҷик, самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ меъёрҳои арзёбӣ муайян карда шаванд ва ғайра.

Ҳамин тавр, вақте давлат аз илму маорифи кишвар ҳимоят мекунад, хизмати олиму омӯзгорро қадр менамояд, пас мо низ дар ҷавоб фидоии касби худ бошем, барои пешрафти ҷомеа, тарбияи кадрҳои ҷавон ғамхору содиқ бошем, фарҳанги пурғановати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Бетарфӣ пеша насозем, беасос якдигарро танқид накунем, ба таълифоти якдигар аз ҷиҳати интиқодӣ назар андӯхта, ахлоқи олимро риоя дорем, барои беҳбудии кор ва ба даст овардани самара ба якдигар маслиҳатҳо диҳем. На ин ки аз итиқоди ҳамкасб тухми кина дар дил парварида, нисбаташ ҳарфи носазо гӯем.

Олимони тоҷик соҳибфазл ва бузургонаш соҳибмактаб мебошанд. Ҳамеша ба ҳамдигар дасти мадад расониданро дареғ намедоранд. Бинобар ин, иттиҳоди онҳо метавонанд ин мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи илм ва маорифи кишварро бартараф карда, илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ ва барои дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои назариявӣ неруи ақлиро сарфа созанд. Зеро мо метавонем, чунки асли мо фарҳангофар, тамаддунсоз буд ва вуҷудамон пок…

Самиев Б.Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа, профессор, и.в. мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и АМИТ

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Паёми Сино

Паёми Сино

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

«Паёми Сино» (Vestnik Avitsenny; Avicenna Bulletin) маҷаллаи тақризшавандаи дастрасии кушодаи платинӣ буда, дар он масъалаҳои афзалиятноки тибби амалӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон инъикос меёбанд...

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм