Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони назми классикии тоҷику форс буда, дар эҷоди сухан дар дунёи Аврупо ҳамчун “пайғамбари беҳамтои кишвари ишқу зебоӣ” шинохта шудааст. Маснади ин суханофарини базми ишқ ба дараҷаи воло ва шӯри каломи ҷонофаринаш он қадар сеҳрангез аст, ки номаш мояи орзу ва шеъраш боиси базму тараб будааст. Чакидаҳои қалами сеҳрангези Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шӯҳрат ва аҳамияти ҷаҳонии адабиёти тоҷикро боз ҳам афзунтар ва ангезаҳои руҳонии тамаддуни башарро боз ҳам рангинтару ғанитар гардонидааст. Омӯзиши осори Мавлонои Балхро дар Аврупо асосан дар охирҳои қарни XVIII оғоз кардаанд. Пажӯҳишгарони олмонизабони Аврупо Ҳаммер фон Пургштал, Фридрих Рюккерт, Ёҳан Волфганг фон Гёте, Теодор Нёлдеке, Карл Брокелманн ва махсусан Анна Марии Шиммел саҳми зиёде дар шинохти осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Аврупо ва дар мутолиаи ислом ва тарҷумаи китоби муқаддаси Қуръон ба забонҳои аврупоӣ гузоштаанд.
Дар китоби хеш “Девони ғарбию шарқӣ” Гёте дар ишора ба навиштаҳои Ҷ. Балхӣ чунин мегӯяд: “Ту дар он дунё хостгори сулҳу оштӣ мебошӣ. Аммо ин ҷаҳон мисли хоб мегузарад. Ту хоҳони он, ки сайри ҷаҳон кунӣ ва ҷойҳои ҷолибро бубинӣ. Лекин тақдир ба пиёда шудани ормонҳои ту иҷоза намедиҳад. Ту таҳаммули сардию гармиро надорӣ. Аз нақҳати гулҳое, ки ту саъй мекунӣ лаззат бибарӣ, зуд хазон мешаванд”. Дар ҷои дигар Гёте ибрози ақида мекунад, ки “инсонҳо ҳастии табиати хешро хуб медонанд ва дарк мекунанд, ки Шарқу Ғарб ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд ва онҳоро аз ҳам ҷудо кардан номумкин аст”.
Вақте ки сухан роҷеъ ба шинохти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар осори мусташриқини Аврупо меравад, бояд қайд намуд, ки яке аз аввалинҳо шуда ӯро олим, дипломати маъруфи утришӣ (Австрия) собиқ нахустпрезиденти Академияи илмҳои Австрия Йозеф Ҳаммер фон Пургштал ба ҷаҳони Аврупо шиносондааст. Ногуфта намонад, ки Йозеф Ҳаммер фон Пургштал солҳои 1799 – 1807 иҷрои вазифаи дипломатиро дар империяи турки усмонӣ дошт. Ӯ муаллифи “Таърихи адабиёти форс” (1818) мебошад. Йозеф Ҳаммер фон Пургштал дар асари номбурда Мавлонои Балхро “ҳамчун шоири шаҳири аҳли тасаввуф дар Шарқу Ғарб” номидааст. “Маснавии маънавӣ”-ро Йозеф Ҳаммер фон Пургштал дар ҳашт ҷилд пурра чоп кардааст. Мутаассифона, тавассути сӯхтор дар шаҳраки Бейоғлу аз ин тарҷумаҳо фақат пораҳо мондаасту халос. Йозеф Ҳаммер фон Пургштал дар китоби хеш “Таърихи адабиёти форс” қайд мекунад, ки китоби “Маснавии маънавӣ”-ро бояд ҳар як суфӣ аз халиҷи Ганг то халиҷи Босфор ҳатмӣ мутолиа карда бошад.
Олими дигари намоёни Олмон Фридрих Рюккерт мебошад, ки ӯ худро шогирди Ҳаммер фон Пургштал меномид. Ӯ нобиға ба маънои пуррааш буд. Муаллифи тарҷумаи пурраи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, тарҷумаи “Қуръони маҷид” ва мутарҷими беҳтарини Мавлонои Балх буд. Ӯ соли 1819 қасидаҳои Ҷ.Балхиро ба олмонӣ тарҷума кардааст. Ф. Рюккерт бори нахуст ба адабиёти олмонизабони Аврупо жанри ғазалро ҷорӣ намуд. Ӯ баъд аз мутолиа “Маснавии маънавӣ” ва “Девони Кабир” Ҷ.Балхиро бениҳоят дӯст дошт. Ба муҳаббати том ӯ чиҳилу чор қасидаи Ҷ.Балхиро тарҷума карда, ӯро ба хонандагон ҳамчун “Марсия” пешниҳод намуд.
Фридрих Рюккерт он қадар мафтуни эҷоди Ҷалолуддини Балхӣ шуда буд, ки баъдан тарҷумаи “Девони Кабир”-ро ба унвонии “Гулҳои Шарқ” рӯи чоп овард. Асари Ф. Рюккерт хело олӣ буд, чунки худи Ф.Рюккерт шоир буд, бо нозукиҳои назми шарқӣ ошно буд, ғазалҳоро бо фаҳмишу дарки том ба анҷом расонид ва тарҷумааш хело шоирона ва орифона буд. Ӯ вақте “Девони Кабир”-ро тарҷума кард ва ибрози ақида намуд, ки аз ин китоб “Нақҳати гул” меояд, китоби хешро “Гулҳои шарқ” номид.
Райнҳолд Николсон “Маснавии маънавӣ”-ро соли 1925 – 1937 ба забони инглисӣ тарҷума карда онро дар 8 ҷилд тафсир намудааст. Инчунин, донишманди фаронсавӣ Ева ду Витрей Мейерович (1909-2001) китоберо ба унвони “Румӣ ва суфизм” рӯи чоп овардааст. Баъдан ховаршиноси шинохтаи олмонӣ Розенсвейг – Шванау тарҷумаи ғазалҳои Мавлоноро ба анҷом мерасонад, азбаски муаллиф руҳи шоирӣ надошт, мазмунаш камтар коҳиш ёфта буд. Қобили зикр аст, ки устоди забонҳои Шарқи Донишгоҳи Кембриҷи Инглистон Ҷорҷ Арберрӣ китоби Мавлоно “Фиҳӣ мо Фиҳӣ” ва чанд масале аз “Маснавии маънавӣ”-ро тарҷума кардааст. Эшон пеш аз фавташ ба яке аз дӯстонаш мегӯяд, ки “Ман умри боқимондаи хешро барои омӯхтани асарҳои Румӣ мебахшам”, чунки аз осори Мавлавӣ кас шифо ва оромиш пайдо мекунад, аз бадбахтиҳои замона раҳоӣ меёбад.
Ногуфта намонад, ки яке аз шоирони олмонизабони Авврупо Ханс Майнеке (вафоташ 1974) баъд аз мутолиаи асарҳои Мавлонои Балх ошиқи ишқи илоҳии ӯ шуда, тамоми назми хешро ба ӯ бахшидааст. Ӯ махсус сафари Кунё ва зиёрати мазори эшон кардааст. Дар дунёи инглисзабон Ипполит Тэн (1828-1893), муаллифи китоби чорҷилдаи “Таърихи адабиёти инглис”, дар китобаш аз Мавлонои Балх иқтибоси зиёде овардааст.
Қобили зикр аст, ки Ҷеймс Редхаус китоби хешро “Маснавӣ” ном гузошта, ба забони инглисӣ тарҷума кардааст. Донишманди дигари маъруфи инглис Э.Х. Уинфилд китобе ба унвони “Маснавии маънавӣ” соли 1898 рӯи чоп овард. Ӯ дар асари хеш қайд намуд: “Инсонҳое, ки ин дунёро падруд мекунанд, бояд худоро хуб шиносанд ва дар тафаккури хеш дарк кунанд”.
Суфишиноси дигари инглис Э.Х. Палмер маҷмӯи мунтахаби Ҷ.Балхиро ба унвонии “Суруди най” рӯи чоп овард. Ин китоб на фақат барои Британия, балки ба тамоми хонандагони англисзабони Аврупо муҳим ва дастрас буд. Дар охири китоб тавзеҳот дода шуда буд. Хидмати бузурги ховаршиноси фаронсавӣ Кло Юарро бояд махсус қайд кард. Ӯ ба забони фаронсавӣ соли 1897 ба унвони “Дарвешони чархгардон”асареро рӯи чоп овард. Ин китоб барои фаронсавиҳо аз хонотарин ба ҳисоб мерафт.
Ногуфта намонад, ки яке аз муҳаққиқони барҷастаи балхишиноси олмонизабони Аврупо хонуми зиндаёд Анне Марии Шиммел мебошад. Ӯ “Шукӯҳи Шамс”-ро эҷоднамуда, дар он ишқи худро нисбат ба Ҷ. Балхӣ иброз менамояд. Дар оғози китоб Анне Марии Шиммел қайд менамояд, ки ошноии вай нисбат ба эҷодиёти Мавлоно дар асоси китоби Р.А. Николсон ба сурат гирифтааст. Инчунин муаллиф иброз менамояд, ки ӯ сарчашмаи «Шамси бузург»-ро пас аз 40 соли кофтукови пайдарпай пайдо намудааст. Вай ҳамчунин китоберо таҳти унвони «Аҷоиботи рақам дар тамаддунҳои гуногун» иншо кардааст, ки соли 1984 дар Кёлн ва соли 1992 дар Ню-Йорк ба табъ расидааст. Ногуфта намонад, ки Мавлони Балх инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид. Барои ӯ яҳудию ҳиндӣ, насронию мусулмон яксон буданд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ, ба ақидаи Мавлоно, қодир аст заминро бо осмон хешу табор гардонад. Талоши зиндагӣ, такопӯи доимӣ дар роҳи матлаб, зиндадиливу ҳаётдӯстӣ яке аз мавзӯъҳои асосии ғазалиёти шоир буд. Ғазал аз забони шоир чун об аз фаввора берун меомад. Ӯ дар сари ҳар байту мисраъ таамул ва тааммуқ намекард, пойбанди қофия баъзан ҳатто вазн ҳам намешуд. Ӯ инсонро аз тамоми мавҷудоти олами улвию суфлӣ муқаддамтар ва аз тамоми муқадассот муқаддамтар гардонидааст. Қобили зикр аст, ки дар “Девон”-и Шамси Табрезӣ ишқи сӯзони хешро чунин байён кардааст.
Аҷаб он дилбари зебо куҷо шуд?
Аҷаб он сарви хушболо куҷо шуд?
Куҷо шуд, эй аҷаб, бе мо куҷо шуд?
Дилам чун барг меларзад шабу рӯз,
Ки дилбар ними шаб танҳо куҷо шуд?
Ҳама ҷо дидам, андар ҷо надидам,
Дуто гаштам, ки он якто куҷо шуд?
Бигӯ равшан, ки Шамсулҳаққи Табрез,
Чу гуфт, аш – шамсу лоюҳфо.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ зиндагиашро дар пайвастагӣ бо ишқ мебинад:
Чӣ бӯй аст ин, чи бӯй аст ин, магар он ёр меояд?
Магар он ёри гулрухсор аз он гулзор меояд?
Хамӯш кардам, хамӯш кардам, ки ин девони шеъри ман,
Зи шарми ин паричеҳра ба истиғфор меояд.
Дар фарҷоми мақола бояд тазаккур дод, ки осори Мавлавӣ Ҷалолуддини Балхӣ дунёи нави Аврупоро ба такон овардаву назарияи таҳаммулпазириро, ки мислаш на дар Ғарб на дар Шарқ будаву тараннумгари ишқи зебоӣ ва сулҳу оштӣ будаву барои ӯ яҳудию ҳиндӣ, насронию мусулмон яксон будаву инсонро бузургтарин мӯъҷизаи офариниш шуморида, маҳбуби ҷаҳониён шудааст.
Аҳсан ба хидмати ховаршиносон, донишмандон, файласуфон, аз ҷумла Ёҳан Волфганг фон Гёте, Эммануил Кант, Ҳаммер Пургштал, Фридрих Рюккерт, Анна Марии Шиммел, Ива ду Витрей, Райнҳолд Николсон, Ҷорҷ Арберрӣ, Эдвард Палмер ва дигарон дар мусташриқини Аврупо дар шинохти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ нақши беназир гузоштаанд. Мавлонои Балх аз хонотарин муаллифон дар Аврупо ба шумор меравад. Чунки аз ғазали ӯ нақҳати гул меояд ва ҷаҳони Аврупоро бо осори дилфиребаш ҳамчун тараннумгари ишқи илоҳӣ, инсондӯстиаш, адолатпарвариаш муаттар ва муттаҳайир сохтааст.
Санавбарбону Воҳидова мудири Шуъбаи Аврупои Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор