Skip to main content

Бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳадафи таҳқиқи ҳамаҷонибаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳамсон кардан фаъолият ва ҳамгиро сохтани таҳқиқоти олимони тоҷик дар соҳаи энергияи алтернативӣ семинари ҳармоҳаи ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуд, ки чорабинии аввалини он рӯзи 31 октябри соли 2025 бо ҳузури мутахассисони шинохтаи соҳаи энергетикаи кишвар баргузор гардид.

Семинари илмиро доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи АМИТ Умархон Мадвалиев ифтитоҳ карда, мақсаду ҳадафҳои онро ба ҳозирон расонид. Баъдан, доктори илмҳои техникӣ, ноиби президенти АМИТ Амонзода Илҳом Темур сухан ронда, зарурати рӯй овардан ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, тамоюлҳои соҳа дар ҷаҳон ва Тоҷикистон, инчунин баромадан аз бӯҳрони энергетикӣ ва нақши энергияи офтобиву бодиро таъкид кард.

Дар доираи семинари илмӣ ду маърӯза шунида шуд. Унвонҷӯи Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ Қудусов Мансурҷон дар бораи усулҳои бисёркритериявии муайян намудани минтақаҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон маърӯза карда, дар бораи минтақаҳои аз нигоҳи техникиву иқтисодӣ қулай маълумот дод.

Дар идома унвонҷӯи Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ Маҳмудов Беҳрӯз зарурати истифодаи боми биноҳои Тоҷикистонро барои насби лавҳаҳои офтобӣ асоснок карда, нишондиҳандаҳои техникиву иқтисодии онро ба намоиш гузошт.

Дар интиҳо байни донишмандону мутахассисон мубоҳисаи илмӣ сурат гирифта, иштирокдорони семинар фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.