Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

(Бардоштҳо аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ 30-юми майи соли 2024)

KaromatulloПеш аз ҳама бояд зикр кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон ба аҳли илм ва рушди илм аҳамияти вижа медоданд. 30- юми майи соли 2024 бори дигар аз муносибаташон ба илм, махсусан илми академӣ, ки ба таҳқиқи самтҳои бунёдӣ равона шудааст, ёдовар шуданд. Воқеан ҳам, мулоқот бо Пешвои муҳтарами миллат барои ҳар олим ва корманди илму маориф як падидаи фараҳбахш аст, зеро дастуру ҳидоятҳои Сарвари кишвару миллат барои муайян кардани самтҳои нави илмӣ, таҳқиқотҳои бунёдӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ такони тоза мебахшад. Ҳамчунин зикр карданд, ки дар замони ҳозира ба зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зиёд буда, илми ватанӣ бояд ба техника ва технологияҳои навин, ба истифода ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот бештар рӯ орад.

Президенти муҳтарам қайд карданд, ки баъд аз мулоқоташон бо аҳли илму фарҳанги кишвар, ки бори охир дар соли 2020 сурат гирифта буд, хулосаҳои худро роҷеъ ба иҷрои дастуру супоришҳои додаашон баён мекунанд.

Дар ҳақиқат, Суханронии Пешвои муҳтарами миллат дар баргирандаи як марҳилаи таърихӣ буд, ки рушди илми ватанӣ , вазъи он ва вазифаҳои олимонро дар оянда хеле равшан намуд. Суханронӣ ва суҳбати хеле амиқназаронаи Пешвои миллат гувоҳи муносибати дилсӯзонаашон нисбат ба илм ва кормандони илму маориф буд. Таҳлили донишмандонаи Президенти муҳтарам хеле амиқ ва пайгирона буда, вазъи илми ватаниро дар пайванд бо роҳи тайкардаи давлати соҳибистиқлоламон дар бар мегирифт.

Дар шароити ниҳоят ногувори дохилию хориҷӣ дар солҳои навадуми асри гузашта ба халқи азизи мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилии бародаркушро хомӯш кунад. Хидмати бузурги Пешвои миллат барои илм пеш аз ҳама дар он зоҳир шуда буд, ки Академияи илмҳои Тоҷикистон нигоҳ дошта шуд. Дар чанде аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди шӯравии собиқ Академияҳои илмҳо ҳамчун маркази таҳқиқоти ҷиддиии илмӣ амалан барҳам дода шуда буданд. Вале, бо вуҷуди душвориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию психологӣ, дар солҳои вазнини оғози Истиқлоли давлатӣ маҳз Пешвои миллат аҳамияти бузурги илмро дар назар гирифта, ба олимон ғамхорӣ намуда, дар доираи имкониятҳои ҳамон давра илм ва олимонро пуштибонӣ намуданд.

Мо, як гурӯх кормандони Академияи илмҳо (аз ҷумла олимони шинохтаамон Зоҳир Аҳрорӣ, Мусо Диноршоев, Раҳим Масов, Кенҷабой Юсуфов, Додоҷон Обидов, Рақиб Абулҳаев ва чанде дигар) дар як маърака шоҳиди воқеае будем, ки як нафар аз роҳбарони маркази исломии он солҳо ба воситаи микрофон эълон карда буд, ки Академияи илмҳоро бояд барҳам дод, зеро он маркази куфр аст.

Бо масъулият ва бемуболиға метавон зикр кард, ки оташи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро шахси дигар ба ҷуз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хомӯш карда наметавонист. Пешвои миллат на танҳо кишвари харобгашта ва тороҷшударо аз ҷанг наҷот доданд, балки барои ҳифз ва рушди маорифу илми он шароити мувофиқ муҳайё намуданд.

Дар суханронии Президенти муҳтарам бори дигар таъкид гардид, ки танҳо аз соли 2000-ум муяссар шуд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ рӯ оварда шавад. Аз сифр Артеши миллӣ эҷод карда шуд, Низоми ягонаи энергетикии кишвар ба вуҷуд оварда шуд, барои ҳимояи сарҳадҳои давлатӣ чораҳои таъхирнопазир дида шуд. Зиёда аз 2 ҳазор км роҳ, чандин нақб, пулҳо эъмор шуданд.

Барои илми акдемӣ дар ин муддат зиёда аз як миллиарду 400 миллион сомонӣ ҷудо шуд, ки маблағи қобили мулоҳиза мебошад. Натиҷаи чораҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ буд, ки ҳисоби миёнаи умри шаҳрвандон дар ҷумҳуриамон ба 76, 3 сол расидааст. Аҳолии кишвар аз 5,5 миллион ба 10, 3 миллион расидааст. Ҳар сол аҳолии кишвар 250 ҳазор нафар зиёд мешавад. Нирӯгоҳҳои барқи обии Сангтуда-1, Сангтӯда-2, Норак, Помир-1, Қайроқкум ва гайра бо маблағҳои зиёд, аз ҷумла бо маблағҳои грантӣ таҷдиду таъмир шуданд.

Кори сохтмони НБО-и Роғун пайваста идома дорад. Ҳоло дар он ҷо 17 ҳазор нафар машғули кор ҳастанд ва 90 дарсади он коргарону муҳандисони маҳаллӣ мебошанд.

Ҳозирини маҷлис суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ба ҷаҳони муосир ҳамчун узви комилҳуқуқ ворид Шудани Тоҷикистон, пешниҳодҳои аҳамияти умумиинсонӣ дошта, ки аз тарафи СММ, ЮНЕСКО пазируфта шудаанд, аз ҷумла дар бораи ҳифзи пиряхҳо, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва ғайра бо мароқи том гӯш карданд. Суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллатро ҳозирин ба нишони тасдиқ ва ифтихор аз нуктаҳои муҳими он борҳо бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол менамуданд, ки рамзи ваҳдати аҳли илм бо Президенти кишвар ва тарафдорӣ аз сиёсати дукандешона ва амалии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд.

Дар айни замон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки бо вуҷуди ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ба муассисаҳои илмӣ ва олимон фаъолияти онҳо қонеъкунанда нест, ба талаботи замон ҷавобгӯ намебошад. Саҳми аъзои вобаста ва пайвастаи АМИТ ва Академтяи илмҳои кишоварзӣ назаррас набуда, таҳқиқотҳои зарурӣ иҷро карда намешаванд. Бинобар ин дастур доданд, ки ба сохторҳои Академияи илмҳо таҷдиди назар шавад. Мавзуъҳои таҳқиқотӣ ба ниёзмандиҳои ҷомеа мувофиқ карда шаванд. Робитаи илм бо истеҳсолот бояд бештар бошад. Ҳамчунин ҷобоҷогузории мутахассисон дар пажӯҳишгоҳхои илмӣ дуруст ба роҳ монда шавад. Бинобар ин дастур доданд, ки барои мутахассисон озмуни ғайринавбатӣ доир карда шавад.

Яке аз эродҳои ҷиддии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи кадрҳои илмии ҷавон дахл дошт, зикр карданд, ки ба тарбияи олимони ҷавон аз ҷумлаи магистрантон, аспирантон ва докторантон диқкати махсус дода шавад. Дар илм низ анъанҳои хуби ниёгонамон- мактаби устоду шогирд ҷорӣ гардад, то ки пайванди наслҳо бардавом бошад. Паркҳои технологӣ ба талаботи замон мутобиқ карда шаванд.

Дар суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили авзои ҷаҳони муосир ҷои махсус дошт. Таъкид намуданд, ки ҷаҳон имрӯз мураккаб ва хатарнок аст. Махсусан раддикализм ва экстремизми динӣ хавфи зиёд дорад. Ҷавононро аз шомил шудан ба ҳаракатҳои ифротӣ бояд ҳифз кард. Дар ин масъала бетарафӣ бадтарин кор аст. Президент зикр карданд, ки агар дар солҳои 90-ум як қисми зиёиён бетарафиро ишғол намекарданд, шояд кор ба ҷанг рафта намерасид.

Дар ҳақиқат , ташвишҳои Пешвои миллат аз воқеаҳои ахир комилан бамавқеъ мебошад. Дар партави суханронӣ, дастурҳо ва супоришҳои боарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо кормандони илму маорифи кишвар масъулияти бузурги ватандӯстона ва инсондӯстонаи худро амиқан дарк намуда, вазифаҳои аз тарафи Сарвари давлат дар назди аҳли илм гузошташударо бояд самимона ва шарафмандона иҷро намоем. Дар атрофи Сарвари бузурги давлатамон муттаҳид шуда, ваҳдати миллиро мустаҳкам кардан ва барои ободии Ватани азизамон ва осудагии халқамон кӯшиши пайваста намудан кафили бақои давлат ва саодати наслҳои оянлаи миллат хоҳад буд.

Академик - Кароматулло Олимов

Дар ҳошияи Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар,

30 майи 2024, Душанбе

Дар пешрафту рушди ҳар давлату миллат фарзандони барӯманду фарзонаашва шахсиятҳои мондагору муҳиме барои ояндаи миллатҳо нақши боризу калидиро мебозанд. Хушбахтона, Тоҷикистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шахсиятро дорад, ки дар сатҳи байналмилаливу минтақавӣ муаррификунандаи давлату миллати тоҷик мебошанд. Инро метавон дар суханронӣ ва мулоқотҳои Сарвари миллати тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар эҳсос намуд. Воқеан ҳам, дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ - иҷтимоии кишвар ҳар як суханронии Пешвои миллат ҳамчун чароғи фурӯзони пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама, мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳезӣ ва таҷассум намудааст. 30 майи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот намуда, аҳли зиёи мамлакатро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш баҳри рушди кишвар даъвату ҳидоят намуданд.

Зимни мулоқот Пешвои миллат ба неруи илмии ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, чунин иброз доштанд: « Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намоем.Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод.

Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд ».

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо барои баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат барои рушду нумуи насли наврасу ҷавони кишвар масъулият дарки бештари ватандориро аз ҳар як сокини кишвар тақозо менамояд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ, пеш аз ҳама, ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон зоҳир мегардад. Яке аз нуктаҳои Суханронӣ ин самти тарбияи насли наврас ва омода намудани олимону мутаххасисони ҷавон аст. Дар рафти мулоқот бо донишмандони кишвар Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд,ки “рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.”

Бо мақсади таҳкими зарфияти илмии миллат Сарвари давлат солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда буданд, ки ин иқдом ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон заминаи хуби илмиро фароҳам овардааст.

Вобаста ба масоили рушду илм дар кишвар, ки ба тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳимми давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд, Раҳбари кишвар ишораҳои махсус намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд:“аз ин лиҳоз, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор карда мешаванд, ки номгӯйи самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмиро аз нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.”

Дар Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар тамоми масъалаҳои мубрам рушди илм дар диёри тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Яке аз хусусиятҳои хоси Суханрони навбатии Пешвои муаззами миллат дар он аст, ки аҳли илмро дар кишвар ба ҳисси масъулиятшиносӣ ва коршиносӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд. Дар ҳамин асос, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Тамоми кӯшишу ғайрат ва ҳидояти Абармарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамзамон рушди илмҳои бунёдӣ дар амал тадбиқ гардида истодааст. Имрӯз тамоми шароит барои рушди илм ва робитаи илм бо истеҳсолот, ғамхорӣ дар ҳаққи олимони ҷавон ва корҳои зиёде дар ин самт гувоҳи гуфтаҳои болост. Президенти кишвар барҳақ қайд мекунанд,ки “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Тавре дар паёми навбатӣ таъкид карда будам, рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.

Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем.

Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”.

Соҳаи илму маориф низоми калидии пешрафту тараққиёти давлату миллат мебошад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳимахсус зоҳир намуда, ба рушди илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода, чораҳо меандешад. Маҳз бад-ин васила сатҳи донишу маърифатнокии аҳолӣ баланд ва мустаҳкам карда мешавад.

Дар чунин шароит ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси ҷомеа бояд тамоми саъю талоши худро бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири пешгирӣ кардани пайомадҳои буҳрони шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, таъмин намудани пешрафту босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мақому манзалати кишвар саҳмгузор бошанд.

Р.Маҷидзода, номзади илмҳои филология, ходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар ҳошияи Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар,

30 майи 2024, Душанбе

Дар воқеъ, аз лиҳози сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи илм, хусусан рушд додани фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун махзани илми тоҷик яке аз самтҳои афзалиятнок ва стратегии кишвар маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти аввали худ бо олимони кишвар дар таърихи 29 феврали соли 1996 қайд намуданд: “Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ин оинаест, ки симои интеллектуалӣ, сатҳи маърифату дониш ва тамаддуни ҷомеаи моро инъикос менамояд. Дар ҷомеаи башарӣ ҳар миллату халқеро аз рӯи ҳамин нишондиҳандаҳо, яъне дараҷаи рушди интеллектуалӣ ва маърифату тамаддунаш мешиносанду қадр мекунанд...”

Санаи 30 майи соли 2024 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти навбатии худ бо аҳли илм ва маорифи кишвар қайд намуданд, ки илм яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимон захираи бузурги зеҳнӣ дар ҷомеа дониста шудааст ва Ҳукумати кишвар бо мақсади рушди илми тоҷик ҳамаи имкониятҳоро барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм муҳайё сохтааст. Пешвои миллат зимни суханронии худ аз ҷумла қайд мекунанд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.”

Боиси ёдоварист, ки баъди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва ба шароити сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи кишвар дар самти соҳаи илм низ таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расонида шуданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 “Дар бораи Академияи илмҳои Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012 “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2021 “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ва дигар дастуру фармоишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мутобиқ намудани илми тоҷик ба раванди рушди илми ҷаҳони муосир шаҳодат медиҳад.

Боиси тазаккур аст, ки дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло зикр гардида, ки моҳияти рушди илмро дар бар мегиранд, Пешвои миллат дар ҷараёни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар мавриди зарурияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ” таъкид намуда, ҷиҳати таҳия ва татбиқи самарабахши Қонуни қайдгардида сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд. Дар баробари ин таъкид гардид, ки олимони кишварро лозим аст барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, хусусан, ташкили корхонаҳои замонавии истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва коҳиш додани раванди босуръати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.

Аз ин рӯ, дар амал татбиқ намудани иқдоми созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Тоҷикистон оид ба рушди воқеии сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун як миллати дорои таъриху фарҳанг ва таммадуни куҳан вазифаи ҳар як олими тоҷик мебошад.

Салимов Акбар - ходими калони илмии Шуъбаи ИДМ-и

Институти омузиши масоили давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар ҳошияи Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар,

30 майи 2024, Душанбе

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии хеш ба яке аз аъзои мустақил ва фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гашта, дар асари сиёсати дуруст ва сулҳофарини худ дар арсаи байналмилалӣ мақом ва аҳамияти махсусро касб кардааст. Нақш ва мақоми Тоҷикистон махсусан дар таъмини сулҳу амният ва рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ назаррас аст. Чунин ҳолат ба сиёсати “дарҳои боз” ва сиёсати хориҷии гуногунҷабҳаи роҳбарияти сиёсии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва фармудаву нишондодҳо ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос ёфта, барои таҳкими обрӯву эътибор ва таъмини рушди устувори кишвар мусоидат менамояд. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи арзандаи хешро ба даст оварда, ҳамчун кишвари ташаббускор дар раванди ташаккул ва инкишофи низоми давлатдории худ ба масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва татбиқи муваффақона ва пурсамари он пайваста таваҷҷуҳ менамояд. Аз ин рӯ, ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар аз хавфу хатарҳои низоми нави ҷаҳонӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир моро зарур меояд, ки ба шинохти манфиатҳои миллӣ ва раванди ташаккулу такомул ва татбиқи муваффақонаи он муносибати хосса дошта бошем. Чунин муносибат ва чунин сиёсат танҳо дар асари истифодаи дуруст аз дастовардҳои технологияҳои ҷадид ва натиҷаҳои илми пешқадам муяссар мегардад. Президенти кишвар зимни Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, 30 майи 2024 барҳақ қайд мекунанд,ки “дар ин раванд, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад.Зеро бори дигар хотиррасон месозам, ки дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд.”

Воқеан ҳам, дар ин раванд нақш ва мақоми илм ва марказҳои илмӣ махсус аст. Илми муосир ҷаҳонбинии одамро ташаккул медихад, бо такя ба прогресси техникй ва технологияи навин барои пешгӯиҳои илмӣ, ташхиси дурнамо ва тараққиёти ҷамъият ва таҳияи барномаҳои тақдирсоз, ҳалли пурсамар ва натиҷабахши мушкилиҳо ва чолишҳое, ки имрӯз дар назди инсоният қарор доранд, мусоидат мекунад. Имрӯз доираи васеи марказҳои илмӣ дар саросари кишвар ба ҳаллу фасли масъалаҳои мазкур машғул буда, дар ин замина саҳми босазо доранд. Академиия миллии илмҳои Тоҷикистон дар маҷмӯъ ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо аз ҷумла дар ин қарина мақоми калидӣ дорад.

Дар мавридҳои алоҳида чунин ҳолат бархӯрд ва муносибатҳои махсусро тақозо менамояд, ки, мутаассифона, шакли дуруст ва қобили қабули он дар фазои илмии кишвар то ҳанӯз ба таври мукаммал вуҷуд надорад. Масалан, Штатҳои Муттаҳидаи Америка (ШМА) ҳамчун кишвари абарқудрат дар сиёсати ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ мақоми махсус дорад. Омӯзиш ва таҳлилу тадқиқи амиқи равандҳои асосии ин давлат аз нигоҳи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ на фақат заминаҳои ҳамкориҳои мавҷудаи байни Тоҷикистон ва ШМА-ро густурдатар ва ғанитар месозад, балки барои таъмини рушду такомули дуруст ва солими кишварамон мусоидат хоҳад намуд. Мутааассифона, то дирӯз дар Тоҷикистон ягон маркази махсусе, ки ба омӯзиш ва тадқиқи ҳамаҷонибаи ин кишвари абарқудрат тахассус ёфта бошад, вуҷуд надошт. Ҳоло он ки мавҷудияти чунин як маркази илмӣ дар омӯзиш ва таҳлили сиёсат, иқтисодиёт ва идеологияи ШМА нақши муҳим бозида, метавонад на танҳо дар бобати таъйини стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ШМА (ва ҷаҳони Ғарб), балки инкишофи сиёсати хориҷии кишварамон дар умум саҳми назаррас гузорад.

Хушбахтона, аз январи соли 2024 дар таркиби Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо (ИОМДОА) чунин як сохтори нав – шуъбаи ШМА ва Канада (Отдел США и Канады; Department for US and Canadian Studies) таъсис дода шуда, ба кори худ оғоз намуд. Шуъбаи навтаъсиси ШМА ва Канада дар самтҳои зерин фаъолияти худро ба роҳ мондааст:

• тадқиқотҳои марбут ба сиёсати хориҷии ШМА ва Канада (механизмҳои муассири сиёсати хориҷӣ, проблемаҳои минтақавӣ, ташаккул ва инкишофи муносибатҳо бо Тоҷикистон);

• тадқиқотҳои марбут ба сиёсати дохилии ШМА ва Канада (сиёсати дохилии ШМА ва Канада дар соҳаи иқтисод, иҷтимоиёт, илму фарҳанг ва дин);

• тадқиқотҳои марбут ба фаъолиятҳои сиёсиву низомии ШМА ва Канада;

• тадқиқотҳои марбут ба низоми иттилоот ва инноватсияи ШМА ва Канада ва ғайра.

Ҳамзамон аз тариқи анҷоми тадқиқотҳои якҷоя ва ташкилу пешбурди конфронсҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар ба ҳаллу фасли масъалаҳои зерин дар қаринаи муносибатҳо ва ҳамкориҳои ШМА ва Канада бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳад шуд:

• тадқиқ ва таҳлили масъалаҳои марбут ба сиёсат, иқтисод, ҳаёти иҷтимоӣ, тамаддун ва фарҳанг;

• омӯзиши масъалаҳои марбут ба дурнамои иҷтимоию сиёсӣ, сохтори давлатӣ, сиёсати инноватсионии ШМА ва Канада;

• таъмини тадқиқоти масъалаҳои иштироки ШМА ва Канада дар муноқишаҳои дохилӣ ва минтақавӣ;

• омӯзиши низоми иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳалли проблемаҳои маҳаллӣ ва мухолифати байни минтақаҳо ва қавмҳо.

Масалан, чанде пештар яке аз санадҳои калидии сиёсати дохиливу хориҷии ШМА таҳти унвони "Стратегияи нави амнияти миллии ШМА” мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода шуд. Тадқиқот нишон дод, ки стратегияи нави амнияти миллии ШМА аз ҷумлаи асноди дараҷаи олии роҳбарияти сиёсии ШМА ба ҳисоб рафта, мазмун ва мундариҷаи дигар асноди марбут ба стратегияи давлатиро дар доираи сиёсати дохиливу хориҷии ин кишвар муайян месозад. Стратегияи мазкур аз нигоҳи консептуалӣ ва ҳадафҳои сиёсии ШМА диди нав нест. Дар он ҳамоно идеяи давлати абарқудрати яккатоз боқӣ мондани ШМА дар арсаи ҷаҳонӣ такроран таъкид гаштааст. Яъне, ҳадафҳо ва интизориҳои ШМА аз нигоҳи стратегия ва муҳтавои сиёсӣ тағйир наёфтааст. Он чӣ тағйир ёфтааст, шаклу восита ва роҳҳалҳои амалӣ сохтани идеяи мазкур мебошад, ки он комилан ба назар ва бархӯрди неолибералӣ асос ёфтааст. Моҳияти онро барпо намудани ҷомеаи либералии демократӣ бо рохи тағйири низомҳо ва давлатдории миллии кишварҳо ташкил медиҳад, ки дар он нақши асосиро ШМА бояд ба уҳда дошта бошад. Таваҷҷуҳ ба созмонҳои байналмилалӣ, мусоидат ба равандҳои ҳамгироии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда бо шарикони рушд, истифодаи васеъ аз имконот ва тавонмандии “нерӯи нарм” аз рукнҳои асосии стртагеия мазкур ба ҳисоб мераванд. Аз стратегия мазкур чунин бармеояд, ки ШМА сиёсати солҳои ахири худро, ки дар асари пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ имконпазир гашт, идома хоҳад дод: ҳамчун абарқудрати яккатоз ба доираи сиёсати хориҷии худ бештар ҷалб намудани кишварҳои Аврупо ва давлатҳои ҳавзаи Ҳинду Уқёнуси Ором, дар ҳоле ки минтақаи дуюм дар ин радда ба маркази муомулот ва сиёсати нобасомони арсаи байналмилалӣ табдил дода хоҳад шуд. Дар стратегияи мазкур ҷойгоҳи муносиб ба кишварҳои нотараққӣ ва рӯ ба инкишоф пешбинӣ нашудааст, яъне ин кишварҳо тибқи муқаррароти маъмул ҳамчун манбаи захираҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар ҳамин замина кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ тарафи таваҷҷуҳ ва алоқамандии зиёди ШМА қарор нагирифтаанд. Аз тарафи дигар, санади мазкурро ҳамчун намунаи хуби таҳияи асноди стратегӣ дар низоми давлатдорӣ ва татбиқи манфиатҳои миллӣ метавон арзёбӣ кард. Санади мазкур аз нигоҳи сохтдор, банду баст ва гузориши масъалаҳо мантиқан пурқувват ва аз нигоҳи муҳтаво ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалии идора (менеҷмент) ва роҳбарии пурсамари давлатӣ (Good Governance/идоракунии пурсамар) мебошад. Дар назар аст, ки дар ҳамин қарина таҷрибаи хуби ШМА ва Канада дар бобати муҳоҷират ва масъалаҳои муҳими марбут ба ин раванди сиёсию иҷтимоии замони муосир, ҳифзи табиат ва муҳити зист, иқтисод ва иҷтимоиёт, таносуби мутавозини байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири таъмини сулҳу субот ва амният ва ғайра низ мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи дигар, танҳо дар сурати доштани кадрҳои миллии баландихтисос ва содиқ ба марзу буми кишвари худ метавонад амният, суботи сиёсӣ ва рушди бардавоми устувори худро таъмин намояд.

Президенти кишвар зимни Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, барҳақ қайд мекунанд,ки “бовар дорам, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.”

Дар ин қарина тарбияи насли ҷавони илму фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиҷлол аҳамияти махсусро касб менамояд. Бо назардошти ҳамин матлаб имрӯз шуъбаи навтаъсиси ШМА ва Канада дар баробари анҷоми тадқиқотҳои фундаменталӣ ба масъалаҳои марбут ба тарбияи кадрҳои ҷавон инз таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳайати кормандони шуъбаи мазкур дар доираи лоиҳаҳои тадқиқотӣ ва барномаҳои таълимӣ аз ҷумлаи докторантҳо ва аспиранту магистрҳо як миқдор ҷавонони донишманду боистеъдодро ба раванди таҳия ва татбиқи тадқиқотҳои нақшавию берун аз нақша ҷалб намуда, дар тарбияи солим ва ташаккули ҷаҳонбиниву малакаи илмиву тадқоқотии онҳо саҳми чашмрас мегузоранд. Дар маҷмӯъ, 10 нафар унвонҷӯён (5 нафар докторони Ph.D. ва 5 нафар магистрон) имрӯз таҳти роҳбарии ходимони илмии шуъба ба тадқиқот ва пажӯҳишҳои илмии худ машғул мебошанд.

Хулоса, дар раванди ташаккул ва такомули давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол марказҳои илмӣ ва анҷоми тадқиқотҳои бунёдӣ ҷойгоҳ ва нақши арзанда дошта, ба ташаккул ва татбиқи муваффақонаи сиёсати солиму муассир ва боло бурдани обрӯву эътибор ва мақоми шоистаи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Каримов Шамсиддин - доктори илмҳои сиёсӣ, сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар (30.05.2024)

Файласуфи Юнони қадим Фалес обро ибтидои ҳама ҳастшавандаҳо эълон кардааст. Пас аз ду ҳазор сол, Леонардо да Винчи обро ҳастии рӯҳонӣ номид, зеро тамоми ҳаёт дар рӯйи замин аз об баромадааст ва онро ҳамчун ҷузъи асосии табиӣ дар бар мегирад. Пас аз ду аср Фейербах ба хулосае омад, ки одам ба сатҳи об нигаҳ карда, худро дарк мекунад. Вернадский дар ҷаҳон аввалин шуда нақши ҳаматарафаи обро дар таърихи сайёраи мо фахмид. Об яке аз падидаҳои пурасрортарин ва ҳалношудаи ҳаёти мо боқӣ мемонад. Маҳз об буд, ки сайёраи моро зинда кард, зеро аввалин микроорганизмҳо дар об дар ҳоле пайдо шуданд, ки ҳанӯз оксигени атмосфера вуҷуд надошт. Илова бар ин, об ягона моеъест, ки қодир ба худ покиза аст. Масалан, обхезӣ ва обанбор на фақат худидоракунии обро таъмин мекунад, балки ба шарофати ин хосияти нодир атмосфераи моро тароват мебахшад. Об на танҳо асоси табиии ҳаёт дар сайёраи мо, балки наҷотдиҳандаи ҳақиқии тамоми мавҷудоти зинда мебошад. Вай хосияти беназири ҳалкунандаи универсалӣ дорад, ки ҳатто зичтарин минералҳои табиӣ ба он муқобилат карда наметавонанд.

Об қобилияти ба ҳама чиз "часпидан" ва тоза кардани ҳама чизро дорад. Ва муҳимтар аз ҳама, қобилияти поксозии худ, ба ин васила на ба ҷавҳар, балки мавҷудият шабоҳат дорад. Дар бисёр мавридҳо об мисли мавҷудоти зинда рафтор мекунад. Бесабаб нест, ки одамони қадим обро парастиш карда, ба ҳадди ҳасткунанда чун пешгузаштаи тамоми ҳаёт дар рӯи замин расонида буданд. Дар сохтори мураккаб ва бисёр арзишманди макромолекулаҳои об-сафеда сарчашмаи иттилооти биологӣ барои рушди тамоми мавҷудоти зинда, аз ҷумла одамон, гузошта шудааст.

Миқдори об дар бадан аз синну сол вобаста аст. Хусусияти он аст, ки ҷанини кӯдаки шашҳафтаина, ки дар он системҳои асосии организми оянда ташаккул ёфтааст, аз 97 дар сад об иборат аст, дар навзодон миқдори он то 77 фоиз ва дар синни 50-солагӣ вазни бадан 60 дар сад кам мешавад. Дар ин ҳолат 70 фоизи об дар дохили ҳуҷайраҳо ҷамъ шуда, боқимонда оби берун аз ҳуҷайра мебошад; 7 дар сади онро хун ташкил медиҳад, дар ҳоле ки аксарияти онҳо ҳуҷайраҳоро мешуянд. Муҳаққиқи ҷопонӣ Масару Эмото аввалин шуда дар ҷаҳон на танҳо макромолекулаҳои обро, ки ба чашм нонамоёнанд, на танҳо аксбардорӣ кард, балки ошкор намуд, ки онҳо дар посух ба мусиқӣ ва суханварӣ шакли худро тағйир медиҳанд. Номбурда боварӣ дорад, ки об мехоҳад бо мо муошират кунад. Чунин ба назар мерасад, ки об дар зарфе ҷунбонда мешавад, ки бо мо ҳамоҳанг аст ва системҳои дохилии бадани моро ба эътидол меорад. Аммо, агар мо хашмро эҳсос кунем, пас, аз афташ, мо энергияи ларзишҳоро тағйир медиҳем ва эҳсосоти мо ба мо бармегарданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар татбиқи сиёсати давлатӣ ҳанӯз аз солҳои 90-уми садаи гузашта обро яке аз самтҳои асоситарин қарор додааст, ҳангоми суханронии хеш дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, 26-уми марти соли 2023 обро ба қудрате монанд карданд, ки омили муттаҳидшавии ҳамаи одамонро дорост: “Об дар ҳақиқат ҳам сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам аст. Бинобар ин об қудрати муттаҳидсозии ҳамаи моро дорад. Мо зарурати ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк мекунем. Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад”. Гузашта аз ин, номбурда дар санаи 21 марти соли 2023 дар ҳамоиши таърихии “Об моро муттаҳид месозад” иштирок намуда, зарурати тадбирҳои таъхирнопазирро дар самти обу иқлим таъкид карданд: “Об ҳамчун манбаи асосии ҳаёт бо таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, васеъшавии шаҳрҳо ва дигар омилҳои ба он таъсиррасон зери фишори амиқ қарор дорад. Барои тағйир додани ин тамоюл андешидани тадбирҳои таъхирнопазир дар ҳамаи сатҳҳо зарур мебошад. Дар акси ҳол, саломатии мову шумо, пойдории муҳити зист, дастрасӣ ба ғизои солим, манбаъҳои табиӣ ва дар ниҳояти кор, расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор зери хатар боқӣ мемонад. Маҳз ба ҳамин хотир, кишвари мо тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои марбут ба об ва иқлимро бомаром пеш бурда, дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд нақши муассир бозида истодааст”.

Захираи умумии об дар сайёра имрӯз тақрибан 1,4 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, ба ҳар як шахс тақрибан 200 миллион м3 рост меояд. Дар назари аввал ин рақами бузург аст. Аммо бояд ба назар гирифт, ки 96,5 фоизи захираҳоро обҳои шурноки Укёнусҳо ташкил медиҳанд, ки барои истеъмол номувофиқанд ва 1 фоизи дигар обҳои зеризаминӣ мебошанд. Ҳамин тариқ, захираи оби тоза ҳамагӣ 2,5 фоизи ҳаҷми умумии оби рӯйи Заминро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, қариб тамоми обе, ки инсоният имрӯз истеъмол мекунад, аз кӯлҳо, дарёҳо ва сарчашмаҳои зеризаминӣ гирифта мешавад, дар ҳоле ки захираҳои асосӣ дар пиряхҳо ва обҳои чуқур мебошанд. Гузашта аз ин, сатҳи таваллуди навзодон дар қиёс ба 100 соли пеш имрӯз хеле баланд буда, аҳолии рӯйи Замин беҳад афзудааст. Бинобар ин, мушкили асосӣ дар ояндаи наздик норасоии оби нушокӣ хоҳад буд. Созмони Милали Муттаҳид ҳар се сол гузорише нашр мекунад, ки дар он дақиқтарин вазъи кунунии манобеъи оби ширини ҷаҳон тавсиф мешавад. Тадқиқоти охирин соли 2012 нашр шуда буд ва натиҷаҳои он ноумедкунандаанд. 12 март дар Марсел коршиносони Созмони Милали Муттаҳид эълон карданд, ки сайёра ҳоло дар остонаи фалокати об қарор дорад. Ҳар 10-умин сокини сайёра аз норасоии шадиди оби ошомиданӣ, ки тақрибан 780 миллион нафарро ташкил медиҳанд, аз сар мегузаронад. Аз ин 40 фоизашон сокинони қитъаи Африқо мебошанд ва кишварҳое, ки дар ҷануби Сахара ҷойгиранд. Тибқи пешгӯиҳо, ин рақам ҳар сол бадтар мешавад. Айни замон аз 7 миллиард нафар дар рӯйи замин беш аз 1,9 миллиард нафар ба оби тоза ниёз доранд. Чунин далелро низ ба назар гирифтан лозим аст, ки баробари афзудани аҳолии кураи замин на танҳо эҳтиёҷот ба оби нушокӣ, балки ба махсулоти озуқаворӣ ҳам зиёд мешавад, ки истеҳсоли он бе оби тоза имконнопазир аст. Тибқи пешгӯии СММ, то соли 2050 шумораи аҳолии ҷаҳон ба 9 миллиард нафар мерасад. Имрӯзҳо ҳар як нафар дар як шабонарӯз аз 2 то 4 литр об менӯшад, аммо қисми асосии захира барои истеҳсоли маводи ғизоӣ сарф мешавад. Масалан, барои гирифтани 1 килограмм гушти гов ё 1 килограмм гандум 15 ҳазор литр лозим аст. Ба гуфтаи намояндагони ин созмон, мушкили камбуди манобеъи об имрӯз ба ҳадде мубрам шудааст, ки тақозо мекунад равишҳои ҳалли он фавран бозбинӣ шавад.

Мушкилоти нарасидани оби тоза бо чунин омилҳо, ба мисли суръати баланди афзоиши аҳолии сайёра, тағйирёбии иқлим, аз ҷумла гармшавии глобалӣ, ифлосшавии захираҳои об ба таври назаррас мураккаб шудааст. Имрӯз бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар ҳадди ниҳоии истифодаи захираҳои об қарор доранд. Камшавӣ ва бад шудани сифати об дар натиҷаи афзоиши босуръати аҳолӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳо ба амал меояд. Интизор меравад, ки норасоии об боиси муҳоҷирати шадид шуда, то 700 миллион нафар аҳолии минтақаҳои биёбон ва нимбиёбонро ба фақр рӯ ба рӯ месозад. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, тақрибан 80 фоизи бемориҳое, ки дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ маъмуланд, ки ҳар сол 3 миллион нафарро мекушанд, аз сабаби сифати пасти об ба вуҷуд меоянд. Ҳар рӯз 5 ҳазор кӯдак аз дарунравӣ мефавтанд. Бо такмил додани усулҳои обтаъминкунӣ ва коркарди об 10 фоизи тамоми бемориҳоро дар ҷаҳон пешгирӣ кардан мумкин аст. Мувофиқи маълумоти Институти ресурсҳои ҷаҳонӣ мамлакатҳои аз ҷиҳати таъминоти об хеле камбудидошта 13 давлат мебошанд, ки 4-тоаш аз зумраи кишварҳои пасошуравӣ маҳсуб мешаванд: Туркманистон, Узбекистон, Озарбойҷон ва Молдова. Аз соли 1979 то 1983 мавҷҳои гармидиҳандаи ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна ҳашт рӯз давом карда буд, аммо аз соли 2016 то 2020 давомнокии онҳо 12 рӯз зиёд шудааст. Мавҷҳои гармидиҳанда бештар дар қитъаи Африқо суст шуданд, дар ҳоле ки шимоли Амрико ва Австралия бештар аз ҳама афзоиши ҳарорат ва минтақаро мушоҳида карданд. Моделсозии компютерӣ нишон медиҳад, ки тағйирот ба сӯзондани ангишт, нафт ва гази табиӣ аз ҷониби инсон алоқаманд аст. Коршиносон мегӯянд, агар афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ идома наёбад ва фавран чораҳои муассир андешида нашавад, мавҷҳои гармидиҳандаи тӯлонӣ ва сусттар ҳаракаткунанда дар оянда ба саломатии инсон ва муҳити зист таъсири харобиовартар хоҳанд дошт.

Аз солҳои 1980 инҷониб, ҳар даҳсола нисбат ба даҳсолаҳои қаблӣ гармтар будааст. Дар маҷмуъ, олимон мегӯянд, ки болоравии ҳарорати сайёра то 2 дараҷа оқибат ба фалокат оварда мерасонад: дар соҳаи кишоварзӣ мушкилот пеш меояд, як қатор ҳайвонот мемиранд, дар маҷмуъ, гармшавӣ ба тамоми экосистемаҳо таъсир мерасонад. Аномалияҳои обу ҳаво дар қисматҳои гуногуни сайёра боз ҳам бадтар мешаванд, ки ин ба ҳаёти одамон низ таъсир мерасонад. Олимон интизор доранд, ки дар баъзе қитъаҳои ҷаҳон борон кам борида, дар дигар қисматҳо зиёд ва дар сеяки он ҳамон қадар борон меборад, вале он сахттар ва кӯтоҳмуддат мешавад. Чунин аномалияхо боиси хушксолӣ ва обхезӣ мешаванд.

Аввалин санади танзимкунандаи кори кишварҳо оид ба тағйирёбии иқлим соли 1992 – Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим қабул шуда буд, илова бар ин, Протоколи Киото дар соли 1997 қабул гардид, ки коҳиш ё муътадилсозии партовҳои гармхонагиро талаб мекунад. Соли 2015 тақрибан 200 кишвар Созишномаи Парижро оид ба иқлим имзо карданд. Пажуҳишҳои илмӣ ба хулосае меоранд, ки сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим инҳоянд:

- тағйир ёфтани шиддати радиатсионии офтоб, ки дар натиҷаи ҳаракати мадори Замин ба амал меояд;

- тағйирёбии гардиши обҳои уқёнуси ҷаҳонӣ, ки фарқияти ҳарорати ҳаҷми бузурги он дар чуқурӣ ва сатҳи он хеле назаррас аст;

- равандҳои фазоии низоми кайҳонӣ - гидросфера - атмосфера (таъсири мутақобилаи Офтоб ва сайёраҳо);

- таъсиргузории фаъолияти инсон ё омили антропогенӣ. Маълум аст, ки афзудани аҳолии кураи Замин ва афзудани фаъолияти инсон ба шароити иқлим, пеш аз ҳама, аз ҳисоби сӯзишвории истихроҷшуда, буридани дарахтон ва зиёд шудани ҳаҷми чорводорӣ торафт бештар таъсир мерасонад. Дар натиҷаи ин амалҳо партовҳои газҳои гулхонаӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, ки ба гармшавии глобалӣ мусоидат кард, зеро маҳз ҷамъшавии як қатор газҳое, ки энергияи офтобро дар атмосфера интиқол медиҳанд, боиси афзоиши ҳарорат дар сайёра мегардад.

Тағйирёбии иқлим ба сиҳатию саломатии инсон хатари асосиро ба бор меорад. Он ба муҳити ҷисмонӣ ва инчунин ба тамоми ҷанбаҳои ҳам системҳои табиӣ ва ҳам инсонӣ, аз ҷумла ба шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва фаъолияти системҳои тандурустӣ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, тағйирёбии иқлим аз омилҳои таҳдид аст ва метавонад ба пешрафти даҳсолаҳои саломатии ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳдид кунад ё онро боздорад. Бо тағйир ёфтани шароити иқлим, шиддатнокии ҳодисаҳои номусоиди обу ҳаво ва иқлим, аз ҷумла тӯфонҳо, гармии шадид, обхезӣ, хушксолӣ ва сӯхторҳои ҷангал меафзояд. Ин хатарҳои обу ҳаво ва иқлим ба саломатии инсон таъсири мустақим ва ғайримустақим дошта, хатари марг, бемориҳои ғайрисироятӣ, пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи тандурустиро зиёд мекунанд. Тағйирёбии иқлим инчунин ба захираҳои инсонӣ ва инфрасохтори тандурустӣ таъсири манфӣ мерасонад ва қобилияти ноил шудан ба фарогирии умумиҷаҳонии тандурустиро суст мекунад. Ба ибораи дигар, шиддатёбии тағйири иқлим ва фишорҳои афзоянда аз тағйирёбии ҳарорат ва шакли боришот, хушксолӣ, обхезӣ ва болоравии сатҳи баҳр омилҳои экологӣ ва иҷтимоии саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳиро бадтар мекунанд. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, алҳол 2 миллиард нафар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва 600 миллион нафар ҳамасола аз бемориҳои ғизоӣ азият мекашанд. Бӯҳрони иқлим пешравии дар тӯли 50 соли охир ба даст омадаро дар соҳаи рушди тандурустӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ бозмедорад ва нобаробарии мавҷудаи саломатиро байни аҳолӣ боз ҳам шадидтар мекунад. Зиёда аз 930 миллион нафар, ё тақрибан 12 фоизи аҳолии ҷаҳон, ҳадди аққал 10 фисади буҷаи хонаводаи худро барои ҳифзи саломатӣ сарф мекунанд.

Тибқи гузориши солонаи таҳдидҳои муҳити зист, ки Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Иқтисод таҳия кардааст, 27 кишварро метавон аз назари хатарҳои экологӣ ва иқлимӣ “нуқтаҳои доғ дар сайёра” номид. Тоҷикистон низ дар ин рӯйхат буд. Вазъияти экологии ҷумҳурӣ аз сабаби обшавии пиряхҳо ва кам шудани сарфи солонаи об, хушксолӣ ва ҳарорати миёнаи солона назар ба дигар мамлакатҳо бештар баланд мешавад. Дар кишвар барои вокуниши муассир ба чунин равандҳои номусоид захираҳои кофӣ ва механизмҳои муқарраршуда мавҷуд нест. Аз ин рӯ, нигаронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти экологӣ комилан асоснок аст. Эмомалӣ Раҳмон ба мушкили обшавии шадиди пиряхҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд, ки тағйироти назарраси иқлимро тасдиқ мекунад. Пиряхҳо 8 дарсади қаламрави Тоҷикистонро ишғол мекунанд, аммо теъдоди онҳо босуръат коҳиш меёбад: аз 13 ҳазор пирях аллакай беш аз 1 ҳазораш об шудааст.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, санаи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мегардад, Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуда, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Ба эътимоди олимон, обшавии пиряхҳо як раванди қариб бебозгашт аст, аммо барои дарки вазъи кунунӣ, пешгӯӣ ва қабули тасмимҳои минбаъда пиряхҳоро назорат кардан лозим аст. Аз ин хотир, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои МҲТБО соли 1019 таъкид карда буд: “Дар кишвари мо тайи чиҳил соли охир зиёда аз ҳазор (1000) пирях нобуд шудааст, ки ин дар навбати худ, ба бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ – гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад. Идомаи раванди обшавии босуръати пиряхҳо ба ҳаҷми захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ки зиёда аз шаст фоизи он дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбад, таъсири манфӣ мерасонад. Ин омил дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушди устувор монеаҳои иловагӣ эҷод менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Осиёи Марказӣ захираҳои обӣ ҷузъи муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳбудии экологии минтақа ба ҳисоб мераванд. Дар ин робита, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа танҳо тавассути истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, кам кардани талафот ва сарфаи онҳо барои наслҳои оянда имконпазир аст. Тоҷикистон дар роҳи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об нақши муассир дорад. Бо иқдоми ҷониби мо аз тарафи Маҷмаи Умумии СММ аз соли 2003 то имрӯз Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013) эълон гардидаанд”.

Пиряхҳо аслан яхҳои фишурда мебошанд, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ба вуҷуд меоянд. Барфи пай дар пай ва доимо паст шудани ҳарорат боиси дар як ҷой ҷамъ шудани барф ва ба ях мубаддал мегардад. Пиряхҳои калонтарини сайёра, гарчанде ки ба назар доимӣ ба назар мерасанд, ҳаракат мекунанд. Онҳо мисли дарёҳо метавонанд хеле суст ҳаракат кунанд, гузаргоҳҳоро аз байни кӯҳҳо ва заминҳои пиряхҳо эҷод мекунанд. Суръаттарин пирях дар ҷаҳон бо масоҳаташ 4,8 км2 пиряхи Колумбия мебошад, ки дар Аляскаи ИМА ҷойгир буда, суръати миёнаи шабонарӯзӣ 35 метрро ташкил медиҳад. Дар рӯйи замин пиряхҳои кӯҳӣ зиёданд. Майдони онҳо ҳамагӣ 1,5 фоизи масоҳати заминро ташкил медиҳад. Аҳамияти пиряхҳо дар табиат, ҳаёти инсон ва фаъолият ниҳоят калон аст. Пиряхҳо манбаи обро барои минтақаҳои камбориш таъмин мекунанд. Яке аз чунин минтақаҳо Осиёи Марказӣ мебошад. Масоҳати умумии пиряхҳо дар кӯҳҳои Осиёи Миёна 17-18 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. 60%-и ин пиряхҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд. Пиряхҳо дар Тоҷикистон асосан дар кӯҳҳои Помир ҷойгиранд. Майдони онхо 11146 километри мураббаъ аст, ки ин 6 фоизи масохати умумии республикаро ташкил медихад. Онхо асосан дар каторкуххои Точикистон дар баландии 3400—5240 м вокеъ гардидаанд, хатти барф аз ин баландихо мегузарад. Ҳангоми ҳаракати пиряхҳо забонҳои онҳо дар зери хатти барф меафтад ва дар тобистон онҳо об мешаванд ва ба дарёҳо сер мешаванд.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон, ки яке аз минтақаҳои осебпазири тағйирёбии иқлим ба шумор меравад, бинобар афзоиши ҳарорат, кам шудани боришот ва дигар омилҳои обу ҳаво захираи пиряхҳо кам мешавад. Тавре коршиносон муайян кардаанд, агар тамоми пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, сатҳи оби рӯйи Замин ба 64 метр мерасад. Ин боиси обхезии қисми зиёди сайёраи мо ва нобуд шудани ҳаёт дар бисьёр шаҳру мамлакатҳои сайёраамон мегардад. Умуман, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи захираҳои об эътироф гардидааст. Мо шодем, ки ташаббуси панҷуми кишвари мо дар соҳаи об аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи вижа пазируфта шуд. Бар асоси ин қатънома, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда ва аз оғози соли 2025 ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мешавад. Сарвари давлатамон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои мавзуии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим”, ки 27 январи соли 2021 баргузор гардида буд, кишвари тоҷиконро яке аз осебпазиртарин давлатҳои дунё дар раванди тағйирёбии иқлим донистаанд: “Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо чунин шароити мураккаби ҷуғрофӣ яке аз осебпазиртарин кишварҳои дунё дар раванди тағйирёбии иқлим ба шумор меравад. Пиряхҳои мо бошиддат об шуда, захираҳои об рӯз ба рӯз маҳдуд гардида истодаанд, селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар падидаҳои гидрометеорологӣ пай дар пай афзоиш ёфта, ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид менамоянд ва ба ин васила ба саъю талошҳои мо ҷиҳати дастрасӣ ба рушди устувор монеа эҷод мекунанд. Вобаста ба ин, мехостам бори дигар таъкид намоям, ки таъсири мустақими тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ба таври возеҳ ба назар мерасад ва ин масъала бояд дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус роҳбарони давлатҳои аъзои Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлим қарор дошта бошад”.

Дар 10-15 соли охир гармшавии глобалӣ чун таҳдиди асосӣ ба инсоният муаррифӣ карда мешавад, ки гӯё аз офати эҳтимолии ҳастаӣ хатарноктар аст. Механизме, ки дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ барои муқовимат ба тағйирёбии иқлим, ки гузариши энержӣ номида мешавад, оғоз шудааст, аз даст додани марҳила ба марҳила аз захираҳои анъанавии энергетикӣ, кам кардани истеҳсоли маҳсулоти дигар бо изофаи карбон ва истифодаи босуръати энергияи барқароршаванда иборат аст. Нақшаҳои ҷорӣ кардани андози фаромарзии CO2 дар Иттиҳоди Аврупо, ки воқеан ба як абзори ҷанги тиҷоратӣ табдил меёбад, ба ҳуҷҷати асосии рӯзномаи иқлим - Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим дар соли 1992 мухолиф аст, ки дар он ҳадафи тадбирҳо дар ин соҳа ҳамчун рафъи таҳдид ба истеҳсолот ва рушди устувор, махсусан барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ шарҳ дода шудааст. Баръакс, он барои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ монеа эҷод мекунад. Гузариши маҷбурии энергетикӣ бидуни ба инобат гирифтани тамоми хатарҳо боиси ноустувории дарозмуддати бозорҳои ҷаҳонӣ, норасоии глобалии захираҳои энергетикӣ ва вайрон шудани низоми мавҷудаи савдои байналмиллалӣ дар асоси қоидаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мегардад. Дар посух ба ин мушкилот, иқдомоти эҳтимолии кишварҳо бояд пеш аз ҳама бо вазифаи нигоҳ доштани рақобатпазирии башар муайян карда шавад. Ин, аз ҷумла, то ҳадди имкон нигоҳ доштани истифодаи манбаъҳои анъанавии энергия дар иқтисоди ҷаҳон: нафт, газ, ангиштро дар бар мегирад.

Ояндаи иқтисодиёти Тоҷикистон, ки дар болооби ҳавзаи баҳри Арал воқеъ мебошад, комилан ба суръати тези тараққиёти энергетикаи сабз вобаста аст. Аммо Тоҷикистон захираи саноатии нафту газ надорад ва истихроҷи конҳои ангишт мушкил аст, зеро онҳо бештар дар минтақаҳои кӯҳистон ва дастнорас ҷойгиранд. Аз ин рӯ, ягона имкони рушди бомуваффақияти соҳаи энергетикаи Тоҷикистон азхудкунии захираҳои обии кишвар мебошад, ки чунин захираҳо хеле зиёданд. Сохтмони Неругоҳҳои барқи обии хурд танҳо аз нуктаи назари бо энергия таъмин намудани истеъмолкунандагони хурди ноҳияҳои дурдасти кӯҳсор самарабахш аст. Имрӯз аз ҳама умедбахштарин лоиҳаи гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон анҷом додани неругоҳи барқии обии Роғун дар дарёи Вахш мебошад. Анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздик истеҳсоли нерӯи барқро қариб ду баробар зиёд намуда, рушди устувори иқтисоди ҷумҳуриро таъмин намояд. Дар баробари ин, хусусияти фаромарзии дарёи Вахшро бояд ба назар гирифт: самаранокии баланди НБО-и Роғунро танхо дар сурате ба даст овардан мумкин аст, ки агар бехатарию эътимоднокӣ дар сохтмон ва истифодабарии он дар шакли талаботи танзими мушаххаси режимҳои ҷараёни об муайян карда шаванд. Илова бар ин, ҳарос аз он ки Тоҷикистон пас аз бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба як рақиби минтақавӣ дар бозори нерӯи барқ ​​табдил меёбад, беасос аст, зеро онҳо вазъи кунунии иқтисодии ин ҷумҳуриро ба инобат намегиранд. Вазифаи аввалиндараҷае, ки дар назди Тоҷикистон истодааст, рушди иқтисодии худ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои мардуми маҳаллӣ мебошад. Ва дар иқтисодиёти худ истифода бурдани қувваи барқ назар ба фурӯши он ба мамлакатхои дигар кариб 10 баробар фоиданоктар аст. Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ дорад, ки дар соле 527 миллиард кВт/соат арзёбӣ мешавад. Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз нигоҳи техникӣ дурнамои хуби рушд доранд ва дар як сол 317 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳанд, ки то имрӯз танҳо 4-5 фоизи он истифода шудааст. Тоҷикистон аз рӯйи иқтидори гидроэнергетикии худ дар ҷаҳон пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада ҷои ҳаштум ва дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал аст. Асоси энергетикаи Тоҷикистонро 95 фоиз ва бештар аз он нерӯи барқи обӣ ташкил медиҳад. Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз истеъмоли имрӯзаи нерӯи барқ ​​дар тамоми Осиёи Марказӣ се баробар бештар аст. Бо истифодаи самараноки ин захираҳо метавон минтақаро бо энергияи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин кард. Иқтидори асосии гидроэнергетикӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш, Кафернигон ва Зарафшон ҷамъ шудааст. Аммо тибқи маълумоте, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” омадааст, феълан давлати Тоҷикистон дар байни кишварҳои истеҳсолкунандаи нерӯи барқ ҷойи шашумро мегирад: “Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба истифода диҳем. Бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳоло дар ин иншооти муҳимми аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,5 ҳазор техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд. Бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо “энергияи сабз” таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи “иқтисоди сабз” соли 2037 воқеан ба “кишвари сабз” табдил меёбад. Ҳоло кишвари мо аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дорад”.

Хулласи калом, бо дарназардошти таваҷҷуҳ ва амалан ба самти асосии иқтидори иқтисодии мамлакат табдил додани истеҳсоли неруи барқ бо истифода аз захираҳои обии кишвар метавон иқрор намуд, ки омили рушди давлат маҳз дар соҳаи энергетика ҷамъбаст мегардад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат бобати масъалаҳои обу иқлим аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мушкилӣ пажуҳишҳои назаррасе анҷом дода шудаанд. Бояд иқрор кард, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ҷиҳати мусоидат ба рушди иқтисодии кишвар нақши ҳалкунандаро хоҳад бозид. Аз ҳама асосӣ, ҳамин воқеият аст, ки қариб 90 дар сади захираҳои обии минтақа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ мебошанд, аммо кишвари мо аз ин бартарӣ истифода накарда, нақши муассиртаре дар роҳи рушди ҳамаҷонибаи минтақа ва ҷаҳон пешниҳод менамояд. Ин хулоса дар иқдомҳои Президенти мамлакат сабти ном шуда, дигарбора масъалаи обу иқлимро дар минтақа ва ҷаҳон нигаронкунанда баррасӣ мекунад.

Ширин Қурбонова - доктори илмҳои таърих

Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба нерӯи созанда ва тавонои ҷавонони кишвар эътимоди қавӣ дорад ва нақшаи онҳоро дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ниҳоят муҳим арзёбӣ менамояд. Бинобар ин сохторҳои ҳизбӣ дар оянда низ бояд фаъолияти хешро ҷиҳати ҷалби нерӯи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ тақвият бахшида, бо ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва маҳфилу ҳамоишҳо барои ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа ба сафҳои хеш ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун ворисони созандаи имрӯзу фардо эътибори ҷиддӣ дода, иқдомҳои шоиста ва ташаббусҳои созандаи онҳоро барои ободиву шукуфоии кишвар ҳамеша дастгирӣ менамояд.

Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти онҳо ва истифодаи оқилонаву дуруст аз ин захираи стратегии зеҳнии шукуфоии Ватан ва таъмини амнияту субботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад. Фаро гирифтани ҷавонон бо касбомӯзӣ, донишандӯзӣ ва бунёдкорӣ заминаи мусоид фароҳам овардан барои миллати созандаю эҷодкор аст.

Дар баробари ин, ба ҷавонон омӯхтани арзишҳои волои инсонии ниёгону дастовардҳои башарии олами мутамаддин аз вазифаҳои муҳими аҳзоби воқеан халқист.

Ба ҷавонон дар баробари эҳсоси худшиносии милливу зурури ватандорӣ омӯхтани таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ, арзишҳои башарию эҳтироми фарҳангӣ-миллӣ дар шароити кунунии ҷаҳони зудтағйирёбанда шарт ва зарур аст. Бинобар ин зарур аст, ки барои ҳаллу фасли эҳтиёҷоту мушкилоти ин табақаи аҳолӣ зина ба зина тадбирҳои мушаххас андешем, чунки ҷавонон такягоҳи боэътимоди давлату миллат буданд, ҳастанд ва оянда низ чунин хоҳанд буд. Ба андешаи ман чун як зиёии ин кишвари соҳибистиқлол ҳамаи ин нуқтаҳоеро, ки дар боло зикр намудем, суханронии хотирмону дилгармонаи Сарвари маҳбубамон, Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИИ ҲХДТ дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо барои устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” – аст, ки ҳар як шаҳрванди соҳибзавқро ба ваҷд меорад ва ҷавонони кишварро ба ояндаи дурахшон раҳнамун месозад.

Баъди чунин ғамхориҳову дастгириҳои Сарвари маҳбубамон, Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, истифодаи нерӯи созандаи ин табақаи сершумор дар ҷараёни эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳимояи онҳо аз дахолати таъсири андешаҳои иртиҷоӣ ва кӯшиши таҳмили ақидаҳои бегона дар мафкураи онҳо ҳалли мусбати худро ёбад.

Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан аз ҷумлаи арзишҳои ҷовидонае мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро ба маънии зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи худ табдил диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин мо метавонем давлати воқеан ободу пешрафта ва тавоноро бунёд намоем. Дар ҳамин таъкидҳо, ҳар бар ҷониби Сарвари маҳбубамон, Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Қурбонова Ширин, доктори илмҳои таърих, Муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ

«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Э.Раҳмон

Яке аз проблемаҳои ҷиддие, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ин экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.

Барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонда, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлату давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад.

Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») гирифта шуда, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст.

Тибқи талаботи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм” аз 23 декабри соли 2021, таҳти №1808 терроризм – мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад;

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ,мақомоти ҳокимияти далатӣ,ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо инчунин таҳдиди содир намудани кирдорҳои зикргашта, бо мақсадҳои номбурда мебошад».

Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба миён оварад, ки он дар оянда метавонад ба ифротгароӣ гузарад.

Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, равона карда шудааст. Дар маҷмӯъ мақсади асосии террористон ба таври зӯровари ғасб намудани давлат ва аз нигоҳи талаботҳои шариат ҳукмронӣ намудан аст. Баҳри амали намудани ин ниятҳои нопокашон онҳо омода ҳастанд, ки ҳато муқаррароти Қуръони маҷидро тағйир диҳанд.

Дар сатҳи қонунгузории мафҳуми амали террористӣ мустаҳкам карда шудааст, ки таҳти он бевосита содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар шакли ба гаравгон гирифтан ва ё боздошт намудани гаравгонҳо, рабудани одамон, суиқасд ба ҳаёти арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони гурӯҳҳои миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, дигар гурӯҳҳои аҳолӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ғасб намудан, зарар расонидан ва нобуд кардани иншооти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ, амалӣ кардани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ, истифода намудан ва ё таҳдиди истифодаи таҷҳизоти тарканда, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, тарканда, кимиёвӣ ва дигар маводи заҳролудкунанда, ғасб намудан, ҳай карда бурдани воситаҳои нақлиёти заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ, ташкили бетартибӣ ва иғвои он дар ҷойҳои серодам ва ҷамъиятӣ, ҷойҳои маҳрум ва маҳдуд кардан аз озодӣ, ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ бо роҳи содир кардани садамаҳо, фоҷиаҳои техногенӣ, паҳн кардани таҳдид бо дилхоҳ восита ва тарзу усулҳо, инчунин кирдорҳои дигари террористӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар шудаанд, фаҳмида мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1-уми Конститутсия худро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, онро ҳамчун яке аз асосҳои сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда, дар моддаи 100-уми Конститутсия бошад, онро ҳамчун омилҳои тағйирнопазир донистааст, ки тибқи он шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.

Тибқи талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, ба объектҳои таҳдиди террористӣ дохил мешаванд:

1) шахсони воқеӣ;

2) объектҳои давлатӣ;

3) ҳудуди ташкилотҳое, ки манбаҳои эҳтимолии садамаҳои дорои хусусияти техногенӣ мебошанд;

4) маҳалли будубоши оммавии одамон;

5) объектҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла объектҳои об, энергетика, алоқа ва нақлиёт;

6) объектҳои дигаре, ки номгӯи онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад муайян намояд.

Яъне, объектҳои мазкур ҳамчун объектҳои махсуси аз амали террористӣ ҳимояшаванда эътироф мегарданд.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992–1997 мебошанд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин ҳодисаҳои мудҳиш яъне ҷанги таҳмиллиро, ки аз берун таҳрезӣ карда шуда буд, бояд аз лавҳаи хотираҳо берун набароранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстримизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.

Тибқи талаботи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, субъектҳои бевосита ба терроризм муқовиматкунанда инҳо мебошанд:

1) Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7) Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иштирок дар муқовимат ба терроризм бо роҳҳои зерин амалӣ мешавад:

1) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути назорати фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд;

2) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гуфтушунид бо давлатҳои хориҷӣҳангоми ошкорсозӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналмилалӣ ва шаклҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;

3) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пешгирӣ намудани ҳолатҳои аз сарҳади гумрукӣ ғайриқонунӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар ашёҳое, ки мумкин аст ба мақсадҳои террористӣ истифода шаванд, инчунин мусоидат ба мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба фаъолияти террористии байналмилалӣ;

4) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пешгирӣ намудани истифодаи воситаҳои алоқа, аз ҷумла алоқаи барқӣ, ба мақсадҳои террористӣ;

5) Бонки миллии Тоҷикистон тавассути андешидани чораҳои муқовимат ба маблағгузории терроризм мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом».

Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба терроризм бо шартҳо ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иштирок мекунанд.

Барои идоракунии амалиёти зиддитеррористӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ӯро ивазкунанда дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди оперативиро таъсис медиҳад ва ба он роҳбарӣ мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.апрели соли 2001,11 марти соли 2008, 30 марти соли 2006, 8 январи соли 2009,3 майи соли 2012, 9 октябр, 8 декабри соли 2014 ва 14 апрели соли 2015 фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурӯҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24», Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Инчунин вебсайти интернетии www. irshod.kom, www.irshod.net ва дигар вебсайтҳои Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ» баста шудааст. Ба ҳудуди Тоҷикистон ворид, паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои Ҷамоати (Ҷамъияти) «Ансоруллоҳ» манъ карда шудааст. Сомонаҳои интернетии «Гуруҳи 24» баста шуда, ба Тоҷикистон ворид намудан ва дар ҳудуди он паҳн, истеҳсол, чопу нашр намудани адабиёту варақаҳо, аудио ва видеосабтҳои «Гуруҳи 24» манъ карда шудааст.

Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир кардани терроризм, яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ,тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо дар моддаи 179 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин барои дигар амалҳои террористи дар моддаҳои 179(1)-179(3) ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 01 июни соли 2021 Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №187 тасдиқ карда шудааст.

Тибқи талаботи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи татбиқи меъёрҳои қонунҳои ҷиноятӣ ва мурофиявии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм” аз 14 июни соли 2013 таҳти №8 терроризм танҳо бо роҳи ҳаракатҳое, ки бо ду шакл ифода меёбанд, содир мегардад: а) амали терористӣ,б) таҳдиди содир намудани амали терористӣ

Амали терористӣ- бевосита дар содир намудани таркиш, оташзанӣ,истифодаи воситаҳои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ,химиявӣ,биологӣ,тарканда,токсикӣ,заҳронок,сахттаъсир,заҳролоуд, нобуд сохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо, сӯиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳҳои аҳолӣ,гравгонгирӣ, одамрабоӣ ба вуҷуд овардани харари расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки шахсони дориаи номуайян тавассути ташкили шароит барои садама фалокатҳои дорои хусусияти техногенӣ ё таҳдиди воқеии ташкили чунин хатар,содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон мегарданд, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба вучуд омадани дигар оқибатҳои барои ҷмъият хавфноку ифода меёбад.

Таҳдид - ин мақсади дар шакли маъмулӣ ифодагардидаи содир намудани акти террористӣ набуда, балки арзи қатъии мақсадест, ки аз ҷиддӣ ва ҳақиқӣ будани чунин мақсад шаҳодат медиҳад. Масалан, фармоиш барои ба даст овардани воситаҳои таркишу хатарноки биологӣ ва радиоактивӣ ё яроқ, содир намудани таркиш ё сӯхторҳои “огоҳикунанда”, тайёрӣ барои аз кор баровардани объектҳои ҳаётан муҳим ё ин ки вайрон кардани ҷараёни технологӣ, муҳосира кардани робитаҳои нақлиётӣ ва ба ҳамин монанд.

Бо дарназардошти авлавияти стратегии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ такмил медиҳанд ва ҳар як фарди бедордилу худогоҳ ва меҳанпарастро зарур аст, зиракии сиёсиро аз даст надода, нагузоранд, ки теша ба пояҳои давлату давлатдории мо зананд, зеро барои мо дар воқеъ касе аз берун давлат бунёд намекунад ва мо бояд пояҳои сулҳу суботи комили кишаварро, ки бо ҷони ҳазорон родмардони шуҷоъи ватан ва хишти ҷони хеш сохтаем аз душманони нопоки миллат эмин нигоҳ дорем, барои наслҳои ояндаи миллат кишавари ободу пешрафтаро ба мерос гузорем.

Саидзода Муҳаббат Шералӣ -Ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Дар мақолаи илмии тозанашр ва якҷояи Ҳисориев Ҳикмат - академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо олимони Полша (Iwona Jasser, Natalia Khomutowska, Malgorzata Sandzewicz, Lukasz Lach, Hikmat Hisoriev, Monika Chmielewska, Malgorzata Suska-Malawska: High altitude may limit production of secondary metabolites by cyanobacteria //Ecohydrology & Hydrobiology: Warsaw - 13.03.2024), ки моҳи марти соли 2024 дар маҷаллаи имлмии Полша “Ecohydrology & Hydrobiology” чоп гардид, доир ба дарёфти авлоди нав: Hillbrichtia ва намуди нави ҳамин авлод - Hillbrichtia pamiria маълумоти навин оварда шудааст.

Обсабзҳои номбурад аз ҷиҳати таснифотӣба Сианофитаҳо ва ё Сианобактерияҳо (Cyanophyta, Cyanobacteria) дахл доранд, ки қадимтарин организмҳои фотосинтезкунандаи сайёраи Замин ба шумор рафта, 3.5 миллиард сол пеш дар муҳити обии сайёраи Замин пайдо гардидаанд. Обсабзҳои Сианофитӣва ё Кабуду-сабз дар муҳитҳои ниҳоят гуногуни хушкӣ, обӣва ҳаво, аз гармчашмаю грейзерҳои сӯзон ва боқимондаҳои вулқон сар карда, то болои барфу пиряхҳои қаҳратун мутобиқат пайдо кардаанд.

Алҳол дар рӯйи олам зиёда аз 2000 намуд обсабзҳои Кубуду-сабз дарёфт гардидааст, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ зиёда аз 630 намуд ва зернамуд ва дар Тоҷикистон 580 намуд ва зернамудҳои онҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ин зиёда аз 90 дар сади флораи обсабзҳои кабуду сабзи Осиёи Марказӣ ва 29 дар сади намудҳои алҳол дар олам кашфгардидаи обсабзҳои мазкурро ташкил медиҳад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки табиати гуногунманзари Тоҷикистон дар ташаккули гуногунии биологии обсабзҳо дар минтақа ва ҷаҳон нақши муҳимеро мебозад ва омӯзиш ва рушди ояндаи таҳқиқотҳо дар кишвар доир ба ин гурӯҳи растаниҳо аҳамияти назаррас хоҳад дошт.

Обсабзи дарёфтгардида - Hillbrichtia pamiria аз намунаҳои соли 2022- и гармчашмаҳои (+50.50С; рН=7.2) канори дарёи Ғунт (Ҳудуди Помири Шарқӣ), ки аз сатҳи баҳр дар баландии 3700 м воқеъ гардидаанд, муайян карда шудаанд. Намунаҳо дар якҷоягӣ бо олимони тоҷик ҷамъоварӣ гардида, барои таҳқиқи таснифотӣ бо ёрии заррабини электронӣ ба Донишгоҳи Варшава фиристода шуданд. Таҳқиқи мукаммали намунаҳо бо ёрии технологияи нав дар Варшава имконият дод, ки авлод ва намудҳои нави обсабзҳо кашф карда шавад.

Ҳикмат Ҳисориев - академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Паёми Сино

Паёми Сино

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

«Паёми Сино» (Vestnik Avitsenny; Avicenna Bulletin) маҷаллаи тақризшавандаи дастрасии кушодаи платинӣ буда, дар он масъалаҳои афзалиятноки тибби амалӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон инъикос меёбанд...

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм