Skip to main content

Тибқи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ барои соли 2024, ки бо Қарори Раёсати АМИТ тасдиқ карда шудааст, Семинари байналмилалӣ оид ба омӯзиши гуногунии биологӣ дар базаи Пойгоҳи набототи кӯҳии Варзоб (ПНКВ) «Кондара» санаи 02.07.2024 - 07.07.2024 соли 2024 баргузор карда шуд.

Санаи 02.07.2024 дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Кохи афсарон» (ш.Душанбе) кори Семинари байналмилалиро академики АМИТ Ҳисориев Ҳ.Ҳ. ифтитоҳ намуд. Дар ин Семинар ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ, д.и.б., профессор Мирзораҳимзода А.К., директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ н.и.б. Бобозода Б.Б., директори Маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ д.и.б. Сатторов Ҷ.С. сухани ифтитоҳӣ намуданд ва дар кушодашавии Семинар 23 нафар иштирокчиён аз ИДМ ва 7 нафар кормандони илмии Институт иштирок намуданд.

Аввал роҳбарҳои делегатсияҳо аз Федератсияи Россия ва дигар ҷумҳуриҳои ИДМ сухани ифтитоҳӣ намуданд. Дар қисми баромад аз рӯйи руйнамоҳо аз Федератсияи Россия 4 нафар олимони ҷавони Институти ботаникаи ба номи В.Л.Комарови АИР дар бораи усулҳои муосири омӯзиши обсабзҳои тиллоранг ва масъалаи нигоҳ доштани намудҳои он, муайян намудани сифатии тухмии растаниҳои сӯзангбарг, қонуниятҳои паҳншавии растаниҳои галофитӣ дар қисми шимолу ғарбии Назди каспий, сад соли таҷриба оид ба азназаргузаронии намунаҳои Myxomycetes ва гуногунии биологии растаниҳои эндемикии дар Россия ва таснифоти онҳо маърӯзаҳои илмӣ карданд.

Аз ҷумҳурии Беларус 5 нафар олимони ҷавон аз Институти ботаникаи эксперименталии ба номи В.Ф.Купревичи Академияи миллии илмҳои Беларус, Институти ҷангали АМИ Беларус, Муассисаи давлатии илмии Боғи марказии АМИ Беларус оид ба таъсири нанокомпозитҳои хитозан ба рушду нумӯи растаниҳо дар шароити стрессӣ, баҳодиҳии таъсири конюгантҳои хитозан ба нишондиҳандаҳои нашъунамои майсаҳои ҷав ҳангоми таъсири шӯрии хок, истифодабарии маълумотҳои ташхиси транскриптомӣ барои ҷустуҷӯи генҳои дигаргуншудаи дарахти берёза, мукаммалгардонии усулҳои зиёдкунии растаниҳои ороишии сӯзанбарг бо усули нашвӣ ва коллексияи магнолия дар Боғи марказии ботаникии АМИ Беларус баромад карданд.

Аз Ҷумҳурии Қазоқистон 2 нафар аз Институти биология ва биотехнологияи растаниҳои Кумитаи илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда, аз рӯи натиҷаҳои ба даст овардаашон оид ба таҳаввулоти қобилияти устуворнокии решаи намунаҳои зироати гандум ба омилҳои стрессӣ, селексияи намунаҳои устувори гандум ба касалии занги поя бо истифода аз намунаҳои худрӯйи он, скрининги молекулавии коллексияи гандум барои устуворнокӣ, омӯзиши генетикию селексионии гермоплазмаи гандум бар зидди касалии занги қаҳваранг маърӯза намуданд.

Дар рӯзи дуюми Семинар (03.07.2024) маърӯзаҳо дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Кохи афсарон” идома ёфт. Аз ҷумҳурии Арманистон 4 нафар олимони ҷавон аз Институти ботаникаи ба номи А.Л.Тахтаджяни Академияи миллии илмҳои Арманистон иштирок намуда, оид ба гуногунии морфологии гарди намояндаи оилаи ирисиҳои флораи Арманистон, баҳодиҳии экологии ҳолати растаниҳои инвазӣ, гуногунии биологии Боғи ботаникии Ереван, муносибатҳои филогенетикӣ ва стратегияи нигоҳдории намудҳои нодири астрагал дар ҳудуди Арманистон баромад карданд.

Аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 4 нафар олимони ҷавон аз Институти ботаникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзида, дар бораи ба харитадарории шабакавии олами набототи Ӯзбекистон, флораи вилояти Сирдарё, ҳолати муосири популятсияҳои намудҳои нодири ҷинси Asteraceae дар олами флораи Ӯзбекистон Ҷумҳурии Ӯзбекистон маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

Аз Ҷумҳурии Озорбоҷон 4 нафар мутахассисон, аз он ҷумла 2 нафар аз Институти ботаникаи Академияи миллии илмҳои Озарбоҷон ва 2 нафар аз Донишгоҳи давлатии Ганҷа оид ба дастовардҳои худ дар бораи масъалаҳои экологии минтақаи Қаробоғ, нақшаи шаҳри сабзи Ганҷа, стратегияи ҳифзи растаниҳои нодир ва эндемикии Озорбоҷон, таъсири тағйирёбии иқлим ва омилҳои экологӣ ба мутобиқшавии растаниҳо дар шароити минтақаи Ганҷаи Озорбоҷон, ҳолати сенопопулятсияҳои баъзе намудҳои нодири қисми Шимолию Ғарбии Қавқози калон ба таври презентатсия баромад намуданд.

Аз Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ 4 нафар олимони ҷавон оид ба истифодаи усулҳои нави нигоҳдории намудҳои нодиру камёфти растаниҳои Тоҷикистон, мониторинги ҳайвоноту ҳаҳаротҳои мавзеи Кондара, гуногунии растаниҳо дар минтақаи зери об мемондаи обанбори Роғун, коркарди асосҳои нигоҳдории намудҳои нодир ва эндемикии ин минтақа, нигоҳдории варақаҳои гербарияи растаниҳо дар захирагоҳи Институт, интродуксияи растаниҳои хӯрданибоби худрӯйи Тоҷикистони Ҷанубӣ, омӯзиши давраҳои нашъунамои лолаҳо дар Тоҷикистони Марказӣ маърӯза намуданд.

Рӯзи сеюми семинар-04.07.2024 бо иштироки иштирокчиёни Семинари байналмилалӣ ба Пойгоҳи набототи кӯҳии Варзоб (Кондара), ки дар баландиҳои аз 1100 м то 1850 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, экпедитсияи саҳроӣ ташкил карда шуд. Дар пойгоҳ мудири Шуъбаи флора ва систематикаи растаниҳо, н.и.б. Бобокалонов Қ. иштирокчиёнро бо олами гуногунии растаниҳои шифобахш, нодиру камёфт ва эндемикию реликтии ин мавзеъ шинос намуданд. Иштирокчиёни Семинар манзараҳои зебои дараи Кондараро тамошо намуда, намунаҳои растаниҳои гулдор барои тайёр намудани гербария ҷамъ намуданд. Меҳмонон бо ташкилкунандагони ин Семинар дар табиати нотакрори Кондараро аксҳои хотиравӣ гирифтанд. Дар бораи усулҳои муосири гербариякунӣ дар шароити саҳро маълумот гирифтанд. Бо экспонантҳои дар музейи пойгоҳ буда, ки таърихи зиёда аз 80-сола доранд, шиносоӣ пайдо намуданд.

Баъди нисфирӯзи рӯзи сеюм (04.07.2024) иштирокчиёни семинар барои шиносоӣ бо сохтор ва фаъолияти Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, фонди Захираи гербария ва усулҳои истифодабарии муосири он, аз рӯи барномаи Брамс рақамикунонии базаи маълумот шиносоӣ пайдо намуданд. Дар бораи таърихи таъсисёбӣ, сохтор, мавзеъҳои ҷойгиршавӣ ва гуногунии олами набототи Муассисаи давлатии илмии “Боғи ботаникии ш.Душанбе” маълумот гирифтанд.

Рӯзи чорӯми семинар иштирокчиёни семинар бо гуногунии биологии олами растаниҳо дар минтақаҳои қисми Ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дараи Қаротоғ гирду атрофи минтақаи деҳаи Ҳакимӣ, кӯли Темир (аз 2300 то 2500 м аз сатҳи баҳр) ташриф оварданд. Дар бораи таърих ва мақсади таъсисиёбӣ, олами гуногунии растаниҳои шифобахш, дарахту буттаҳои хоси ин мавеъи баландкӯҳ ва самтҳои омӯзишии ин минтақаи нотакрори Тоқикситон маълумоти пурра дода шуд.

Рӯзи чоруми семинар (05.07.2024) меҳмонон ба Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, ки дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ фаъолият дорад, ташриф оварданд.

Рӯзи шашум (06.07.2024) дар нимаи аввали рӯз ба иштирокчиёни Семинари байналмилалӣ дар маҷлисгоҳи дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Кохи афсарон» бо иштироки академики АМИТ Ҳисориев Ҳ.Ҳ., ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ, д.и.б., профессор Мирзораҳимзода А.К., директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АМИТ н.и.б. Бобозода Б.Б., сардори Шуъбаи робитаҳои байналмилалии АМИТ Қурбонов Қ. ба иштирокчиёни семинар Сертификати иштирокчӣ супорида шуд. Дар маҷлисгоҳ намояндагони ҳар як делегатсияҳо таасуроти худро оид ба баргузор намудани ин Семинари байналмилалӣ баён намуданд ва дар охир бо тадорукоти Семинар аксҳои хотиравӣ гирифта шуд.